wrapper

Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар баромади худ ҳангоми кушодашавии расмии бинои нави Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон гуфта буд: «Сарчашмаи дӯстии халқҳои мо ба давраи қадимаи асрҳои қадим рафта мерасад. Фарҳанг, таърих ва анъанаҳои монанди қазоқҳо ва тоҷикон барои ҳамкории бисёрсатҳаи мо дар муносибатҳои дутарафа ва бисёрҷабҳа заминаи мустаҳкамест».
Дар охири солҳои 30-юм, тоҷикон дар баъзе ноҳияҳои Қазоқистони ҷанубӣ - Махтааралу Ҷетисой, Сариоғоч маскан гирифтанд. Ноҳияи Махтаарал - собиқ дашти беканори вилояти Қазоқистони ҷанубӣ буд, ки онро Гавронка меномиданд. Бино бар таҳқиқоти профессор Маҳмуди Форишӣ олимон ва муҳандисони Русия бори нахуст дар ин ҷо қитъаҳои таҷрибавӣ ва бошишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ бунёд карданд. Аввалин хоҷагии ин ҷо совхози «Пахтаарал» аст, ки соли 1924 бо ташаббуси эҳёгарони рус А.С.Орлов ва Ф.Ф.Семенов барпо шуд. Дар ин ноҳия маскан гирифтани тоҷикон аз соли 1934 сар шуд, ки онҳо аз Фориши вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон  буданд.  Аввалин оилае, ки соли 1934 ба ин ноҳия аз Фориш омад, оилаи бобои Остона Шарифови Пориштӣ мебошад. Пас аз солҳои 40-ум теъдоди онҳо афзуда, ба 3000 оила расид, ки  он тақрибан 15 ҳазор нафарро ташкил мекард.
Баъдтар ба ин ҷо тоҷикон боз аз ноҳияҳои дигар омада, хоҷагии калони «Пахтаарал» ва «Свердлов»-ро ташкил доданд. Аҳолии деҳаи Фирдавсии хоҷагии «Новый путь» аз Мастчоҳи Тоҷикистон буда, ба ин ҷо солҳои 1953-1954 кӯчида омадаанд. Аз рӯи маълумоти профессор Абдусаттор Нуралиев, дар соли 2003-юм дар ноҳия тахминан 27 ҳазор тоҷикон мезистанд. Онҳо асосан бо пахтакорӣ ва зироаткорӣ машғул буданд. Дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ низ иштироки тоҷикони қазоқистонӣ дида мешуд. Дар байни онҳо собиқадорони ҷангу меҳнат, ки обрӯю эътибори муайян доранд, бисёранд: Назарбек Сафаров (1918-1989), иштирокчии ҶБВ, собиқ мудири қитъаи совхози «Пахтаарал», Муяссар Шарипов, иштирокчии ҶБВ, омӯзгори машҳур, Ҳасан Ибодуллоев, раиси собиқадорони ҷанги Афғонистон ва дигарон аз қабили онҳоянд. Барои фарзандони онҳо ду мактаби миёна ва як мактаби ибтидоии тоҷикӣ кушода шуда буд. Дар соли 2003 дар ноҳия ҳашт мактаби тоҷикӣ амал мекард.
Ҳукумати ноҳия ба тоҷикон ғамхорӣ мекунад. Дар ноҳияи Сариоғоч низ тоҷикон дар якҷоягӣ бо қазоқҳо зиндагӣ мекунанд. Соли 1989 тоҷикон дар совхози ба номи Ленини ноҳия 3496 нафар ё 40 фоизи аҳолиро ташкил медоданд. Дар Сариоғоч 3 мактаби тоҷикӣ ва 3 мактаби омехтаи тоҷикию қазоқӣ амал мекард. Дар Навобод ва Интиноқ низ тоҷикон иқомат доранд, ки мактаби онҳо беш аз 1000 хонандаро дар бар мегирифт. Тоҷикони ин ҷой асосан аз Бӯстонлиқи вилояти Тошканд ва Мастчоҳ мебошанд. Дар ноҳияи Ҷетисой аз соли 1995-ум Маркази фарҳангии тоҷикон, ки роҳбараш Ҷаҳонгир Давронов буд, амал мекунад. Пас аз вафоти ӯ дар соли 2003-юм Акабой Худойқулов роҳбарияти ин марказро бар ӯҳда дорад.
