wrapper

 
Дар ҷаҳони муосир ва ҷомеаи иттилоотӣ яке аз масъалаҳои мубрам - масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ба миён омадааст, ки ба таври назаррас рӯз ба рӯз инкишоф меёбад. Дар ин ҷабҳа имрӯз ворид шудан ба фазои ҷадиди таълими ҷаҳонӣ оѓози худро пайдо кард ва идома дорад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки дар шароити имрӯза доштани  дониш оид ба ҷабҳаҳои гуногуни илм ва ҳаёт барои соҳибмаълумот гаштан кифоя набуда барои баланд шудани  некуаҳволии мардум ва пешрафти ҷомеа татбиқи амалии донишҳо, истифодаи технологияҳои  муосир ва эҷодкорӣ муҳим мебошад.
Намояндагони маорифи 29 мамолики Аврупо 19 июни соли 1999 дар Болония сарҷамъ омаданд ва эъломия дар бораи «Фазои таҳсилоти олии Аврупо»-ро ба тасвиб расониданд, ки ҳадафи асосии он ташкили фазои ягонаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо мебошад [7].
Ин амал барои баланд бардоштани зудҳаракатии шаҳрвандон дар бозори меҳнат ва баланд бардоштани рақобатпазирии таҳсилоти олии аврупоӣ мусоидат намуда, барои таъмин намудани мухторияти бештар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҷорӣ намудани таҳсилоти думарҳилаӣ - барномаҳои бакалавриат ва баъдидипломӣ шароит фароҳам меоварад, ки ҳадафҳои зеринро амалӣ менамояд:
-ҷорӣ намудани сохторе, ки баробаразишии дипломҳоро дар кишварҳои гуногун таъмин менамояд;
- ҷорӣ намудани сохтори дутарафаи таълим ва омӯзиш дар тамоми кишварҳо, марҳилаи якум - бакалавр (на камтар аз се сол) ва дараҷаи дуюм - магистр (ва ё дараҷаи докторӣ);
- ташаккули низоми кредитии шабеҳ ба системаи интиқоли кредити аврупоӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани миёнаравии донишҷӯён, омӯзгорон, таҳқиқотчиён ва кормандони маъмурии донишгоҳҳо.
Аз ин рӯ, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси ба имзо расонидани як қатор созишномаю санадҳои байналмилалӣ, ҳамгироӣ ба низоми ҷаҳонии маориф, мубодилаи донишҷӯёну кадрҳои илмӣ, эътирофи дипломҳо ва инчунин тадбирҳои зиёди марбут ба тайёр намудани мутахассисон ва таҳқиқотҳои илмӣ ба ҳамкориҳои судманду васеи байналмилалӣ гардид.
Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои зиёдеро барои самаранок гардондани раванди таълим меандешад ва яке аз ин тадбирҳо гузариш ба муносибати нав ба таълим - таълими салоҳиятнокӣ мебошад [6].
Дар шароити имрӯза барои хатмкунандагони донишгоҳҳои олӣ донишу маҳорати касбӣ ва сатҳи баланди илмии худро дар мустақилона гузаронидани таҳқиқот ва қабули қарорҳои дахлдор нишон додани салоҳиятҳои касбию шахсиятии донишҷӯён яке аз талаботҳои асосӣ ба шумор меравад.
