wrapper

  Санаи 29-уми апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи Аврупо ва Амрико семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Фаронса бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран баргузор гардид.
  Дар семинар  кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ва дигар устодону муҳаққиқони Институт иштирок ва суханронӣ намуданд.
  Семинар бо суханронии ифтитоҳии  директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муҳтарам Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ва суханронии муҳтарам Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран оғоз ёфт.
  Дар суханронии директори Институт Ёрмаҳмад Ниёзӣ Бобо қайд гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳои рушдёбандаи дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Фаронса яке аз заминаҳои ҳамгироии кишвар ба фазои байналмилалӣ, узвият дар сохторҳои гуногун ва иштирок дар равандҳои глобалӣ гардид.

                         

  Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран дар суханронии худ ишора кард, ки Фаронса ҳамеша ҷонибдори таҳкими муносибатҳои густурда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва ин ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бештар ба назар мерасанд. Инчунин дар Тоҷикистон чандин барномаҳои Фаронса ба монанди “Маркази фарҳангии Бохтар”, “Актед” ва барномаҳои дигар дар самти кишоварзӣ, иқтисодиёт  амал менамоянд.
  Инчунин дар суханрониашон муҳтарам Сафири Фаронса Мишел Тарран таъкид намуданд, ки аз нигораҳои таърихии Тоҷикистон, ки дар осорхонаи Гиме баргузор гардида буд, 300 ҳазор фаронсавиён дидан карданд.
  Дар чаҳорчӯбаи семинар гузоришҳои илмии профессор Воҳидова Санавбарбону мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико дар мавзӯи “Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса дар солҳои 2019-2021” дар бар мегирифт. Зимни суханрониашон муаллима ибрози ақида намуданд, ки муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шаш маротиба сафари Фаронса доштанд. Таъкид гардид, ки дар солҳои Истиқлолият миёни Тоҷикистону Фаронса 33 санади муҳим ба имзо расидааст.

                        

  Муаллима Воҳидова С. Сафири Фаронсаро бо забони фаронсавӣ хайрамақдам гуфта, фишурдаи маърӯзаашонро низ бо забони фаронсавӣ ироа намуданд.
  Ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико Ашуров Ардамеҳр дар мавзӯи “Осиёи Марказӣ дар доираи сиёсати хориҷии Фаронса: манфиат ва ҳадафҳо (дар мисоли Тоҷикистон) суханронӣ карда, фишурдаи маърӯзаашро бо забони фаронсавӣ баён намуд.
  Ходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико Баҳриддинзода Парвиз дар мавзӯи “Рушди ҳамкориҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаи сайёҳӣ” 1991- 2021 бо забони фаронсавӣ суханронӣ карда, вазъи кунунии ҳамкориҳои сайёҳии Тоҷикистону Фаронсаро дар ҳоли рушд арзёбӣ кард.
  Дар раванди музокирот мудири кафердраи забони фаронсавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Султонзода Соқӣ Аслон доир ба робитаҳои илмиву адабии Тоҷикистону Фаронса суханронӣ карданд.  
  Инчунин, сарходими шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Мамадазимов Абдуғанӣ ва профессори шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик Комил Бекзода ва ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико Шозиёева Гулмоҳ доир ба раванди кунунӣ ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва адабии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса суханронӣ намуданд.
  Ҳамин тавр, семинари илмӣ-амалӣ дар фазои озоди  илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Бо итминон қайд карда шуд, ки дар солҳои оянда ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар сатҳи зарурӣ таҳкиму тақвияту густариш хоҳанд ёфт.
 
Воҳидова Санавбарбону д.и.т.,
профессор мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико
Последнее изменение Ҷумъа, 29 Апрел 2022
 
http://www.zoofirma.ru/