wrapper

Хабарҳо

Имрӯз, 25 сенятби соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи Аврупо ва Америка семинари илмӣ-омавӣ дар мавзӯъи “Роҳҳои навиштани лоиҳаи муваффақ” баргузор гардид. Дар семинар кормандони Институт ширкат варзиданд.
       
Дар ҷамъомади мазкур сарходими илмии шуъба докторӣ илмҳои сиёсатшиносӣ, раиси Ассотсиатсияи миллии Тоҷикистон Шамсиддин Каримов ва мудири Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мамурҷон Мирвайсов роҷеъ ба мавзӯи “Роҳҳои навиштани лоиҳаи муваффақ” ба тариқи муфассал фикру андешаҳои худро ироа намуданд.

Қайд карда шуд, ки барои навиштани лоиҳаи илмӣ, пеш аз ҳама мавзӯъҳо бояд ҷавобгӯи талабот ва фарогири самтҳои афзалиятнок интихоб карда шуда, лоиҳаи илмӣ мутобиқи муқаррарот тартиб дода шавад.

Лоиҳа – ин ақида, тасмим, тартиби муайян, амалисозии пайдарпайии барномаҳо, иҷроиши корҳо, гузаронидани чорабиниҳо, ҷамъоварии мавод ва дигар корҳои алоқаманд ҷиҳати дастрасӣ ба мақсадҳои муайян арзёбӣ мешавад.

Муайян карда шуд, ки фаҳмишҳои калидии лоиҳа чунинад: проблема, мақсад, натиҷаи асосӣ ва вазифаҳо.

Сараввал зарур аст, ки маълумоти мухтасар оид ба ташкилоти дархосткунанда ва иттилооти фишурда оид ба лоиҳа (макони амалишавӣ, иҷрочӣ, мақсад, фарогирӣ, маблағ, натиҷа) оварда шуда, сипас вобаста ба ҳар банди лоиҳа маълумоти пурра ва муфассал дарҷ карда мешавад.

Баромадкунандагон изҳор намуданд, ки талаботи ягона, мушаххас ва чорчӯбаи дақиқ оид ба тартиби лоиҳа нест ва ҳар як лоиҳа илмӣ, дар алоқамандӣ ва мувофиқа ба талаботи маблағгузор тартиб дода хоҳанд шуд.



                       

Бояд гуфт, ки кормандони Институт аз ин чорабинӣ оид ба тарзи навиштани лоиҳаи муваффақ маълумоти кофӣ дастрас намуданд ва д
ар ахир миёни кормандон суолу ҷавоб сурат гирифта, мавзӯъ мавриди баҳсу баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Последнее изменение Ҷумъа, 25 Сентябр 2020
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/