wrapper

         Рӯзҳои 8-11 ноябри соли 2011 дар ш. Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар семинари байналхалқие ширкат доштам. Семинар барои 4 рӯз ба нақша гирифта шуда буд. Чорабинии мазкур дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла: «Геополитикаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мавқеи бозингарони пешбар», «Таҳдидҳо ва хатарҳои нав дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон», «Мушкилоти ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон», «Ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ташкилотҳои минтақавӣ: ТАҲА (ОБСЕ), ОДКБ (СААД), ШОС (СҲШ), СВМДА (МҲТБО), НАТО ва дигарҳо» бахшида шуда буд.

         Соатҳои охири рӯзи сеюми семинар ба шакли саволу ҷавоб ва ба забони англисӣ ҷараён доштанд. Иштирокдорони семинар асосан ҳарбиҳо ва бештар атташеҳои низомии назди сафоратҳои кишварҳои хориҷии муқими Остонаву Алмаато буданд.

         Чун ман забони англисиро ба дараҷаи лозим балад набудам, рафти семинар бароям бисёр дилгиркунанда буд. Ба фикр афтодам ва то андозае аз лаҳзаҳои умри сипаригашта афсӯс хӯрдам. Ва ба худ андешидаму гуфтам, ҳайфо, ки умр гузашт ва фурсатҳои хубу мувофиқи забономӯзӣ аз даст рафтанд. Афсӯс, ки вақт гузаштаву дер шуда ва дар ин синну сол аз бар кардани забони бегона, алалхусус забони англисӣ хеле мушкил аст. Ба хусус, агар шавқу рағбати забоназхудкунӣ дар инсон кунд шуда бошад ва ё аз танбаливу гарданшахӣ на ақл танро маҷбур ба кор карда тавонаду на тан ақлро мутеъ гардонад.

         Дар давоми фаъолияти кориву хидматии чиҳилсолаам, ба хусус ҳангоми сафарҳои хидматӣ ва кору таҳсил дар Афғонистон, ИМА, Чин, Ҳиндустон, Олмон, Эрон, Россия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо борҳо ба чунин мушкилот рӯ ба рӯ гардида, аз хуб надонистани забони англисӣ хиҷолатманд ва озурдахотир низ гаштаам. Ба хусус, агар забони кории ҷамъомад, ба кадом шакле, ки доир гардад (конференсия, семинар, мизи мудаввар ва ғайра), забоне бошад, ки Шумо онро ё тамоман намедонед, ё хеле бад медонед.

         Шарт нест, ки дар ин маврид ба надонистани забони кории маърака аз ҷониби Шумо таъкид кунанд. Таъкидҳои шуда ба ҳеҷ сурат надонистани забон аз тарафи Шуморо ҷуброн намекунанд ва Шуморо аз хиҷолату озурдахотирӣ наҷот намедиҳанд. Ягона роҳе, ки метавонед аз ин нороҳатиҳо ва хиҷолатзадагиҳо гӯё дур бошед, рад намудани даъват ва нарафтан ба он чорабинӣ аст. Вале, боз ҳам ҳолате ба Шумо рух хоҳад доду Шуморо сархаму музтар хоҳад кард, ки аз ҳолатҳои ҳангоми рафтан бадтар хоҳанд буд. Охир, инсон наметавонад, ки тамоми умр ба иллати надонистани забон дар махдудият қарор дошта бошаду аз ватан берун наравад.

         Насиҳат, ҳидоят, хоҳиш ва таманнои банда аз ҷавонҳо ҳамин аст, ки фурсатҳоро ғанимат шуморанд, аз онҳо ба таври комил истифода баранд, танро заҳматпазир кунанд, дар ҳама кор ақлро (агар Худованд онро лоиқ дида бошад) бар тан роҳбар донанд ва бештар ба ақл такя намоянд, зеро бар дидаҳои чашм ва бар ҳавасҳои дил эътимоди комил доштан на ҳамеша ба нафъи кор аст. Ин ҷо ақл бояд роҳбару роҳнишондеҳ бошад!

                                      Зи дасти дидаву дил ҳарду фарёд,

                                      Ки ҳар чӣ дида бинад, дил кунад ёд.

