wrapper

Дар Паёми навбатии рӯзи 26 январи соли 2021 ироагардидаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, фарогирии  тамоми масъалаҳои мубрами ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастабуда, мебошад.
Яке аз масъалаҳои муҳим - тақвият бахшидан ба муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои шарикони стратегӣ ва ИДМ  ба ҳисоб меравад, ки аз сиёсати хориҷии  он  бармеояд.
Вобаста  ба  ин  таъкид  карда  шуд, ки  робитаи  ҳасанаи  Тоҷикистон  бо  давлатҳои минтақа дар рушди иқтисодиёти кишварамон, татбиқи ҳадафҳои  стратегии  он  мусоидат мекунад. Дар  ин  самт, хусусан дар давраи татбиқшавии ҳадафи 4 стратегияи кишвар “Саноаткунонии босуръат” ва расидан ба “иқтисоди рақамӣ”, ба мақомоти иҷроиявӣ ва қонунгузор супоришҳои дахлдор дода шуд.
Қайд  кардан  ҷоиз  аст, ки  дар  марҳилаи  ҳозира новобаста аз пандемияи  коронавируси COVID - 19, Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  тамоми  шарикони  стратегии  худ тибқи Аҳдномаҳои ба  имзорасида, муносибатҳои  хуби  тиҷоративу  иқтисодӣ, илмиву  фарҳангӣ ва ѓайра дорад  ва  барои  боз  ҳам  зиёд  кардани  самтҳои  дигари  ҳамкорӣ талош  карда  истодааст.
Дар доираи  тавсеъа  бахшидани  ҳамкориҳои  илмиву  фарҳангӣ, суханони Пешвои  миллат оид  ба зиёд намудани шумораи бурс ё квотаҳоро барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷӣ кишвар аз рӯи ихтисосҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ, ба хусус ихтироъкорӣ, муҳандиси, барномасозӣ ва илмҳои дигари дақиқ, мавриди  алоқамандии  ҳамагон, хусусан  мо  ҷавонон  қарор  гирифт.
Ин кор, яъне  барои  насли  ҷавони  худ  фароҳам  овардани  шароити  хуб  барои  таҳсил дар  хориҷа  на  танҳо  ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, балки  кишварҳои  дигари  минтақа  ва  ҷаҳон  хос  мебошад. Ҷавонони  дар  хориҷи  кишвар  таҳсилкарда – як нерӯи  азими  зеҳнӣ ба ҳисоб мераванд ва  бо ҷалби  онҳо мо метавонем  ташаббусҳои  бузургро татбиқ карда, ҳолати иқтисодии ҷумҳуриамонро  беҳтар намоем,  инчунин,  имиҷи  давлатамонро дар арсаи  байналмилалӣ  баланд  бардорем.
Масъалаҳои дигари  муҳиме, ки дар Паём зикр гардиданд ҷалби сармояи хориҷӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, таъмини аҳолии кишвар бо кори доимӣ, барқарор намудани эътимоднокии  мардум дар фаъолияти бонкҳо,  беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум  мебошанд.
Дар ин бобат Президенти мамлакат ба вазорати молия супориш доданд, ки то моҳи марти соли ҷорӣ лоиҳаи нави Кодекси андозро пешниҳод намоянд ва ҳамаи монеаҳоро барои осон намудани бақайдгирии ширкатҳо, гирифтани иҷозатномаҳо ва супоридани андозҳо ба таври электронӣ  пешниҳод намоянд. Ҳамчунин ба ҳукумат ва дигар мақомотҳои дахлдор дастур дода шуд, ки барои бунёди Агентии инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо  андешанд. Вобаста ба ин, ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳаи пардохтҳои  ғайринақдӣ, ки боиси бартараф намудани коррупсия ва  беҳтар гардидани  фазои сармоягузории  кишвар  мешаванд,  ишора  карда шуд.
Ба  ақидаи  банда, Паёми  навбатӣ баёнгари  самтҳои  асосии сиёсӣ  ва  иқтисодии  кишвар  дар  дурнамои  наздик  ба  ҳисоб  меравад. Барои  татбиқи  он  ҳар  як  фарди  ҷомеа  бояд  саҳми  арзандаи  худро  гузошта,  ояндаи  беҳтарро  барои  насли  имрӯзу  фардо  таъмин  намояд.
 
Сомон Fафуров,
ходими хурди  илмии шуъбаи
ОМ  ИОМДОА АМИТ
 
 
 
 
http://www.zoofirma.ru/