wrapper

Хабарҳо

Санаи 7-уми октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрии маъмурияти Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо докторантону магистрони Институт сурат гирифт.
Сухани ифтитоҳиро муовини директор оид ба илм ва таълими Институт Раҳмонзода Азимҷон оғоз бахшида, дар рафти вохӯрӣ дар бораи давомот ва иштироки фаъолонаи магистрон, аспирантҳо ва докторантон дар раванди машғулиятҳо ва ғайра қайд карда, сипас суханронии котиби илмии Институт доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Назарзода Носир шунида шуд. Назарзода Н.Ҷ. оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим иштироки фаъолонаи кормандону омӯзгороне, ки ба машғулиятҳо сару кор доранд гуфта гузашт. Дар бораи масъулиятнокӣ ва ҷоннок намудани корҳои илмӣ-тадқиқотии магистрон, аспирантҳо ва докторантҳо (PhD), ҷалби онҳо дар навиштани мақолаҳо барои маҷаллаҳо, сайтҳо ва иштирокашон дар конфронсу симпозиумҳои Институт, академия ва дигар макотиби олӣ изҳори андеша карда шуд.
Магистрантону докторантон, ки дар навбати худ узви Шӯрои олимони ҷавони Институт ба ҳисоб мераванд аз ҷониби раиси Шӯрои олимони ҷавони Институт номзади илмҳои филологӣ Зиёев Субҳиддин масъалаҳои ба ШОҶ тааллуқдошта ироа гардида, магистрантону докторантонро барои иштирок дар конфронсу семинарҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ давъат намуда, роҳу усули навиштани мақолаҳои илмӣ ва  хондани маърӯзаҳои илмӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин перомуни интихоби сардорони гурӯҳҳо ва љоннок намудани масъулиятнокии магистрантон, сањми магистрону аспирант ва докторантҳо дар корҳои ҷамъиятии Институт, пайваста ва мунтазам баррасӣ намудани натиҷањои фаъолияти магистрон, аспирантҳо ва докторантҳо дар ҷаласаҳои шуъбаҳо ва Шурои илмии Институт фикру ақидаҳои мушаххас баён гардид.
Дар маҷмӯъ барои 67 нафар магистрону унвонҷӯйҳо ин вохӯрӣ таассуроти муассир гузашт.  
Последнее изменение Чоршанбе, 07 Октябр 2020
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/