wrapper

Вақтҳои охир якбора тезу тунд шудани вазъият дар Шарқи Наздик ва дар Аврупо вазъият дар Осиёи Шимолу Шарқӣ то андозае ташануҷ пайдо карда, дар он як қатор омилҳои дарозмуддат бо шиддат вазъиятро дар арсаи амнияти байналмилалӣ тезу тунд мекунанд. Яке аз ин омилҳо мушкилоти муносибатҳои Япония бо ҳар ду кишвари нимҷазираи Корея ба ҳисоб меравад. Як қатор мушкилот - мероси гузаштаи мустамликадории Япония ва таҷовузи он ба қитъа ва дигаре - ҷанги сард мебошад. Суботи ҳарбӣ ва дурнамои сиёсати минтақа аз ҳалли онҳо вобаста аст. Таърих то имрӯз дар муносибатҳои Япония  бо  Кореяи Ҷанубӣ бори гарон гузоштааст. Яке аз онҳо мушкилоти янфу “занон барои тасаллӣ” (даҳҳо ҳазор занони кареягӣ дар замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маҷбуран барои афсарони японӣ дар фоҳишахонаҳо нигоҳ дошта мешуданд) мебошад. Дигаре баҳси муайянкунии марзҳо дар баҳри Япония мебошад. Айни замон ҷазираҳои беодамро (Такешима бо японӣ, Токто бо кореягӣ) Кореяи Ҷанубӣ назорат мекунад ва ҳама гуна даъвоҳо аз ҷониби Японияро нисбат ба онҳо рад мекунад.
Аз тарафи дигар Сеул пайваста аз Токио узрхоҳии комилро барои таҷовуз ба шаъну шарафи сокинони нимҷазира, ки дар замони ҷанг ба вуҷуд пайваста буд, талаб менамояд, ва инчунин мехоҳад хисороти моддӣ ва зарарҳои маънавию ҷисмонӣ ба даҳҳо зани солхӯрдаро ҷуброн намоянд. Токио мавҷудияти чунин мушкилотро рад мекунад ва қайд мекунад, ки ин мушкил  ҳангоми эътидоли муносибатҳои дуҷониба дар соли 1965 ҳал карда шуд.
         Санаи 28 уми декабри соли 2015 вазири корҳои хориҷии Япония Кисида Фумио ва Кореяи Ҷанубӣ Юн Бен Се дар Сеул барои ҳалли ин мушкилот созишнома ба имзо расониданд, ки мувофиқи он Япония барои наҷотёфтагон “занон барои тасалӣ” 1 млрд иен (8,22 млн доллари амрикоӣ),  маблағ ҷудо намуд ва сипас тариқи суҳбати телефони сарвазири Япония Синдзо Абэ аз президент Пак Кин Хе узрхоҳии шахсӣ намуд. Созишномаи мазкур аз ҷониби шахсони расмии ҳар ду кишвар “ ниҳоӣ ва бебозгашт” муаррифӣ мешавад. Лекин ҳанӯз дар аввали соли 2016 байни Япония ва Кореяи Ҷанубӣ дар мавриди тафсири “санади таърихӣ” ихтилофҳо пайдо шуданд. Дар ин сол муҷассамаи биринҷии як духтари кореягӣ, ки  дар курсӣ нишаста тасвир шуда буд, дар назди сафоратхонаи Япония дар Сеул насб карда шуд, ки он ҳамчун рамзи “занон барои тасалӣ” буд, ки ишора ба ҷиноятҳои артиши императории Япония нисбати занони кореягӣ мебошад. Норозигии шахсони мансабдори Кореяи Ҷанубӣ бар зидди Ф. Кисида изҳоротро ба миён овард, ки рамзи занони номбаршуда ин муҷассамаи духтари ҷавон мебошад, ки бо чораҳои дахлдор аз байн бурда шавад. Инчунин норозигиҳо аз ҷониби созмони “занон барои тасалӣ” ва дигар сохторҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Корея арз карда шуд. Аз ин муомилот Япония  низ қанеъ нагардид, чун ки Токио ба Сеул гузаштҳои зиёд кард. Юн дар рафти пресконфренсия оиди масъалаи “занон барои тасалӣ” фикрҳои худро равшан баён накард, чун ки  дар  Кореяи Ҷанубӣ оиди ҳалли ин масъала пас аз машварат бо гуруҳҳои дахлдор қарор қабул хоҳад кард. [1]
Аммо ҳукумати Япония ва Кареяи Ҷанубӣ низ вокуниши афкори ҷамъиятии худро пешбинӣ карданд. Ҳар  ду ҷониб ба ақидаҳои коршиносони японӣ акнун ният доранд, ки созишномаи мазкурро ҳамчун оғози ҳалли дигар мушкилоти мураккаб истифода баранд. Қадами навбатӣ - ҳалли мушкилоти додгоҳӣ алайҳи  ширкатҳои японӣ бо талаби ҷуброн намудани меҳнати кареягиҳо, ки  дар даврони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ онҳоро маҷбуран ба Япония бурда буданд, буд. Дар соли 2012 Суди олии Кореяи Ҷанубӣ аввалин ҳукм дар бораи эътирофи ҳуқуқи ҷабрдидагони инфиродӣ ва пардохти ҷуброн ба онҳоро баровард. Аз ҳамон замон инҷониб коргарони собиқи Корея дар саросари кишвар оиди зарари расонидашуда даъво намуда, талаб карданд, ки қарорҳо алайҳи ширкатҳои японӣ дар амал иҷро карда шаванд. Се парванда ба Додгоҳи Олии Кореяи Ҷанубӣ расидааст.
