wrapper

Адабиёт бо ҳар жанраш бояд хуб баён гардад, то хонанда аз асли воқеият хабардор шавад. Нависандагон бо ҳунару истеъдоди адабию забонии худ ҳар воқеаро дида, санҷида ва ошкоро баён мекунанд.
Мирзо Адиб низ аз зумраи чунин адибонест, ки ҳамаи ҳодисаҳову воқеаҳои даврашро бо ҳикоя, драма, достон, роман ва афсона хело содаву осон баён кардааст. Нависанда санаи 4-уми апрели соли 1914 дар шаҳри Лоҳури Покистон, ки аз соли 1973 бо шаҳри Душанбе бародаршаҳр аст, таваллуд шуда, 31-уми июли 1999 вафот кардааст. Вай дар авони мактабхониаш ба шеъру адаб майл дошт, асарҳояш дар журналҳои адабии он давр чоп мешудаанд.
Соли 1939 “Саҳронвард ке хутут” ном асараш чоп шуд ва вайро дар радифи барҷастатарин нависандагони муосири урду қарор дод, ки шарафёб ба шаш ҷоизаи адабӣ мегардад. Ҳамин тавр, нависанда забони баёнашро аз назм ба наср бештар такмил дода, аз беҳтарин адибони муосир мегардад, ки дар давоми 82 соли умраш аз 75 асар дар шакли достон, роман, афсона ва драма эҷод кардааст, ки чанде аз онҳо бо забонҳои дигар аз ҷумла рӯсӣ, чинӣ, банголӣ тарҷума шудаанд.
Драмаи Мирзо Адиб бо номи “Дастак”, ки қаҳрамони асоси он доктор Зайдӣ аст, ки ба беморие гирифтор шуда, ба ваҳм дучор мегардад, ки мусалсал ба гӯшаш садои тақ-тақи дар мерасад ва борҳо аз завҷааш Бегим Зайдӣ хоҳиш мекунад, ки рафта бубинад, ки дарвозаро кӣ мекӯбад.
Дар натиҷаи муколима ва баҳсҳои тӯлонӣ миёни ин ду нафар ногаҳон дарвоза садо мезанад ва мебинанд, ки доктор Бурҳон вориди хона мегардад. Вай аз ҳолу аҳволи доктор Зайдӣ хабардор шуда, бо шикояти Бегим Зайдӣ ба бемор якчанд даво тавсия медиҳад. Ҳамин лаҳзаҳо Бегим Зайдӣ барои доктор Бурҳон, доктор Зайдӣ  ва худаш чой меоварад. Дар ин вақт доктор Зайдӣ ба сӯхан оғоз карда, воқеаро ин тавр баён мекунад.
“Тақрибан 18 ё 20 сол пеш ман дар бемористон кору таҷрибаомӯзӣ мекардам. Корҳоям хело зиёд буданд, фурсати сархорӣ надоштам. Як шабе ман аз бемористон баромада ба хона омада, истироҳат кардам. Ногаҳон ёрдамчии ман ба наздам омада гуфт, ки як пирамарде омадааст ва мехоҳад шуморо ба хонааш барои ташхиси беморе бибарад. Ман вайро напазируфта ба ёрдамчиам  гуфтам, ки ӯро аз  хона дур кунад. Аммо пирамард бо як умеду орзу аз назди хона нарафта, арз мекунад, ки писараш сахт бемор будааст, пештар аз ин табиб даво гирифта хуб шуда будааст, хоҳиш мекунад табиб вайро муолиҷа намояд.
Аммо бароям аз бистари гарм хестан мушкил ба назар мерасид ва дубора хоҳишашро рад кардам. Вале вай борҳо хоҳиш кардан мегирифт, ки дар натиҷа ёрдамчӣ вайро бо зӯр аз хона ронд. Ночор вай ба назди дарвоза истода, дастак мезаду мезад, ки бо садои он маро хоб омад.
