wrapper

  Санаи 22.04.2022. дар маҷлисгоҳи Кафедраи забонҳои хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти Осиё ва Аврупо ва сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон семинари илмӣ тахти унвони «Роҷеъ ба тарҷумаҳо ва тарҷумонҳои асарҳои адибони Ҳинд дар Тоҷикистон» доир гардид.
  Ҷаласаро директори Институт номзади илмҳои фалсафа Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ифтитоҳ намуда, дар ин зимн равобити дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустонро муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф зикр кард, ки дар воқеъ, ин равобит заминаҳои таърихӣ дошта, то ба имрӯз рушд ва тавсеа меёбанд.
  Сипас Сафири муҳтарами Ҳиндустон ҷаноби Вираҷ Сингх оиди равобити дипломатии ҳар ду кишвари дӯст дар тӯли 30 соли истиклолият ба иштирокчиён андешаҳояшро ироа намуда, тарҷумаи асарҳои адибону шоирон ва ходимони илму адаби ҳар ду кишварро муҳим арзёбӣ кард.
  Дар кори семинар мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ профессор Ҳабибулло Раҷабов дар мавзӯи «Роҷеъ ба тарҷумаҳо ва тарҷумонҳои асарҳои адибони Ҳинд дар Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз намуд, ки нақши тарҷума ва тарҷумон мухим буда, ба рушди адабиёт ва шинохти фарҳангҳо кӯмак мерасонад.
  Дар анҷом устодони Институт аз чумла, Комил Бекзода, Н. Назарзода, С. Воҳидова, Ш. Каримов, Н. Мирзоев, А. Мамадазимов ва ходимони илм саволу чавоб карда, назарҳои худро иброз намуданд.
 
Суханронии мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, профессор Раҷабов Ҳ. ба шакли зерин ироа гардид:
 
  Адабиёти ҳиндӣ, ки оғози онро дар замонҳои қадим офаридаҳо ба забони санскрит ташкил додааст, таърихи беш аз чор ҳазорсола дорад ва бо беҳтарин адибону беҳтарин асарҳо дар мисоли Калидаса барин драматург бо беҳтарин драмааш бо номи “Шакунтала” машҳури ҷаҳон шудааст.[1]
  Таърихи тарҷумаи асарҳои бадеӣ дар замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1918 оғоз ёфтааст. Ҳамон сол дар шаҳри Петроград нашриёти “Адабиёти ҷаҳонӣ” таъсис дода шуда буд. Дар таъсиси ин нашриёт шоирон, нависандагон ва мунаққидони бузурги рус ба мисли А. Блок, К. Чуковский, Н. Гумилев, Ф. Батюшкин ва дигарон саҳми худро гузоштаанд. Онҳо мехостанд, ки тамоми адабиёти классикии хориҷиро аз асри XVIII сар карда то ин ҷониб тарҷума, чоп ва дастраси хонандагон намоянд. Ҳамин тариқ, вақте ин нашриёт ба кори худ шурӯъ кард, имконияте пеш омад, ки асарҳои ҷудогонаи адибони пешқадами дунё ба забони русӣ тарҷума шаванд. Дар чорчӯбаи ҳамин имконият асарҳои ба забони русӣ тарҷумашударо ба дигар забонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ таҷума мекарданд ва ҳоло ҳам ин корро мекунанд.[2] Мисоли инро дар тарҷумаи романи “Гора”-и Равиндранатҳ Тҳакур мебинем, соли 1961[3] ва соли 2017 ба анҷом расонда худи ҳамон сол нашр намудааст.[4]
  Соли 1964 дар заминаи редаксияи гуманитарии нашриёти “Адабиёти ҷаҳонӣ” нашриёти давлатии “Прогресс” дар шаҳри Маскав таъсис ёфт, ки ҳоло пас аз шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ нашриёти шахсӣ шудааст. Соли 1982 як бахши нашриёти “Прогресс” ҷудо шуда, номи “Радуга”-ро гирифт, ки танҳо ба тарҷума ва нашри адабиёти бадеӣ машғул мебошад. Маҳз ҳамин нашрияҳо ба дараҷаи хеле хуб тарҷума ва нашри асарҳои бадеии адибони хориҷиро ба забони русӣ ва тарҷумаи асарҳои адибони гуногунзабони Иттиҳоди Шӯравиро ба забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда, чоп менамуданд. Тамоми хонандагони Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз аз тариқи ҳамин нашрияҳо ва маҷаллаи “Адабиёти хориҷӣ” мунтазам ба беҳтарин дурдонаҳои адабиёти ҷаҳонӣ ошно мешуданд. Аз тариқи асарҳои дар ин нашрияҳо расман чоп шуда, тарҷума аз забони русӣ ба забонҳои дигари халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ, сурат мегирифт. Бо ин васила барои хонандагони тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ дарвозаи васеъ ба ҷониби адабу фарҳанги ҷаҳон кушода шуда буд. Хонандаи тоҷик имкон пайдо намуд, ки на танҳо аз чакидаҳои қалами адибони давлатҳои ҳамсоя, балки аз эҷодиёти адибони мамолики Аврупову Амрико огоҳӣ пайдо менамуданд.