         Дар мавриди ҳайкали дар боло зикршудаи духтари кореягӣ бошад, Токиё барои кучонидани он истодагарӣ намуда истодааст. Аммо моҳҳои аввали соли равон, ҳам дар Япония ва ҳам дар Кореяи Ҷанубӣ, эътирозҳо алайҳи “созишномаи даврӣ” аз ҷониби сиёсатмадорони миллатгаро, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори оммаи ҳар ду кишвар қайд карда шуд. Гузашта аз ин, канори  танқидҳои зиёд  имтиёзҳое, ки ба ҳамшарикон бар зидди ҳукумати худ ва бар ҳукумати ҳар ду давлат равона карда мешавад, аксар вақт беасос ҳисобида мешавад. Тааҷубовар аст ки созишномаи “занон барои тасалӣ” барои сиёсатмадорони Япония ва Кореяи Ҷанубӣ ноумедкунанда ва нигаронкунанда буд. Имзои созишномаи мазкур бо Кореяи Ҷанубӣ барои сарвазир С.Абэ ҷанбаҳои дохилии сиёсӣ дорад. Тавре рӯзномаи “Асахи Симбун” хабар медиҳад, ҳалли мушкилоти “занон барои тасаллӣ” тобистони ҳамин сол  роҳи пароканда  намудани парлумони Япония ва баргузории интихоботи дубора ба палатаи болоӣ ва поёнии парлумонро осон мегардонад. Дар он С.Абэ ният дорад, ки зиёда аз  2/3 шумораи онҳоро дар ҳар ду палата барои баргузории раъйпурсӣ оиди тағйир додани канститутсияи кишвар роҳ мекушояд, ба даст орад [2].
         Дигар кишварҳои Осиёӣ, ки ҳисобҳои худро бо Япония доранд, дар масъалаи “занон барои тасаллӣ” бо диққат мурофиаи байни Токио ва Японияро пайгирӣ мекунанд. Ҳамин тариқ, Вазорати корҳои хориҷии Чин, ки тибқи ҳисобу китоби онҳо шумораи чунин занон дар Чин ба 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, дар санаи  29 декабри соли 2015 эълон намуд, ки пас аз имзо намудани ин созишнома бо Кареяи Ҷанубӣ,  то чӣ андоза ҷиддӣ будани Японияро Чин  назорат  хоҳад кард. Созмони филипиннии “занон барои тасаллӣ” низ аз Токио узрхоҳии расмӣ, ҷуброни молиявӣ ва ба китобҳои таърихии японӣ ворид намудани мавҷудияти мушкилоти заруриро  талаб намуд. Ҳукумати Тайванд барои узрхоҳӣ ва ҷубронпулӣ барои чанд нафар “занон барои тасаллӣ”, ки ҳоло ҳам дар ҷазира зиндагӣ мекунанд, талош мекунад. Дар моҳи феврал муовини вазири корҳои хориҷии Япония Сугуяма Синсукэ дар маҷлиси Кумитаи СММ баромад намуда, дар бораи барҳам додани табъизи занони ба Япония бахшидашуда бори дигар қайд намуд,  ки “мушкилоти занон барои тасалӣ”  дар ҳамкорӣ бо Кареяи Ҷанубӣ “қатъӣ ва бебозгашт” ҳал карда шуд. Аммо минбаъд дар посух ба саволҳо гуфт, ҳуҷҷатҳои ёфташуда, “ҷалби иҷбории занон аз ҷониби мақомоти низомӣ ё ҳукумати Япония”-ро тасдиқ намекунад ва худи истилоҳи “ғуломони ҷинсӣ”  далелҳо мухолифат мекунад. Тавре ки рӯзномаи “Асахи синбун” менависад, ин тавзеҳот метавонад ғазаби шаҳрвандони зиёд ва танқиди тунди расонаҳои Кореяи Ҷанубиро ба бор орад.[3] Имзои “созишномаи таърихӣ” оиди “занон барои тасаллӣ” миёни Япония ва Кореяи Ҷанубӣ  дар  рӯзномаи “Japan Times” мавзӯи карикатура гаштааст[4]. Он аз он шаҳодат медиҳад, ки сарвазири Япония С.