Маълум аст, ки қисми ҷудонашавандаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок ва фаъолияти донишҷӯён дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад. Бинобар ин, дар мактаби олӣ бояд таълим ва таҳқикот дар ҳамбастагӣ қарор дошта, он ба як лабораторияе табдил ёбад, ки дар он ҳақиқатҳо ва навгониҳои илмӣ ошкор карда шаванд ва мавқеи омӯзгору донишҷӯ дар раванди омӯзиш ва таҳкикотҳои илмӣ фаъол гардонида шуда, салоҳиятҳои иртиботии байни устоду шогирд мустаҳкам гардонида шаванд, то ин ки хатмкунандагони донишгоҳ дар соҳаи интихобкардаи худ салоҳиятдор бошанд ва мустақилона қарорҳои босалоҳият қабул карда тавонанд, ки қонеъкунандаи талаботи замон бошад. Бо ин мақсад мутахассисони замони нав бояд:
- дар кору фаъолияти худ технологияҳои муосири иттилоотиро самарабахш истифода баранд;
- пайваста дар роҳи омӯзиш ва ба даст овардани донишҳои нав бошанд;
- аз навгониҳои илму техника бохабар бошанд;
- бо забони модарии худ ва дигар забонҳои хориҷӣ озодона ҳарф зада тавонанд;
 дар бораи таърихи фалсафа, адабиёт ва санъат маълумоти лозимиро дошта бошанд, ки барои расидан ба мақсаду ҳадафи асосӣ, ки барои рушди имрӯзаву ояндаи ҷомеа, ҷомеа ва давлат муҳим ва ҳамзамон талаботи замон мебошад.
Дар баробари ин, бояд мавқеъ ва нақши омӯзгор дар раванди ташаккулёбии салоҳиятҳои шахсиятии донишҷӯён низ муайян карда шавад, зеро омӯзгорон - муаллимон масъуланд:
- роҳбарӣ ва идоракунии донишҷӯро барои омодасозӣ ва татбиқи кори тахассусӣ дар раванди таълим ва тарбия зери назорат гиранд;
- маслиҳатҳои худро оид ба мӯҳтаво ва пайдарпайии иҷрои корҳои ниҳоии тахассусӣ (мақсаду вазифаҳо, сохтор ва ҳаҷми кор, принсипҳои таҳияю тарҳрезӣ, тақсими тақрибии вақти иҷроиши қисмҳои алоҳидаи кори ниҳоии тахассусӣ) дареѓ надоранд;
- ба донишҷӯён дар гузарондани таҳқиқот ва таҷрибаи амалӣ раҳнамо бошанд ва дар интихоби адабиёти зарурӣ кӯмак намоянд.
Барои самаранок ташкил намудани раванди таълиму тарбия ва таъсири мусбат расонидан дар ташаккули шахсияти донишҷӯ ҳамчун фарди дорои ахлоқу маърифати баланд омӯзгор вазифадор аст, ки донишу қобилият ва маҳорати худро ба технологияи муосир ҷавобгӯ ва мутобиқ созад, яъне пайваста салоҳиятҳои педагогии худро инкишоф диҳад, зеро накши омӯзгор дар рушди маориф ва як қисми раванди таълим, ки шароити мусоидро барои ташакули салоҳиятҳои шахсиятии донишҷӯ фароҳам месозад, бузург аст. Яъне омӯзгори имрӯз дар ҷомеаи муосир:
1) пайваста донишу маҳорат ва қобилияти худро сайқал диҳад, зеро асоси инкишофи салоҳиятнокии касбӣ ва шахсии омӯзгорро дараҷаи дониши касбӣ ва хислатҳои шахсии ӯ ташкил медиҳад;
2) омӯзгор бояд касби худро наѓз донад, дӯст дорад ва ҳамеша аз пайи гирифтани донишҳои нав ва хамқадами замон бошад.
3) омӯзгор консепсияи касбӣ ва шахсии худро доро бошад. Ӯ бояд хислатҳои инсондустӣ, некбинӣ, адолатпарварӣ, фурӯтанӣ ва тахаммулпазириро дар ниҳоди худ рушд ва нумӯъ бахшад, зеро ин хислатҳо имкони рушди салоҳиятнокии омӯзгорро дар қобилияту маҳорати касбӣ ва шахсии ӯ дар муошират бо субъектхои раванди таълим дар сатҳи зурурӣ пайдо карданро медиҳад.
