wrapper

Таълифоти пурарзиши адабиётшиноси маъруфи тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад перомуни осори мондагори мутафаккирони барҷастаи тоҷику форс аз қабили Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Манучеҳрии Домғонӣ, Фаррухии Сиистонӣ ва дигарон ҳосили ҷустуҷӯ ва заҳматҳои тӯлонии муаллиф аст, ки тавассути нашриётҳои Тоҷикистон ва берун аз кишвар ба табъ расидааст.
Асарҳои эшон, қабл аз ҳама аз он ҷиҳат қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар онҳо танҳо ба шарҳу тавзеҳи панду андарзҳои ҳакимонаи шуарои болозикр басанда нашуда, балки бо равиши таҳқиқи илмӣ ва таҷзияву таҳлили амиқ, андешаҳои ахлоқии эшон ва арзёбии зебоишинохтии онҳо таълиф шудааст. Дар фаслу бобҳои рисолаҳои иншо намудаи устод метавон баҳсу мунозираҳои илмиро мушоҳида намуд.
Дар ҷашнвораи 12 - умини байналмилалии Форобӣ, ки Эрон бо ҳамкории ЮНЕСКО баргузор  намуд, донишманди тоҷик Мирзо Муллоаҳмад барои хидматҳои шоистаи илмӣ  дар бахши эроншиносӣ  ҳамчун пажӯҳишгари бартари ҳавзаи эроншиносӣ барандаи ҷоиза гардид.
Мирзо Муллоаҳмад дар таҳқиқи масълаҳои гуногуни адабиёт, забон ва таъриху фарҳанги тоҷику форс беш аз сӣ рисола ва зиёда аз 500 мақола  ба табъ расондааст. Асарҳои  ӯ дар Душанбе, Маскав, Теҳрон, Машҳад, Берлин, Ню-Йорк ва ғайра  ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ  нашр шудаанд.
«Осори  эроншиносӣ» - и Мирзо Муллоаҳмад, ки ду ҷилди он  нашр шуд ва ҷилдҳои  баъдӣ зери чопанд, дар марказҳои эроншиносӣ хуб пазируфта шуданд.
Дар номаи табрикии раиси собиқи Ҷумҳурии исломии Эрон, узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Рӯҳонӣ омадааст: «Улуми инсонӣ ба ҳасби мавзӯъ, ки шинохти инсон ва муносиботи фардӣ ва иҷтимоии ӯст ва нақше, ки дар мудирият ва ҷиҳатдиҳӣ  ба сойири улум дар раванди  тавсиа ва тамаддунсозӣ дорад, аз муҳимтарин улум ба шумор меояд. Акнун ҷашнвораи  байналмилалии  Форобӣ мунтасаб ба улуми сонӣ, ки табйини  мухтассоти  мадинаи фозила тааммули  хирадмандона дар муносиботи  фардӣ ва иҷтимоии тамаддуни  эронии исломиро бунёд ниҳодааст, бистарро барои  шиносоӣ ва ситоиши андешамандон ва  пажӯҳишгарони сахткӯш дар ҳавзаи умумиинсонӣ ва исломӣ фароҳам овардааст.
 Донишманди арҷманд ҷаноби оқои  доктор Мирзо Муллоаҳмад.
Тавфиқи ҷаноби олӣ дар касби мақоми  пажӯҳишгари бартари  ҳавзаи эроншиносии бахши байналмилалии дувоздаҳумин ҷашнвораи  байналмилалии Форобӣ қобили тақдир аст. Фазилату доноӣ ва шоистагиҳои пажӯҳишии Шуморо самимона табрик гуфта ва тавфиқи рӯзафзунатонро дар  тамаввули таъолӣ  ва сайру рафти  ҷомеа ба самти фалоҳу растагрӣ аз даргоҳи Худованд масаллат дорам.                              Ҳасани Рӯҳонӣ».
Дабири  кулли  кумиссиюни миллии ЮНЕСКО дар Эрон доктор Ҳуҷҷатуллоҳ Айюбӣ ва дабири дувоздаҳумин ҷашнвораи  байналмилалии Форобӣ доктор Ғуломризо Ғаффорӣ дар табрикномаашон навиштаанд:
«…Дар таърихи зиндагии башар илм ба сони чароғи равшан аст, ки бар торикии ҷаҳл фоиқ омада ва бо намоёндани  роҳ  дар  фарозу нишеби душвори зиндагӣ ёрӣ кардааст. Дар ин диёр низ шамъе аз ин чароғ дерест равшанкунандаи  масири таъолӣ ва парвариши инсон будаву  ҳаст ва донишмандону  андешамандони ин марзу бум аз он сӯи равишгар  дар баробари тӯфони  ҳаводис ва уфтухезҳои  таърихи дерини Эронзамин ҳаросат кардаанд. Дар ин миён рисолати  ҷашнвораи  байналмилалии Форобӣ шинохт ва гиромидошти ин нигаҳбонон илм аст ва бар худ  фарз медонад фарҳехтагони замонаи худро ба муосирон муаррифӣ кунад, мероси онҳоро бишиносад ва равиши зисти илмиашонро такрим намояд.
 Фарҳехтаи арҷманд ҷаноби оқои  доктор Мирзо Муллоаҳмад, кӯшишҳои  арзандаи  шуморо арҷ ниҳода, муваффақияти Шуморо дар касби мақоми пажӯҳишгари бартари ҳавзаи эроншиносӣ ва исломшиносӣ дар дувоздаҳумин ҷашнвораи  байналмилалии Форобиро табрик мегӯем.
             Доктор Ҳуҷҷатуллоҳ Айюбӣ                  Доктор Ғуломризо Ғаффорӣ
         Дабири кули комиссиюни миллии         дабири дувоздаҳумин ҷашнвораи 
              ЮНЕСКО дар Эрон                                   байналмилалии Форобӣ».

