wrapper

Рӯзи 26 ноябри соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи “Неруи нарм ҳамчун воситаи бурдани ҷангҳои гибридӣ дар замони муосир” баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, марказҳои илмию таҳқиқотӣ, кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаид Раҳмонов ва Ҷаҳонгир Нарзиев ва дигар ҷомеашиносону коршиносон ширкат варзиданд.
Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки истилоҳи “неруи нарм” таърихи начандон дур дошта, дар солҳои сиюми асри гузашта арзи вуҷуд намудааст. Ҳанӯз соли 1939 дипломат ва назариячии робитаҳои байналмилалӣ Эдвард Ҳаллетт Карр қудрати давлатро дар фаъолиятҳои байнидавлатӣ ба се қисм: неруи низомӣ; неруи иқтисодӣ ва неруи нарм (неруе, ки бар афкору андеша ҳукмрон аст) тақсим карда, навъи сеюмро барои дастёбӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда буд. Ба ин масъала баъдтар муҳаққиқи дигар Ҷозеф Най таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мафҳуми “неруи нарм”-ро расонаӣ кард ва ҷонибдорони зиёд пайдо намуд. Ба ақидаи ин донишманд “неруи нарм” ба се манбаъ: фарҳанг, арзишҳои сиёсӣ ва ормону орзуҳо дар самти сиёсати хориҷӣ такя мекунад.
Солҳои охир кишварҳо кӯшиш доранд, ки бо роҳи тарғиби истифода аз неруи нарм сулҳу суботро устувор гардонанд ва фазои осуда ва осоиштаро таъмин намоянд. Ин ташаббуси шоистаро Бунёди маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)-и Созмони Милали Муттаҳид низ дастгирӣ карда, баробари рушди соҳаҳои илму маориф тавассути дипломатияи фарҳангӣ ба ҳифзу ҳимояи мероси маънавию ёдгориҳои беназири таърихӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун ҷузъи тавонои неруи нарм ҳифз ва муаррифӣ месозад.
Аз ин рӯ, дар дипломатияи муосир аз “неруи нарм” ба таври фаровон истифода мекунанд.
Дар Тоҷикистон низ забон, адабиёт илм, таҳсилот, фарҳанг ва иттилоот ба “неруи нарм” дохил шуда, бо ин роҳ обрӯйи кишвар дар арсаи байналмилалӣ афзун мегардад. Таваҷҷуҳ ба сохторҳои фарҳангию адабӣ дар канори унсурҳои моддӣ яке аз хусусиятҳои хоси сиёсати давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буда, дар шаклгирии ҷаҳонбинии ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба фарҳанг арҷ гузошта, онро ҳастии миллат эълон намуда, барои рушди он заминаҳои мусоид фароҳам оварданд.
Мутаассифона, давлатҳое ҳастанд, ки неруи нармро муғризона дар набардҳои гибридӣ (омехта) ҳамчун восита ва афзори таъсиррасон истифода мекунанд. Дар набардҳои иттилоотӣ ва гибридӣ неруи нарм ба тахриби мафкура ва маънавиёти қишрҳои гуногуни ҷомеа, пеш аз ҳама, ҷавонон нигаронида шудааст. Ҷавонону наврасон бештар ба иттилооти шабакаҳои иҷтимоӣ майли зиёд доранд. Дар чунин шароит масъалаи таъсири “неруи нарм” ба муҳити ҷавонон дар Тоҷикистон аҳаммияти баланди амалиро касб мекунад, чунки он, пеш аз ҳама, ба тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва самтгирии минбаъдаи ҷавонон таъсир мерасонад. Хусусияти аслии “неруи нарм” аз он иборат аст, ки он аз ҷониби давлатҳои манфиатдор барои ташаккул додани ҷонибдорони сиёсат, фарҳанг ва дар маҷмӯъ, тамаддуни онҳо амалӣ шуда, дар аввал ҳамчун ҳамкорӣ дар самти маориф, фарҳанг ва дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ намудор мешавад. Баъди гузаштани чанд насл ва қавӣ шудани тафаккури беруна дар ҷомеа он ба вобастагии амиқ дучор шуда, риштаи идора ба берун интиқол меёбад.
Мутаассифона, боздоштан ё аз байн бурдани ин раванд ғайриимкон аст. Роҳи беҳтарин дар чунин раванд, дарки дуруст ва истифодаи ҳадафмандонаи имкониятҳои “неруи нарм” дар доираи манфиатҳои миллӣ мебошад, ки заминаи ҷиддиро барои корҳои маърифатию тарбиявӣ муҳайё месозад. Неруи нарм асосан тариқи фарҳанг, маориф, созмонҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма ва интернет (хусусан, сомонаҳои иттилоотӣ, тафреҳӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра) дар амал татбиқ гардида, барои ташаккул додани самтгириву авлавиятҳо нигаронида мешавад.
Бовар дорем, ки иштирокчиёни ин ҳамоиш масъалаи истифодаи неруи нарм дар набардҳои гибридӣ дар замони муосир, хатарҳои он ба ҷомеа, субот ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор медиҳанд.
Сипас дар назди ҳозирин сардори Маркази илмию таҳқиқотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, подполковники милитсия Манучеҳр Алимардонӣ дар мавзӯи “Набарди гибридӣ ҳамчун ҷанги насли нав”, сардори кафедраи ҳавопаймоии тактикии факултаи ҳавопаймоии ҳарбии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник, номзади илмҳои ҳарбӣ Фирдавс Тошматов дар мавзӯи “Вижагии низоъҳои ҳарбии “типи нав” дар минтақаи амнияти дастҷамъӣ“, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Х.Қ. Сафарализода дар мавзӯи “Неруи нарм ҳамчун таҳдид ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон“, ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Меҳрангези Юсуф дар мавзӯи “Неруи нарм ва дипломатияи фарҳангӣ–асоси мустаҳкам кардани мавқеи Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар”, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаид Раҳмонов дар мавзӯи “Нақш ва арзишиҳои геополитикии истифодаи неруи нарм дар пешбурди сиёсати хориҷии кишварҳои ҷаҳон (модели дипломатии Ҳиндустону Русия), ходими калони илмии Маркази илмию таҳқиқотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Хаёл Муҳташев дар мавзӯи “Неруи нарм ҳамчун воситаи таъмини амнияти миллӣ“, муовини сардори кафедраи тактикаи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Фаридун Эмомзода дар мавзӯи “Неруи нарм ҳамчун воситаи бурдани ҷангҳои гибридӣ дар замони муосир”, мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳангӣ дар ЮНЕСКО М.Абдусаломов дар мавзӯи “Неруи нарм ва дипломатияи фарҳангӣ”, докторанти phD-и Институти омўзиши масъалањои давлатњои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷаҳонгир Нарзиев дар мавзӯи “Дипломатияи мардумӣ ва неруи нарм дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Акмал Ибодуллоев дар мавзӯи “Омилҳои неруи нарм дар ташаккули мафиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Алиев маърӯза карданд ва ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан, пиромуни маърӯзаҳо дар фазои озод мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва изҳори назар сурат гирифт.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ва муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ Комрон Ҳидоятзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни мизи гирд барои ширкати фаъолона ва баёни фикру андешаҳои судманд изҳори сипос намуданд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

 Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Последнее изменение Шанбе, 27 Ноябр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/