wrapper

19 августи соли 2020 дар толори шуъбаи Ҳиндустони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрӣ - семинаре бо Азизҷон Азимӣ, магистри донишгоҳи Гарварди ба номи Ҷон Кеннедӣ, стипендианти Донишгоҳи Стенфорди ИМА ва роҳбари Маркази таълимии зеҳни маснуъӣ (искусственный интеллект) Tajrupt баргузор гардид.
                   

Чорабинии мазкур асосан дар атрофи масъалаи нақши зеҳни маснуъӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии саноаткунонии босуръати кишвар то 2030, гузаштан ба иқтисоди рақамӣ то соли 2040 бахшида шуд.
Дар вохӯрӣ – семинари мазкур магистрон, докторантҳо ва кормандони Институт ширкат варзиданд. Сараввал Азизҷон Азимӣ оид ба таҳсилоти худ дар ИМА, риштаи таҳсил, нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи зеҳни маснуъии Tajrupt дар фаъолияти бонкҳо, аҳамияти ин намуди хизматрасониҳо дар пур кардани ҷойҳои кории холӣ ва самтҳои дигари мавзӯъ, суханронӣ намуд. Сипас ба саволҳои зиёди ширкаткунандагон ҷавобҳои қонеъкунанда дод.
Маълум гардид, ки фаъолияти самти мазкур барои кишвари мо нав мебошад. Азизҷон Азимӣ ва гурӯҳи ӯ имрӯзҳо ба корҳои тарғиботию ташвиқотии барномаи дар боло зикргардида машғул мебошанд. Назар ба гуфтаи эшон, дар самти пиёда кардани аҳдофи барномаи коркардшуда, гурӯҳ бо як қатор муассисаҳои бонкии кишвар, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. То имрӯз беш аз 100 нафар хонандагони мактабҳо ва донишҷуён бо ин барнома фаро гирифташуда, ба онҳо лексияҳои профессорон - хатмкунандаҳои донишгоҳҳои бонуфузи дар боло зикргардидаи ИМА хонда мешавад.
Азизҷон Азимӣ бар он ақидааст, ки Тоҷикистон дар оянда метавонад ба маркази рушди зеҳни маснуъӣ табдил ёбад, ҷавонони Тоҷикистон дар ватани худ зиндагӣ намуда, ба тамоми ширкатҳои ҷаҳонӣ хизматрасониҳои худро пешниҳод кунанд.
Ширкатҳои бузурги дунё имрӯз кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маркази OUTSOURCING (аутсорсинг) ё ин ки истифодабарии манбаъи берунаро дар хориҷи кишвар ташкил дода, хизматрасонии нисбатан арзон ва баландсифати худро пешниҳод кунанд.

                                                                                                           

Ҳамзамон дар идомаи суҳбати Азизҷон Азимӣ байни иштирокчиён ва меҳмон суоли ҷавоб сурат гирифт ва ба ақидаи банда, вохӯрӣ – семинари доиргардида барои магистрон ва докторантҳои Институт дар самти сайқал додани дониши илмию амалиашон фоидаовар буд.
 
Сомон Fафуров,
магистри Институт
Последнее изменение Панҷшанбе, 20 Август 2020
 
http://www.zoofirma.ru/