wrapper

Хабарҳо

 
30-юми октябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Ҷанбаҳои асосии ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо” бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ баргузор гардид, ки дар кори ин конфронси байналмилалӣ ҳайати роҳбарият ва ходимони илмии Институт, докторантону магистрантон, аспирантону унвонҷӯён, намояндагони институтҳои зертобеъи АМИТ ва олимону устодони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Конфронсро ноиби президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ифтитоҳ намуда гуфт, ки масъалаи ба муҳокимаи Конфронси мазкур баровардашуда басо актӯалӣ мебошад: “Ин, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки Осиёи Марказӣ дар шароити муосир ба марҳилаи комилан нави рушди худ ворид гардидааст. Равандҳои ҳамгироӣ дар миқёси минтақа рӯ ба густариш ниҳодаанд. Ба ибораи дигар, кишварҳои минтақа дубора ба масъалаи ҳамгироии ҳаматарафа дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ изҳори омодагӣ намудаанд”.
Тавре маълум аст, наздик шудани робитаҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ паҳлӯҳои зиёди мусбатро барои мардуми минтақа дорад. Танҳо дар ду соли охир, яъне 2018-2019 муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба сатҳи сифатан нав баромада, проблемаҳои зиёди байнидавлатӣ роҳҳалли худро пайдо карданд, гардиши молу маҳсулот миёни кишварҳои минтақа зиёд шуд ва ғайра. Ин тамоюл рӯ ба афзоиш аст. Ба ин масъала Пешвои миллат дар тамоми суханрониҳои худ диққати хоса зоҳир карданд. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, барқарор ва мустаҳкам кардани робитаҳо бо ҳамсоякишварҳои наздик, ҳамчун авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар муайян карда шудааст. Аз ин рӯ, робитаҳои наздик бо давлатҳои Осиёи Марказӣ аз манфиатҳои дарозмуддати миллии мо бармеоянд, афзуд профессор М. Абдураҳмон.

Ба гуфтаи профессор муҳимтарин нукта дар он аст, ки имрӯз фаҳмиши амиқи муносибатҳои ҳамаҷонибаи байниҳамдигарӣ ба таври умумӣ шакл гирифтааст ва маҳз ҳамин омил метавонад барои аз объект ба субъекти муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтани минтақа мусоидат кунад.
Нишастҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуда, баёнгари равшани гуфтаҳои боло мебошанд. Дар ҳамоишҳои мазкур роҳу усулҳои рушди муносибатҳои минбаъдаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба сатҳи нав бардоштани робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир ва ғайра ба миён гузошта шуданд.
Ба гуфтаи М. Абдураҳмон имрӯз барои иштирок дар ин чорабинӣ мутахассисоне даъват гардидаанд, ки бевосита бо омӯзиши масъалаи равандҳои ҳамгироӣ дар фазои Осиёи Марказӣ машғуланд. Итминони комил дорам, ки аз тарафи онҳо ҷанбаҳои мухталифи ҳамгироии кишварҳои минтақа дар гузашта ва ҳозира, таърихи он, мушкилоти мавҷуда дар ин ҷода, дурнамои он ва паҳлуҳои дигари мусбат ва манфии масъала мавриди муҳокимаронӣ қарор мегиранд. Тавсия ва пешниҳодҳои олимон доир ба мавзӯъ ҷамъбаст гардида, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши алоҳида таҳия ва пешниҳод карда мешавад.
 Сипас, риштаи суханрониро дар Конфронс директори Институт, номзади илмҳои фалсафа, Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо идома доданд.
Ҳамчунон, баромадкунандагон бо баромаду таҳлилҳои худ, аз ҷумла мудири Шуъбаи тадқиқоти робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳамгироии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодиёт Каримова Мавзуна дар мавзӯи “Амнияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, қайд кард: “Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре мебошад, ки иқтисоди кушоди хурд дорад. Кушодии иқтисоди миллӣ ба эрозияи марзҳо байни кишварҳо мусоидат мекунад ва амнияти миллии кишварро заиф месозад. Таъмини шароит барои таъмини амнияти миллӣ, бахусус барои кишваре, ки барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар афзалиятҳои муайян ва мавқеи назаррас дар системаи иқтисодии ҷаҳонӣ надошта бошад, кори осон нест.
Ба гуфтаи муаллима бо назардошти ошкорбаёнии иқтисоди кишвар, таъмини амнияти иқтисодии хориҷӣ бояд афзалияти муҳими сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишвар бошад. Сиёсати таъмини амнияти иқтисодии хориҷӣ дар ҳама кишварҳо, пеш аз ҳама, ба таъмини соҳибихтиёрии иқтисодӣ, ноил шудан ба рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, инчунин ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҳангоми тағийрёбии равандҳои иқтисодии ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.
М.Каримова иброз намуданд, ки барои тезонидани ташкили ҷойҳои кории муносиб сабади содиротиро васеъ ва сатҳи рушди содиротро беҳтар кардан зарур аст. Барои ин, бояд диққати худро ба маҳсулоти дорои таъсири равшантари решаканӣ нисбат ба маҳсулоти дар сабади содиротии кишвар мавҷудбуда равона кард. Ин талаб мекунад, ки ба бахши хусусӣ дар ҷамъоварии имкониятҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи нозукии маҳсулоти содиротӣ тавассути маҷмӯи тадбирҳои самарабахш кӯмак расонида шавад.
Барои Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои иқтисодии худ ва стратегияи рушд дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вазъи оқилонаи вазъи воқеии худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дурнамои он хеле муҳим аст, афзуд муаллима.