         Хулоса, агар хоҳед, ки дар миёнсолӣ коратон бо барор бошаду худатон аз кору зиндагӣ лаззат баред ва дар пирӣ хору залил нагардеду давлати пирӣ насибатон гардад, дар ҷавонӣ заҳмат кашед!!! Бе заҳмату ранҷ ганҷи мақсуд ба даст нахоҳад омад. Ҳар як ҷавоне, ки орзу ва мақсади пайдо кардани мавқеи хеш дар ҷамъиятрову хоҳиши расидан ба ҷоеро дорад, бояд ва ба таври ҳатмӣ як ихтисоси хубро ба таври амиқ ва ҳамаҷониба аз худ кунад,(албатта ихтисос хубу бад намешавад,муҳимаш он аст, ки ҳар ихтисосеро, ки интихоб мекунед бояд хеле хуб, амиқ ва ҳаматарафа аз худ карда шавад,то дар миёни дорандагони ҳамин ихтисос намуна бошеду аз чониби мардум эътироф шуда ва шинохта). Бубинед, агар Шумо як косиби хуб, яъне як сартароши хушмуомилаву хушкор, як устои дару тирезасози мумтозу ҳалолкор, як пазандаи хӯрокҳои хушмазаву гуворо, як устои бомаҳорати таъмири мошинҳо, як ҷарроҳи сабукдасту ширингуфтор, як муаллимаи ғамхору мушфиқ ва ҳатто як мударриси донишманду бодиёнат ба воя расед, мардуми корафтода аз ҳар гӯшаю канори кишвар Шуморо суроғ карда меоянд.

         Дуввум, як забони хориҷиро (агар англисӣ бошад, боз беҳтар) бо тамоми нозукиҳояш аз бар карда бошеду онро хуб ва ба мавқеъ истифода бурда тавонед. Агар имконият даст диҳаду боз ду-се забони дигарро аз худ намоед, нуран алонур мешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «забон донӣ, ҷаҳон донӣ». Имрӯзҳо, ки мо ба самти ҷаҳонӣ шудан равон ҳастем, донистани забон ё забонҳои хориҷӣ дар ҳаёти ҳар як ҷавон аз аҳамияти фавқулодда бархӯрдор аст.

         Сеюм, кор бо компютерро ба дараҷаи олӣ аз худ намоед. Тамоми ё аксарияти он амалиётеро, ки тавассути компютер анҷом дода мешавад, донед, бахусус барномарезиву барномасозӣ, ҳуруфчинӣ, чоп, хидматрасонӣ ва ғайраро.

         Чаҳорум, ба хондани китобҳои адабиву бадеӣ шавқ дошта бошед. Китоби зиёд хондан, ҳангоми фориғ будан аз дарсу кор Шуморо аз хастаҳолӣ берун мекашад, ҳам рӯҳи Шуморо болида медорад ва ҳам Шуморо сухандону суханфаҳм мекунад. Аз ҳама муҳимаш он, ки дар натиҷаи хондани китобҳои зиёди адабиву бадеӣ, захираи луғавии Шумо бой мегардад ва ҳангоми сӯҳбат ё баромад аз наёфтани калимаҳову ибороти лозим хиҷолатзада намегардед. Басо олимону донишмандони зиёде дорем, ки аз сӯҳбати бе «шпаргалка» ҳарос доранд.

Собиқ Президенти Қазоқистон Н.А.Назарбоев дар яке аз мулоқотҳояш бо хатмкунандагони мактабҳои таълимоти миёнаи махсус дар шаҳри Остона (ҳозира Нурсултон) ба хатмкунандагони соли хониши 2012-2013 муроҷиат карда гуфта буд, ки «ман медонам, ки ҳамаи шумо дар ҷараёни таҳсил асосан аз васоити техникӣ ва сайтҳои интернетии гуногун истифода кардаед ва китоб нахондаед ё хеле кам хондаед. Дар ёд дошта бошед, ки фардо шумо хидмати онҳоеро хоҳед кард, ки ҳар чӣ бештар китоб хонаанд. Аз ин рӯ, то имкон доред,китоб хонед!»

         Агар ҳар касе дар ҷавонӣ ба ин омилҳои муҳим даст биёбад, ҳеҷ гоҳ хор нагардаду аз пайи кор надавад, баръакс ҳам кор аз ақиби ӯ ва ба суроғи ӯ хоҳад омаду ҳам мардуми корафтода ва ҳам роҳбарони идороту муассисот дигар баҳонае барои ба кор нагирифтани ӯ нахоҳанд ёфт.

 Н.Холназаров,

ходими калони илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 
http://www.zoofirma.ru/