wrapper

15.02.2022                                                         ш. Душанбе
 
  Баргузории семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ташкили мактабҳои ғайрирасмии динӣ ва истифода аз онҳо дар “Баҳманмоҳи хунин” дар Институти Осиё ва Аврупо баргузор гардид. Дар семинари мазкур ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик Раҷабалиев Файзиддин гузориши илмӣ намуд. Раҷабалиев Ф. дар гузориш иброз дошт, ки яке аз омилҳои сар задани ҳодисаҳои фоҷиавии “Баҳманмоҳи хунин”, ки моҳи феврали соли 1990 дар ш. Душанбе рух додааст, ин ташаккули мактабҳои ғайрирасмии динӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ мебошад.
  Дар рафти муҳокима кормандони Институт фаъолона ширкат намуданд, аз ҷумла, директори Институт Ниёзӣ Ё. Б., н.и.т. Раҳмонзода А.Ш., д.и.ф., профессор Раҷабов Ҳ., д.и.с., профессор Каримов Ш., д.и.ф., профессор Воҳидова С., ходими калони илмӣ Холназаров Н. фикру ақидаҳои худро доир ба масъалаи баррасишуда баён намуданд.
  Дар анҷоми семинар аз тарафи ходимони илмии Институт натиҷагирӣ намуда, қайд карда шуд, ки ҷиҳати пешгири падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир ҷавонони имрӯза бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, саъйю кӯшиши худро баҳри ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд.

                                                                                         

Последнее изменение Чоршанбе, 16 Феврал 2022
 
http://www.zoofirma.ru/