wrapper

Дар шароити рушди босуръати илму техника, дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, таърихию фарҳангӣ ва илмию адабӣ дар тамоми соҳаҳо таѓйироти куллӣ ба вуқӯъ омада истодаанд. Таҷрибаи байналмилалӣ ва кишварҳои рушдёфта нишон медиҳад, ки заминаи асосии рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар ин рушди таҳсилоти миллӣ буда, он яке аз вазифаҳо ва  омилҳои муҳимтаринро дар стратегияи пешрафти кишварҳо ба иҷро мерасонад. Пӯшида нест, ки барои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони муосир низ иқтидори зеҳнӣ ва то кадом андоза баланд будани сатҳи таҳсилот ва маърифати фарҳангии миллат ва таъминот бо кадрҳои баландихтисоси огаҳ аз навгониҳои илму техника ва технологияи иттилоотӣ ва ҳамкадам бо замона будан аз унсурҳои муҳимтарини рушди он мебошад.
Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 нақши маорифро ҳамчун манбаи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он муайян менамояд ва рушди низоми таҳсилоти олии касбӣ, дастгирӣ ва инкишоф додани барномаю технологияҳои инноватсионии таҳсилоти олии касбиро дар асоси ҷорӣ ва таъмин намудани технологияҳои иттилоотӣ, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин ташкили таълими фосилавиро зарур меҳисобад [7].
Таҳсилоти фосилавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ мебошад, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад. Дар аоси ин шаҳрвандони ҷумҳурии мо барои интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсилот - рӯзона, шабона, ғоибона, оилавӣ, фарогир, фосилавӣ ва экстернат ҳуқуқ доранд [3].
Таҳсилоти фосилавӣ, чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст, дар кишвари мо ва давлатҳои дигари собиқи шӯравӣ шакли нави рушди таҳсилоти ғоибона ва усули таълим барои шакли рӯзонаи таҳсил мебошад, ки дар он амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ,  ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон, аз қабили машварат ба воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline имконпазир мегардонад.
Унсури муҳими фазои таълими фосилавӣ технологияи интернет мебошад. Шакли омӯзиш бо шабакаҳои компютерӣ ва мултимедиявиро таҳсилоти асри XXI  номидан ба мақсад мувофиқ аст. Зеро дар айни замон, ба туфайли Интернет дар саросари ҷаҳон дастрасии мустақим ба захираҳои гуногуни мултимедия мавҷуд аст. Интернет, воситаҳои зарурии коммуникатсия ва технологияи компютерӣ омӯзиши фосилавии мултимедиро ҷолибтар ва дастрастар менамоянд. Бартарии он на танҳо дар таѓйирпазирии ҷараёни таълим, балки дар ба вуҷуд омадани сатҳи нави таҳсилот ва инчунин дар пайдо кардани маҳорату малакаҳои компютерӣ ҳам аз тарафи омӯзгор ва ҳам аз тарафи донишҷӯ зоҳир мегардад.
Таҳсилоти фосилавӣ бояд ба муносибати босалоҳият ба таълим асос ёбад. Умуман эътироф карда мешавад, ки салоҳият амалияи рефлексивии истифодаи донишҳои бадастомада мебошад. Салоҳият таҷриба ва дониш, қобилияти нав кардани онҳоро ҳангоми амалисозии вазифаҳои касбӣ талаб мекунад ва барои ҳамаи қарорҳо ва амалҳо масъулияти шахсӣ дорад. Шахси дорои салоҳият қобилият дорад, ки дар ҳалли масъалаҳои касбӣ чандирӣ ва мустақилият нишон диҳад.
Дар баробари ин, таҳсилоти фосилавӣ бояд ба технологияҳои муосири таълим такя намояд, яъне чунин низоми фаъолияти пайдарпай ва марҳила ба марҳилаи омӯзгор ва таълимгиранда бошад, ки дар ягонагии ҳамаи унсурҳои раванди педагогӣ ва шароити роҳандозии он сурат гирад. Зимни ин истифодаи чунин технологияҳои муосири таълим - технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, “таълим бо фаъолият”, рушди тафаккури интиқодӣ, таълими инкишофдиҳанда, лоиҳасозӣ, технологияҳои барои саломатӣ муфид, таълими проблемавӣ, таълими ҳамгиро, педагогикаи ҳамкорӣ,  низоми таълими мутобиқкунанда, низоми инноватсионии баҳогузорӣ - «портфолио», таълими хусусӣ-тамоюлӣ, технологияҳои бозӣ, дифференсиатсияи сатҳҳо, технологияи рейтингӣ, модулӣ, квест-технология, кейс-технология ва ѓайра барои ташаккули салоҳиятҳо дар шакли таҳсилоти фосилавӣ хеле муҳим арзёбӣ мегарданд [4].
