wrapper

Хабарҳо

Рӯзи 30-юми октябри соли равон дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ҷанбаҳои асосии ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо”, бо ташаббуси шуъбаи Осиёи Марказии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ баргузор мегардад.
Дар семинар, ноиби Президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон, Директори Институти Осиё ва Аврупои АМИТ н.и.ф. Ниёзӣ Ё.Б., сарходими илмии шуъбаи Осиёи Марказии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ д.и.т., профессор Мирзоев Н., мудири шуъбаи тадқиқоти робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳамгироии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ д.и.и. Каримова М., устоди ДМТ д.и.т., профессор Майтдинова Г.М., сарходими илмии шуъбаи Аврупо ва Америкаи Институти Осиё ва Аврупои АМИТ н.и.с., дотсент Мамадазимов А. устоди филиали Донишгоҳи давлатии  Москва  дар ш. Душанбе, н.и.с. Коваленко Г.В. ва дигар шахсиятҳои илмӣ суханронӣ мекунанд.

Иштирок дар конфронс озод аст.
Последнее изменение Ҷумъа, 30 Октябр 2020
 
http://www.zoofirma.ru/