wrapper

Хабарҳо

Русия яке аз бозигарони асосии системасоз дар минтақа мебошад. Стратегияи ӯ чӣ гуна тағир меёбад? Гузариши Русия ба сиёсати G5 + 1 дар Осиёи Марказӣ чӣ маъно дорад? Русия дар эҷоди муносибот дар минтақа бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешавад?
Ин ва саволҳои дигар дар мусоҳибаи CAAN бо коршиноси рус Станислав Притчин (н.и.т., корманди калони Маркази тадқиқоти пасошӯравии  Институти иқтисоди љаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии ба номи Е.М. Примакови Академияи илмҳои Русияи (ИМЭМО РАН), хатмкардаи Барномаи пешсафӣ дар соҳаи амнияти глобалии Маркази Сиёсати бехатарии Женева (GCSP), стипендиати барномаи Бунёди Роберт Бош дар Донишкадаи Муносибатҳои Байналмилалии  Шоҳигарӣ (Chatham House).

Аз нигоҳи геополитикӣ нисбати кишварҳои пасошӯравӣ Маскав кадом стратегияро пайгирӣ мекунад? Оё мо метавонем бигӯем, ки мавқеи Маскав дар минтақа бо сабаби коҳиши таваҷҷӯҳ  Ғарб  ба он, тақвият  ёфтааст ва  Маскав  ин холигоҳро пур кардааст?

Дар тӯли 10 соли охир, мо метавонем тағйироти системавии сиёсати  Русияро нисбат ба Осиёи Марказӣ мушоҳида кунем, гарчанде он дар шакли як стратегияи алоҳида ба тариқи институтсионалӣ дарљ  нашудааст. Аммо агар мо ҳамаи унсурҳои муносибати Русияро ба Осиёи Марказӣ аз назар гузаронем, пас мо метавонем як навъ стратегияи умумии  ба таъмини амнияти ҷаҳонӣ вобастабударо аз тариқи институтҳои минтақавӣ, ба монанди СААД ё форматҳои дуҷониба, мушоҳида кунем. Чунин ҳолат дар мисоли робитаҳо бо Ӯзбекистон дар масъалаи роҳ  надодан дар пайдо шудани объектҳои низомӣ дар кишварҳои  сеюм дида мешавад., ки аз бисёр ҷиҳатҳо аллакай  рушд  ёфтааст. Тайи 10 соли охир Федератсияи Русия онро пайваста ва бомуваффақият таъмин намудааст.
Лоиҳаҳои кӯҳнаи ҳамгироӣ  ба мисли ИДМ, ҳоло ҳам фаъол ҳастанд, зеро онҳо дар ҳалли як қатор масъалаҳои башардӯстона, аз ҷумла бо он кишварҳое, ки ба иттиҳодияҳои пешрафта, ба монанди ИИАО шомил нестанд, мусоидат мекунанд. Масалан, Русия бо  Ӯзбекистон заминаи кофии васеи меъёрӣ-ҳуқуқии дуҷониба дорад, ки рушди тиҷорат, ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳифзи сармоягузорӣ ва ҳуқуқи  муҳоҷирати меҳнатиро  ба танзим медароранд.
Дар маҷмӯъ, мо гуфта метавонем, ки дар ин самтҳо кор  бурда мешавад. Ҳам аз ҷиҳати таърихӣ ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ Русия барои кишварҳои минтақа кафили қонунигардонандаи муҳим аст, бо назардошти он, ки равандҳои сиёсӣ на ҳамеша мувофиқи хости тақозошавандаи давлатҳои  Ғарб рушди институтҳои  демократиро қонеъ мегардонанд. Аз ин рӯ, баъзан эътироф ё кафолати Русия љиҳати ба даст овардани эътибори  хориљии кишварҳои минтақа,  омили  калидитарин барои бозигарони беруна ба  ҳисоб  меравад.
Агар дар бораи тақвияти мавқеи Маскав сухан ронем, пас  метавон гуфт, ки Русия ба шароити нав мутобиқ шуда  истодааст. Чунин ҳолат соли 2016 бо ба сари қудрат омадании Ш.Мирзиёев зоҳир гардид. Ӯзбекистон ба тағйир додани сиёсати хориҷии худ шурӯъ кард ва Русия аз ин барои татбиқ ва пурра кардани потенсиали ҳамкории дуҷониба бо муваффақият истифода кард. Ҳоло, Ӯзбекистон, ки на узви  СААД ва на ИИАО мебошад шарики муҳими стратегии Федератсияи Россия дар минтақа ба  ҳисоб меравад.Бале, мо гуфта метавонем, ки кишварҳои ғарбӣ ҳузури худро дар минтақа то андозае коҳиш доданд, таваҷҷӯҳ ба минтақа ба таври назаррас кам шуд, хусусан пас аз баста шудани пойгоҳҳои низомӣ дар ин љо. Аммо, аз соли 2014 инҷониб, формати муколамаи G5 + 1, ки Вашингтон пешниҳод кардааст, пайдо шуд. Новобаста аз коҳиш ёфтани ҳаҷми умумии  маблағгузорӣ барои дастгирии бахши ғайридавлатӣ, самаранокии онҳо аз ҳисоби сармоягузориҳои ҷамъшуда дар солҳои гузаштаи истиқлолият хеле назаррас аст. Матбуоти мустақил ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ тақрибан дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ нуфуз доранд. Масалан, мо гуфта метавонем, ки муборизаи иттилоотӣ байни ИМА ва ЉХХ барои нуфузи иттилоотӣ дар минтақа меафзояд.Мавзӯи таъсири ЉХХ аз ҷониби матбуоти ғарбгаро шадидан интиқод карда мешавад ва мо мебинем, ки муқовимати иттилоотӣ-идеологии ИМА – Ғарб -ЉХХ вуҷуд дорад. Ин алалхусус дар мавзӯи лагерҳои азнавтарбиядиҳӣ дар   минтақаи Шинҷон-Уйғур ба назар мерасад.

