wrapper

Рӯзи 22 декабри соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои рушди сиёсати давлатии кадрҳо дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо” баргузор гардид. Дар ҳамоиш вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи  ватанӣ  ширкат варзиданд.  Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ кушода, иштирокчиёни  нишасти илмию амалиро  хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки дар ҳамоиш масъалаи хеле муҳим–арзёбии  рушди сиёсати давлатии кадрҳо дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамои он  мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегирад. Имрӯз дар ин толор олимону мутахассисон ва намояндагони идораҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ ҳузур доранд ва  умеду  бовар дорам, ки ин суҳбати илмӣ барои ҳалли мушкилот ва ҳадафҳое, ки дар назди  ин конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ қарор доранд,  мусоидат хоҳад кард.  Тавре мегӯянд,  “ҳақиқат зодаи баҳс аст” ва мо низ бар он назарем, ки дар ҷараёни суҳбатҳо аз ҷониби ширкаткунандагони муҳтарами нишасти илмии имрӯза масъалаҳои мубрами соҳаи мазкур мавриди таҳлил қарор гирифта, доир ба роҳҳои ҳаллу фасли онҳо тавсияву маслиҳатҳои муфид ва созанда пешниҳод мегарданд.
Мехоҳам ёдовар шавам, ки сиёсати давлатии кадрҳо дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад ва маҳз бо дарназардошти аҳамияти масъалаи мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз зимни суханронӣ дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем, зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд.
Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад, зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад.
Дар даврони истиқлолият барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёда аз 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудааст. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 129 ҳазор нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.
Таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ, 98,7 фоизро ташкил медиҳад. Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд”.
Ин таъкидҳо ва дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор месозад, ки ба сиёсати давлатии кадрҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар соҳаи илму маориф ва тайёр намудани кадрҳои баландихтсоси муосир беш аз пеш  масъулият зоҳир намоем.
Дар нишасти имрӯза масъалаи муҳимми рушди сиёсати давлатии кадрҳо ба баррасии Шумо, ҳозирини гиромиқадр, пешниҳод шудаанд ва натиҷагирии мо аз ин конфронси илмӣ-амалӣ, пеш аз ҳама, ба андешарониҳо ва таҳлилҳои амиқи шумо–иштирокчиён вобастагӣ дорад. Бояд зикр намуд, ки ҳама гуна андешаҳо ва тавсияҳои арзишманду созанда ба инобат гирифта мешаванд ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  мегарданд.
Баъдан директори Агентии хизмати давлатии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Фарҳод Маҳмадшозода зимни суханрониҳои худ баргузории чунин ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро муҳиму арзишманд ҳисобиданд ва изҳори боварӣ намуданд, ки нишасти илмии имрӯза барои  рушди минбаъдаи  сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамин тавр, ҳамоиши илмию амалӣ ба кори худ шурӯъ намуд.  Сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғигул Исломзода дар мавзӯи “Нақши занон дар идоракунии давлатӣ”, директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳ Завқизода дар мавзӯи “Интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар ҳокимияти судӣ”, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фариза Эргашева дар мавзӯи “Масъалаҳо ва муваффақиятҳои сиёсати кадрӣ дар идоракунии давлатӣ”, мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Савлатшои Ховарӣ дар мавзӯи “Шуғли пурмаҳсул–омили таҳкимбахши иқтидори кадрӣ”, мудири бахши таҳлил ва иттилоотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошӯб Розиқзода дар мавзӯи “Тамоюли омодасозии кадрҳои ҷавон дар идоракунии давлатӣ ва тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар”, сармутахассиси шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Азимов дар мавзӯи “Технологияи интихоби хизматчиёни давлатӣ ва ҷавонгардонии ҳайат”, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мутахассиси пешбари Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саёҳат Вализода дар мавзӯи “Татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти сиёсати кадрӣ”, муаллими калони  кафедраи иқтисоди байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амиршо Гадоев дар мавзӯи “Робитаи сабабу натиҷаи  муҳоҷират ва ҳаракати захираҳои меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ”, ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо М.Раҳмонов дар мавзӯи “Мактаби Пешвои миллат–эҳёгари сиёсати кадрӣ”, сардори Раёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедҷони Давлат дар мавзӯи “Раванди банақшагирии омодап намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олиии касбӣ”, маърӯза намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои қаноатбахш доданд. Баъдан  иштирокчиёни конфронси илмиву амалӣ пиромуни суханрониҳо фикру андешаҳои муфид баён карданд.
Конфронсро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни он барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуд.
Ҳамоиши илмиву амалӣ дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

https://mts.tj/konfronsi-ilmӣ-amalii-ҷumҳuriyavӣ-dar-mavzӯi-masalaҳoi-rushdi-siyosati-davlatii-kadrҳo-dar-toҷikiston-vaz-va-durnamo/?fbclid=IwAR25dwhOfJ5WkZLW_TFfwUpxGKvsXNVXZUITzQxx4KP3pXO48HmtQPbZaME 
Последнее изменение Ҷумъа, 24 Декабр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/