wrapper

Дирӯз (23.11.2021) дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо ташаббуси бевоситаи Шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институт бахшида ба ифтихори 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Муносибатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон» (USA and Tajikistan relations) бо устоди соҳибтаҷрибаи сатҳи байналмилалӣ проффесори Донишгоҳи Омахаи Не-Браскаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Пэтрик Мак Намара баргузор гардид.
Дар ин Семинари байналмиллалӣ ҳамаи кормандон, магистрантон, унвонҷӯёни Институти зикршуда иштироки фаъолона намуда, асосан суолҳо ба забони англисӣ садо доданд.
Ин боздиди дуввуми проффесор Пэтрик Мак Намара  бо Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Устоди амрикоӣ дар оғози суханронӣ қайд намуд: “Ман Тоҷикистонро дӯст медорам”- “I love Tajikistan” ҳозирин ӯро бо кафкӯбиҳо пазироӣ карданд. Дар зимни суханронӣ профессор Мак Намара аз ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико то “Covid” ва баъди  “Covid” ибрози ақида намуд.
Дар зимни суханрони прорфессор Мак Намара аз масоили Афғонистон баъди хурӯҷи нерӯҳои Амрикоии ин кишвар қайд намуд, ки “Вақте ки ман роҷеъ ба Афғонистон ҳарф мезанам қалбам ба дард меояд”.
Илова бар ин  дар маърӯзааш аз равандҳои номатлуб амсоли терроризм ва ифротгароӣ қайд карда изҳор дошт, ки ин мушкилот ё падидаи номатлуб дарди ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Кормандони Институт роҷеъ ба масоили мубрами рӯз, суботи минтақа, таҳкими сулҳ дар Афғониситон, оид ба ташкил намудани Ҳукумати инклюзивӣ дар Афғонистон, муносибати Амрико бо Чин, омилҳои баланд бардоштани иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, стипендия ва лоиҳаҳо барои ҷавонон, омӯзиш ва таҳсил дар Амрико, ташкил намудани курсҳои забонҳои англисӣ дар Институт бо устодони Амрикоӣ посух гирифтанд.
Баъдан профессор Мак Намара аз Шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институт дидан намуда, бо кормандони шуъба мулоқот намуд.
Ногуфта намонад, ки муаллима Воҳидова Санавбарбону пешниҳод намуданд, азбаски вазъи ҳуқуқи занони Афғонистон нигаронкунанда буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати ин қазия бетараф буда наметавонад. Хуб мешуд мешуд, ки як Конфронси байналмилалӣ бо иштироки тарафайн ва коршиносон оид ба “Вазъи ҳуқуқи занони Афғонистон” дар Тоҷикистон баргузор гардад. Ин иқдом аз тарафи профессори Амрикоӣ хуб пазируфта шуд.
Дар зимни суҳбат мудири Шуъбаи Аврупо ва Амрико Воҳидова Санавбарбону ба профессор Мак Намараро пазироӣ карда, ба он кас китоби тозанашри Шуъбаи Аврупо ва Амрикоро “Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико: марҳилаи нави ҳамкориҳо”- ро таҳдим намуд. Вақте ки эшон китобро варақ заданд, акси худро аз боздиди аввали худ дар шӯъбаи Аврупо ва Амрико дида ба ваҷд омада гуфтанд “Худои ман дар умрам ин тавр туҳфаи аҷоибу муқаддасро нагирифта будам”.
Дар охирсухан профессор Мак Намара гуфтанд, соли оянда чунин боздидҳоро байни Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Омахаи Небраскаи ИМА давом хоҳем дод.

                                                      

Санавбарбону Воҳидова
мудири Шуъбаи Аврупо ва Амрикои
Институти омӯзиши  масалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупо
 
Последнее изменение Панҷшанбе, 25 Ноябр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/