Тоҷикон дар ноҳияи Сайрам, маркази вилоят шаҳри Чимкент (Шымкент) ва шаҳри Тараз ҳам зиндагӣ мекунанд. Мувофиқи маълумоти барӯйхатгирии соли 1989 дар ҷумҳурӣ 25 514 нафар тоҷикон ба қайд гирифта шудаанд. Баъди воқеаҳои хунини аввали солҳои 90-ум теъдоди онҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон хеле афзуд. Шумораи онҳо фақат дар шаҳри Алма-Ато соли 1999 беш аз 5 ҳазор нафар буд, феълан теъдоди онҳо ба 15 ҳазор мерасад.
Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз кишварҳои пешқадам дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, ки шаҳру деҳоти он бо суръат тараққӣ менамояд. Бинобар ин кишвари мазкур ба қувваи кори зиёд ниёз дорад. Аз ин хотир муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба ҳар восита ба ин ҷо меоянд ва сафи онҳо сол то сол меафзояд. Раванди мазкур Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Сарвари давлатро водор менамояд, ки ҳалли ин масъаларо зери назорат дошта бошад. Акбаршо Искандаров – собиқ Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар ҶҚ ва Муғулистон дар мусоҳиба бо мухбири ҳафтаномаи «Чархи гардун» Ҷ.Ҳусейнова дар ин хусус чунин изҳор дошт: «Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба сафирони ҶТ дар кишварҳои хориҷа таъкид менамояд, ки кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатиро вазифаи аввалиндараҷаи хеш бидонанд. Бинобар ин кормандони сафорати мо ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон ҳастанд. Дар фурудгоҳу вокзалҳои роҳи оҳан ҳамеша намояндагони сафорат навбатдор буда, пайваста бо ҷамъиятҳои тоҷикон дар тамоми шаҳрҳои Қазоқистон дар тамосанд».
Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар ба масъалаи мазкур таваҷҷӯҳи хоса дорад, ки аз фаъолияти он зоҳир мегардад. Дар Қазоқистон бо иштироки бевоситаи Сафорати Тоҷикистон легализатсияи (ошкоргардонии) муҳоҷирон гузаронда шуд, ки мутобиқи он муҳоҷирони тоҷик иҷозати сесолаи қайду иқомат ва ҳуқуқи кор карданро дар ҳудуди кишвар гирифтанд. Сафорат низ дар навбати худ ҳафт намояндагиашро ба кишвари мазкур фиристода, тавассути онҳо аз вазъияти муҳоҷирони меҳнатӣ огоҳ мешавад.
Диаспораи тоҷик дар соҳаи зироаткорӣ низ саҳм гузошта, обрӯву эътибор пайдо кардааст. Дар ин бора метавон зодаи Ҷиззах Сафаров Назарбекро (1919-2000) мисол овард. Ӯ иштирокчии ҶБВ буда, дар соли 1943 ба совхози Махтаарал муҳоҷир шуда омад ва дар соҳаи пахтакорӣ ном баровард. Дорандаи Орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи меҳнат. Ба шӯъбаи 40-солагии совхози Махтаарал номи «Нарзибек» гузошта шудааст.
Насриддинов Тошпулод (тав.1922) соли 1962 бо аҳли оилааш ба колхози ба номи Ленини ноҳияи Сариоғоч кӯчида омад. Аввалин шуда дар ин ҷо дар гармхона рӯёндани ҳосилро ташкил кард. Барои хизматҳояш бо чандин ордену медалҳо мукофотонида шудааст. Анъанаи дар гармхона рӯёндани ҳосили обчакориро Сарибоев К. давом додааст.
Зодаи Тоҷикистон Хайриддин Толибов аз соли 1998-ум дар совхози «Успенский»- и вилояти Актюбинск зиндагӣ ва кор мекунад. Ӯ ва 50-60 нафар ҷавонон, ки дар байни онҳо ҳамватанон низ бисёранд, маҳсулоти кишоварзиро дар 250 га заминҳои иҷора парвариш мекунанд. Ҳосили ғундоштаашонро худашон ба фурӯш мебароранд.  