Субҳ аз хоб бедор шуда, худро нороҳат ҳис карда, афсус мехӯрдам, ки вай ки буд ва чаро ӯро ранҷонидам ва хоҳишашро напазируфтам.
Воқеаро бо таваҷҷӯҳ доктор Бурҳон гӯш дода, изофа мекунад, ки пирамард кайҳо вафот кард ва ман набераи ӯ мебошам, ки ҳамон шаб писараш ба ранҷу азобе вафот мекунад. Ӯ изофа карда мегӯяд, ки дигар касе дарвозаи доктор Зайдиро дастак нахоҳад зад ва ӯ метавонад оромона истироҳат  намояд.
Хулоса дар драмаи мазкур Мирзо Адиб нақш ва вазифаи табибони ҷомеаро муҳим арзёбӣ карда, ҳамкориро бо онҳо муҳим шуморида, гӯш додан ба тавсияву машвартаҳо  зарурӣ медонад.Нависанда бо овардани воқеаи мазкур як бори дигар таъкид мекунад, ки табибон ва ҳамкори бо онҳо хело муҳим буда, пазируфтани арзу шикояти беморон лозимӣ мебошад. Ӯ тавассути чунин тасвирсозӣ мехоҳад мардуми ҷомеа аз аслияти мавзӯъ огоҳӣ ёфта, талош кунанд то худро дар тасодумҳои зиндагӣ наяндозанд. Ӯ инҷо дарду оҳи як табиберо ки ба арзу шикояти бемор таваҷӯҳ  накарда, ӯро ноумед месозад, таассуф хӯрда, дастакзаниҳои вайро ба тасвир кашидааст, ки хонанда ба хондану фаҳмидани он метавонад аз асли воқеа огоҳ шуда, зиндагиро бо чашми хирад менигарад. Ин буд, ки доктор Зайдӣ баъди ҳодисаи мазкур ба бемории равоние ваҳмие дучор мегардад, ки дар натиҷаи ранҷиши як нафар эҳтиёҷманд ба вуҷӯд омад. Баъди ташхис ва маслиҳату дарки дурусти аслият беморӣ доктор Зайдӣ  аз он  раҳо меёбад. Метавон чунин хулосабарорӣ кард, ки   дар натиҷаи муносибатҳо байни башар бештари бемориҳое  пайдо мегардад, ки бидуни дарки омилҳои аслии он онҳоро наметавон табобат ё тадовӣ кард. Лиҳозо мо инсонҳо хусусан табибонро зарур аст, ки бештар фарзшинос ва равоншиноси хуб бошанд то аз аслияти бемориҳо хабардор бошанду ҷомеаро аз  дардҳои  пайдошуда ҷилавгирӣ ва раҳо бахшанд.
Намоишнома ё драмаи “Дастак”
Иштироккунандагон:
Доктор Зайдӣ- як марди тақрибан 55 сола
Бегим Зайдӣ-завҷаи доктор Зайдӣ
Доктор Бурҳон-табиби ҷавон, ки барои муоилиҷаи доктор Зайдӣ  меомад, набераи пирамарде, ки аз хонаи доктор Зайдӣ ноумед ронда шуд.
Манзара
Воқеа дар утоқи доктор Зайдӣ, марди 55 солаи риши фаронсавидор, чеҳраи ранҷур, дар бистар дароз кашида, ба  болояш руйкаш гирифтааст, ки дар атрофаш шишаҳои гуногун дида мешаванд.
Ҳавои сард ва ниҳоят боди тезу тунд мевазад ва шабҳои тӯфонӣ. Бегим Зайдӣ  як зани тақрибан 50 сола дар ҷояш ором нишаста, кадом рӯзномаеро мутолиа менамояд. Аз сабаби сардии ҳаво шарф мепӯшад. Доктор Зайдӣ ба фикр фурӯ рафта, як дам назараш ба сӯи дарвоза меафтад. Завҷааш ӯро мушоҳида карда, ба хондани рӯзнома идома медиҳад. Доктор Зайдӣ бо садои паст чизе гӯфта, кӯшиш мекунад аз бистар бихезад. Завҷааш инро дида мепурсад.
