wrapper

Хабарҳо

Дар даҳаи аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ, аз ҷониби устоди соҳибтаҷрибаи сатҳи байналмилалӣ ва мутахассиси соҳаи гуфтугӯи байнифарҳангӣ, профессор Аста Рейфф ва проректори Донишгоҳи Небраскаи штати Омаҳаи ИМА профессор МакНамара барои кормандон, магистрон ва унвонҷӯёни Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва хусусан Шуъбаи Аврупо ва Амрико дарси кушод дар реҷаи онлайн дар мавзӯи «Таълими фаъолона дар шароити коронавирус» баргузор гардид.
Мавриди тазаккур аст, ки ин лексияи баргузоргардида қадами нахустини силсилалексияҳо мебошанд, ки дар доираи ҳамкориҳои муштараки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва Донишгоҳи Небраскаи Омаҳаи ИМА роҳандозӣ шудааст. Дар дурнамо бо ин донишгоҳи бонуфузи амрикоӣ таҳким ва густариши равобити судманди дуҷониба ҷиҳати табодули афкор, таҷрибаҳо дар самти таълим, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмии муштарак, ташкили сафарҳои хизматӣ ба кишварҳои якдигар бо мақсади пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  дар назар дошта шудааст.
Қайд намудан лозим аст, ки миёни Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва Донишгоҳи Небраскаи Омаҳаи ИМА ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар моҳи октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе имзо карда шуд, ки ҷанбаҳои ҳамкориҳои муштарак, самтҳои афзалиятноки онро муайян намуд.  
Семинари илмӣ дар шакли дарси кушод дар сатҳи баланд баргузор гардида, барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба ташкили таълим дар давраи коронавирус манфиатбахш арзёбӣ гардид.
Дар охирсухан, ба ҳамкорони хориҷӣ - профессор МакНамара ва хонум Аста Райф аз ҷониби директори Институт, н.и.ф. Ёрмаҳмад Ниёз, мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико д.и.т., профессор Санавбарбону Воҳидова ва сарходими шуъбаи Аврупо ва Амрико, д.и.с. Шамсиддин Каримов барои дарси таълими методологӣ дар мактабҳои олӣ дар шароити мушкили пандемӣ арзи сипос карда, пешниҳод намуданд, ки ташрифи профессоронро ба Тоҷикистон интизор буда ва пешниҳод гардид, ки дар оянда ташкили семинарҳои илмӣ дар самтҳои кишваршиносӣ, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайра барои кормандони Институт ташкил намеом.
 
Маъмур Мирвайсов,
ходими калони шуъбаи Аврупо ва Амрико
 
Последнее изменение Панҷшанбе, 12 Ноябр 2020
 
http://www.zoofirma.ru/