wrapper

   Моҳи декабри  соли равон бо ташаббусти Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ва  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китобе наве зери унвони "Тоҷикистон ва Хитой: мушкилот ва дурнамои ҳамкорӣ" чоп шуд, ки дар партави мақолаҳои муҳаққиқон ва коршиносони Институт  таҳия шудааст.
Дар китоби мазкур мақолаҳои устодон ва коршиносони соҳа чун модели омӯзишӣ оварда шудааст, ки робитаҳоро миёни Тоҷикистон ва Чин хубтар шарҳу тавзеҳ медиҳад.  
   Дар маҷмуаи мақолаи Ҳабибуло Раҷабов зери унвони “70 соли пурифтихори ташаккулёбии Ҷумҳурии Хитой”, Ҳабибҷон Мирзоев “Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Тоҷикистону Хитой”, Раҳмонов Мирсаид “Назари таҳлилӣ ба равобити Чин ва минтақа дар мисоли ҳамкориҳои Тоҷикистон-Чин-Покистон: даҳлези тиҷоратии осиё ва ҷаҳон” ва коршиносони дигар оварда шудааст, ки ҳам дар он ҳамкориҳои стратегии кишвари Тоҷикистон бо Чин хубу равшан баён гардидааст.
   Муаллифон қайд кардаанд, ки  нашри асари адибони тоҷик дар Чин ва адибони чинӣ дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, китоби “Таърихи адибони тоҷик” дар Чин тарҷума ва нашр гардид. Ба ҳамин муносибат китоби ашъори Ли Чжаосин бо номи “Чорсад шаш барг” дар Тоҷикистон тарҷума ва нашр гардид.
   Таҳлигари масоили сиёсӣ Хуршед Андамов ҳам мақолаи  худ қайд кардааст, ки “Роҳи абрешим” дар замони худ ба рушди истеҳсолот дар минтақаи Осиёи Марказӣ хеле мусоидат менамуд ва ба шарофати он технологияҳои нав аз Чин на танҳо ба Осиёи Марказӣ, балки ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва баръак инстиқол меёфт.
Дар мақолаи  Меҳр Собириён таҳлигар ва коршиноси масоили Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз соли 2007 то соли 2018 дар миёни 61 кишваре, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, Чин ҷойи аввалро ишғол мекунад.
   Дар маҷмуаи мақолаи ходими хурди илмии Институти Осиё Аврупои Академияи илмҳо Аҳмадҷон Одинаев  низ оварда шудааст, ки муаллиф қайд кардааст қайд,  соли 2005 гардиши мол байни Чину Тоҷикистон қариб 100 миллион доллари амрикоиро ташкил мекард ва дар соли 2018 зиёда аз 2 миллиард долари амрикоиро ташкил мекунад. Ин нишондод ишора ба ин аст, ки ҳамкориҳо байни давлати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чин дар ҳоли густариш қарор дорад.
   Бояд қайд кард, ки дар муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин як чанд мушкилотро метавон номбар кард. Пеш аз ҳама ин мушкилии қарз мебошад, ки метавонад як кишвари кучакро вобастаи Чини бузург гардонад. Дар ҳолати пайдо шудани мушкилӣ дар пас гардонидани маблағҳои қарзӣ, Чин метавонад иншоотеро, ки дар он маблағҳои мазкур сарф шудаанд, бо шароити ба худ хос мувофиқ, иҷораи дарозмуддат гирад. Таҷрибаи кишвари Шри Ланка далели ин гумонҳо буда метавонад, ки дар китоби мазкур оварда шудааст.   
 
 Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
Последнее изменение Душанбе, 11 Январ 2021
 
http://www.zoofirma.ru/