Имсол, ҳолатҳои эътирозӣ, гирдиҳамоӣ, амалҳои саркашӣ як қатор кишварҳои узви ИИАО -ро фаро гирифтанд: Беларус, Қирғизистон;  Арманистон бо Озарбойҷон ҷанг сар кард. Нақш ё ширкати  Русия дар пасманзари ин рӯйдодҳо чӣ гуна буд, ин  равандҳо ба лоиҳаҳои ҳамгироии Федератсияи Русия чӣ таъсир хоҳанд дошт?

Воқеан ҳам соли 2020 як қатор равандҳои ғайричашмдошти  сиёсӣ љараён доштанд. Умуман,  оид ба алоқамандии  муноқишаи  Арманистону Озарбойҷон, ҳодисаҳои Қирғизистон ва Беларус ба ҳамдигар, гуфтан хеле  душвор аст. Аз як тараф, ҳар яки он  дорои динамика ва равандҳои дохилӣ мебошанд, ки бо ҳам алоқаманд нестанд. Аммо дар айни замон, мо гуфта метавонем, ки дар маҷмӯъ, ин намоёнгари бӯҳрони системаноки тайи  сӣ сол мустақилият  дар фазои пасошӯравӣ тай намудаи кишварҳо  мебошад.На ҳамаи давлатҳо ин роҳро хуб тай кардаанд ва  намунаи устувори системаи сиёсию иқтисодии худро ташкил доданд. Дар ин шароит, албатта, тамоми душвориҳое, ки дар давлатҳо ҷамъ шуданд: мушкилоти сиёсати хориљии номутаносиб, муноқишаҳои ҳалношуда ба  берун хуруљ карданд.  Русия дар муътадил сохтани ин ҳама ҳолатҳои бӯҳронии ҳамсоягонаш фаъолона  иштирок  кард.Дар Қирғизистон мақомдорони пешин ва ҳозира ба Русия муроҷиат карда, кӯшиш мекарданд, ки мансабҳои худро нигоҳ доранд. Роҳбарияти нави Ҷумҳурии Қирғизистон бошад, дар талоши он буд, то дастгирии молиявии Русия ба Қирғизистонро  аз тариқи Шӯрои ҷаласаи сарони СҲШ ё сафари Вазири корҳои хориҷӣ, барқарор кунад. Дар ин ҷо мо мебинем, ки Федератсияи Русия кафили қонунигардонандаи муайяни хориљӣ барои Қирғизистон мебошад.Дар Беларус вазъ камтар ғайричашмдошт буд, аммо дар ниҳоят раисҷумҳур барои кӯмак ба Русия муроҷиат кард, зеро вазъ аз назорат берун шудан гирифт. Ба туфайли дастгирии афзояндаи психологӣ ва сиёсии Маскав,  А. Лукашенко  бархилофи  талабҳои Ғарб тавонист дар сари қудрат бимонад.Вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ барои Русия яке аз таҳдидҳои ҷиддитарин буд, зеро ҳам Арманистон ва ҳам Озарбойҷон барои Русия шарикони муҳим мебошанд. Арманистон узви СААД ва ИИАО мебошад ва дар доираи онҳо ӯҳдадориҳо  дар самти ҳамкориҳои ҳарбӣ ва мудофиа  вуљуд  доранд.Бо Озарбойҷон Русия дар доираи муколамаи Каспий муносибатҳои системавӣ ва стратегии  иқтисодӣ дорад. Дар ниҳоят, дар натиҷаи гуфтушунидҳо бо иштироки Русия муноқиша қатъ карда шуд ва ба минтақа нерӯҳои  сулҳофарини Русия ҳамчун кафили риояи оташбас љойгир  карда шуданд.

