wrapper

Суханронии мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти Осиё  ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Зиёев Субҳиддин дар Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд мавзӯъи “Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар густариши он” дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд.
Рӯзи 13 ноябри соли равон аз пойтахти кишвари маҳбубамон – шаҳри Душанбе ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд як гурӯҳ олимону нависандагон ва сиёсатмадорон барои иштирок ва баргузории Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони «Президент – кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ташриф оварданд. Меҳмононро кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо гулу гулдастаҳои тару тоза ва дар фазои тантанавӣ хубу хотирмон пазироӣ намуданд.
Худи ҳамон рӯз ҳайати меҳмонон нахуст аз маҷмааи “Дуои модар” боздид намуданд.
Сипас, кори Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори барҳавои Қасри сарнавиштсози миллат оғоз ёфт.
Дар конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Қурбон, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, иштирокчиёни  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савридинова ва Ғайбулло Афзалов,  собиқ муовини Сарвазир Руқия Атоева, муовини аввали сардори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Юнусова, муовини сардори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Хукумати кишвар Аҳмадзода Дилнозаи Даврон,  олимону омӯзгорон, ҷавонони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Конфронсро муовини Раиси ХХДТ Хайринисо Юсуфӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро  бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Мавсуф оид ба хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуд ва меҳмононро ба аҳли ҳузур муаррифӣ кард.
Сипас Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода  ба сухан баромада қайд намуд, ки таҷлили Рӯзи Президент ҳамчун ҷашни умумимиллӣ нишонаи эътирофи умумихалқии ин шахсияти бузурги таърихӣ, эҳтиром гузоштан ба меҳнату талош ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ сафинаи давлатдориро беосеб пеш бурда истодаанд, мебошад.
Директори Маркази Исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим дар мавзӯи “Президент – поягузорӣ ислоҳоти ҳуқуқию маънавии ҷомеа” маърӯза намуда, шарҳ дод, ки эътиқоду эътимоди мардуми кишвар нисбат ба Пешвои миллат буд, ки дар интихобот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади арзандаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90-92 % овозҳо пирӯзиро ба даст оварданд.
Баъди маърӯзаи пурмӯҳтаво Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Идизода Файзалӣ Фузайлшо дар мавзӯъи “Нақши Президенти Тоҷикистон дар ташкил ва рушди бовусъати Парлумони касбӣ дар мамлакат” сухан намуд.
Ҳамчунин дар Конфронси мазкур маърӯзаҳои намояндаи доимии ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон, сафир Қозидавлат Қоимдодов дар мавзӯъи “Президенти Тоҷикистон – асосгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва уфуқҳои байналмилалии кишвар”, маърӯзаи Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмиҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот дар мавзӯъи “Саҳми беназири Президенти Тоҷикистон дар рушди инноватсионии иқтисодиёт ва нерӯи инсонӣ”.
Инчунин, иштирокчиёни  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савридинова ва  Ғайбулло Афзалов аз  таърихи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон фарзанди фарзонаи миллат тавонистанд дар муддати ниҳоят кўтоҳ системаи мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдориро эҳё намоянд.
Дар Конфренсияи илмию амалии ҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон олимону профессорон фаъолони ҲХДТ бо ифтихорнома, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии ҲХДТ сарфароз гардиданд. Дар фарҷом баҳри болидахотирии иштирокдорони конфронс  консерти идона дар иҷрои ҳунармандони маҳбуби вилояти  баргузор гардид. Бо ҳамин   Конфренсияи илмию амалии ҷумҳуриявии ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт, ки дар ёдҳову хотираҳо нақши муассир хоҳад гузошт.
Последнее изменение Сешанбе, 16 Ноябр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/