                                                          

Устод Мирзо Муллоаҳмад, доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон айни замон ба ҳайси  сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ фаъолияти илмӣ-эҷодӣ менамоянд.
Ғайр аз ин узви Бюрои Шӯрои табъу нашри Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи миллии илмҳо, ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Рӯдакӣ» (Теҳрон), маҷаллаи Муассисаи фарҳангии ЭКО (Теҳрон), маҷаллаи «Паёмномаи фарҳанг», узви ҳайати илмии «Доиратулмаорифи инсоншиносӣ» (Теҳрон), шӯрои дифои рисолаҳои доктории Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Эрон мебошанд.
Аз соли 1969 то имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намуда, дар ин муддат дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурд ва калони илмӣ, мудири бахш, мудири Шӯъба ва муовини директори институт оид ба корҳои илмӣ, сипас сардори Шӯъбаи созмондиҳии илми Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини  саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд.
Солҳои 1971 – 1974 дар аспирантураи Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳсил карда соли 1975 дар мавзӯи «Эҷодиёти Фаррухӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Солҳои 1978 – 1980 дар Эрон ба ҳайси мутарҷими забони форсӣ кор кардаанд. Соли 1993 дар мавзӯи «Равияи «Бозгашт» дар адабиёти асрҳои ХVIII – ХIХ Эрон» рисолаи докторӣ дифоъ камудаанд ва соли 2008 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Доираи фаъолияти илмии Мирзо Муллоаҳмад васеъ буда, таърихи адабиёти тоҷику форсро  аз замонҳои қадим то имрӯз, адабиёти Эрон ва Шарқ, таърихи илму фарҳанги кишварҳои Шарқ, масъалаҳои  забоншиносӣ ва робитаи адабиву фарҳангии Тоҷикистон  ва кишварҳои Шарқи хориҷӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Ӯ аз мутахассисони шинохтаи таърихи адабиёти тоҷику форс буда, асарҳои илмиаш дар шаҳрҳои Маскав, Вашингтон, Теҳрон, Боку, Машҳад, Берлин ва амсоли инҳо низ чоп шудаанд.
Мирзо Муллоаҳмад солҳои зиёд дар вазифаҳои мудири шуъба, мовини директори Институти шарқшиносӣ ва мудири шуъба ва муовини саркотиби илмии раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи  аккредитатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар созмондиҳӣ ва пешрафти илм дар ҷумҳурӣ саҳм гузоштаанд.
М. Муллоаҳмад дар тарбияи кадрҳои  илмӣ низ саҳми арзанда мегузорад. Таҳти роҳбарии ӯ 16 нафар рисолаи номзадӣ, 5 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуда, 5 нафар рисолаҳои илмии худро омодаи  ҳимоя кардаанд.
Мирзо Муллоаҳмад яке аз муаллифони нашри академии "Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои ХIХ –ХХ "(Маскав, "Наука", 1999, 535 с.) мебошанд. Китобҳои эшон «Ёди ёри меҳрубон» (Теҳрон, 2001, 845 с.), «Хубони порсигӯй» (Теҳрон, 2003), «Андарзҳои Рӯдакӣ» (Теҳрон, 2008), «Садои Осиё» (2011) хонандагони хориҷиро бо осори шоирони тоҷик шинос менамоянд. Дар нашриётҳои муътабари Эрон инчунин асарҳои илмии ӯ «Ҷанг ва сулҳ дар «Шоҳнома» (2005), «Рӯдакӣ ва суханварони ҳамрӯзгори ӯ» (2008, бо ҳаммуаллифӣ), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем» (2010), «Пиромуни Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон» (2014), «Сайре дар олами эроншиносӣ»(2014) нашр шудаанд.