Тоҷикон дар худуди Қазоқистон асосан ба тиҷорат, соҳибкорӣ, ҳаммолӣ ва касбу кори дигар машғуланд. Миразиз Усмонов хатмкардаи факултаи физикаи ДДТ буда, соли 1992 дар Алма-Ато маскан гирифта, ширкати хусусии «Амал»-ро таъсис дод, ки он асосан ба кишти гандум, ҷамъоварӣ ва фурӯши он машғул шуд. Ин ширкат Тоҷикистонро дар солҳои душворӣ бо орду гандуми хушсифат таъмин менамуд. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ӯ чун афсар хизмати ҳарбиро дар қисми низомии «Атар»-и наздикии шаҳри Алма-Ато гузаронид. Баъди адои хизмат ӯ тиҷорати хешро аз сифр шурӯъ карда, ба дараҷаи соҳибкори маъруфи қазоқ расид. Имрӯз соҳибкори тоҷик гурӯҳи калони ширкати «Асил Ормон»-ро, ки дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт фаъолият доранд, сарварӣ менамояд. «Асил Ормон» 18 ҳазор гектар замини хусусӣ дошта, дар он навъҳои хушсифати гандум парвариш меёбанд. Ғалла дар осиёбҳои хусусии ширкат орд шуда, бо он Тоҷикистону Қирғизистон ва худи Қазоқистон таъмин карда мешаванд. Илова бар ин, ширкати М.Усмонов дар бозори Қазоқистон истеҳсолкунандаи пешсафи нуриҳои маъданӣ мебошад. Ширкати мавсуф инчунин дар бобати захираҳои ҷинсҳои кӯҳӣ яке аз калонтарин корпоратсияҳои ҶҚ-Ҷамъияти саҳомии «Алюминии Қазоқистон», ҶС барқии «Евразия», корпоратсияи «Қазоқмис», ҶС «Иттиҳодияи истеҳсолии маъдани кӯҳии Соколов-Сарбайск» ва ғайраҳо мебошад. Якчанд сол қабл аз ин ширкати «Асил Ормон» дар Қазоқистон бузургтарин корхонаи истеҳсоли полипропиленро ташкил кард, ки моҳе се миллион дона чунин халтаҳоро истеҳсол мекунад.
Филиалҳои ширкати «Асил Ормон»  имрӯз дар Нур-Султон (Остона), Алма-Ато, Кокшетав, Кустонай, Петропавловск, Қарағанда, Тараз, Шимкент амал мекунанд, ки дар онҳо беш аз 400 нафар одамони миллатҳои гуногун кору фаъолият мекунанд. Инчунин дар шаҳрҳои Душанб, Ҳисор, Хуҷанд, Чкаловск, Конибодом, Исфара ва Бишкек корхонаҳои ӯ амал мекунанд. Илова бар ин, ӯ барои сохтмон ва саноати Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Бо ин мақсад дар як қатор ноҳияҳои Тоҷикистон комбинати коркарди чӯбу тахта, осиёб ва ғайра бунёд карда, мардумро бо ҷои кору маош таъмин намуд. Ният дорад дар шаҳри Душанбе ҳам чунин корхонаҳоро таъсис диҳад. Бародари М.Усмонов, номзади илми таърих дотсент Мирусмон Амаков ҳам дар филиали ширкати «Амал» дар Кокшетав ба киштукори ғалладона ва ғайра машғул буд. Онҳо бо Тоҷикистон робитаи наздик доранд. Қазоқистон барои М.Усмонов ватани дуюм гардидааст, ҳар сол вай ба зодгоҳи худ-Исфара меояд ва барои ободии он ҳам ҳисса мегузорад. Боиси зикр аст, ки  Бунёди байналхалқии хайриявӣ ба номи Фирдавсӣ М.Усмоновро барои фаъолияти хайриявиаш бо медали тилло мукофотонидааст.
Шарифов Саидмурод низ аз ҷумлаи соҳибкорони тоҷик аст. Вай раиси Ассотсиатсияи иттиҳодияҳои фарҳангии тоҷикони Қазоқистон бо номи «Сомониён» (2003-2008) мебошад.
