wrapper

Хабарҳо

Конференсия ва семинар

ҲАМОИШ: ФОРСӢ-ДАРӢ-ТОҶИКӢ: ЧАНД МУЛОҲИЗА АЗ НИГОҲИ ЗАБОНШИНОСИИ ИҶТИМОӢ

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажӯҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки 27-уми сентябри соли 2019, дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “ФОРСӢ-ДАРӢ-ТОҶИКӢ: ЧАНД МУЛОҲИЗА АЗ НАЗАРИ ЗАБОНШИНОСИИ ИҶТИМОӢ семинари илмӣ баргузор мегардад.
   Дар семинар Профессори Донишгоҳи Ҳумболди шаҳри Берлин Лутс Жеҳак гузориш хоҳад дод.
   Ёдовар мешавем, ки Лутс Жеҳак яке аз коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ доир ба пажўҳиши забонҳои эронии Осиёи Марказӣ буда, таҳқиқу баррасии соҳавиро дар Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон (Балуҷҳо), Покистон ва Эрон анҷом дода, дар ин замина пажуҳишҳои худро дар соли 1991 рисолаи номзадӣ ва соли 2001 рисолаи докториро дар кафедраи Осиёи марказишиносии Институти Осиё ва Африкои донишгоҳи Ҳумболди шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федералии Олмон дифоъ кардааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санк - Петербург) (1980 - 1985) мебошад.
   Семинари илмӣ дар бинои Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, ошёнаи 1 (кафедраи забони англисӣ) соати 10:00 оғоз гардида, иштирок дар он озод аст.
   Забони семинар: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва олмонӣ. Муфассал ...
Хондан 425 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он

   Имрӯз, 31-уми июли соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он” мизи мудаввар баргузор гардид. Муфассал ...
Хондан 400 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

МИЗИ ГИРД: БАРРАСИИ РАВАНДИ СИЁСИИ ҚАЗОҚИСТОН

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи кории худ ҷиҳати омӯзишу баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ, хосатан кишвраҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтааст, дар мавзӯи “Равандҳои муосири иҷтимоиву сиёсии Ҷумҳурии Қазоқистон” мизи мудаввари илмиро баргузор намояд.
   Мизи мудаввари илмӣ 17 майи соли 2019 соати 10:00 дар Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ширкат дар он озод аст.
   Дар назар аст, ки дар он ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ва дигар олимону пажӯҳишгарон ширкат ва оид ба ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди он суханронӣ намоянд. Муфассал ...
Хондан 637 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ

   19 уми марти соли 2019 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари маърифатӣ - фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз таҳти унвони “Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баргузор гардид.
   Дар ҳамоиш ҷашнӣ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Турсон, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Мирзо Муллоаҳмад сарходими илмии Институти мазкур, профессор Хоҷамуродов Олимҷон ва дигар олимону пажӯҳишгарон ширкат ва суханронӣ намуданд. Муфассал ...
Хондан 707 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.