                                                                                                          

Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Майтдинова Гузел Майтдиновна зимни суханронии худ дар мавзӯи “Шакли (формати) нави ҳамкорӣ байни фаъолони Осиёи Марказӣ ҳамчун омили ҷаҳони полисентрӣ” баромади пурмуҳтаво намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки: “Вазъияти мураккаби геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ ташаккулёбии форматҳои нави ҳамкорӣ дар минтақаро ҳавасманд мекунад. Дар баробари хоҳиши ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ, майли ташаккул додани платформаҳои нави ҳамкории байни субъектҳои асосӣ ба назар мерасад”.
Устоди филиали Донишгоҳи Давлатии Москва дар ш. Душанбе номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, Коваленко Глеб Василевич дар доираи мавзӯи “Равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ дар консепсияҳои сиёсати хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ” баромад намуда, аз ҷумла афзуд:
“Интегратсияи минтақавӣ - ин раванди наздикшавӣ ва ҳамкории иқтисодҳои миллӣ буда, гурӯҳҳои минтақавӣ ва иқтисодиро ташкил медиҳанд, ки ба равандҳои табиии вобастагии сохторҳои иқтисодии миллӣ асос меёбанд”.
Дар Конфронс, сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Хоналиев Назаралӣ Хоналиевич дар мавзӯи “Ҳамкории байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ” суханронӣ намуда, гуфтанд: “Тавре ки шумо медонед, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳоло шарикони стратегӣ мебошанд, ки созишнома дар бораи он пас аз гуфтушунидҳои байни президентҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев 17 августи соли 2018 дар Тошканд ба имзо расидааст. Ин барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар заминаи судбахши ҳамсоягии нек дар соҳаи саноат, алалхусус дар маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ, имконияти хуб фароҳам овард.
Оид ба мавзӯи “Таърихи ҳамгироии кишварњои Осиёи Марказї: мушкилот ва дурнамои он” декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент Файзов Некрӯз маърӯза карда, чунин гуфтанд: “Масъалаи ҳамгироӣ аз оғози истиқлолияти сиёсии кишварҳои минтақа ҳамчун зарурати таъхирнопазириидомаи ҳамкориҳои таърихӣ матраҳ мегардад, вале он дар сатҳи коршиносӣ, илмӣ ва сиёсӣ ба таври амиқ омӯхта нашудааст. Зиёда аз он худи мафҳуми ҳамгироӣ ба тариқи мухталиф тафсир мегардад. Ягон кишвар намехоҳад, ки ҷиҳати роҳандозии амалии он аз баъзе салоҳиятҳои миллӣ даст кашида нақш ва мақоми сохторҳои байнидавлатиро тақвият бахшанд. Вале ин маънои онро надорад, ки кишвар ҳои мустақили Осиёи Марказӣ барои умқи ҳамкорӣ ва расидан ба ҳамгироии минтақавӣ кӯшиш накарда бошанд. Вобастагии иқтисодии кишварҳо новобаста аз равандҳои мухолиф асосан боқӣ монд. Зиёда аз он ин вобастагӣ дар чаҳорчӯбаи минтақа амиқ гардида, тадриҷан инкишоф ёфт.
Ба ин ҳолат якчанд омилҳо мусоидат намуданд, ки кишварҳои минтақаро ба ҳамгироии дохилиминтақавӣ такон доданд, ба монанди гузаштаи таърихӣ, анъанаҳои таърихӣ, дин мепайвандад. Дар ҳама кишварҳо ҳолат ва мушкилоти ягона ба назар мерасанд. Аз ҷониби дигар, омилҳои хориҷӣ низ зарурати тақвияти ҳамкориҳои минтиқавиро тақозо менамоянд”.