  Нақши адабиёти бадеӣ дар ташаккули муносибатҳои фарҳангӣ байни халқҳои ҷаҳон ниҳоят бузург аст. Адабиёти асил ҳамеша барои бо ҳам наздик ва дӯст намудани халқҳо ва фарҳангҳои мухталифи дунё кӯшиш менамояд. Мақолаҳои рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо инчунин дигар хабару маълумотҳо, кадом навъе, ки онҳо набошанд ва чӣ қадар қимате надошта бошанд, ҳатто шиорҳо ва даъватҳои ба дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ даъваткунанда ва мисли инҳо муддати зиёд наметавонанд мавҷудияти худро нигоҳ доранд, наметавонанд муҳаббат ва эътибори одамонро бо якдигар дар давоми садсолаҳо қувват бахшанд, яъне онҳо хусусияти мувақатӣ доранд. Лекин он чизе, ки ҳамчун асарҳои бадеӣ иншо шуда нашр мегардад, аҳамияти маънавию тарбиявиву ахлоқиаш баҳои хуб мегирад, писанди хонандагони зиёд мешавад ва боз ба забонҳои халқҳои дигар мамлакатҳо тарҷума мешавад, умри дароз мебинад ва бо ин васила дар ҳалли масъалаи бо ҳам наздик шудани мардумони гуногунзабон ҳатман ҳиссагузорӣ мекунад.
  Солҳои аввалини баъди Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ буд, дақиқтараш соли 1947. Маҳз дар моҳи марти ҳамин сол шоири машҳури тоҷик Мирзо Турсунзода дар ҳайати намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ бори аввал аз Ҳиндустон дидан карданд. Ин дар арафаи озоду соҳибистиқлол шудани Ҳиндустон мустамликавӣ буд. Мирзо Турсунзода ва ҳамроҳонашон, ки шахсиятҳои шинохтаи Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, аз Ҳиндустон бо як ҷаҳон таассурот баргаштанд. Таассуроти худро Мирзо Турсунзода дар 13 шеър рӯи коғаз овард, ки онҳо бо номи “Қиссаи Ҳиндустон” нашр карда шуданд. Ба ин силсилаи назм шеърҳои «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара Чандри», “Дар ёди кас” “Сайёҳи Ҳинд” “Тоҷмаҳал”, “Дар орзуи ошён” “Қадаҳи ман”, “Кулоҳи профессор Ахвледиани” ва “Ду роҳ”, шомил шудаанд. Баробари аз чоп баромадани ин силсилаи шеърҳо Мирзо Турсунзода боз зиёдтар дар миқёси СССР ва дигар давлатҳо машҳур шуд. Шеърҳо ҳосили андешаҳои адиби инсондӯст, муборизи матин барои сулҳ ва ҳамкорӣ байни халқҳои ҷаҳон буданд. Дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ онҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ, португалӣ, испанӣ, полякӣ, чинӣ, грузинӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ ва дигар забонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва халқҳои дунё тарҷума шуданд. Ҳамин тариқ, ба воситаи ин шеърҳо дар пеши назари хонандаҳои мухталиф манзараи зиндагии ноосудаи мардуми ҷафодидаи Ҳинд, бо ҳамон андозае, ки шоири бузурги тоҷик дар як сафари кӯтоҳи худ дар ин мамлакати зебо метавонист эҳсос кунад, намудор мешавад. Маҳз ҳамин шеърҳо боис шуданд, ки шуҳрати шоири тоҷик бисёр тез дар тамоми дунё паҳн гашт ва аз ҳама муҳимаш ин буд, ки Ҳиндустон, мардуми боистеъдоду ҳайратовар мӯъҷизакори он ва санъати бемислаш барои мардуми тоҷик боз наздиктар шуд. Таваҷҷуҳи мардуми тоҷик нисбат ба ин мамлакат аз пештар дида даҳчанд бештар гардид. Ин далелро садҳо муҳаққиқону мунаққидон тасдиқ кардаанд, аз ҷумла яке аз тарҷумонҳои асарҳои адибони Ҳинду Покистон Шарафбону Пӯлодова: “Маҳз “Қиссаи Ҳиндустон”-и Мирзо Турсунзода завқу ҳаваси аҳли адаб ва табақаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистонро, нисбат ба Ҳиндустон, зиндагии мардумони ин сарзамин ва фарҳангу ҳунари волои онҳо беш аз пеш афзуд. Адибони тоҷик намунаҳои беҳтарини адабиёти Ҳиндустонро, чи назму чи наср, ба забони тоҷикӣ тарҷума ва пешкаши оммаи васеи хонандагон мекарданд, ки қисми зиёди онҳоро ҳикояву новелла ташкил менамуд”.[5]
  Мирзо Турсунзода соли 1967 сазовори мукофоти байналмилалии Ҷавоҳирлол Неҳру[6] шуданд. Ҳарчанд, ки ҳанӯз аз солҳои бистуми асри ХХ шоирони тоҷик ба мавзӯи Ҳиндустон рӯ оварда бошанд, ҳам, лекин танҳо қалами мазбуту сеҳрноки Мирзо Турсунзода он чизеро дод, ки ҳам хонандаи оддӣ ва ҳам хонандаи мушкилписанди тоҷик дар ҳамон солҳо кайҳо боз интизор буданд.