Салоҳиятнокии омӯзгор дар он зоҳир мешавад, ки ӯ нисбат ба субъектҳои раванди таълим бодиққат, ботамкин, хайрхох бошад, сухану андешаи донишҷуёнро то охир гӯш карда тавонад, андешаи ӯро дарк кунад ва назари солими худро оид ба масъалаи баамаломада иброз намояд. Пас омӯзгори замони нав бояд дониши муккамал ва хаматарафа дошта бошад, пайваста дониши назариявӣ ва амалии худро сайкал диҳад, зеро донишу таҷриба, салоҳиятнокии омӯзгор ба ҳамдигар алоқаи ногузастанӣ доранд, ки дар он дониши фаннӣ. донистани фанни таълимӣ, ҳунару маҳорати дарсидиҳӣ, ҷахонбинӣ ва маданияти омӯзгор, назари шахсӣ ва иҷтимоидоштаи ӯ зоҳир мешавад. Омӯзгори босалоҳият хусусиятҳои фардӣ-психологии донишҷӯёнро хамеша бояд дар мадди аввал гузорад, хамзамон ҳолати рӯҳии худро низ пинҳон ва идора карда тавонад, зеро дар ҷараёни дарс ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки аз омӯзгор талаб мекунанд, ки салоҳиятҳои касбӣ ва шахсии худро зоҳир намояд. Масалан, ҳолате ба вуқӯъ меояд, ки яке аз донишчӯён дар вазъияти бамаломада худро идора карда наметавонад, андешаи носолим дорад, суханхои номатлуб баён медорад. Дар ин ҳолат омӯзгори босалоҳият бояд ин ҳамаро оромона таҳаммул созад, бо тамкин ва маданияти баланд то охир сухани гӯяндаро гӯш намояд ва сипас назари худро эхтиёткорона баён созад, бо нармӣ ва бо ибрози андешахои солими худ донишҷӯро водор созад, ки хатои худро фаҳмад ва дар оянда ба ин дуруштӣ ва даѓалӣ роҳ надиҳад.
Дар чунин шароит омили муҳиме, ки ба рушди шахсият мусоидат мекунад, бояд муносибати боэътимоди байни омӯзгор ва донишҷӯ бошад, зеро донишҷӯро эҳсоси дастгирии маънавӣ ва психологии муаллим ором мекунад ва аксар вақт мекӯшад, ки сифатҳои беҳтарини худро нишон диҳад. Ва баръакс, муносибати бадбинона ё манфӣ ташаббуси маърифатии донишҷӯро ба таври назаррас коҳиш медиҳад, онро аз фаъолият манъ мекунад ё дар ӯ рафтори эътирознокиро бармеангезад. Ин гуна мисолҳо бисёранд.
Дар ин замина, соҳибмактаб будани устодон нақши муҳим дорад, зеро аксарияти довталабонро падару модарон роҳбарӣ мекунанд, ки худи онҳо ба шароити нави таълими минбаъда ба таври кофӣ омода нестанд. Аз ин рӯ, вазифаи омӯзгори муосир аз пайгирона ба самти дуруст равона кардан ва диққати кофӣ додан ба инсондӯстии фаъолият мебошад. Аз ин рӯ саҳми омӯзгор дар ташаккули шахсият, ташаккули фаҳмиш ҳамчун азхуд кардани салоҳиятҳои умумии фарҳангӣ (масалан, ошноӣ, кӯмаки мутақобила) на танҳо бо фаъолияти касбӣ, балки дар омодагии ҳарду ҷониб барои ҳамкорӣ муайян карда мешавад.
Салоҳиятҳои зерини омӯзгорро ҷудо кардан мумкин аст, ки онҳо бевосита дар ташаккули салоҳиятҳои шахсиятии донишҷӯён мусоидат мекунанд:
- хусусияти инсонгароӣ бахшидан ба фанни таълимдиҳанда;
- бо технологияи муттаҳид сохтани гурӯҳ мусаллаҳ будан;
- маҳорати майлу қобилиятҳои пинҳонии донишҷӯёнро муайян карда тавонистан ва фароҳам овардани шароит барои рушди онҳо;
- қобилияти ба вуҷуд овардани фазои эҷодӣ дар раванди таълим;
- доштани таҷриба дар татбиқи амалии салоҳиятҳои худ;
- қобилияти муқаррар кардани хусусияти амалии кори таҷрибавӣ.
