wrapper

  29 марти соли 2022 семинари маҷозӣ зери унвони “Мушкилот ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа ва роҳҳои ҳалли он: назар аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” баргузор гардид.
  Семинари илмии мазкур аз ҷониби Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар асоси  Протоколи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №16/10-40 аз 04.02.2022 оиди банди 4 баргузор намудани конференсия ва семинарҳои илмӣ-амалӣ бо дарназардошти вазъияти тағйирёбандаи кишварҳои Осиё, Шарқи Миёна ва Наздик ва Созишномаи Институт бо Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 июни соли 2021 дар ш.Душанбе имзо шуда буд, баргузор гардид.
  Дар семинар олимон ва муҳаққиқони Тоҷикистон (Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон) ва Ӯзбекистон (Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ) иштирок ва суханронӣ намуданд.

                                                                  

  Дар ҷараёни семинар баррасии вазъи кунунии амният дар Осиёи Марказӣ, муайян кардани таҳдидҳои калидӣ ба рушди устувори минтақа, инчунин таҳияи пешниҳодҳои мушаххас оид ба бунёди сиёсат дар шароити муосир сурат гирифт.
  Таъкид гардид, ки тайи панҷ соли охир минтақаи Осиёи Марказӣ ба зинаи баландтари рушди худ баромада, миёни давлатҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ба роҳ монда шудааст.  Дар арсаи байналмилалӣ ташаббусҳои нави кишварҳои Осиёи Марказӣ  на танҳо аз номи давлатҳои алоҳида, балки аз номи тамоми минтақа торафт бештар ба миён гузошта мешаванд.
  Дар шароити рузафзуни зиддиятҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ паст кардани дараҷаи боварӣ ва ҳамкории байни давлатҳо, амиқ гардондани ҳамкорӣ, муттаҳид намудани қувваҳо ва бартараф намудани омилҳое, ки ба инкишофи минбаъда халал мерасонанд, зарурати таъхирнопазир мегардад.
  Аз ин лиҳоз, ба назари коршиносон, дар ҳалли ин масъалаҳои мубрами ниҳодҳои таҳлилӣ, ки бояд дар ташаккули сиёсати давлатҳои худ таъсири муассир дошта бошанд, мавқеи муҳимро ишғол намоянд.
  Дар доираи баромадҳои худ коршиносони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,  Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон) ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масъалаҳои асосии амнияти сиёсӣ, иқтисодӣ, озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ, таъсири оқибатҳои пандемияи COVID-19, инчунин амиқсозии ҳамкориҳои башардӯстона дар самти таъмини мустаҳкам намудани субот дар Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.
  Пас аз ҷамъбасти семинар ҷонибҳо тамоюли мусбати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро, ёдоварӣ намудаанд, ки имрӯз ба сатҳи шарикии стратегӣ расонида шуда, дар тамоми соҳаҳо самаранок таҳким ёфта истодааст.
 
 
http://www.zoofirma.ru/