  Адиби инсондӯст Мирзо Турсунзода то сафари худ ба Ҳиндустон аз фарҳангу адабу таърихи ин кишвари афсонавӣ огоҳии кофӣ дошт. Сафар ба Ҳиндустон дараҷаи ин огоҳиро боз баландтар намуд. Турсунзода ҳамчун раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба адибони тоҷик ва дигар ашхоси ба илму адаб сару кор дошта ва дӯстдорони адабиёти хориҷӣ, аз ҷумла Ҳиндустону Покистон маслиҳат медоданд, ки ба тарҷума ва омӯзиши адабиёти мамлакатҳои дигар машғул шаванд ва мардуми тоҷикро аз беҳтарин дастовардҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла мамлакатҳои бо Тоҷикистон ҳамсояву наздик шинос намоянд. Пас дар аввалин даҳсолаи озодии Ҳиндустон нависандаи шинхтаи Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ романи “Палангсавор”-и Бҳаттачария Бҳабаниро (1906-1988) тарҷума намуда, дар он бо қалами худ мақолаеро бо номи “Якчанд сухан дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Бҳаттачария” низ ҷой  додааст.[7] Ин китоб, ки бо номи “Оседлавший тигра” соли 1956 дар шаҳри Маскав аз забони банголӣ тарҷума ва чоп шуда буд, акнун ба забони тоҷикӣ соли 1958 дар шаҳри Сталинобод ба табъ расид. Худи ҳамон сол Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар пас аз баргаштан аз сафари Покистон маҷмӯаи шеърҳои шоири машҳури форсизабону урдузабони Ҳинду Покистон Муҳаммад Иқболро бо номи “Шеърҳо” аз чоп баровард ва бори аввал хонандаи тоҷикро бо ин шоири бузург ошно намуд. Бояд зикр кард, ки маҳз боздиди Мирсаид Миршакар боис шуд, ки дар Тоҷикистон иқболомӯзӣ ва нашри осори форсизабони (тоҷикзабони) адиб оғоз ёфт ва то имрӯз идома дорад.
  Ғайр аз тасвири мавзӯи Ҳиндустон аз ҷониби адибони тоҷик ва тарҷумаи асарҳои адибони Ҳинду Покистон ба забони тоҷикӣ, боз оид ба тарҷума ва нашри асарҳои адибони тоҷик ба забони ҳиндӣ бояд таваққуф кард, гарчанде ин дар муқоиса бо тарҷума ва нашри асарҳои адибони Ҳинду Покистон ниҳоят кам аст. Ин норасогӣ сабабҳои объективии худро дорад. Лекин имрӯзҳо агар маъсулони сафоратҳои Тоҷикистон дар Ҳиндустону Покистон тарҷумонҳои ҳиндустониро дастгирӣ намоянд, барояшон китобҳои тоҷикиро муҳайё намуда, маслиҳатҳо диҳанд, бебаҳс дар ин мамлакатҳо шумораи тарҷумаи асарҳои адибони шинохтаи тоҷик ҳатман зиёд хоҳад шуд.