Педагогҳои машҳури Россия В.И. Байденко, О.М. Бобиенко, И.А. Зимняя, Н.В. Кузьмина, А.К. Маркова, Л.М. Митина, А.В. Хуторской чунин мешуморанд, ки салоҳиятҳои шахсиятии хатмкунанда дар ҳолатҳои гуногуни ҳаётӣ, ҳам дар оила ва ҳам дар ҷои кор, инчунин дар фаъолияти сиёсӣ истифода шуда, аз шахс ташаккули маърифатиро талаб менамоянд, ки барои муяйян намудани мавқеи шахсӣ, худбаҳодиҳӣ ва тафаккури танқидӣ зарур мебошанд [1; 4; 5]. Аз ин рӯ, масъалаи муайян намудани салоҳиятҳои шахсиятӣ яке аз равандҳои марказии нав кардани мазмуни таҳсилот ба шумор меравад.
Дар ин ҷо зарур мешуморем, ки якчанд кластерҳои асосии салоҳиятҳои шахсиятиро номбар намоем [8], ки аз нуқтаи назари мо, онҳо барои худташаккулдиҳӣ ва худбаҳодиҳии ҳам омӯзгор ва ҳам донишҷӯ ногузир мебошанд:
  1. Самтгирӣ ба натиҷа ва самаранокӣ. Яъне шахс кӯшиш менамояд, ки дар раванди таҳсил ва омӯзиш ташаккул ёфта, дар фаъолияти меҳнатии худ ба натиҷаҳои беҳтарин ноил гардад, аз дигарон пеш гузарад, ба муваффақиятҳои назаррас соҳиб шавад, масъалаҳои мушкилро ҳал намояд, қобилияту салоҳияти худро ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ намояд, ташаббускору навовар бошад, ҳамеша дар сафи пеш бошад.
  2. Маҳорати баланди муошират, салоҳияти байнишахсӣ. Шахс бояд талаботи дигаронро эҳсос намуда тавонад, мазмуни онҳоро дарк намояд, қобилияти дастрас кардан ва интиқол додани маълумотро дошта бошад; маҳорати дарки ҳиссиёт ва руҳия, сабабҳои ниҳоии муносибатҳое, ки миёни дигарон (ҳамсабақон) ва ӯ ба миён омадаанд, аз он ҷумла сабабҳои ба он номуайянро эҳсос намуда, ба табиати муносибати дигарон нисбати худ сарфаҳм равад ва бо онҳо муносибат ва муошират карда тавонад; рафтори одамонро таҳлил карда аз уҳдаи ҳалли ихтилофҳо баромада тавонад.
  3. Таъсир ва нуфуз ба шахсони дигар. Яъне аз усулҳои гуногуни далелноккунӣ истифода бурда, ба боварии одамон соҳиб шавад ва ба тарафи худ моил намояд, нисбати худ таассуроти хуб гузошта, ба он муваффақ гардад, ки атрофиён мутобиқи гуфтаҳои ӯ амал намоянд
  4. Салоҳиятҳои маърифатӣ. Яъне системаи рушдёбандаи тафаккур, ки қобилияти дарёфт, таҳлилу шарҳ ва пешниҳоди иттилоот ва мушкилотро соҳиб буда, хоҳиши омӯхтан ва рушд карданро дорад.
  5. Салоҳиятҳои идоракунӣ. Инсон қодир аст ба фаъолияти дигарон роҳбарӣ ва роҳнамоӣ кунад, барои рушди босамари он мувофиқат ва мусоидат намояд, иҷрои меъёрҳо ва санадҳои муқарраргардидаро таъмин намояд; шахсони дигарро таълим диҳад; ваколатҳо ва масъулиятро ба танзим дарорад. Усулҳои мухталифи роҳбариро истифода бурда, барои ҳалли вазъиятҳо тарзу усулҳои заруриро интихоб карда тавонад ва ҳаммаслакони худро ҷалб намуда, гуруҳи худро созмон дода тавонад. Инчунин, ба ҳамкорӣ намудан тайёр бошад ва инро ба дигарон низ омӯхта тавонад ва дигаронро ба фаолияти байниҳамдигарӣ ташвиқ ва ҳавасманд созад.