Оё афзоиши консерватизм ва миллатгароӣ дар фазои пасошӯравӣ ба манфиати Русия буда метавонад ё не?

Вақтҳои охир мо тақвияти ҷиддии равияҳои консервативӣ, миллатгароӣ, популизмро дар фазои пасошӯравӣ мушоҳида мекунем, ки ин бо бӯҳрони ҷустуҷӯи идеологии асосҳои ғояҳои миллатсозанда, намунаҳо вобаста аст. Ин тамоюли хеле хатарнок аст, зеро мо аз таърих дида метавонем, ки миллатгароӣ механизми нисбатан муассири сафарбар кардани ҷомеа мебошад. Аммо дар дарозмуддат, аз нуқтаи назари рушди давлати устувор, ҷомеаи кушода ва таҳаммулпазир, миллатгароӣ на ҳамеша имкон медиҳад, ки барои рушд шароити мусоид ба даст орем. Дар асоси он  дар сиёсати хориҷӣ мушкилот ба миён меоянд, зеро такя ба ғояҳои миллатгароӣ ва ватандӯстӣ имкониятҳои ҳамкории созанда бо давлатҳои ҳамсояро коҳиш дода, роҳҳои ҳалли масъалаҳои байнидавлатиро  маҳдуд месозад. Албатта, барои Русия, омили тақвияти ғояҳои миллӣ-ватандӯстӣ, бо дарназардошти он, ки ҳукуматҳо метавонанд нисбат ба забони русӣ аз ҷиҳати ҳузур дар созмонҳо ва иттиҳодияҳои интегратсионӣ бо Русия талаботҳои нисбатан сахттар гузоранд. Барои Русия масъалаи рустаборони дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ кунанда, низ муҳим аст ва масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои рус ҷанбаи муҳими сиёсати хориҷии Федератсияи Россия мебошад ва дар ҳама ҳуҷҷатҳои асосии доктриналӣ - стратегияи амнияти миллӣ ва консепсияи сиёсати хориҷӣ  омадааст.

Гузариши Русия ба сиёсати C5 + 1 ин эътирофи ягонагии минтақа мебошад ё 5 кишвар мавқеъҳои муштарак доранд?

Русия дар ин соҳа навовар нест, зеро дипломатҳои амрикоӣ аввалин шуда соли 2014 чунин идеяро пешниҳод карданд. Имсол шарикони чинӣ онро идома доданд. Русия инчунин ба шарикони Осиёи Марказии худ чунин форматро пешниҳод кардааст, ки ба назар хеле муассир аст. Аз як тараф, як қатор форматҳое мавҷуданд, ки Русия бо баъзе кишварҳо дар доираи СААД ё ИИАО ба таври муназзам ҳамкорӣ мекунад. Аммо то ба ҳол майдони сиёсие  вуҷуд надошт, ки Федератсияи Русия бо тамоми кишварҳои ОМ ҳамкорӣ кунад. Ҳоло ин формат воситаи институтсионалӣ намебошад ва сохтори ҷиддии ташкилиро надорад. Он формати озмоишии ҳамоҳангкунанда мебошад, ки  барои  баррасӣ  кардани таҳдиду хатарҳо имконият медиҳад.