  Адабиёти бадеӣ ҳамеша сарчашмаи муҳими дарки зиндагии ин ё он мамлакат мебошад. Аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар ҷумҳурии мо пайваста тарҷума намудани асарҳои адибони Ҳинд оғоз ёфт. Инро низ бояд гуфт, ки дар он солҳо тарҷумаи асарҳои адибони Ҳинд ва адибони дигар кишварҳои хориҷӣ, тавре болотар ишора кардем, танҳо аз забони русӣ буд, чунки дар Тоҷикистон ҳанӯз тарҷумонҳое набуданд, ки забонҳои ҳиндустониро донанд, то ин, ки мустақим асарҳои бадеиро аз забонҳои аслӣ тарҷума намоянд. Ҳамин тариқ, забони русӣ нақши забони миёнаравро миёни Ҳиндустону Тоҷикистон ва Покистону Тоҷикистон иҷро менамуд. Дар чунин ҳолат ҳамон гуна тарҷумонҳо зарур буданд, ки забони русиро ба дараҷаи олӣ донанд ва онҳо бояд хеле дақиқу аълосифат образҳои бадеӣ, андешаҳои муаллифон, ғояҳо ва дигар хусусиятҳои асарҳои бадеиро ҳамчун тарҷумон касбӣ дода тавонанд. Тарҷумонҳои баландихтисоси тоҷик ба мисли Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Мирсаид Миршакар, М. Қаноат, Раҳим Ҷалил, М. Аминзода, А. Деҳотӣ, Ш. Мастон, Қутбӣ Киром, Бобо Ҳоҷӣ, Баҳром Фирӯз, А. Насимов, Шариф Шараф, Муллоқандов Э., Муллоқандов Н., Абдуҷалил Воситзода, Ҳасан Ирфон, Раҳим Ҳошим, Пулод Толис, Ҳикмат Раҳмат, Холида Айнӣ, Ғанӣ Абдулло, Салимшо Ҳалимшо, Абдулло Зокиров, Одина Мираков, А. Воситзода, Уктам Холиқов, Уктам Пӯлодов, Ҷ. Одинаев, А. Ҷумъабой, У. Ҳақбердиев, З. Сафар, А. Шараф, Б. Умарӣ, Т. Самадӣ, Р. Фаромуз, Ш. Баҳор, Ф. Баҳодур, Р. Абдусаломова, М. Шарқӣ, Р. Ортуқзода, М. Муҳаббатшоев, Ф. Кобулӣ, Ҳ Носиров, А. Қаюмов, Р. Матлуба, Б. Буринисо, М. Хӯҷаев, Н. Ҷӯраев, Ғ. Мрзоев, А. Қаюмов, Ф. Исҳоқӣ, И. Нуъмонов, Ғ. Ҷӯразода, Н. Шарифов, Н. Кароматуллоева, М. Сабо, С. Мақсудӣ, М. Абдураҳмонов, Р. Абдуллоев, Малоҳат, С. Шафқат, Ғ. Сафарзода, Б. Сиддиқова, М. Юсуфов, С. Абдуллоева, А. Шарифӣ, И. Диёров, М. Тоҷиев, Н. Неъматов, Ҷ. Тошматов  ва дигарон бо майлу рағбати зиёд асарҳои манзуму мансури адибони шинохтаи Ҳинду Покистонро тарҷума менамуданд.
  Тавре мебинем миёни тарҷумонҳои номбаршуда ҳам адибони номӣ ҳастанду ҳам олимон - муҳаққиқони адабиёт, ҳам журналистон ва ҳам дигар зиёиёне ҳастанд, ки нисбат ба адабиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла адабиётҳои Ҳиндустону Покистон назари махсус доранд. Маҳз ҳамин дӯстдорони асили адабиёти Ҳинду Покистон таваҷҷуҳи рӯзафзуни хонандагони тоҷикро нисбат ба Ҳинду Покистон ва адабиёти ғании миллатҳои гуногуни ин мамлакатҳо ба инобат гирифта, танҳо дар давоми ҳамагӣ 30 сол, (солҳои 1950-1980) аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ бештар аз 300 ҳикоя, повест, роман, афсона ва шеърҳои ҷудогонаи муаллифони ҳиндустониву покистонӣ ва афсонаҳои халқии онҳоро тарҷума кардаанд. Он солҳо рағбати хонандагони тоҷик ба асарҳои адибони хориҷӣ, аз ҷумла адабиётҳои Ҳиндустону Покистон беандоза буд. Ин далел низ ҷолиби диққат аст, ки бебаҳс ба забони русӣ беҳтарин намунаҳои асарҳои нависандагону шоирони номии Ҳинду Покистон, устодони каломи бадеъ, тарҷума ва чоп мешуданд. Маҳсули қалами адибони ҷавони умедбахш низ мадди назар намешуд. Тарҷумонҳои тоҷик ҳам ин анъанаро нигоҳ дошта, аз ин хазинаи бебаҳо ва ниҳоят ғанӣ асарҳои беҳтарин аз беҳтаринҳоро интихоб мекарданд ва имрӯзҳо ҳам ин корро идома дода истодаанд. Ғайр аз ин гуна меъёри интихоб, табиист, ки боз қимати бадеияти ин ва ё он асар ва мазмуни баланди инсондӯстӣ доштани он муҳим аст, ки ҳамон вақт ва имрӯз ҳам албатта, ба назар гирифта мешавад.
  Дар солҳои панҷоҳуму шастуми асри гузашта ба забони тоҷикӣ аз ҳама бештар асарҳои Равиндранатҳ Тҳакур (1861-1941), Премчанд (1880-1936), Моҳан Сингҳ (1906-1978) ва Хоҷа Аҳмад Аббос (1914-1987) тарҷума шудаанд. Миёни адибони дар боло ёдшуда дар мамлакати мо дар ҳамон солҳо маҳбубияти махсусро асарҳои Равиндранатҳ Тҳакур ва Премчанд доштанд ва ҳоло ҳам ин қадрдонӣ кам нашудааст.