Бояд таъкид намуд, ки дар замони муосир ба рушди таҳсилоти фосилавӣ ду омили асосӣ: дастрасӣ ба Интернет ва сифати иртибот таъсир мерасонад. Дар таълими электронӣ раванди таълим бо истифода аз маълумоти дар пойгоҳи додаҳо (захираҳои электронӣ) ташкилёфта ва дар амалисозии барномаҳои таълимӣ сурат мегирад, ки коркарди онро тавассути технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои техникӣ, шабакаҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ барои интиқоли иттилооти мазкур тавассути хати алоқа ва ҳамбастагии иштирокчиёни ҷараёни таълим таъмин менамояд.
Ташкил ва фаъолияти системаҳои омӯзиши электронӣ ба истифодаи василаи интиқоли иттилоот ба технологияҳои мубодилаи иттилоот асос ёфтааст. Дар доираи лоиҳаҳои гуногун дар як қатор муассисаҳои тахсилоти олии касбӣ барои таълими донишҷӯён технологияҳоро барои таълими фосилавӣ муҳайе сохтаанд. Айни замон ба востиаи шабакаҳои интернетӣ аз шаклҳои нави дарс-тренингҳои таълимӣ васеъ ба кор бурда мешавад, ки ба тариқи зайл сурат мегиранд: дарсҳои онлайнӣ бо истифодаи нармафзори Skype, дарсҳои фосилавӣ бо истифода аз интернет (масалан, дар ВКонтакте) ва ѓ.
Афзалиятҳо ё омилҳои мусбати таҳсилоти фосилавӣ пеш аз ҳама дар муносибати инфиродӣ ба таълим ва баъд аз он мустақилона интихоб кардани вақт ва макон барои омӯзиши фанни таълимӣ, инчунин истифодаи технологияи навтарин дида мешавад. Илова бар ин, бояд дар назар дошт, ки таҳсилоти фосилавӣ намунаи ташкили ҳамкориҳои донишҷӯ ва омӯзгор бо технологияи иттилоотӣ мебошад. Курсҳои босифати онлайн бо истифода аз системаҳои таълимии онлайн (LMS) таъсис дода мешаванд. Системаҳои MMS дар асоси Moodle барои густариши ҷузъҳои омӯзиши шабака васеъ истифода мешаванд.
Бояд қайд кард, ки ҷорӣ намудани унсурҳои таълими фосилавӣ вобаста ба интихоби ҷой ва вақти муносиби корҳои таълимӣ васеъ гашта, омӯзиши онлайнӣ имкон медиҳад, ки раванди таълим бо тарзи ҳаёти муқаррарӣ тавъам гардад. Дар системаи таълими электронӣ донишҷӯён пайваста бо асбобҳои таълимӣ, корҳои лабораторӣ, супоришҳои амалӣ, дастурҳо оид ба омӯзиши фанҳо, супоришҳои ҳисоббарорӣ, лексияҳо дар шакли мултимедия, презентатсияҳо, модулҳои интерактивӣ дар асоси маводи таълимӣ таъмин карда мешаванд.
Технологияҳои фосилавии таълимӣ, аз як тараф, яке аз ҷузъҳои муҳимтарини ҷараёни таълимро аз ҷиҳати анъанавӣ истисно карда, тамоси шахсӣ ва муколамаи донишҷӯ бо муаллимро, аз ҷониби дигар, таъмин месозанд. Муоширати дуҷониба дар масофа тавассути эҷоди самараи «ҳузур» -и омӯзгор ва «муоширати дидактикии мақсаднок» ба даст оварда мешавад. Омӯзгоре, ки таҳсилоти фосилавиро роҳбарӣ мекунад, усул ва воситаҳои таълимро барои пешниҳоди дастрас ва маводи визуалии дахлдори таълимӣ, аз қабили хулосаҳои электронӣ, энсиклопедия, глоссарий, анкета, лабораторияҳои виртуалӣ ва ғайра интихоб мекунад.