Оё бо назардошти пандемия ва бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, муноқишаҳои аён ва ноаён, стратегияи Маскав нисбати Осиёи Марказӣ  дар сатҳи дуҷониба, бисёрҷониба ва созмонҳои байналмилалӣ (Масалан, тавсеаи Иттиҳоди Аврупо ва таҷдиди назар кардани самти ҳамкорӣ дар СААД) низ  таљдиди  назар мешавад?

Аз як тараф, ҳамаи мушкилоте, ки шумо баён кардаед, метавонад рӯҳияи кишварҳои минтақаро барои ҳамгироӣ ба таври назаррас суст кунад, зеро вазъият  куллан мураккаб аст.Аз тарафи дигар, маълум мешавад, ки бидуни равишҳои муштарак, масалан, дар соҳаи тандурустӣ, чораҳои муштараки мубориза бо эпидемия, барои кишварҳо дар танҳоӣ  мубориза бурдан бо маҷмӯи афзояндаи таҳдидҳо  хеле мушкил аст. Дар чунин шароит, Русия кӯшиш хоҳад кард, ки душвориҳои вақтҳои охир ба вуҷуд омадаро баҳона карда, самти ҳамкориҳои худро дар сатҳи  дуљониба барои  ҳалли мушкилот ва чолишҳо бо роҳи  таъмиқ ва тавсеаи ҳамгироӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои  минтақа таљдиди назар кунад.

Оё Маскав метавонад дар қаламрави пасошӯравӣ бидуни шак бартарӣ дошта бошад? Оё вай аз ӯҳдаи ҳалли таҳдидҳои амниятӣ танҳо мебарояд? Оё вай метавонад масоили амниятиро бо Чин ба миён гузорад?

Русия барои ин кор асосҳои  ҳуқуқиву  сиёсӣ надорад. Ин бо якчанд омилҳо вобаста аст: якум- ин  ҳуқуқҳои  соҳибистиқлолии кишварҳои  Осиёи  Марказӣ, ки сиёсати  хориҷи  ва  дохилии  худро  мустақилона  муайян  мекунанд, аз  љумла  бо  роҳи танзими равобит  бо  шарикони худ  дар  самти оид. Дуюм – манфиатҳои  бозингарони  хориљӣ ва  мо  мебинем, ки муборизаи  муайян барои доштани таъсир  дар  минтақа вуљуд  дорад. Ба  ғайр аз се  бозингарони  калидӣ – Русия, Чин ва кишварҳои  Fарб, мо  метавонем, инчунин  Туркия, Љопон  ва  дигарҳоро  номбар  кунем.   Аз ин рӯ, дар чунин шароит наметавон дар бораи бартарии комили  Федератсияи Россия ҳарф зад. Федератсияи Русия ва ЉХХ якҷоя бозигарони калидӣ мебошанд ва масоили  субот ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз авлавиятҳои муҳимтарин онҳо ба шумор мераванд. Аммо, наметавон  тасаввур кард, ки бо вуљуди  доштани як қатор лоиҳаҳои дақиқ аз нигоҳи  ҳарбӣ-техникӣ ва сарҳадӣ, ҶХХ омодааст масъулияти амнияти минтақаро ба дӯш гирад. Дар маҷмӯъ, на худи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва на ҶХХ ҳанӯз омода нестанд Пекинро новобаста  аз ҳузури низомиаш дар минтақа,  ҳамчун кафили амнияти он  донанд.
  • 10 ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
  • Шабакаи CAA NETWORK
 
Тарҷумаи
Ходими хурди илмии
Шуъбаи Осиёи Марказӣ
Сомон Fафуров
 
 
 
 
 
http://www.zoofirma.ru/