wrapper

Рӯзи 10.11.2021 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши китобҳои шарқшиноси маъруфи тоҷик дотсент, номзади илмҳои филология Комил Мусофиров ба намоиш гузошта шуд. Ҳамзамон, «Гӯшаи Комил Мусофиров» ҳам дар ин Институт ифтитоҳ гардид.
Китобҳои тақдимгашта китобҳое мебошанд, ки Устоди марҳум дар вақти сафарҳояшон гирифтаанд. Китобҳои воридшуда китобҳо бадеӣ, илмӣ ва дарсӣ буда, ба самти таҳқиқоти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ равона гардидааст.
Бояд гуфт, ки китобҳои нодир аз ҷониби Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ, номзади илмҳои таърих, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти зикршуда дастрас гардидааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки марҳум Комил Мусофиров соли 1937 дар ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шуда, аз аввалин хатмкардаҳои факултаи шарқшиносӣ (забонҳои Осиё ва Аврупо)-и ДМТ дар солҳои 1958—1963 мебошад. Ӯ инчунин муҳассили яксолаи Донишгоҳи Бағдод буда, зиёда аз 50 сол дар кафедраи филологияи араби ДМТ ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти араб кор кардааст.

Комил Мусофиров тӯли 12 сол, аз 1983 то 1995 раҳбарии факултаи шарқшиносии ДМТ-ро ба уҳда дошта, муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмиву тадқиқотӣ ва беш аз 20 китобро аз арабӣ ба тоҷикӣ ва русӣ тарҷума кардааст. Аз ҷумла «Китоби дарсии забони арабӣ» (1975), «Маҷмуаи ҳикояҳо ва латифаҳои арабӣ» (1970), «Ҳикояҳои арабӣ», «Шарораи аввалин», «Ном ва номгузорӣ» маҳсули қалами Комил Мусофиров мебошанд.

Комил Мусофиров барои хидматҳои шоёнаш дар замони шӯравӣ бо «Нишони аълочии мактабҳои олии СССР», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва дар замони истиқлол ба унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» мушарраф гаштааст.

Последнее изменение Панҷшанбе, 11 Ноябр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/