                                        

 Норов Бахтовар - ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир ба мавзӯи “Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давраи кунунии рушд” баромад намуда, аз ҷумла афзуд: “Таърихи дуру дарози ҳаёти якҷояи халқу миллатҳои Осиёи Марказӣ, муносибатҳои ташаккулёфта, маданияту фарҳанги рушдёфта, тақдири якҷоя дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз 70 сол, аз он шаҳодат медиҳад, ки дар шароити ҳозира кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд муносибатҳои байни худиро боз ҳам тақвият дода, онро ба сатҳи муносибатҳои ҷаҳонӣ, бо дарназардошти баназаргирии манфиатҳои якдигар бароранд.
Бино ба гуфтаи таҳлилгар бояд хотиррасон кард, ки баъди ба даст овадани истиқлолият, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки яку якбора низоми нақшавиро иваз намуда, ба душвориҳои калон рӯ ба рӯ шуданд. Иқтисодиёту ҳаёти сиёсӣ рӯ ба танназул рафта, тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ аз кор монданд. Ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон, воқеаҳои водии Фарғона дар Ӯзбекистон, ҳаракати экстремистонаи гуруҳҳои исломӣ дар Қирғизистон ва ғайраҳо ба минтақаи Осиёи Марказӣ зарбаи ҷоннок заданд. Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарурият пеш омад, ки роҳҳои ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтисодию сиёсиро ёфта, давлатҳои худро аз ин буҳрон берун бароранд. Хурсандиовар аст, ки тайи 29 соли охир ба онҳо ин муяссар шуда, бештари масъалаҳо роҳи ҳалли худро ёфтананд.
Номзади илмҳои сиёсӣ, Шералӣ Ризоён доир ба мавзӯи “Омилҳои боздорандаи ҳамгироии Осиёи Марказӣ” баромад ва суханронӣ намуда, зикр намуд, ки яке аз омилҳои муҳими боздорандаи ҳамгироии Осиёи Марказӣ ин мавҷудияти баъзе масъалаҳои баҳсбарангези байни кишварҳои минтақа мебошад.

                                                                                           

Кори Конфронси байналмилалии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Ҷанбаҳои асосии ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо” - ро муҳокима, таҳлил ва ҷамъбаст намуда, директори Институти Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ё.Б. таъкид намуданд, ки мавзӯи конфронс мубрам ва муҳим буда, минбаъд пешниҳод менамоям, ки дар ҳамин самт чорабиниҳои дигари илмӣ - амалӣ гузоранида шаванд.
 Дар маҷмӯъ кори конфронс аз ҷониби мутахассисони соҳа мусбӣ арзёбӣ гардид.

Давлиёрова Сафаргул
ходими пешбари илмии
Шуъбаи Осиёи Марказӣ
Последнее изменение Сешанбе, 10 Ноябр 2020
 
http://www.zoofirma.ru/