Бегим,- чӣ гап шуд, Зайдӣ?
Зайдӣ,- садои дастак ё тақ-тақи дарвозаро мешунавам.
Бегим,- дастак!
Зайдӣ,- ту нашунидӣ?
(Дар ин лаҳза дастонаш ба ларза медароянд)
Бегим,-хайр агар шунида бошӣ ҳам, пас куҷост он садо.
Зайдӣ,-дастак аз куҷо меояд, як рафта бубин. Ягон касе ба назди дарвоза наомада бошад. Ба назарам касе дарвозаро  дастак мезанад.
Бегим Зайдӣ, - касе нест.
Зайдӣ,- овоз хуб меояд, агар рафтан намехоҳӣ ман худам.....
(Дар ин ҳолат доктор Зайдӣ болопӯшро гирифта мехоҳад ба назди дарвоза биравад.Ин лаҳза Бегим рӯзномаҳоро як ҷониб гӯзошта, ба наздаш меояд)
Бегим,-шумо чӣ кор карда истодаед?
Зайдӣ,-бубин дар назди дарвоза касе ҳаст, намеравӣ ку!
Бегим,- лутфан бишинед. Касе дар назди дарвоза нест.
Зайдӣ,- ин дастак чӣ?
(Бегим бистари ӯро ба тартиб медарорад)
Бегим,- шӯриши ҳавои тезутунд мебошад.
Зайдӣ,-ҳавои тезу тунд дарвозаро дастак мезанад! Ту як рафта бубин.
Бегим,- ман гӯфтам ку касе нест, аммо хоҳ-нохоҳ шумо парешон мешавед!
Зайдӣ,- камтар гӯш бидеҳ, садои форам, ин дастак нест чӣ ҳаст.
Бегим,-ин ваҳми Шумост.
Зайдӣ,- шумо хубтар гӯш кунед, оё ин ягон ваҳму воҳима аст.
(Вай дубора кӯшиш мекунад аз ҷояш бихезад, аммо завҷааш дасташро нигоҳ медорад)
Бегим,-ба хотири  Худо истироҳат намоед, шумо худ табиб мебошед.Оё табиб ҳамин хел ҳаракатҳоро мекунад.Худатонро эҳтиёт кунед.
Зайдӣ,- ту як маротибаи дигар рафта биё.
Бегим,- ман медонам касе нест, аммо рафта дида меоям.
(Ҳамаи муноқишаҳоро ҳеҷ шуморида, ба назди дарвоза рафта, баъди ду ё се сония меояд)
Зайдӣ,- кӣ ҳаст.
Бегим,- кӣ бояд бошад.
Зайдӣ,- ту дарвозаро боз кардӣ.
Бегим,- (каме бо аламу норозигӣ) ба назари шумо дарвозаро боз накарда, ҷавоб додам, шинеду наравед ба шумо чӣ мешавад. Касе агар ҳам биёяд, занги дарвозаро дида, дастак  мезанад.
(ҳар ду ба якдигар нигоҳ карда, доктор Зайдӣ аз бетаваҷҷӯҳии оилааш шикоят мекунад)
Зайдӣ,- магар ин садои дастак аст!
Бегим,- (гапи шавҳарашро қатъ карда) шумо духтур шуда, истироҳат намекунед.
Зайдӣ,-( сӯхани ӯро қатъ карда) чаро ба ман бор-бор табиб буданамро ёдоварӣ мекунӣ.
Бегим,-зеро онки Шумо аз дигарон бояд фарқ дошта бошед. Агар табиб ҳам ба ваҳму воҳима дучор  гардад, пас илму дониши ӯ чӣ фоида меоварад.
Зайдӣ,- шояд ту дуруст мегӯӣ.