Ҳангоми таҳияи курси фосилавӣ меъёрҳои дақиқи баҳодиҳии дониши донишҷӯён муайян карда мешаванд: баҳоҳо бе иштироки омӯзгор дар режими худкор ҳисоб карда мешаванд, ки ғаразнокиро бартараф мекунад ва таълимгирандагон ба назорати ҷории дарсҳо ва кори хонагӣ баҳои оқилона медиҳанд. Дар баробари ин, василаи фароҳам овардашудаи алоқаи электронии байни донишҷӯ-шунаванда ва омӯзгор-роҳбарикунада муносибати инфиродиро ташаккул медиҳад ва бо ёрии омӯзиши электронӣ шаклҳои рамзӣ ва шифоҳӣ - садо, графика, видео, аниматсия, почтаи электронӣ, навигариҳои гурӯҳ барои пешниҳоди мавод истифода мешаванд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвари мо технологияҳои мултимедиявӣ бештар дар шаклҳои зерин васеъ истифода бурда мешаванд:
  1. Таҳияи презентатсия, яъне муаррифинома. Ҳангоми омӯзиши мавзӯъҳои нав, барои ҷалб намудани диққати донишҷӯён самаранок истифода шуда, он имкон медиҳад, ки мазмун ва ѓояи масъалаи баррасишаванда дар миқёси гуногун намоиш дода шавад ва салоҳияти эҷодии шахси муаррификунанда дар таҳқиқ ва таҳлили мавзӯъ баръало инъикос ёбад.
  2. Арзёбии дониш. Вазифаҳои тестӣ, аз ҷумла супоришҳои тасвирӣ, инчунин кори амалӣ дар компютер, имкон медиҳанд, ки самаранокии таълим дар сатҳи сифатан нав назорат карда шавад ва донишу малакаи донишҷӯ бо истифодаи барномаҳои махсус арзёбӣ карда шавад.
  3. Лоиҳаҳои донишҷӯӣ. Корҳои мустақил бо PowerPoint ё муҳаррирони видеоӣ оғози қавии фаъолияти эҷодӣ барои донишҷӯ мебошад. Шояд на ҳама рассом ҳастанду тасвирҳои зебо меофаранд, вале ҳар як шахс метавонад, ки тарзи сохтори иттилоотро омӯхта, ҷузъҳои мантиқӣ ва дурусти намудҳои гуногуни даркро интихоб кунад ва ҳамзамон маҳорат ва захираҳои зеҳниии худро баланд бардорад. Яъне инкишофи эҷодкорӣ дар иҷрои лоиҳаҳои донишҷӯӣ мақсаднок мегардад.
Бояд қайд кард, ки барои рушди минбаъдаи таҳсилоти олии касбӣ ва пурра ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ, инчунин истифодаи технологияҳои мултимедӣ, ки он дар оянда механизми таъмини талаботи ҷорӣ ва минбаъдаи ҷомеаро такон бахшида ба рушди босуръати иқтисодӣ мусоидат менамояд, зарур аст, ки:
- ба дараҷаи таъминоти аксарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо заминаи моддию техникӣ, адабиёти таълимию методӣ, компютерҳои замонавии ба шабакаи Интернет пайвастшуда диққати ҷиддӣ дода шавад;
- барномаҳои таълимии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ таҳия шаванд; фаъолияти илмии умумидонишгоҳӣ дар ҷумҳурӣ робитаи ногустанӣ пайдо намояд;
- низоми дақиқи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои илмӣ-педагогӣ ташкил карда шавад; низоми таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи бозори меҳнат равона ва ҷавобгӯ бошад;
- ба идоракунӣ ва арзёбии сифати таҳсилот таваҷҷӯҳи кофӣ дода шавад ва ҳамзамон низоми таҳсилоти фосилавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ тибқи талаби замон ба роҳ монда шавад.
Дар таҳсилоти фосилавӣ бештар модулҳои гуногун истифода бурда мешаванд ва усули модулӣ одатан ҳамчун тарҳрезии маводи таълимӣ дар шакли воҳидҳои тайёр бо назардошти хусусиятҳои атрибутӣ тафсир карда мешавад. Модул дорои хусусиятҳои маърифатӣ (иттилоотӣ) ва таълимӣ-касбӣ (фаъолият) мебошад, ки вазифаи онҳо ташаккули донишҳои назариявӣ ва малакаҳои касбӣ дар асоси донишҳои ба даст овардашуда мебошад. Намунаи модули фаъолият метавонад лаборатория бошад. Самти амалии ҷараёни таълим дар он аст, ки омӯзиши курсҳо бо ҳалли масъалаҳои абстрактӣ не, балки бо мушаххасот алоқаманд аст. Танзими доимии маводи электронии таълимӣ аз ҷониби омӯзгорон ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки маводи дахлдорро азхуд кунанд ва дар бозори муосири меҳнат мутахассис шаванд.