Абэ ва президенти Кореяи Ҷанубӣ Пак Кин Хе, ҳар як дар банди яхи худ ғарқ шуда, базӯр кафҳои худро бароварда дастфишорӣ намуданд. Махфӣ нест, ки ин  коро онҳо асосан ба шарофати фишори шадид аз ҷониби Вашингтон, ки зиддиятҳои шадид байни иттифоқчиёни муҳими Осиёии худ ба татбиқи барномаи президент Барак Абама “гардиш” халал мерасонад, ИМА ба тарафи минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки ба болоравии сиёсати ҳарбии Чин алоқаманд аст. Бо назардошти ҶХДК баробари ҶМЧ манбаи асосии таҳдидҳои амниятии имрӯзаи  Япония, сиёсатмадорони японӣ итминон доранд, ки барои нигоҳ доштани Кореяи Шимолӣ, кишвари онҳо ба ҳамкории низомӣ бо Кареяи Ҷанубӣ махсусан дар соҳаи дифои мушакӣ ниёз дорад. Дуруст аст, ки  ӯро набудани заминаи ҳуқуқии табодули сирри низомӣ байни Япония ва Кореяи Ҷанубӣ боз медорад. Аз ин рӯ, ду кишвар наметавонанд мустақиман дар бораи мушакҳои балистикии Пхенян иттилооти махфиро мубодила намоянд. Созишномаи умумӣ оиди амнияти иттилооти ҳарбӣ GSOMIA (General security of military information agreement) байни ду кишвар ҳанӯз соли 2012 бояд ба имзо мерасид,  аммо имзои он бо далели мухолифати шадиди тарафҳо ва афкори ҷамъиятии Кореяи Ҷанубӣ ба таъхир афтод. Дар моҳи декабри соли 2014 мақомоти дифоъи Япония, ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ оиди табодули маълумот миёни Токио ва Сеул дар бораи рушди мушакҳои ҳастаии Кореяи Шимоли тавассути Иёлоти Муттаҳида ба мувофиқа расиданд. Аммо Япония аз ин гуна нақша бениҳоят нигарон аст. Ба гуфтаи шахси боломақоми вазири амният он метавонад, дар ин гуна шароит на он қадар хуб фаъолият намояд, чунон ки  муваффақият ва нокомии мушакҳои даргирандаро сонияҳо муайян  мекунад.
Моҳи октябри соли 2015 Вазири дифоъи Япония дар вохӯри бо ҳамкорони кореягӣ дар Сеул хоҳиши Японияро барои имзо кардани GSOMIA тасдиқ намуд, вале барои амалӣ намудани  он сараввал дастгирии парлумони Кореяи Ҷанубиро ҷалб намудан лозим аст. Таърихи ба ин монанд ба созишномаҳои дигари Япония ва Кореяи Ҷанубӣ рух додааст, ки он бар асоси пешниҳоди дуҷонибаи мол ва хизматрасонии низомӣ марбут мебошад. Япония  дар Кореяи Ҷанубӣ машқҳои муштараки зидди пиратиро моҳи декабри соли 2015 дар халиҷи Аден таблиғ накард, аз тарси он, ки ин ба созишномаи маъруфи “занон барои тасаллӣ” халал мерасонад. Аммо пас аз имзои созишномаи мазкур аз таҳияи нави намоиши мушакҳои ҳастаии Пхенян, ки ин муроҷиати сарпарасти шарики амрикоӣ буд, ки Сеул бо ҳамсояи худ таҳамулпазирона рафтор намуданро шуруъ менамояд. Аз рӯи маълумоти рузномаи японӣ “Ёмиури симбун”, шахси олимақоми ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ арз  намуд, ки айни замон вақти гуфтани мушкилоти муносибати мо бо Япония ба маврид нест[5].  