Бегим,- (бо овози нарм) Шумо худатон бигӯед, агар як табиб ҳақиқатписанд набошад, пас вай кӣ шуда метавонад.
Зайдӣ,- шунидани дастаки дарвоза мухолифи ҳақиқат мебошад.
Бегим,- ҳеҷ дастак набошад, магар исрор варзидан ба садо ягон ҳақиқат ҳаст.
(Зайдӣ дастонашро дар пешонии худ гӯзошта, ба фикр фурӯ меравад. Тезу тунди ҳаво зиёд мешавад, имкони борон боридан аст.Хобаш намеояд ва дар ғарқи хаёл мемонад)
Зайдӣ,-ман чӣ гӯфтам.
Бегим,-истироҳат намоед.
Зайдӣ,- ту дарвозаро боз карда, дидӣ.
Бегим,- аз ҳад гӯзашт. Шумо чаро истироҳат намекунед, нисфи шаб шудааст, ҳанӯз гап мезанед.Доктор Бурҳон тавсия дода буд, ки истироҳат намоед.
Зайдӣ,- ҳамин гапҳоро худи ман дарк намекунам.
Бегим,-чаро дарк намекунед, хуб медонеду мафаҳмед.Доктор Бурҳон гӯфта буд, ки худаш омада, ба шумо даво мехӯронад.Ёд доред, вай субҳ меояд.
Зайдӣ,- вай писари хубе ҳаст.
Бегим,- ман то имрӯз чунин ҷавони масъулиятшиносу (фарзшинос) меҳрубонро  надидам. Ба ғайри кораш ба чизе фикр намекунад.Шаб ё рӯз фақат кору кор. Ба ғайри  кораш дигар мақсаде надорад.Ин аст фарзшиносӣ.
Зайдӣ,-табиб бояд фарзшинос бошад.
(инро гӯфта ба фикр фурӯ меравад)
Бегим,- хайр доктор Бурҳон ояд ба вай мерасонед.
Зайдӣ,- чӣ мегӯям.
Бегим,- ин ҳам як беморист, ки дар назди дарвоза касе набуда, шумо овози дастакро мешунавед. Як бор ҳам не, бор-бор.
(садои занг аз дарвоза меояд)
Зайдӣ,- акнун садои дастак меояд.
Бегим,- шояд доктор Бурҳон бошад.
(завҷааш ба назди дарвоза меравад ва баъди чанд лаҳза доктор Бурҳон ҳамроҳаш меояд.Ӯ табиби ҷавон буда, ба мисли дигар табибон бо худ ҷузвдони тиббӣ дорад)
Бурҳон,- (аз дур) ассалому алайкум ҷаноби доктор.
Зайдӣ,- ва алайкум салом. Чаро худатро заҳмат медиҳӣ писарам, чӣ шуд, ки омадӣ, субҳ ҳам имкони ташхис кардан ҳаст.
Бурҳон,- ҳеҷ гапе не.
Бегим,-бале писарам, чӣ зарурат шуд, ки  шумо дар ин вақт  омадед.
Бурҳон,- имрӯз пеш аз шом ба ҳодисаҳои табобатӣ дучор шуда, хело машғӯл мондем ва ягон фурсате ҳам пайдо накардем.
(вай пештар рафта ҷузвдонашро ба болои миз гӯзошта ,мепӯрсад, ки ҳарарати бадан чанд бошад)
Бегим,- чанде пештар санҷидам, ки  он сад дараҷа буд.
Бурҳон,- дар қафаси сина дард нест.
Зайдӣ,- не.
Бурҳон,- шукри Худо.Ягон арзу шикояти дигаре ҳаст.
Бегим,-ошуфтагӣ,гиҷкунандагӣ.
Бурҳон,-ҳеҷ гапе не. Ба назарам  тавассути сӯзандору (укол) мушкил ҳал хоҳад шуд.
Зайдӣ,-хело хуб.
