wrapper

Санаи 13.11.2021 Конференсияи ҷумҳуривии илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи парчам” дар толори Академияи Вазорати корҳори дохилӣ муштарак бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар ин конфронс н.и.т. Раҳмонзода Азимҷон Шералӣ, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI-ум иҷлосияи тақдирсоз” суханронӣ намуд.
Дар зер маърӯзаи Раҳмонзода Азимҷон Шералиро пурра меорем.

Иҷлосияи 16-ум

Санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар толори Қасри Арбоб дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод.

Воқеан, он замон, яъне аз моҳи сентябри соли 1992 кишварро буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта буд, ки метавонист Тоҷикистонро нобуд кунад, вазъияти вазнини сиёсӣ ба дараҷае расид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби неруҳои мусаллаҳи мухолиф ба муҳосира гирифта шуда, ба истеъфо маҷбур карда шуд.

Дар моҳи октябри ҳамон сол Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сабаби авҷ гирифтани даргириҳои низомӣ байни нерӯҳои мухталифи сиёсӣ фалаҷ гардида, ба истеъфо рафт. Пойтахти ҷумҳрӣ шаҳри Душанбе ба саҳнаи мусаллаҳона ва ҷанги бародаркуш мубаддал шуд ва Тоҷикистонро фалокати аз байн рафтан таҳдид мекард.

Дар чунин вазъи хеле хатарнок ва мудҳиш баргузор кардани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо роҳи наҷот буд. Ба сабаби набудани оддитарин шароити амниятӣ дар шаҳри Душанбе Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.

Дар иҷлосия аз 197 вакил 186 нафар ба роҳбарияти нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии шахси ҷасуру ватанпараст Эмомалӣ Раҳмон раъйи мусбат дода, сарнавишти ояндаи мамлакатро ба мақсади таъмини сулҳу салоҳ, ободии кишвар ва беҳбудии зиндагии мардум муайян намуданд.

Ҳама умед ба ин Иҷлосия буд ва шабонарӯз мардум дидаи умед ба он медӯхтанд, ҳар дақиқаи онро тамошо ва ба якдигар қисса мекарданд. Ва якбора шуълаи умед аланга зад, дилҳо ба тапиш даромад, садои шодию сурур дигарбора фазои кишварро пур намуд, мардум гӯиё дигарбора зинда шуданд ва пайки шодмонӣ расид, ки Худованд барои наҷоти ТОҶИКИСТОН, ВАТАНИ АЗИЗ ВА МАРДУМИ ТОҶИК Сарвар, Роҳбар, Пешво фиристод.

Бовар ба он шуд, ки

               «Навмед набояд шудан аз гардиши айём,

                Ҳар шом, ки ояд зи паси он саҳаре ҳаст»

Дигарбора қоматҳо рост ва чеҳраҳо гулгун ва табассум дар лабони мардум ҳувайдо гардид ва ин Пешвои мардумӣ андарзи бузургони миллат «Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг, Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг»-ро аз нахустин рӯзи ба мақоми раҳбарӣ расиданашон сармашқи кору пайкори худ намуданд ва кишварро аз ин фоҷеа раҳоӣ бахшиданд. Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи Пешвои миллат барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори орому осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшиду мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ, дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекарду мекунад.

Роҳбарияти нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро дар ин иҷлосия аз ворид кардани муҳимтарин ва заруртарин тағйирот ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи умумӣ” ва “Дар бораи гурезаҳо” шурӯъ намуд, ки дар он замон масъалаҳои доғи рӯз буданд. Дар ин иҷлосия ҳамчунин фармондеҳони гурӯҳҳои мухталифи даргир савганд ёд кардан, ки ба даргириҳо хотима медиҳанд, сулҳу суботро дар Ватан таъмин менамоянд ва бо ҳам оштии абадӣ мекунанд.

Вале фосилаи кӯтоҳи вақт собит сохт, ки ӯ дар ҳақиқат давлатмадори соҳибтадбир буда, илоҷи мушкилоти пешомадаро пайдо мекунад. Бо шарофати хиради стратегӣ, иродаи қавӣ ва малакаи беназири сиёсии худ, сарвари навинтихоби ҷумҳурӣ тавонист дар як муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшад. Дар ин замина Роҳбари давлат истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишондани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор доданд. Ӯ зимни аввалин муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 изҳор намуданд, ки барои ба ҷумҳурӣ ёрӣ расонидан ба Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат хоҳад кард.

Бояд қайд кард, ки иҷлосияи таърихии 16 уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таъмини сулҳу субот, ризоияти саросарии ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ба муттаҳидӣ даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дошт, ки дар ҳамин замина минбаъд ташаккули андешаи созанда ва муосири миллии мо тадриҷан шурӯъ гардид.

Чи рӯзҳое аз сар гузаштанд Аммо баъди Иҷлосияи 16-ум чӣ рӯзҳое ба сари Роҳбару Пешвои ҷавони тоҷикон омад, на ҳамагон медонанду дарк мекунанду мефаҳманд. Имрӯз филмномаҳоро мебинему аз он рӯзҳо ёд меорем. Ҳукумат фалаҷ, дастгоҳи давлатӣ аз кор монда, кишвар дар ҳалқаи оташ, қаҳтию гуруснагӣ ё ба ибораи дигар мардум “нон мегӯяду ҷон медиҳад”, пойтахти кишвар дар дасти ғосибон ва кам касоне ҷуръат мекарданд, ки дар бари Роҳбари давлат рост истанду бори душвори давлатдорӣ ва ғуссаи он шабу рӯзро таҳаммул намоянд ва ҳама мушкилоти зиндагиро бо ҳам бинанду азобу талхии онро бо ҳам чашанд.

Ба ҳамин хотир тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 14-уми майи соли 2016 инҷониб ҳамасола 16 ноябр ҳамасола ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил мегардад.

Сабаби ба ин сана рост омадани ҷашни муҳим дар он аст, ки 16 ноябри соли 1994, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Ҳамон сол, дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул гардид, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст. Маҳз бо кӯшишҳои шабонарӯзии Президенти мо Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва устувор дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Илова бар ин, Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷу оварданд.

Ҳамин тавр, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хидматҳои бузурги роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, дар Рӯзи Президент беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги он кас дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд.

 Шуъбаи иттилоот ва таҳлили Институт

Последнее изменение Шанбе, 13 Ноябр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/