Сулҳ бастани  Токио ва Сеул, ки дар ҳалли мушкилоти байни ин ду кишвар, Вашингтон муқобили Пекин қарор дорад, дар фазои бехатарии ҳавзаи Осиёии Уқёнуси Ором ният дорад бо ёрии секунҷаи барқароршудаи  ИМА, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ ба он фишори бештар ворид кунад. Сегонаи мазкур аллакай дар давраи Ҷанги Сард вуҷуд дошт, ки ҳар се гӯшаи он ба зидди Иттиҳоли Шӯравӣ равона карда шуда буд. Аммо пас аз фурӯпошии охирин маълум шуд, ки хати пайвасткунандаи Япония Кореяи Ҷанубӣ дар ин секунҷа канда шудааст. Нуқтаҳои он баробари гум шудани таҳдиди Шӯравӣ дар Осиё фавран нопадид шуданд. Ва ба ҷойи онҳо “захмҳои” таърихии сиёсати Япония нисбат ба нимҷазираи Корея эҳё гардид ва ба ҷанги сард ворид шуданд. Ҳоло роҳбарияти Амрико мехоҳад ин секунҷаро аз нав эҳё карда ба сӯи “таҳдиди Чин”равон созад. Аммо эҳёи пурраи он дар шароити нав барои Иёлоти Муттаҳида душвор хоҳад буд. Аллакай маълум аст, ки татбиқи “созишномаи таърихӣ” оиди “занон барои тасалӣ” ба чунин  санги зериобӣ, ба монанди муҷассамаи дар боло зикршудаи духтари кореягӣ  дар назди сафорати Япония дар Сеул дучор меояд. Рақами геополитикии зиддихитоӣ дар Осиёи Шимолу Шарқӣ аз ҷониби стратегияи амрикоӣ, ки бо ҷидду ҷаҳд кашида шудааст, метавонад  хело ноустувор бошад, зеро Кореяи Ҷанубӣ аслан хоҳиши иштирок дар фишори ҳамсояи  бузургҷусса ва барои он шарики ҳаётан муҳими тиҷоратӣ-иқтисодӣ  гардиданро надорад. Гузашта аз ин , вақтҳои охир дар ин замина гардиши сиёсии Сеул аз Токио ба Пекин ба амал омада, боиси нигаронии зиёд дар Япония гардид. Далели равшан ва барҷастаи ин ҳузури президенти Кореяи Ҷанубӣ Пак Кин Хе (дар сурати набудани С. Абэ) дар паради низомӣ дар Пекин 3 сентябри соли 2015, бахшида ба 70 умин солгарди пирӯзии Чин дар ҷанги муқовимат ба таҷовузи Япония, мебошад. Япония ва Кореяи Ҷанубӣ ғолибияти интихоботи президентии Тайван, ки моҳи январи соли 2016 аз ҷониби роҳбари мухолифини Ҳизби пешрафтаи демократӣ Цай Инвэн, ки бештар истиқлолияти ҷазираро аз қитъаи Чин ҷонибдорӣ мекунад, баҳои мухталиф доданд. Агар Токио ин ҳодисаро пазируфта бошад, пас аксуламали Сеул хело таҳамулпазир  буд. Дар тафовут аз  С.Абэ, Пак Кин Хе таъсис додани бонки Осиёии инфрасохторӣ аз ҷониби Чинро дастгирӣ намуд. Аз эҳтимол дур нест, ки хати дар секунҷа кашидашуда, дар нуқтаи хати Япония, Кореяи Ҷанубӣ бо шарофати рӯйдодҳои соли 2016 яку якбора аксуламали манфӣ, ки расман  аз ҷониби Сеулу Токио, ки  моҳи  январ дар Кореяи Шимолӣ таркиш рӯй дода ва онро бомбаи гидрогенӣ мешуморад, ки  ба таври радифи сунъии Заминӣ пахш мешавад. Ҳамзамон истисно нест, ки ин озмоишҳои ҳастаи ва мушакии Пхенян то андозае ҳаракати ташаккулёбандаи Кореяи Ҷанубиро аз Япония ба Чин суст кунад ва дар як давраи муайян дар машқои низомии Вашингтон, Токио ва Сеул иштирок кунад. Нозирони сиёсии Япония алакай нақшаи фарзияи мавзӯи муқовимати ҳарбӣ дар ҳавзаи Осиёии Уқёнуси Ором ду “сегоникҳо”ро муҳокима мекунанд: аз як тараф ИМА Япония Кореяи Ҷанубӣ аз ҷониби дигар Чин Русия Кореяи Шимолӣ. Аммо набояд истисно кард, ки раққосаки  сиёсати хориҷии Пак Кин Хе, ки ҳоло ба тарафи ИМА меравад, баъд аз чанд муддат ба тарафи Чин баргашта ҳаракат хоҳад кард.