  Дар нимаи дуюми асри ХХ ба забони тоҷикӣ асарҳои Вишну Прабҳакар (“Меҳр”, ҳикоя, тарҷумаи Д. Раҷабӣ), Кришан Чандар (“Як гулу сад харидор”, повест, тарҷумаи У. Холиқов), ДҳанирамЧатрик (“Бевазан”, шеър, тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат), Мулк Раҷ Ананд (“Соати тилло, ҳикоя, тарҷумаи Т. Самадӣ), Яшпал (“Ёди сафари кӯҳсор”, ҳикоя, тарҷумаи Д. Раҷабӣ), Упендранатҳ Ашк (“Мухбир”, ҳикоя, тарҷумаи А. Воситзода), Варма Рамкумар “Ҷаннати рӯи замин”, пиеса, тарҷумаи Бобо Ҳоҷӣ), Гурчаран Рампурӣ (“Арӯси сол, шеър”, тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат, Премчанд (“Ҳикояҳо. Нирмала” роман, тарҷумаи А. Зокиров), Амрита Притам (“Нома”, шеър, тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат), Моҳан Сингҳ (“Лабханди гул”, шеър, тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат), Равиндранатҳ Тҳакур (“Биё бар дил умеди зиндагӣ ор”, шеър, тарҷумаи О. Мираков), Бҳатачария Бҳабанӣ (“Навмедӣ”, ҳикоя, тарҷумаи Ҳ. Ирфон”), Сароҷинӣ Найду (“Суруди ҳиндуёни моҳигир”, шеър, тарҷумаи Ш. Мастон) ва дигарон чоп шудан гирифтанд.
  Соли 1956 Нашриёти давлатии Тоҷикистон “Ҳикояҳои ҳиндӣ ва покистонӣ” ном китоберо бо теъдоди ҳашт ҳазор нусха аз чоп баровард. Ин китоб соли 1954 дар шаҳри Маскав чоп шуда буд. Адиби намоёни рус, яке аз дӯстони наздики Мирзо Турсунзода Николай Семёнович Тихонов(1896-1979) ба ин маҷмӯаи ҳикояҳо бо номи “Ба ҷои сарсухан” пешлафз навишта, чунин зикр кардааст: “Халқи советӣ ва халқҳои Ҳинду Покистон дӯстони қадиманд. Ин дӯстӣ ҳаргиз ва бо ҳеҷ чиз доғдор нашудааст. Муносибатҳои байни мо бо иззат, ҳурмат ва муҳаббати ба якдигар обу тоб ёфтааст. Мо ҳар қадар ҳикоятҳои нависандагони ҳинду Покистнро бештар шунавем, ба ҳаёти одамони оддии он ҷойҳо чуқуртар сар медароварем, орзу ва умеди ононро беҳтар фаҳмида мегирем”.[8] Он чӣ адиби рус шасту панҷ сол гуфта буду тарҷумааш дар китоби зикршуда оварда шудааст, имрӯзҳо низ аҳамияти худро гум накардааст.
  Дар китоби “Ҳикояҳои ҳиндӣ ва покистонӣ” 27 ҳикояи 11 адибони Ҳинду Покистон ҷамъоварӣ шудаанд. Ҳикояҳо ба таври зайл ҷой гирифтаанд: Мулк Раҷ Ананд - ҳикояҳои “Иттифоқи сартарошон”, ”Ҳаёти хушбахтонаи кашмирӣ”, “Дарахти банон”, “Маҳароҷа ва сангпушт”, “Ғазали сари гавҳора” ва “Мӯзадуз ва машина”; Иброҳим Ҷалис - ҳикояҳои “Ғуломи озод”, “Хатои Муҳаммад Исҳоқ”; Содиқа Бегим - ҳикояи “Лаълбаҳодур”; Кришан Чандар - ҳикояҳои “Тӯй”, “Сад рупия”, “Ман интизорам”, “Ваҳте, ҳайкалҳо гап мезананд” ва “Калу Бҳангӣ”; Маҳиндор Натҳ - ҳикояи “Пагоҳӣ, пешин, бегоҳӣ ”; Навтеҷ Сингҳ - ҳикояи “Бе рул бо ҷараён”; Хоҷа Аҳмад Аббос - ҳикояҳои “Аҷанта”, “Бундуи бинокор”,”Соябон”, “Беитоатӣ” ва “Ҷаноби инспектори политсия”; ҳикояи Алӣ Сардор Ҷафрӣ ҳикояи - “Чеҳра капитан”; Аҳмад Надим Қосимӣ - ҳикояи “Абрҳо кай ғун мешаванд”; Бҳабанӣ Бҳатачария - ҳикояи “Навмедӣ”; Яшпал - ҳикояҳои “Ҳаққи ғӯсса хӯрдан”, “Парда” ва “Бузургтарин хайрот”. Ба истиснои он, ки ҳикояи Алӣ Сардор Ҷафрӣ “Чеҳра капитан”-ро Н. Муллоқандов тарҷума кардааст, боқӣ тарҷумаи ҳама ҳикояҳоро Ҳасан Ирфон[9] ба анҷом расондааст. Агар ба мазмуни ин ҳикояҳо нигоҳ кунем, табиист, ки мазмунҳояшон мухталифанд, вале ҳадаф якранг аст. Яъне диққати хонандаро ба ягон масъалаи муҳиме ҷалб кардан. Масалан, дар ҳикояи Иброҳим Ҷалис масъалаи бархӯрдҳои мазҳабӣ дар соли 1947, ҳангоми пора шудани Ҳиндустон ба Ҳиндустону Покистон. Адиб