wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

Нақши созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар таъмини амнияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баъди хурӯҷи воҳидҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва иттифоқчиёнаш аз ин кишвар

14-уми апрели соли 2021 –ум Ҷозеф Байден -  президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон намуд, ки то санаи 11-уми сентябр, бахшида ба 20-умин солгарди воқеаҳои фоҷиабори 11-уми сентябри соли 2001-ум, тамоми қувваҳои мунтазами ИМА хоки Афғонистонро тарк хоҳанд гуфт. 2-юми июл Германия ва Италия қувваҳои низомии худро аз Афғонистон берун кашиданд. Худи ҳамин рӯз қувваҳои низомии Амрико аэродроми Баграмро шармандавор, бидуни хабардор намудани низомиёни афғон тарк намуданд. Дар натиҷа ин пойгоҳ пеш аз он, ки қувваҳои давлатӣ онро таҳти назорат гиранд, аз тарафи дуздону авбошон талаву тороҷ гашт. Гумон меравад, ки амрикоиҳо ин корро амдан карданд, то ҳамаи яроқу аслиҳа ва техникаву абзорҳои ҷангии ин фурӯдгоҳ ба дасти Толибон афтад.  8-уми июли соли 2021 президент Байден эълон намуд, ки хотимаи расмии  ҷанг дар Афғонистон 31-уми августи соли 2021 муқаррар мегардад. 12-уми июл Остин Миллер – фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон  аз мансаби худ даст кашид. Муфассал ...

Нақши   тоҷикон дар инкишофи илму фарҳангу сиёсати Афғонистон арзанда аст

Мувофиқи маълумотҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар соли 2021 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  39 миллиону 800 ҳазор   нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Тибқи маълумотҳои  Идораи Марказии Разведка (ЦРУ, кибо ин мамлакат бисёр сару кор дорад) бошад Афғонистон дорои 37 миллиону 466 ҳазору 414 нафар аҳолӣ мебошад. Мардумони Афғонистонро пуштунҳо, тоҷикҳо, ҳазораҳо, узбекҳо, туркманҳо, нуристониҳо ва дигар чунин халқиятҳо ташкил медиҳанд. Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/