Пас аз он ки ҶХДК  озмоиши ҳастаӣ ва мушакиро аввали соли 2016 дар пойтахт гузаронд, инчунин “Сегона бузург” оиди  ҷойгиркунии он дар Кореяи Ҷанубӣ ва дар Япония муҳокима кард, ки системаи пешрафтаи мудофиавии зиддимушакии амрикоӣ THAAD (Terminal High Altitude Defense), қодир аст, мушакҳои баллистикиро дар фазои кайҳон ва ҳам дар фазои замин нигоҳ дорад.  Инчунин миёни Вашингтон ва Сеул моҳи феврал дар ин мавзуъ гуфтушунид шуруъ гардид. Ба ақидаи баъзе коршиносони ғарбӣ, THAAD аслан қасди боздошти мушакҳои ҳастаии  навъеро, ки Пхенян дорад, надорад, аммо ҷойгиркунии радарҳои пурқуввати ин система  “дар остонаи” Чин имкон  медиҳад то аз дур қаламрави онро назорат кунанд, ки ин ҳамчун “ҷазо”  барои он ки чиниҳо нахостанд тавассути таҳримҳои иқтисодӣ ба Кореяи Шимолӣ фишор оранд, бояд хизмат кунад. Ба ақидаи нозирони Япония раддаҳое, ки дар ҷануби нимҷазираи Корея ҷойгиранд, ба баъзе минтақаҳои Русия  метавонанд “бирасанд”. Пекин аз он  метарсад, ки пайдоиши ин система дар нимҷазира метавонад нерӯи мушакии ҳастаии онҳоро безарар гардонад. Япония  ба ин нигоҳ накарда, дар ҳоле ки агар THAAD дар Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир шавад, Чин метавонад бар зидди он таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намояд ва ин зарбаи қавӣ ба иқтисоди Кореяи Ҷанубӣ хоҳад буд, ки аз содирот ба бозори Чин вобастагии зиёд дорад. 23-юми феврали соли 2016 дар Сеул сафири Чин изҳор намуд, ки  ҷойгиркунии THAAD дар Кореяи Ҷанубӣ метавонад ба муносибатҳои дуҷониба зарари ҷуброннопазир расонад. Дар ҷавоб ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ таъкид намуд, ки система танҳо ба зидди Кореяи Шимолӣ равона карда мешавад.[6] Дар ин вусъати инкишофи воқеаҳо баъзеи япониҳо ва амрикоиҳо шарҳ доданд, ки охири “моҳи асал” муносибати Си Ҷинпин ва Пак Кин Хе-ро пешбинӣ хоҳанд кард.
THAAD, будь она размещена в Японии и/или на Корейском полуострове, может стать «дальневосточным филиалом» создаваемых американцами как региональной азиатско-тихоокеанской (в основном, антикитайской), так и глобальной (исключительно антироссийской) систем ПРО.
THAAD новобаста аз он ки дар Япония ва ё дар нимҷазираи Корея ҷойгир аст, метавонад, “филиали шарқи дур” табдил диҳанд, тавре дар минтақаи ҳавзаи Осиё ва Уқёнуси Ором (асосан бар зидди Чин), ҳамон тавр дар системаи глобалии дифоъи зиддимушакӣ (асосан бар зидди Русия)-ро  амрикоиҳо барпо хоҳанд намуд. Ин нақшаҳо аксуламали манфии Пекин ва Маскавро пешгӯӣ намуда, оқилона боварӣ дорад, ки системаи THAAD дар шарқи дур ҷойгир аст ва бехатарии онро таҳдид мекунад, ки он боиси вазъияти ноустувори ҷиддии байналмилалӣ дар Осиёи Шарқӣ мегардад. Иҷрои нақшаҳои қайдгардида, Русия ва Чинро ба таҳкими ҳамкориҳои дифоӣ водор намуд, ки он ба манфиати амниятии Япония ва Кореяи Ҷанубӣ мухолифат намекунад. Чунин ба назар мерасад, ки Сеул инро мефаҳмад. Албатта Сарвазир С. Абэимкони истифодаи озмоишҳои Пхенян дар бораи технологияҳои мушакии ҳастаии худро аз даст нахоҳад дод ва сиёсати шадиди амнияти худро асоснок мекунад, аз он ҷумла тавассути таҷдиди назар кардани моддаи 9 уми Конститутсия, аз ҷанг даст кашидани Японияро ҳамчун роҳи ҳалли баҳсҳои байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Барои ӯ махсусан дар робита ба интихоботи  дар пеш истодаи палатаи болоии парлумон дар моҳи июли соли равон мебошад, дар он ҷо мехоҳад тағийрот ба Конститутсияро  ба яке аз мавзӯҳои асосӣ табдил диҳад. Ғайр аз ин, Абэ ният дорад, ки дар арафаи саммити моҳи майи “Ҳафтгонаи бузург” дар кишвари худ, худро ҳамчун пешвои қавӣ нишон диҳад. Бешубҳа нест, ки қадамҳои дар ин самт оиди  ҳамкориҳои Япония бо ҳамон тарз Кореяи Ҷанубӣзарба мезанад ба истиснои Чин – кишварҳо, ки аз эҳёи милитариризми Япония метарсанд. Тахмин кардан мумкин аст, ки секунҷаи ба таври дақиқ зикршудаи ИМА Япония Кореяи Ҷанубӣ ҳамон вақт пош мехӯрад, ки системаи сулолавии шӯроӣ дар Кореяи Шимолӣ барҳам хӯрад. Дар ин суръат Япония дар канори худ душмани оштинопазир аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват ва шадидан зиддияпонии Корея, мутаҳидшударо мебинад, ки илова бар потенсиали ҷиддии низомии худ ба рушди мероси мушакҳои ҳастаӣ, ки аллакай дар шимоли нимҷазира мавҷуданд, даст хоҳад зад. Тавре таҷрибаҳои Ветнам ва Олмон нишон медиҳад, муттаҳидсозии кишварҳо, ки дар давраи ҷанги сард ҷудо шудаанд, як амри таърихӣ аст.
