wrapper

Фиршурдаи суханронии Каримзода Умар Карим - н.и.ҳ., подполковники милитсия аз семинари илмии 2-юми октябри соли равон, ки дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Мазмуни асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар сол 6-уми ноябр дар саросари кишвари азизамон, рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Агар мо ба таърихи гузаштаи худ назар афканем, гувоҳи он мегардем, ки чигуна мушкилиҳоро дар раванди ба даст овардани истиқлолият ва қабули қонуни ягона паси сар кардаем. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин замина хизмати шоён ва арзандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим аст. Ҳанӯз баъди ба даст овардани истиқлолият 9-уми сентябри соли 1991 сарвари давлатамон дар назди худ мақсад гузоштанд, ки сулҳро барқарор намуда, давлати демократию ҳуқуқбунёдро таъсис медиҳанд. Барои давлати демократию ҳуқуқбунёдро таъсис додан зарурати қабули Конститутсияи ягона ба миён омад. Ва ҳамин тавр Конститутсия,  6-уми ноябри соли 1994 аз тарафи халқ ба таври райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.
Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ, тақвиятдиҳандаи демократия ва батанзимдарорандаи муносибатҳо дар ҷомеа мебошад.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Аҳамияти таърихии Конститутсияи мазкур, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки он барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт.
Дар шароити инкишофи конститутсионӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо назардошти талаботи меъёрҳои байналмилалӣ арзиши олӣ эълон гардидаанд, мардуми шарифи Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина ба ҳадафи асосии худ – бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ноил гардида истодааст.
Бояд иброз намуд, ки бо назардошти пешравиҳои босуботи ҷомеа, муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурияти ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда пеш омаданд. Он таѓйиру иловаҳое, ки дар Конститутсия солҳои 1999, 2003 ва 2016 ворид гардиданд ҷиҳати рушди техникаи қонунгузорӣ ва такмили муносибатҳои давлатӣ мусоидат намуданд.
Дар асоси ин тағйиру иловаҳо бори аввал парламенти касбии доимоамлкунанда таъсис ёфт; ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф гардиданд; ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти давлатӣ эътироф шуданд; тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ манъ гардид; шакли идоракунӣ мушаххас гардонида шуд.
Конститутсия, Тоҷикистонро чун субьекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро бошад чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муарифӣ намуд. Ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян мекунад.
Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарѓибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.
 
Каримзода Умар Карим - н.и.ҳ., подполковники милитсия
 
Последнее изменение Чоршанбе, 03 Ноябр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/