Ба ақидаи мо дар шароити кунунии кишвари мо барои дар сатҳи баланд ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ бояд чунин тадбирҳо ҳатман амалӣ карда шаванд: 1) таъмин бо таҷҳизоти техникӣ; 2) таъминоти барномавӣ ва усулҳои таълимии таҳияшуда; 3) таъмини дастрасии доимӣ ба Интернет, ки бояд дар мадди аввал гузошта шавад.
Ҳамин тариқ, дар шароити нави тамаддуни иттилоотӣ, системаҳои омӯзиши электронӣ метавонанд мафҳуми раванди таълимиро бори дигар таҳлил намоянд. Умуман, технологияи таҳсили фосилавӣ як раванди банақшагирифташуда мебошад, ки вазифаи асосии он дар ниҳояти кор омӯзонидани малакаҳои фаъолияти мустақилона мебошад. Омӯзиши электронӣ барои амиқсозии дониши назариявӣ ва баланд бардоштани малакаҳои амалӣ, инчунин ташаккули фарҳанги техникию технологӣ имкони хуберо фароҳам меорад.
Муҳиммияти таҳсилоти фосилавиро ҳодисаҳои охирин дар олам дар шароити пандемия бори дигар таъкид сохтанд. Дар асоси пешгӯиҳои мутахассисон метавон таъкид сохт, ки дар оянда дар тамоми кишварҳо ба фаъолияти меҳнатӣ машѓул шудан ба тариқи фосилавӣ барои баъзе ширкату созмонҳо ба як амри зарурӣ табдил ёфта, технологияҳои «абрӣ» бештар рушд мекунанд. Ин шакли фаъолият дар давраи карантин нишон дод, ки барои баъзе ширкату корхонаҳо он аз иҷораи идора, офис ва масоҳатҳои дигари корию баргузории ҳамоишҳо хеле арзонтар мебошад. Дар баробари ин, инсоният минбаъд ба рушди таҳсилоти фосилавӣ дар тамоми шаклу зинаҳои он бештар таваҷҷуҳ мекунад. Мустақиман дар шабака (он-лайн) зиёрат кардани осорхонаҳо, намоишҳо, чорабиниҳои дигари фарҳангию варзишӣ ва ҳатто чунин навъи сайёҳӣ, аз диди коршиносон, ба як амали муқаррарӣ табдил меёбад. Ба ибораи дигар, таҳсилоти фосилавӣ акнун метавонад, ки на танҳо барои таълимгирандагон ҳамчун шакли таҳсилот бошад, балки ҳамчун таҷриба барои минбаъд ба фаъолияти меҳнатӣ машѓул гардидан ва дар ҳаёти рӯзмарра истифода бурдани воситаҳои он хизмат намояд.
Бо сабабҳои дар боло зикршуда дар ҷабҳаи таълиму тадрис низ дигаргуниҳои сифатӣ, шаклӣ ва мазмунӣ ба миён омаданд, ки дар асоси онҳо дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ва технологияи таълими ин ё он фан низ аз нигоҳи имрӯз таҷдиди назар мехоҳад ва тақозо менамояд, ки дар ин самт тозагиҳо, падидаҳои нав, ислоҳоту навгониҳои ба талаби замон мувофиқ ворид гарданд.
 
Адабиёт:
  1. Авво Б.В. Методология компетентностного подхода в высшем образовании // http://www.emissia.org/offline/2005/978.htm (санаи муроҷиат: 27.02.2018).
  2. Косевска Н.В. Преимущества использования мультимедийных технологий в образовательном процессе дистанционного обучения // Современная педагогика. 2015. № 5 [Электронный ресурс]. URL: http://pedagogika.snauka.ru/2015/05/4345 (дата обращения: 09.04.2019).
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” аз 26.07.2014 с.
  4. Леонтьева И.А. Дистанционное обучение как одно из средств повышения качества образования студентов в вузе //https://cyberleninka.ru/article/n/viewer(дата обращения: 13.02.2020).
  5. Мультимедиа технология. Основные понятия, представление мультимедийной информации, функции и области применения. — URL: http://5fan.ru/wievjob.php?id=36279 (дата обращения 12.05.2019),
  6. Образование: сокрытое сокровище. Основные положения Доклада Международной комиссии по образованию для XXI века. - Издательство ЮНЕСКО, 1996 // http://www.ifap.ru/library/book201.pdf (санаи муроҷиат: 13.02.2018).
  7. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №334 тасдиқ шудааст.
 
Холиқова Шоира Қодировна
 
 
http://www.zoofirma.ru/