Дуруст аст, ки ин ноумедиҳо агар даҳшатнок набошад, барои Япония то ҳол ин нақшаи гипотезӣ дар ҷойи дур аз хати намоёни уфуқи сиёсии байналмилалӣ қарор дорад. Илова бар ин, баъзе таҳлилгарони ғарбӣ пешгӯӣ мекунанд, ки дар сурати суқути ногаҳонӣ ва шадиди режии Кореяи Шимолӣ, Чин нерӯҳои худро ба ба шимоли нимҷазираи Корея мефиристад, то аз пайдоиши пойгоҳҳои низомии Амрико дар он ҷо ҷилавгирӣ намуда ҷараёни гурезагон ба  қаламриви худро пешгирӣ намояд. Ва ин ба таҳкими тақсимоти нимҷазира, ки аллакай дар сатҳи сифатан нав аст, оварда мерасонад.  Ин сенарияи миёнамӯҳлат бо назардошти пайдоиши қувваҳои мусаллаҳи ҶХЧ воқеъ дар соҳили баҳри Япония (ки дар омади гап, Кореяи Ҷанубӣ бо дастгирии ҶХДК дар сатҳи байналмилалӣ расман талаб мекунд, ки номи Баҳри Шарқӣ дода шавад), инчунин эҳтимол аст ки ин ба Токио писанд ояд. Барои он, ин махсусан дар партави шиддати афзояндаи муқовимати баҳрии Япония ва Чин дар баҳри Шарқи Чин номатлуб ва инчунин эҳтимоли муқовимат бо Пекин дар баҳри Ҷанубии Чин аст. Вашингтон аз замони маъмурияти президент Ҷорҷ Буш паси парда мавқеъи Пекин оид ба омодагӣ ба суқути гипотезии Кореяи Шимолиро таҳқиқ кард. Лекин аксуламали ҶМЧ эҳтиёткорона буд. Аён аст, ки суқути режими Кореяи Шимолӣ ҷузъи нақшаҳои Чин нест ва он дар асоси чунин сенария аз гуфтушунид даст кашид.
От того, как далеко Токио сможет продвинуться в решении уже «зачерствевшей» корейской ракетно-ядерной головоломки, во многом зависит достижение заявленной премьер-министром С. Абэ для Японии на 2016 г. амбициозной цели на международной арене – выбиться в лидеры мировой дипломатии. Токио метавонад дар ҳалли "кӯҳнашуда" то куҷо ҳаракат кунад муаммои мушакии ҳастаии Корея, ноил шудан ба ҳадафи азиме, ки сарвазир С.Абе барои Ҷопон дар соли 2016 дар арсаи байналмилалӣ эълон кард - баромадан аз пешвоёни дипломатияи ҷаҳонӣ - вобастагии калон дорад.
Токио дар ҳалли муаммои мушакҳои ҳастаии Корея, ки аллакай “кӯҳна” шудааст, ҳаракат мекунад, ки дастоварди азими  С.Абэ барои Япония соли 2016 дар арсаи байналмилалӣ баён гардида буд ин ҳадаф дар саҳнаи байналмилалӣ вобастагии калон дорад ва ӯ мехоҳад пешвои дипломатии ҷаҳон гардад. Ба ин, аз ҷумла раисии саммити дар боло зикршуда “ҳафтгона” ва инчунин дар аввали сол Япония бори дигар узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ шуд, мусоидат мекунад.
Барои ноил шудан ба ин ҳадаф С.Абэ метавонист, масалан, роҳбариро ба ӯҳдаи худ гирад ва кӯшиш кунад он музокироти шашҷониба оиди безарарсозии нимҷазираи Корея, ки дар айни замон роҳи воқеии аз замин берун кардани ин мушкилоти шадид дар минтақа мебошад ва аз соли 2008 инҷониб хобида буд аз сари нав эҳё кунад. Аммо эҳтимол аст, ки сарвазири Япония дар ин ҷо муваффақ шавад, агар таҳти фишори ИМА ва ҷамъияти Япония  пешрафт дар музокироти мазкур дубора мушаххас кардани мушкилоти  сарнавишти япониҳо, ки аз ҷониби хадамоти махсуси ҶХДК рабуда шудаанд, бошад. Таҷрибаи соли гузашта нишон медиҳад, ки Токио  ба кӯшишҳои “пеш гузаштан аз паровоз” (яъне СММ) дар робита ба таъқиботи иқтисодӣ ба Пхенян дар робита бо озмоишҳои ҳастаӣ ва мушакии он кумак намекунад. Ва дар умқи худи СММ шубҳаҳо дар бораи самаранокии онҳо пухта истодаанд.