Ёлов Махмуд Нурович – хатмкардаи Донишкадаи варзиши Тошкент (1979-1981), ноиб-президенти иттиҳодияи ҷамъиятии саҳҳомии «Интымак» Шоалиев Нуралӣ (1949), ки зодаи ноҳияи Сариоғоч ва хатмкардаи Донишгоҳи политехники Тошкент аст, ҳамчунин директори завод оид ба истеҳсоли ғишт (аз соли 1992), Юсуфов Сайфулло – директории ҶСС «ГХ Шымкентгаз» аз ҷумлаи ҳамдиёрони қазоқистонии мо мебошанд.
Толиб Саноқулов, яке аз соҳибкорони бомуваффақияти Қазоқистон аст. Вай мутахассиси дипломдори соҳаи маъданшиносӣ буда, ҳамчун муҳандис ва роҳбари хоҷагидорӣ фаъолият намудааст. Дар фаъолияти худ то ба вазифаи директори заводи ҷавоҳирот расида, соли 1994 бо сабаби баста шудани завод бекор монда, ба Душанбе  кӯч баста, дар ин ҷо бо содироти тамоку ба Русия ва Белорусия машғул буд. Аммо дертар дӯстонаш ӯро боз ба Қазоқистон даъват намуданд, ки дар ин ҷо Толиб Саноқулов аз деҳқонони муфлисшуда заминҳояшонро харидорӣ намуд ва бо киштукор машғул гардид. Роҳбарият пешрафтҳои деҳқони тоҷикро дар заминдорӣ дида, боз заминҳои бесоҳиб ва бекорхобидаро ба вай доданд, ки дар натиҷа миқдори умумии заминҳояш ба 45 ҳазор га расид. Ҳамин тавр дар ҳудуди се совхози собиқ корҳои киштгардонӣ ва ободонӣ оғоз ёфтанд. Ба соҳибкори панҷакентӣ муяссар гардид, ки муҳоҷиронро бозгардонад. Дар натиҷа оилаҳо баргаштанд, мактабҳои корношоям ба кор шурӯъ намуданд ва кӯдакон аз овулҳои дурдаст ба мактаб бо микроавтобуси аз ҷониби соҳибкор тӯҳфашуда меомаданд.
Фаъолияти Толиб Саноқулов ба Афғонистон ҳам паҳн гардида, ширкати вай ба содиркунандаи орд ба ин мамлакат табдил гашт. Ҳаҷми содиротии орд рӯз аз рӯз афзун мегашт ва ба даҳ ҳазор тонна дар як моҳ расид. Маблағҳои озод бисёр шуданд. Соҳибкор паркҳои бекористодаи мошину тракториро барқарор намуд. Баъдан соҳиб базаҳои истеҳсолии дар канори Кустанай воқеъбударо харидорӣ намуда, дар он осиёби нерӯяш 120 тонна дар як шабонарӯзро сохт. 70% орди Кустанай ба кишварҳои Оисёи Миёна, Германия, Миср, Покистон ва Афғонистон содир гардида, 30%-и он дар худи Қазоқистон ба фурӯш бароварда мешавад. Чанде пас Толиб Саноқулов кашфиётгари истеҳсоли канаб дар вилояти Қустанай гардид, ки дар ин хусус рӯзномаи «Костанай агро» аз 27 ноябри соли 2009 хабар дода буд. Соҳибкор ният дорад, ки дар ояндаи наздик истеҳсоли маҳсулоти нав – гӯштро ба роҳ монад. Вай маҷмааи чорводориро барои 10 000 сар чорво сохта истодааст, ки арзиши он ба 7,2 млн. доллари ИМА баробар аст. Ба ғайр аз ин ҳама вай тасмим гирифтааст, ки мушкилоти иҷтимоиро низ ҳал намояд: барои коргарону кишоварзон хонаҳои истиқоматӣ месозад, мактабҳоро таъмир мекунад, ба иштирокдорони ҶБВ кӯмаки моддӣ мерасонад.