(завҷаи доктор Зайдӣ ба хонаи дигар меравад.Доктор Бурҳон як шишаеро мегирад)
Бурҳон,- сироп тамом шудааст, пагоҳ ҳамроҳам меоварам.
Зайдӣ,- шумо меравед.
Бурҳон,-бале ҷаноб.
Бегим,- (аз хонаи дигар) ҷаноби духтур!
Бурҳон,- бале.
Бегим,-каме  интизор шавед.
Бурҳон,- ман каме зӯдтар биравам.
Бегим,-фақат ду дақиқа.Чой оварда истодаам.
Бурҳон,- чаро таклиф мекашед.
(Бегим меояд)
Бегим,- шумо дар чунин ҳавои сард омадед, либоси борониро бикашед.
(Бурҳон либосашро кашида ба болои миз мемонад ва Бегим меравад)
Зайдӣ,- лутфан бишинед.
(Бурҳон дар курси менишинад)
Бурҳон,- боз ягон арзу шикояте ҳаст.
(Бегим дар болои табақе се пиёла чой меоварад)
Бегим,- ман ба шумо мефаҳмонам.
(Вай ба назди Бурҳон рафта, барояш як пиёла чой медиҳад, пиёлаи дигарро ба шавҳараш медиҳад ва чойи дигариро бо дасти росташ нигоҳ дошта, табақро дар болои миз мемонад)
Бурҳон,- (чойро нӯшида истода) шумо чӣ гап доред.
Бегим,-ҷаноби доктор, як чизеро мехоҳам бигӯям, эҳсос мекунам, ки шумо бовар накунед, аммо .....
(ба тарафи шавҳараш нигоҳ мекунад, ки машғули чой нӯшӣ аст)
Бурҳон,-бифармоед.
Бегим,- он кас ба як ваҳме дучор гаштаанд.
Бурҳон,- ваҳм.
Бегим,-(хандида) шумо шояд бигӯед, табиб ва ваҳм, ин чӣ гап.
Бурҳон,- ман инро гӯфтанӣ нестам. Ман медонам, ки табиати башарӣ як ҳаёти пурасроре мебошад. Табибон низ  башар ҳастанд.
(Бегим як бори дигар ба шавҳараш назар меандозад, ки машғӯли чой нӯшӣ ҳаст)
Бегим,- чой нӯшидан хуб аст.
Бурҳон,- беҳтар аст.
(Бурҳон пиёларо мегӯзорад. Бегим низ чой менӯшад)
Бегим,- маълум нест, чӣ гап шуда бошад,нишаста-нишаста ба фикр меравад, ки гуё касе дарвозаро дастак мезада бошад. Дар ҳолеки дар онҷо касе нест.
Бурҳон,- мумкин аст, касе дарвозаро дастак занаду шумо нашунавед.
Бегим,- садои дастак набошад, чи тавр онро бипазирам.
Бурҳон,- яъне садои дастак нест, аммо доктор Зайдӣ онро эҳсос мекунад.
Бегим,- бале.
(Бурҳон ду қурт чой нӯшида ба тарафи ҷаноби Зайдӣ менигарад. Зайдӣ чойро тамом мекунад ва завҷааш пиёларо гирифта ба болои миз мемонад.Зайдӣ сарашро ба девор монда, чашмонашро банд мекунад)
Бурҳон,- хоб омад, ҷаноби Зайдӣ.
(Зайдӣ чашмонашро  боз накарда)
Зайдӣ,- не, не.
Бегим,- имрӯз борҳо ба хаёл рафта, марои ду маротиба ба назди дарвоза равон карданд. Бо вуҷуди онки ман барояшон гӯфтам, ки дар берун ҳаво тӯфонӣ буда, садояшро одамро ба шурӯ ғавғо меоварад.
Зайдӣ,- ва дар онҷо касе нест.
Бегим,- ҳеҷ касе нест.
Зайдӣ,- хуб.
Бегим,- шумо аз ҷаноби доктор бипурсед.
