Нусхаи чопи
(Таҳқиқ ва пешниҳод)

1.Чаро буҳрон?

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз гирифтори буҳрони (кризиси) шидид аст. Ин буҳрони куллӣ  ва умумӣ аст. Мо дар ин мақола танҳо дар мисоли  оиладорӣ доманаи  густурдаи ин  буҳронро арзёбӣ менамоем. Оиладорӣ ҷузъи кӯчак, вале хеле муҳими ин буҳрони ҳамагонӣ аст. Решаи ин буҳрони ҷаҳонӣ дар куҷост? Бо як ҷумла бояд гуфт, ки  решаи ин буҳрон дар таассуб ва пешрафти техника аст. Барои таассуб ва техника ақлу хирад ва гуманизм аҳамияте надорад. Дақиқтар: Имрӯз ҷаҳонро фанатизми (таассуби) динӣ, нажодӣ ва идеологӣ фаро гирифтааст. Ин таассуб дар гузашта ҳам  вуҷуд дошт. Вале  роҳҳои амалӣ  шуданашон  маҳдуд буд. Маҳдуд дар сатҳи як миллат, як давлат ва ё як идеология. Ҳоло  вазъияти ҷаҳон дигар  шудааст. Таассуб ҳамон таассуб аст, вале бар он даҳшати  техникӣ илова гардидааст. Миллатҳое, ки ба ин техника  даст доранд, мехоҳанд аз роҳи  зӯроварӣ дину  фарҳанг ва идеологияву сиёсати худро  ба гардани  миллату давлатҳои  дигар бор кунанд. Омили инсонӣ  ҳоло камранг шудааст. Масъалаҳои умдаи ҷаҳонӣ бо зӯри техника ҳал мешаванд. Хатар ин аст, ки  соҳибони аслиҳа ва техникаи  пешрафтаи муосир мехоҳанд арзишҳои дақёнусӣ (куҳнаи) динӣ, миллӣ ва фарҳангии худро ба гардани дигар мардуми ҷаҳон бо роҳи зӯроварӣ таҳмил намоянд. Ин протсесс (раванд) дар оянда тундтар мешавад.Ин буҳрон, пеш аз ҳама, ба миллатҳои кӯчак ва миёна таҳдид менамояд. Тоҷикистони имрӯза  аз ин раванд истисно нест. Таҳлил ва таҳқиқи  шохаҳои дигари буҳрони  Тоҷикистон кори доираи  васеи дигар мутахассисон аст. Мо дар ин мақола танҳо доир ба буҳрони хонаводагӣ,  издивоҷи ҷавонон ва ташкили оила суҳбат мекунем. Муаллифи мақола ҷомеашинос аст ва муддатҳо  дар рӯзномаҳои  «Мард ва Зан» ва «Ҷавонони Тоҷикистон» доир ба ҳаёти  оилавии ҷавонон мавод ба нашр расондааст. Мақолае, ки дар даст доред, давоми  фаъолиятҳои пешина аст.
  1. Чаро маҳз Тоҷикистон?
     Барои он ки кишвари мо дар ҳудуди Осиёи Марказӣ  нисбат ба дигар ҳамсояҳо  осебпазиртар аст. Сабаб: 1-Аз сар гузаронидани  ҷанги шаҳрвандӣ; 2-Бозгашти таассубӣ ба сӯи арзишҳои асримиёнагӣ; 3-Дахолати идеологӣ аз марказҳои қудратҳои ҷаҳонӣ бар зидди манофеъ ва  идеологияи  нави давлати миллӣ.
 
     3.Мушкилоти имрӯзаи оиладорӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои он

