wrapper

      Имрӯз 15.12.2021 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва Кафедраи фалсафаи назди Раёсати АМИТ семинари илмӣ таҳти унвони “Дурнамои вазъи Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа (Дар ҳошияи муаррифии китоби профессор Қосимшо Искандаров “Афғонистон дар замони ҳукумати ваҳдати миллӣ”)” баргузор гардид.
    Дар семинари мазкур олимону профессорон, магистранту докторантони PhD-и институтҳои зертобеи АМИТ иштирок ва суханронӣ намуданд. Атрофи масоили муҳимме, ки дар китоби “Афғонистон дар замони ҳукумати ваҳдати миллӣ” Қосимшо Искандаров матраҳ намудаанд, муҳаққиқон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Носир Назарзода, директори Маркази мероси хаттии АМИТ Раҳматкарим Давлатов, ходими пешбари илмии Институти Осиё ва Аврупо Сайидалиев Усмоналӣ ва ходими илмии Институти мазкур Судуров Сайидалӣ суханронӣ намуданд.
Дар семинари илмӣ муаллифи китоби мавриди назар Қосимшо Искандаров баромад намуда, зикр намуд, ки СММ ва давлатҳои абарқудрат бояд аз «Толибон» талаб намоянд, ки ваъдаҳои худро иҷро кунанд, ҳукумати фарогир ташкил диҳанд, ба ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳои миллӣ эҳтиром гузоранд ва бар зидди терроризми байналмилаливу қочоқи маводи мухаддир мубориза баранд.
     Дар фарҷоми семинари илмӣ аз ҷониби Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ба мутахассисон китоби тозанашр тақдим карда шуд.
    Бояд гуфт, ки Искандаров Қосимшо 27 апрели соли 1953 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1979 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси «Муаррих. Муаллими таърих ва ҷамъиятшиносӣ» хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро соли 1979 аз муаллимии кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии Филиали дар Қурғонтеппабудаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе оғоз намудааст.

     Солҳои 1981-1985 тарҷумони гуруҳи мушовирони КМ ВЛКСМ дар назди Созмони демократии ҷавонони Афғонистон (СДҶА) Афғонистон ифои вазифа намудааст.

    Солҳои  1985-1988 дар аспирантураи назди Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда, соли 1989 дар Шӯрои  диссертатсионии Институти Осиё ва Африқои назди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов рисолаи номзадӣ ва соли 2004 дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшииосии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи докториашро дифоъ намудааст.

    Солҳои  1988 - 1993 дар Институти  шарқшиносӣ дар вазифаи ходими илмӣ, солҳои 1993-2000 дар Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои ходими пешбари илмӣ ва мудири бахши Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ кор кардааст.

    Аз соли   2000  то 2013-ум ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ гузашта, аввал дар вазифаи ходими пешбари илмӣ ва баъдан мудири шуъбаи таҳқиқи низоъҳои минтақавӣ, мудири шуъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавӣ, аз соли 2013 то соли 2017 дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ мудири шуъбаи Эрон ва Афғонистон фаъолият намудааст.

   Аз моҳи апрели соли 2017 мудири шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо кор карда, аз ноябри ҳамон сол иҷрокунандаи вазифаи саркотиби илмии АИ ҶТ таъйин шудааст.

    Қ. Искандаров - муаллифи беш аз 250 корҳои илмӣ оид ба таърихи Афғонистон, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва инчунин ҳаммуаллифи китобҳои дарсӣ аз фанни таърихи умумӣ барои синфҳои 10 ва 11 мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон мебошад.

                                                                                                            

Последнее изменение Панҷшанбе, 16 Декабр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/