дар мисоли тақдири як, ё якчанд нафар шаҳрвандони Ҳинду Покистон рӯзи сиёҳтарини ба сари мардумони ин кишварҳо омадаро тасвири бадеӣ додааст. Хоҳони бунёди Покистон гумон аст тахмин карда бошанд, ки гирифтори чӣ гуна бадбахтиҳову хонабардӯшиҳо мешаванд. Дар арафаи соҳибистиқлол шудани Ҳиндустони мустамликавӣ бо сабаби тақсим шудани ин мамлакат, бо сабаби зидиятҳои динӣ фоҷиаҳое ба амал омадаанд, ки мислашро дар таърихи муносибатҳои мусулмонону ҳиндувони Ҳиндустон касе ёд надошт. Худи талабгорони бунёди Покистон шояд ҳеҷ тахмин карда наметавонистанд, ки ин боиси азимтарин даҳшатҳо ва бадбахтиҳои ҳарду ҷониб мешавад. Вале онҳое, ки аз ин бархӯрдҳо манфиат меҷӯстанд, ба мақсад расида, парвои садҳо ҳазор қурбоншудагону беманзили зист мондаҳо надоштанд. Ҳамаи ин аз ҷониби онҳое, ки ҳадафҳои асосии тарафдорон ва созмондиҳандагони ин ҳодисаи пурфоҷиаро ба хубӣ дарк кардаанд ҳеҷгоҳ ва дар ягон шакл дастгирӣ наёфтааст. Таҳлилгарони замони нав низ аз ҳар паҳлӯе, ки ба ин масъала нигоҳ накунанд, агар дар дилашон дилсӯзие ба инсон дошта бошанд, агар хайрхоҳи воқеии дар амониву оромӣ зистани мардумони гуногунмазҳаб бошанд, бояд андешаҳои худро ба ҳамон самте равон кунанд, ки пеши роҳи бадбинӣ, оштинопазирӣ ва дар ҳамин поя ба вуҷуд омадани бархурдҳои мазҳабӣ гирифта шавад. Душманони бо ҳам ором зистани ҳиндувону мусулмонҳо эҳсоси диндорӣ, нигаҳдории одату анъанаҳо ва сабукандешагии баъзе намояндагонро аз ҳарду ҷониб бо усулҳои борҳо таҷрибакардаашон истифода бурда, оташҳои нафрату харобазоркунии хомӯшшударо боз гоҳ-гоҳе аз нав равшан карданӣ мешаванд. Танҳо ашхоси аз ақл бегона нисбат ба ин масъалаҳо метавонад бепарво бошад ва оқибатҳои даҳшатовари ҳар навъ задухӯрд ва кашмакашиҳои ба диндорӣ алоқаманд бударо пайхас накунад. Адибони пешқадамиҲиндустон, ки яке аз онҳо Иброҳим Ҷалис мебошад, ба ин масъала борҳо эътибор дода, кӯшиш кардаанд бемаънӣ, зиёновар ва туҳфа ба душманони ором зистани мардум буданашро дар асарҳои бадеӣ ва мақолаву баромадҳояшон собит намоянд. Ҳоло барои ба ин масъала пурратар равшанӣ ворид кардан зарур аст ба мисолҳои дақиқ рӯ оварем. Бамаврид аст як назаре ба яке аз ҳикояҳои Иброҳим Ҷалис яке аз адибони маъруфи урдузабон, ки ба мавзӯи зери борони фоҷиаҳо тақсим шудани Ҳиндустон ва бо ҳамдигар дарафтодани ҳиндувону мусулмонҳо эътибор додааст, нигарем. Дар ин ҳикоя бори дигар на танҳо андозаи ваҳмангези воқеаҳои тақсимшавӣ, балки ҷараёни гум кардани ақли солимро низ дида метавонем. Аз тариқи ин ҳикоя тахмин кардан мумкин аст, ки бо ҳам осоишта назистани тарафдорони динҳои мухталиф ва ба якдигар бо нафрату бадбинӣ нигоҳ кардан ба чи гуна фоҷиаҳо оварда мерасонад.
  Ҳикояи Яшпал (1903-1976) “Ҳаққи ғӯсса хӯрдан” андешаеро дар бар мегирад, ки чаро одамон дар вазнинтарин вақту шароит бояд маҷбуран риояи урфу одатҳо кунад. Дар ин ҳикоя пиразане харбуза фурӯхтанӣ ҳасту зор-зор мегиряд. Дирӯз аз захми мор писари ҷавони вай ҳалок шудааст ва ҳар он бисоте, ки дар хона будаст, сарфи гӯру чӯб шудааст ва акнун дар хона барои кӯдакони бе падар монда чизи хӯрданӣ нест, барои ҳамин ҳам пиразан маҷбур аст харбузаҳои полези худро фурӯшад. Одамон дигар паҳлӯи воқеаро фикр накарда пиразанро танҳо таънаву маломат мекунанд, ки вай бар хилофи анъанаҳо бар ивази дар хона нишаста мотам гирифтан ба савдои харбуза машғул аст. Танҳо адиб ноилоҷ мондани кампирро мефаҳмаду халос.