Тавре маълум шуд, таҳримҳои яктарафаи Япония алайҳи ҶХДК  ҳамчун воситаи ҳалли мукилоти дар боло зикршудаи рабудашудагон натиҷа намедиҳанд. Гузашта аз ин, Пхенян аз тарафи худ, кӯшиш дорад, ин масъаларо ҳамчун фишанги кашидани имтиёзҳои сиёсиву иқтисодӣ аз Токио истифода барад.
Он далел, ки таҳримҳои иқтисодӣ ва мушкилоти рабудашудагон, ки дар ду тарафи медал тасвир шудааст, шаҳодати табодули “хушмуомилагӣ” байни Токио ва Пхенян, ки моҳи феврали соли 2016 гардид, ки дар ҷавоб ба таҳримҳои шадиди яктарафаи Япония бар зидди Кореяи Шимолӣ кумитаро Пхенян пароканда намуда, тибқи созишномаи дуҷонибаи соли 2014 сарнавишти рабудашудагонро таҳқиқ кард. Ҳамин тариқ, расман Токио эълон кард “сиёсати муколама ва фишор” (хонед, “сабзӣ ва чӯб”) дар муносибат бо ҶХДК на дар самти безараргардонии “таҳдиди мушакҳои ҳастаӣ” на дар маврид Необходимо иметь в виду, что все свои действия в ситуации на Корейском полуострове
Бояд дар назар дошт, ки тамоми амалиётҳо дар назорати нимҷазираи Корея ва Япония аст, ки дар он ҷо бозингарони асосӣ дер боз рақобат мекарданд, ин Иёлоти Муттаҳида ва Чин мебошад, ки манфиатҳои худро дар минтақа дорад ва на ҳама вақт бо умедҳои Токио мувофиқат мекунад. Вазири корҳои хориҷии Япония аз озмоиши ҳастаии моҳи январи Кореяи Шимолӣ нигарон шуда, тавассути телефон бо ҳамкасбон ва як қатор роҳбарони кишварҳои абарқудрати ҷаҳон гуфтугӯ намуд. Ногуфта намонад, ки ягона шахсе ки ба занги телефони ӯ “бо сабаби банд будан” ҷавоб надод, ин Вазири корҳои хориҷии ҶМЧ буд. Ҳарчанд дар мавзӯи “таҳрикҳои мушакҳои ҳастаӣ” Пхенян роҳбари мақомати сиёсати хориҷии Чин барои сӯҳбат бо ҳамтоёни худ аз Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА вақт ёфт. Ба ғайр аз ин, дар ин мавзуъ шахсан худи Си Ҷинпин бо Пак Кин Хе ва Барак Абама тариқи телефон гуфтугӯ намуданд. Фарқияти мавқеъҳо дар сиёсат  нисбат ба муносибатҳои ҶХДК боиси ба таъхир афтодани сафари вазири корҳои хориҷии Япония Ф.Кисида ба ҶМЧ, ки барои баҳор пешбинӣ шуда буд, оварда расонд.
Мушкилоти ошкорои Пекин ба роҳбарияти Япония тавре ба назар мерасад,  барои охирин ҳамчун “қалби сард” дар шароите зоҳир шуд, ки се вохӯрии Абэ ва Си дар ҳошияи форумҳои гуногуни байналмилалӣ (ба маънои аслӣ ва калимаи маҷозӣ), аз ҷониби япониҳо ҳамчун нишонаҳои об шудани муносибатҳои Япония ва Чин пас аз он давраи сардшавӣ муаррифӣ мешаванд. Пештар Вашингтон аллакай норозигии худро аз амали Токио нисбати Пхенян нишон дода  буд. Маъмурияти амрикоиҳо чунин мешуморад, ки  Япония  ҳалли мушкилоти сирф дутарафаи рабудашудагонро ба ягонагии фронти байналмилалии фишор ба ҶХДК бартарӣ медиҳад.
Пхенян, ки воқеан бозингари асосӣ дар нимҷазираи Корея ҳисобида мешавад, кӯшишҳои чандинкарата барои музокироти мустақим бо Вашингтон барои ҳалли вазъияти нимҷазира бо шартҳои режими Кореяи Шимолиро кард, ки бебарор буд. Тавре аз ВАО - и амрикоӣ маълум гардид, боз як чунин кӯшиши номуваффақ, ба маънои аслӣ, дар арафаи озмоиши як асбоби ҳастаӣ, ки моҳи январи соли 2016 дар ҶХДК гузаронида шуд, сурат гирифт. Пхенян Вашингтонро ба музокироти созишномаи сулҳ даъват намуд, вале ин даъват рад карда шуд, зеро  ҷониби Кореяи Шимолӣ барои даст кашидан аз барномаи ядроии худ розӣ намешавад. Ҳамон замон  намояндаи расмии Вазорати муттаҳидсозии Кореяи Ҷанубӣ қайд намуд, ки ҳамагуна созишномаи сулҳ набояд мушкил байни ИМА ва Шимолӣ (нимҷазираи Корея) эҷод кунад ва Кореяи Ҷанубӣ бояд созишномаро ба имзо расонад.