Асарҳои  илмии ӯ «Фаррухии Систонӣ» (1978), «Нишот ва Миҷмар» (1983), «Лирикаи Адибулмамолики Амирӣ» (1985), «Фурӯғии Бастомӣ ва ғазалиёти ӯ» (1967), «Қоонии Шерозӣ» (1992), «Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт» (2008) дар нашриёти «Дониш», «Инсон. Адабиёт. Фарҳанг.» (1993), «Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон» (2012) дар нашриёти «Адиб», «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003), «Дар олами эроншиносӣ» (2005), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем» (2011) дар нашриёти «Деваштич», «Бузургдошти инсони нек» (2011) дар нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ва ғайра ба табъ расидаанд.
Мирзо Муллоаҳмад дар матншиносӣ ва нашри осори гузаштагон низ саҳми калон гузошта, «Қобуснома»-и Кайковус (1979, 2007),  «Рубоиёти Умари Хайём» (1983), «Баргузидаи ашъори Шаҳриёр» (бо ҳамроҳӣ, 1984, 2006), «Ҳикояҳои нависандагони муосири Эрон» (бо ҳамроҳӣ, 1986, 1988), «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл»-и Абдураҳмони Мустаҷир (бо ҳамроҳӣ, 1989), «Гулбонги навҷавонӣ»-и Лоҳутӣ (бо ҳамроҳӣ, 1991), «Андарзномаи Рӯдакӣ» (1992), «Ғазалиёти Фурӯғии Бастомӣ» (1993),    «Донишнома»-и Майсарӣ (1999), «Андарзномаи ҳаким Носири Хусрав» (2003)), «Дахунома» (2003), «Гулчини девони Ҳофиз» (2006), «Андарзҳои Ҷалолиддини Румӣ» (2007), «Ашъори мунтахаб»-и Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008), «Дар партави хуршед» (2011), «Ҳикматномаи Носири Хусрав» (2013) ва ғайраро  ба чоп расондаанд.
Ба қалами МирзоМуллоаҳмад беш аз 550 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ таълиф шудааст, ки аз ҷумла 30 монография ва маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ, 40 маҷмӯаи гуногун аз осори адибони гузаштаву муосири  форсизабон буда, бо кӯшиши ӯ ба табъ расидаанд.
Мирзо Муллоаҳмад дар ташкили конфаронсу ҳамоишҳои илмӣ фаъолона ширкат варзида, аз ҷумла котиби масъули  симпозиумҳои байналмилалии «Ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» (1994), 675- солагии Камоли Хуҷандӣ (1996), «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон» (2001), «Анҷумани панҷуми байналмилалии устодони забон ва адабиёти тоҷику форс» (2006), «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон» (2008) буд. ӯ бо суханрониҳои илмӣ дар беш аз 50 конфаронсу симпозиумҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни олам баргузор шудаанд, ширкат варзидааст. Аз ҷумла дар толори Созмони милали муттаҳид дар ш. Ню-Йорк(18 июни соли 2008) дар мавзӯи «Рӯдакӣ – шоири бузурги башардӯст» суханронии илмӣ кардааст. Рӯдакишиносӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмии Мирзо Муллоаҳмад буда, бо сарварии ӯ «Донишномаи Рӯдакӣ» дар се ҷилд ба табъ расидааст.
Хоксорӣ, фурӯтанӣ, меҳрубонӣ, эҳтиром ва заҳматҳои пайвастаи Устод Мирзо Муллоаҳмад намунаи ибрат барои ҳар як нафар буда, кадрҳои ҷавонро ба роҳи пуркорӣ, саодатмандӣ, пирӯзӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ҳидоят мекунад. Шахсан банда, ки як даҳсола бо устод кору фаъолият мекунем, боре нашунидаам, ки Устод нафареро “ту” гуфта муроҷиат намуда бошанд.
Ту худ сӯзӣ вале созӣ ту моро,
Талошу ҳимматат поянда бодо.
 
                                                                                              Субҳиддин Зиёев
Мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ
 
 
02.12.2021.
Последнее изменение Ҷумъа, 10 Декабр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/