  Ҳамин тариқ, ба воситаи ҳикояҳои адибони дар боло ёдшуда мо аз аҳволи мардуми оддии Ҳинду Покистон бохабар шуда, бо ҳамон андозае, ки эҳсос мекунем, ба яке дилсӯзӣ мекунему ба пуртоқатии дигаре аҳсан мегӯем.
  Бо дастёбии Тоҷикистон ба мустақилият давраи нави муносибатҳои фарҳангии мардумони Тоҷикистону Ҳиндустон оғоз ёфт. Албатта, ин мавзӯи дигар аст, лекин маҳз ба ҳамин воқеаи таърихӣ дурнамои сифатан нави омӯзиш ва тарҷумаи адабиётҳои Ҳиндустон алоқаманд аст.
  Дар оғози асри ҷадиддар соли 2002 ба забони тоҷикӣ маҷмӯаи ҳикояҳои адибони муосири Ҳиндустон бо номи “Ҳикояҳои ҳиндӣ”[10] аз чоп баромад, ки 18 ҳикояи 14 адиби шинохтаи ин мамлакатро, ки аслан ба забони ҳиндӣ эҷод кардаанд, дар бар мегирад. Асарҳои баъзе аз ин адибон ба мисли Премчанд, Яшпал, Упендранатх Ашк ва Кришан Чандар кайҳо боз ба хонандаи тоҷик шиносанд, лекин ҳикояҳои Мадхаврао Сапре, Удай Пракаш, Муниманкиям Нарасимҳа Рао, Моҳан Ракеш, Манну Бҳандари ва дигарон бори аввал аст, ки тарҷума шудаанд. Ин аввалин кӯшиши ҳикояҳои ҳиндиро мустақим аз забони асл тарҷума кардан буд. Дар ин ҷо пеш аз овардани ҳикояи тарҷумашуда дар бораи муаллифи ҳикоя маълумоти мухтасари тарҷумаиҳолӣ дода шудааст.
  Соли 2003 ба муносибати сафари расмии сарвазири Ҳиндустон ҷаноби Атал Биҳарӣ Ваҷпейи ба Тоҷикистон аз забони ҳиндӣ ба забони тоҷикӣ маҷмӯаи ашъори Атал Биҳарӣ Ваҷпейи бо номи “Як қатраи меҳрубони борон”[11] тарҷума ва нашр шуд. Маҳз ба воситаи ҳамин асар мо огоҳ шудем, ки сарвазири Ҳиндустон ҷаноби Атал Биҳарӣ Ваҷпейи на танҳо сиёсатмадор, балки шоири хушсалиқа низ будааст. Нашри ин китоб боз як хиштест дар пойдевори бинои дӯстии мардумони тоҷику ҳинд шудааст. Ин китоб бори дигар соли 2019 боз аз чоп баромадааст.
  Соли 2007 дар ду ҷилд ба забони тоҷикӣ маҷмӯаи ашъори шоирони Ҳиндустон зери унвони “Овози ёре аз ҳар диёре” дар тарҷумаи тарҷумон варзида Ҳикмат Раҳмат рӯи чопро дид. Ёдовар мешавем, ки тарҷумаи ҳамаи шеърҳо аз забони русӣ мебошанд. Дар ин гулдастаи назм 28 намунаи ашъори ҳафт чунин шоирони намоёни Ҳиндустон ба мисли Бҳайвир Сингх, Дҳанирам Чатрик, Моҳан Сингҳ, Гурчаран Рампурӣ. Амрита Притам ва Субхадра Кумари Чауҳаншомил шудааст. Пас аз як сол маҷмӯаи ҳикояҳои адибони Ҳинд бо номи “Армуғони Ҳинд”дастраси хонандагони тоҷик гардид. Ҳикояҳоро Шарафбону Пӯлодова аз забони русӣ тарҷума карда, як пешлафз низ навиштааст. Дар ин маҷмӯа 14  ҳикояи ҳашт адибони Ҳинд, аз ҷумла Ҷайшанкар Прасад (ҳикояи “Маъбади мусавварот”), Премчанд (ҳикояҳои “Баҳои шир”, “Санҷиш” ва “Зансардои оила”), Амрита Притам (ҳикояи “Бахтиёр”) ва Равиндранатҳ Тҳакур (ҳикояи “Моҳамайя”), гирд оварда шудаанд.