Аввалҳои моҳи феврали соли 2016 дар Japan Times [7] як карикатураи дигаре нашр гардид, ки дар он як марди бузургҷусса, намояндаи Иёлоти Муттаҳида дар болои китфи худ табари қассобӣ дошт дар назди як марди ҳамон андоза, ки дар сари синааш калимаи “Чин” дошт меистад. Дар пушт охирин намояндаи Кореяи Шимолӣ ба намуди як марди фарбеҳ пинҳон шуда буд, дар даст пуфакҳои ҳавоӣ дар шакли мушак бо навиштаҷоти даҳшатбори “бомбаи гидрогенӣ” дорад. Карикатура вазъияти кунунии нимҷазираи Кореяро муфассал баён мекунад. Хусусият дар он аст, ки дар саҳнаи тасвиршуда барои Япония ва Кореяи Ҷанубӣ, инчунин Русия ҷой ёфт нашуд. Ин нақш бори дигар дар хотира мемонад, чун он ба сарнавишти роҳбарони Ироқ, Либия ва эҳтимолан Сурия тақвият мебахшад ва роҳбарияти Кореяи Шимолӣ бошад, то охир устувор хоҳад буд.
 Имконпазир аст, дар сурати тезутунд шудани вазъият дар нимҷазираи Корея садҳо ҳазор, ё ҳатто милионҳо гурезаи Кореяи Шимолӣ ба ҷануби нимҷазира, ба Чин ва Русия рехта шаванд. Япония ҳамчун кишвари ҷолибтарин дар минтақа метавонад барои онҳо замини ваъдашуда гардад, чӣ тавре барои бошандагони Шарқи Наздик ва Шимоли Африқо Аврупо гардид. Дар ин ҳолат ҷазираи Тсусима  нақши ҷазираи юнонии Лесбос ё ҷазираи итолёвии Лампедузро мебозад. Дар асл тафовути Юнон ва Италия, ки кишварҳои офтобрӯя мебошанд, ки дар нуқтаи ниҳоӣ муҳоҷирон ба гуруснагӣ, камбизоатӣ ва ноумедӣ табдил ёфтанд, ки дар мисоли Олмон шуда метавонад. Чунин одамонро тавре ки таҷрибаҳои баҳри Миёназамин нишон медиҳад дар роҳи зиндагии беҳтар ҳатто хатари марг дар баҳр манъ намекунад. Гузашта аз ин, дар ҷазираҳои Япония диаспораи бузурги кореягиҳо, ки мероси гузаштаи мустамликавии Япония буд, зиндагӣ мекунанд.
Таким образом, не будет преувеличением сказать, что в разыгрываемой Токио геополитической партии в отношении разделенного на два государства Корейского полуострова японская сторона к настоящему моменту оказалась в положении цугцванга.
Ҳамин тариқ, хато намекунем агар гӯем, ки нақши геополитикии Токио дар робита ба ду давлати нимҷазираи Корея тақсим шуд, ҷониби Япония бошад, худро дар мавқеи сугсванга пайдо хоҳад кард. Дар натиҷа нақш ва нуфузи Япония дар арсаи байналмилалӣ дар умум суст ба назар мерасад. Роҳи кунунии Япония ба сӯи давлатҳои нимҷазираи Корея ба даст овардани орзӯи шӯратпарастии сарвазир Абэ - ба мақоми пешсаф дар сиёсати ҷаҳонӣ расидани кишварро дар давраи сарвазирӣ, зери шубҳа мегузорад.
Рӯйхати адабиёт:
  1. Нихон кэйдзай симбун. 31.12. 2015.
  2. Асахи симбун. 02.01.2016.
  3. Асахи симбун. 17.02.2016.
  4. Japan Time. 09.01.2016.
  5. Ёмируи синбун. 03. 02. 2016.
  6. Асахи синбун. 23. 02.2016.
  7. Japan Time. 01. 02. 2016.
 
Муносибатҳои Япония бо ҳар ду кишвари нимҷазираи Корея дар таъмини амнияти миллии он аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Бинобар омилҳои таърихӣ, инчунин  дигар омилҳои вуҷуддошта дар Осиёи Шарқӣ, робитаи Япония бо Кореяи Ҷанубӣ ва бо Кореяи Шимолӣ хеле мушкил аст. Ин дар тамоми сиёсати хориҷии Япония таъсири ҷиддӣ боқӣ мегузорад.
Калидвожаҳо: Япония, нимҷазираи Корея, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ, занон барои тасаллӣ, қобилиятҳои мушакҳои ҳастаӣ, мудофиа.
    
Кистанов В.О. “Япония и Корейский    полуостров: текущие проблемы отношений ”
Тарҷумаи  Нигора Файзуллаева, ходими хурди илмӣ
 
 
   
 
 
http://www.zoofirma.ru/