(Зайдӣ чашмонашро боз мекунад)
Зайдӣ,- Бурҳон, писарам.
Бурҳон,- бифармоед ҷаноб.
Зайдӣ, - воқеи ҳаждаҳ ё бист сол пеш. Он замонҳо корҳои таҷрибаомӯзии ман хело пеш мерафтанд. Вақти сархорӣ ҳам пайдо намешуд. Дар марказҳои диспесерӣ ва хонаҳо беморони зиёде  буданд. Шабе ба хона дер расида, зуд ба бистарӣ хоб дароз кашидам. Зеро бисёр хаста ва нороҳат будам.
(Бурҳон пиёларо дар миз мегӯзорад. Бегим онро гирифта бо диққат нигоҳ мекунад)
Доктор Зайдӣ дар идома мегӯяд, ки як дам ёрдамчӣ хабар овард, ки пирамарде омадааст ва мехоҳад шуморо ба хонаш барои ташхиси бемор бибарад. Аммо ман хоҳиши вайро рад карда, ба ёрдамчӣ амр кардам, ки ӯро аз хона биронад. Вале вай бо зӯр ба назди ман омада, дархост кард, ки писараш сахт бемор буда, маротибае аз шумо даво гирифта хуб шудааст, лутфан рафта ӯро ташхис намоед. Дар ин лаҳзаҳо чашмонамро хоб пахш мекарду онҳо банд мешӯданд.
(Вай лаҳзае хомӯш истода, идома дод)
Бистари гарму форамро тарк кардан ба назарам мушкил меафтод.Хоҳишашро рад кардам, аммо вай  пайваста тақозо мекард. Дар натиҷа бо зӯр аз хона бароварда шуд.Дар охир вай дар назди дарвоза истода дастак мезад, ки бо  садои он маро хоб меояд.
(Зайдӣ боз хомӯш меистад.Бегим ба шавҳараш бо нигоҳи хос менигарад. Доктор Бурҳон аз миз шишаи даворо гирифта назар мекунад)
Субҳ аз хоб бедор шуда, аз худ мепурсам, ки вай кӣ буд ва куҷо шуда бошад ва чаро ман ӯро аз хона норозӣ рондам.
Бурҳон,- дар он вақт замири шумо бедор шуд.
Зайдӣ,- ҳаминро мехостам бигӯям. Барои ёфтани он пирамард талош кардам, аммо шахсияташ маълум нашуд.
Бурҳон,- вай  пирамард рафт, аммо гоҳ-гоҳ замири шумо ҳаст, ки дарвозаро дастак мезанад. Ин даво имрӯз бояд тамом мешуд.
(Бурҳон шишаи даворо дар миз мемонад. Зайдӣ хамӯш меистад. Бурҳон либоси борониашро пӯшида, ҷузвдонашро бардошта ба тарафи Зайдӣ нигоҳ мекунад)
Бурҳон,- ҷаноби доктор!
Зайдӣ,- бигӯ писарам.
Бурҳон,- дар ҳамин воқеа як чизеро бояд изофа кард. Ман набераи ҳамон пирамард мебошам, ки ҳамон шаб писараш аз беморӣ вафот кард.
Зайдӣ,- ту!
Бегим,- Бурҳон писарам!
Бурҳон,- хайр Худо ҳофиз! Ҷаноби доктор Зайдӣ бо итминон истироҳат намоед, акнун бояд ба дарвоза садои дастак нашавад. Ором бошед. Шаб ба хайр. Пагоҳ меоям.
(Бурҳон ба тарафи дарвоза меравад ва парда бардошта мешавад. Ӯ нопадид мегардаду намоиш ба охир мерасад).
 
Тарҷума аз урду ба тоҷикӣ Мирсаид Раҳмонов
                                    (ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ)
 
 
[1] Мирзо Адиб.Паси парда. Мақбул академӣ,Лоҳур,Покистон, 1999, саҳ.208.
 
http://www.zoofirma.ru/