wrapper

Имрӯз 24.12.2021, дар маҷлисгоҳи Кафедраи забонҳои хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкилоти ибтидоии  ҲХДТ дар АМИТ "Шарқшиносон"-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ҷаласаи навбатӣ доир намуд.
Мавзӯи ҷаласа баррасии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буд.
Ҷаласаро директори Институт номзади илмҳои фалсафа Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ифтитоҳ намуда, зимни баррасии вижагиҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар Паёми навбатӣ тазаккур дод, ки дар замони муосир ҳатто қудратҳои ҷаҳонӣ бар забону тамаддуни офаридаи ниёгони мо ҳасад мебаранд, чунки аҷдодони мо дунёро дар ихтиёр доштанд тавассути донишандӯзӣ, аммо имрӯз ҳатто қудратҳо ҳамон ҳукумати томро орзу мекунанд. Дар воқеъ, забони тоҷикӣ аз Самарқанд то Чин ҳукумат дошт ва ин нишона аз он далолат мекунад, ки аҳолии минтақаҳо ба тамаддуне майл доштанд, ки онро ниёгони мо офарида буданд.
Сипас муовини Раиси ташкилоти  "Шарқшиносон" Зиёев Субҳиддин гузориши солонаи ташкилот-ҳисоботро ба иштирокчиён ироа намуд.
 Дар кори семинари ҳизбӣ муовини Раиси КИ "Хирадмандон" - и ҲХДТ дар АМИТ Ширин Қурбонова суханронӣ намуда, иброз намуд, ки хусусияти асосии Паёми ироашуда фақат таъмини рушди кишвар маҳсуб мешавад.
Дар анҷом бархе аз аъзои ҳизб сухан карда, мавқеи худро нисбат ба мавқеи ҲХДТ муайян карданд.
 Ташкилот дар соли 2021 ба чопи китобҳои мушаххас ва нашри мақолаҳои илмӣ-оммавӣ нисбат ба солҳои пешин бартарӣ дошта, яке аз дастовардҳои онҳо дифоъ аз рисолаҳи номзадии бархе аз ҷавонон мебошад.
Дар фарҷоми семинар аъзои фаъоли Ҳизб, ходими калони илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик Салимов Акбар ва лаборанти калони Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт, ки барои корҳои ташкилии Институт ва таблиғи сиёсати ҲХДТ хидматҳои шоиста карданд бо ИФТИХОРНОМА-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ сарфарозонида шуданд.
 
http://www.zoofirma.ru/