wrapper

  Ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Умед Пудинаев барои саҳми арзанда ва ҳамкориҳои судманд ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо вобаста ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш бахшида ба “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе” аз ҷониби филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо "Ифтихорнома" сарфароз гардонида шуд.
  Бояд гуфт, ки Умед Пудинаев соли 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси “шарқшинос-филолог” хатм намудааст. Ҳамзамон дар мактаби миёна аз фанни «Алифбои ниёгон» дарс мегуфт. Як давра ба сифати муаллим ва тарҷумон кор кардааст. Бо ҳамин радиф солҳои 2011-2014 фаъолияти хабарнигорӣ ҳам дошт. Баъдан мутахассиси маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2018 то ин замон ходими илмии шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Дар як вақт муҳаррири торнамо ва муҳаррири маҷаллаи илмии “Осиё ва Аврупо”-и Институти номбаршуда кору фаъолият намудааст.

Маркази матбуоти Институт
 
http://www.zoofirma.ru/