wrapper

Хабарҳо

Конференсия ва семинар

“Амнияти инсонӣ ва дурнамои он дар Осиё”

     Рӯзи 16 январи соли равон дар Институти омӯзиши масоили сиёсии Бенголи шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Амнияти инсонӣ ва дурнамои он дар Осиё” баргузор гардид, ки дар он кормандони Институти Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Муфассал ...
Хондан 460 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Эълон! “Иқтисоди рақамӣ” - семинари навбатии Институт

Шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 - уми феврали соли равон, соати 10:00 семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Иқтисоди рақамӣ” баргузор менамояд, ки иштирок барои меҳмонон озод мебошад.

Муфассал ...
Хондан 453 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Семинар: Баррасии масъалаҳои мубрами шарқшиносии муосир

  Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18уми декабри соли 2019 соати 14:00 дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами шарқшиносии муосир» семинари илмӣ баргузор мегардад.
   Дар семинари илмӣ, профессори Донишгоҳи Оксфорд Эдмун Ҳерзинг маъруза хоҳад кард.
  Семинар дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.
  Суро
ға: шаҳри Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 33, бинои асосии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ.
Муфассал ...
Хондан 321 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

СЕМИНАР: ҲАМГУНАГИИ ФАРҲАНГ ВА МАДАНИЯТИ ТОҶИКУ ҲИНД

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон 17 - уми декабри соли 2019 соати 10:00 таҳти унвони “Ҳамгунагии фарҳанг ва маданияти тоҷику ҳинд” семинари илмӣ-амалӣ баргузор мегардад.
   Дар семинар директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, сафири Ҳиндустон дар    Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ ва дигар меҳмонон ширкат ва суханронӣ хоҳанд намуд.
   Интизор меравад, ки дар он котиби илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Гулмоҳ Шозиёева дар мавзӯи «Ҳамгунагии фарҳанг ва маданияти тоҷику ҳинд” баромад намояд.
   Семинар дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.
   Суроға: шаҳри Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 33, бинои асосии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ.

Муфассал ...
Хондан 307 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/