  Ҳикоянавис ва романнависи боистеъдоди адабиёти ҳиндӣ Моҳан Ракеш (1925-1972) буд. Соли 2007 маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ дар Душанбе зери унвони “Зиндагии талх” ба забони русӣ ба табъ расид.[12] Соли 2009 монографияи Раҷабов Ҳ. “Пҳанишварнатҳ Рену” рӯи чопро дид. Дар ин китоби тадқиқотӣ барои нишон додани услуби асарофарии Пҳанишварнатҳ Рену ду ҳикояи ӯ дар тарҷумаи муаллифи монография бо номҳои “Ҷарроҳӣ” ва “Қасами сеюм” оварда шудааст. Ҳикояи “Қасами сеюм” ба захираи тиллоии адабиёти муосири ҳиндӣ дохил шудааст. Ин ҳикоя моро ба зиндагии мардумони оддии қисмати шимолии Ҳиндустон ошно месозад. Худи ҳамин сол китоби Ҳ. Раҷабов “Ин аст Ҳиндустон” нашр карда шуд, ки маълумотҳои зиёде оид ба Ҳиндустон дода метавонад. Китоб ба 60 солагии истиқлоли Ҳиндустон бахшида шудааст.
  Соли 2010 дар тарҷумаи Рафоати Саидаҳмад аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ 54 ҳикояи 52 адиби Ҳинд бо номи “Нафири Ҳинд” аз чоп баромад, ки осори баъзе адибони он бори аввал ба хонандаи тоҷик пешниҳод карда мешавад. Соли 2015 монографияи Ҳ. Раҷабов бо номи “Премчанд” аз чоп баромад. Дар замимаи ин китоб тарҷумаи чор ҳикояи адиб мустақим аз забони ҳиндӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Дар солҳои 2017 ва 2018 рисолаи илмии Раҷабов Ҳ. “Адабиёти ҳиндӣ дар давраи нав” ба табъ расид. Соли 2019 чунин асари машҳури мардуми ҳинд ба мисли “Бҳагавал-гита” рӯи чопро дид. Ин асарро Мирхолиқ Солиев аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
  Дар чанд соли охир як силсила китобҳои дигар муаллифон, аз ҷумла китобҳои Раҳматуллоева З., Қурбонов Ҳ., Нурова М., Юнусӣ Аҳтамшоҳ ва ғайра нашр шудаанд. Танҳо дар соли 2021 китоби “Рамаяна”, Адабиёти қадимаи Ҳинд (Раҷабов Ҳ),  “Забони ҳиндӣ” (Раҳматуллоева З.), “Ҳаёт ва эҷодиёти Ҳафиз Ҷоландҳарӣ” (Қубонов Ҳ) ва ғайраҳо чоп шудаанд. Роҷеъ ба муҳтавои ин китобҳо ва аҳамияти онҳо дар тақвияти робитаҳои адабӣ дар бобҳои дигар маълумот хоҳем дод.

Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
[1]Рабинович И. С. Сорок веков индийской литературы. М., 19
[2]https://moluch.ru/archive/339/76043/
[3] Такур Р. Гора. Душанбе, 1961. (тарҷумаи Холида Айнӣ)
 [5]Пӯлодова Шарафбону. Пешгуфтор.Армуғони Ҳинд. (Тарҷума аз забони русӣ). Душанбе, 2008, с. 6.
[6]Соли 1964 идораи дар Ҳиндустон будаи маҷаллаи советии« Soviet Land (Иттиҳоди Шӯравӣ),ки ба забонҳои гуногуни ин мамлакат ва англисӣ нашр мешуд, ба хотири қавитар намудани муносибатҳои дӯстона ва фарҳангии халқҳои советӣ ва Ҳинд Мукофоти ба номи Ҷавоҳирлол Неҳруро таъсис дода буд. Ин мукофоти бисёр арзишманд ҳар сол 14 ноябр дар рӯзи таваллуди сарвазири республикаи Ҳиндустон Ҷавоҳирлол Неҳру барои саҳмгузорӣ дар муносибатҳои фарҳангии байни халқҳо Ҳиндустон ва дигар халқҳо ва барои беҳтарин асарҳои адабӣ, публисистӣ, инчунин тарҷумаҳои асарҳои нависандагони Ҳиндустон ба забонҳои шӯравӣ ва баръакс ба забонҳои халқҳои Ҳиндустон дода мешуд. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти ин маҷалла ва додани мукофоти Неҳру ҳам қатъ шуд.
[7]Бҳатачария Б. Палангсавор.Сталинобод, 1958, с. 306-307.
[8]Ҳикояҳои ҳиндӣ ва покистонӣ. Сталинобод, 1956, с.XV-XVI.
[9]Ҳасан Ирфон яке аз тарҷумонҳои  намоёни тоҷик мебошад, ки як силсила асарҳои адибони хориҷӣ аз ҷумла асарҳои адибони Ҳиндустону Покистонро аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст.
[10]Ҳикояҳои ин маҷмӯаро Ҳабибулло Раҷабов тарҷума кардааст.
[11] Тарҷумаи ин маҷмӯа ҳам ба қалами Ҳабибулло Раҷабов тааллуқ дорад.
[12] Тарҷумон ва муаллифи пешлафз Раҷабов Ҳ.
Последнее изменение Панҷшанбе, 05 Май 2022
 
http://www.zoofirma.ru/