  6. Худназораткунӣ ва самаранокии шахсӣ хударзёбии мувофиқро дар бар мегирад. Яъне дар ҳама вазъиятҳо (дар вазъияти биму тарс) худро назорат кардаву идора карда метавонад ва ҳамзамон, қобилияти таѓйир додани вазъиятро дорад ва дар зарурат маҳорати ба уҳда гирифтани масъулият дошта, андешаҳои шахсии худро боэътимод иброз медорад ва дар ҳолати фишор овардани гурӯҳи мухолиф муқобилат зоҳир карда метавонад. Хатогиву андешаҳои мухталифро дарк намуда, маҳорати таҷриба андухтанро дорад ва аз иштибоҳҳо таҷриба бардошта, имкони ақидаҳои мухталифро дида ва фаҳмидан дорад.
Ҳамин тариқ, салоҳиятҳои шахсӣ - маҷмӯи маҳорату, хосиятҳо ва қобилиятҳоеро дар бар мегиранд, ки то дараҷае барои фаъолияти бомуваффақияту самарабахш заруранд. Салоҳиятҳои шахсиятии худташаккулдиҳӣ барои азхуд кардани тарзу воситаҳои худинкишофдиҳии ҷисмонию маънавӣ, зеҳнӣ, худтанзимнамоии ҳолати равонӣ ва худидоракунӣ равона карда мешаванд. Дар ин замина фард барои манфиат ва имконоти худро нишон додан қобилиятҳои фаъолиятнокеро касб менамояд, ки онҳо дар ташаккули маърифатӣ-психологии шахсиятӣ, тафаккури маданӣ ва ахлоқӣ инъикос мегарданд. Ба салоҳиятҳои мазкур риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, ҳифзи саломатии шахсӣ, маърифати гендерӣ, маданияти экологии ботинӣ ва инчунин, тарзҳои фаъолияти бехатари ҳаётиро дохил намудан  мувофиқи мақсад мебошад.
Албатта ин ҷо қайд намудан бамаврид аст, ки барои баланд бардоштани самараи низоми таҳсилоти олӣ ва ба талаботи бозори меҳнат наздик намудани нишондиҳандаҳои сифатию миқдории он бояд шароити заруриро фароҳам овард. Аз ҷумла, бояд дар мадди аввал инҳо бошанд:
  • мустаҳкам намудани пояи моддию техникӣ ва иқтидори кадрӣ-илмии муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, таъмин намудани онҳо бо адабиёти таълимию методӣ ва компютерҳои замонавии ба шабакаи Интернет пайвастшуда, инчунин ташкили китобхонаи электронӣ, ки ҷавобгӯи талаботи муқарраргардидаи стандартҳои таълимӣ бошад;
  • ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, пурқувват намудани заминаҳо барои рушди илми донишгоҳӣ ва ҳамбастагии он бо дигар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, ки ба сифати тайёр кардани мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд.
 
Адабиёт
  1. Байденко, В.И. Компетенции в професиональном образовании (к освоению компетентностного подхода) / В. И. Байденко // Высшее образование в России. - 2004. - № 11. - С. 3-13.
  2. Зиёӣ Х. Таҳсилоти босалоҳият: таърихи мухтасари пайдоиш ва рушд // Паёми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф.- Душанбе, 2018. – № 1 (21). – С. 3-8.
  3. Зиёӣ Х. Таҳсилоти босалоҳият: истилоҳоти калидӣ // Паёми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф. - Душанбе, 2018. – № 2 (22). – С. 3-10.
  4. Зимняя, И. А. Ключевые компетенции - новая парадигма результата образования / И. А. Зимняя // Высшее образование сегодня. - 2003. - № 5. - С. 34-42.
  5. Зимняя И.А. Ключевые компетентности как результативно-целевая основа компетентностного подхода в образовании. -М., 2004. // https://refdb.ru/look/1198309.html (санаи муроҷиат: 18.11.2019).
  6. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №334 тасдиқ шудааст.
  7. https://www.gstu.by › education › euro-high-edu.
  8. http://www.smart-edu.com/professionalnye-kompetentsii/ lichnostnye kompetentsii.html.
 
Холиқова Ш.Қ., корманди Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
 
 
http://www.zoofirma.ru/