(давом дорад)
Ходими калони шуъбаи
ОМ ИОМДОА АМИТ
Саримсаков И.К.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Адабиёт:
1.Эмомалӣ Раҳмон. Муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон хусусиятҳои шароити стратегӣ пайдо мекунанд. Нутқ дар мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қазоқистон//Садои мардум. 2007, 20 сент.
2.Эмомалӣ Раҳмон. Дӯстонро дар рӯзи мушкил мешиносанд.
  1. Рахмонов Э. Ещё больше укрепления дружбы и партнёрства// Вместе рука об руку. Составитель М.Тоштемиров.-Душанбе:Шарқи Озод, 2002.
 4.Суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Қазоқистон. Остона, 12 майи соли 2008.//Тоҷикистон, 2008, 22 май.
5.Абдуллоев Акобой. Тоҷикони Қазоқистон. Очерк ва хотираҳо.-Душанбе,2005.
6.Абилдаев Е. Наши страны находятся в одном регионе и менталитет казахов и таджиков во многом идентичен.-Вечерний Душанбе, 2006, 14 дек.
7.Бобохонов М. Тоҷикони Қазоқистон//Бобохонов М. Таърихи тоҷикони ҷаҳон.-Нашри дуюм.-Душанбе:Ирфон, 2002
8.Бабаханов М. Таджики Казахстана//Бабаханов М. История таджиков мира. Учебник для вузов.-Душанбе:Деваштич, 2004.
9.Бартольд В.В. Место прикаспийских областей в истории мусульманского мира// Соч.-М., 1965.-том I, том III
10.Вахидов Ш.Х., Аминов Б.Б. История Казахстана в персидских источниках.-Алматы:Дайк-Пресс,2005
11.Гинзбург В.В. Антропологический состав населения Средней Азии и Казахстана//Народы Средней Азии и Казахстана.-М., 1962.-вып.1.
12.Дипломатияи Тоҷикистон.-Душанбе: Ирфон, 2009, с.59-64.
13.Искандаров А. Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон назар ба Русия беҳтар аст//Чархи гардун, 2007, 19 июл
14.Искандаров А. Дурнамои  ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон равшану умедбахш аст.-Ҷумҳурият, 2006, 14 дек.
15.Маҳмуди Форишӣ. Тоҷикони Фориш.-Гулистон, 2000
16.Мирзорахматов С. Творчество, создающее магические мосты (Сафару Абдулло исполнилось 50 лет) // Вечерний Душанбе, 2005, 11 февр.
17.Назарбаев Нурсултан. Новая пирамида в казахстано-таджикских отношениях //Вместе рука об руку. Составитель М.Тоштемиров.-Душанбе:Шарқи Озод, 2002.
18.Назарбаев Нурсултан. В поиске истрии.-Алматы:Атамура,1999.
  1. Нуралиев А. Таджикско-казахские культурно-литературные связи XIX-XX веков. -Душанбе:Суруш, 2001
20.Нуралиев А. Таджикско-казахские культурные связи в условиях независимости//Ф.М.Джураев. Таджики Казахстана.-Алматы, 2008.
  1. Саидов З. Внешняя политика Президента Э.Рахмонова.-Душанбе: Сарпараст, 2001.
  2. Саидов З. Межгосударственные отношения Республики Таджикистан в двухстороннем формате.-Душанбе:Авесто, 2001.
23.Таджики в Казахстане// Таджикистан-Казахстан многовековая дружба.-Алматы: Новые горизонты, 2006
  1. Усенбекова С. Хранитель древнего огня//Asia Plus, 2005, 3 февр.
  2. Худойқулов А. Паёми тоҷикони мулки қазоқ. (Аз номаҳо ба Анҷумани Пайванд)//Пайванд.-Душанбе:Деваштич, 2006, №11
  3. Шарифов Ҳ. Тоҷикони бурунмарзӣ (таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира). Нашри дуюм бо иловаҳо ва ислоҳҳо.-Хуҷанд, 1999
  4. Шарифи Шариф. Пайванди ҷон//Ҷумҳурият, 2006, 15 дек.
  5. Яқубшоҳ Ю. Тоҷикон. (Пиромуни этногенез).- Душанбе, 1995
  6. Чураев Ф.М. Точикони Казокистон. –Алматы: Жети Жарги, 2008.
 
 
http://www.zoofirma.ru/