    Нависандаи ин мақола  аз вазъи имрӯзаи  оиладорӣ дар  Тоҷикистон ранҷ мебарад ва ба ояндаи он  хушбин нест. Барои ҳамин хостам, ки ба изҳори назар дар ин мавзӯъ, аз кӯмак ва раҳнамоии  фарҳангиёни  кишвар баҳравар  гардам. Феҳрасти мавзӯъҳое, ки мавриди  шак ва тардиди  ман қорор гирифтаанд, аз ин қабиланд:
А-Вуҷуди суннат ва анъанаҳои гузаштаи мо бар ин  оташи буҳрон доман мезанад. Дар баробари ин  тундбоди буҳрон, ба ҷои он ки ҷасоратмандона  муқобилият намоем, аксарияти ҷомеаи мо  ба мисли шутурмурғ (страус) мехоҳанд сари худро ба зери  реги дину хуруфот  пинҳон кунанд. Ин роҳи наҷот  нест. Ин шикаст ва таслим аст. Худбохтагӣ аст. Боз аз сари нав ба сӯи  фаранҷию чодару сатр  рӯй овардан, чӣ маънӣ дорад? Дар кишвари мо  нисбат ба дигар давлатҳои ҷаҳон  масҷиди бисёртар  сохтаанд.  Ва сохтмони масҷидҳо  боз  ҳам  давом дорад.  Мехоҳем, ки аз 7-сола то 70- соларо ба сӯи масҷидҳо равона  кунем. Баъд чӣ? Ин таҷрибаи нав нест. Зиёда аз 1000 ҳазор сол боз давом дорад. Аз масҷидсозон бояд пурсид, ки баъд ба куҷо мерасем? Пеш аз мо  ба куҷо  расида буданд? Ин ҳама «иқдомҳо» баҳонаанд.Эътиқод кори виҷдонии  ҳар шахс аст. Агар эътиқоди  ростин бошад. Даъватҳои имрӯзаи иддае аз рӯҳониёни кишвар  фармоишӣ ва ҳадафи сиёсӣ  доранд. Дар паси шиори масҷид ва сатр орзуи  ташкили давлати исломӣ  нуҳуфтааст. Баъди ташкили чунин давлат  масҷидҳо  боз холӣ мешаванд ва ҷавонон аз онҳо мегурезанд. Ин хулосаи таҷрибаи давлатҳои динии  муосир аст…

     Б-Таъсири
ҷанги шаҳрвандӣ  дар  буҳрони оиладорӣ  то чӣ андоза аст?
Тоҷикистон ҳар чӣ дошт , ҳама натиҷаи низоми Шӯравӣ буд. Дар собиқ чунин  таҷрибае дар ин диёр  вуҷуд надоштааст. Таҷрибаҳои давлатдорӣ ва шариатмадории охирин амирони исломии  минтақа–манғитҳоро  дар китобҳои таърихӣ  хондаем. Як таърихи хиҷолатовар аст, барои мардуми бофарҳанг ва асил…
    Ҷанги шаҳрвандии мо мавҷе буд аз тӯфони уқёнуси  сиёсати абарқудратҳои ҷаҳонӣ. Шикасти яке аз ду  қутб. Шикасти сотсиализм  ва  ғалабаи  капитализм. Абарқудратҳои  имрӯза  дину мазҳабро хуш надоранд. Вале аз дин ба мақсади лаҷом задан ба мардуми худ ва халқи ҷаҳон истифода мекунанд. Он чи аз мардум пинҳон медоранд, ин аст, ки то ҳол ақидае, ки ҷои динро гирифта тавонад, надоранд. Агар чунин ақидае медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба дин муроҷиат намекарданд. Ҷустуҷӯи (алтернативаи) дин ҳоло ҳам давом дорад. Сарварони ҷаҳон ба хотири таҷриба,  андешаи сохтмони коммунизмро  ба миён овардаанд. Вале ҷойи биҳишти диниро  гирифта натавонист. Чаро? Барои он ки коммунизм  танҳо барои хизмати наслҳои оянда пешбинӣ шуда  буд. Ҳақиқати вуҷуди  наслҳои оянда шубҳанок менамуд.  Яъне:  ин наслҳои оянда  чӣ вазифа, чӣ мақом ва ё чӣ  рисолате доранд ва ё хоҳанд дошт, ки насли ҳозира  ҷони худро барои онҳо фидо кунад? Назариётчиёни ҷомеаи коммунистӣ  ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳе аз ғуломони  насли ҳозира  барои ғуломони насли  оянда хизмат хоҳанд кард. Албатта, бо сарварии як гурӯҳе аз хоҷагони коммунист.  Дар сурате,  ки ҳар ду  насл  маҳкуми марг ва нестии биологӣ мебошанд. Назариётчиён аз ин оқибати кор хаста  ва ноумед шудаанд. Чаро ки барои  зиндагии абадӣ ва  ҷовидона дар оянда барои  ҳар як инсони ин наслҳои пай  дар пайи  созандагони  коммунизм, кафолате дода  наметавонистанд. Онҳо маҷбур буданд, ки ба саволҳои дину мазҳаб ҷавоб диҳанд. Вале ҷавоб наёфтанд. Дин  барои  ҳамаи  инсонҳо дар он дунё зиндагии  абадии  ҳам  ҷисмонӣ  ва ҳам  рӯҳонӣ  ваъда медиҳад. Орзуи ҳамаи мардум ҳам маҳз аз ҳамин иборат аст. Зиндагии ҷовидона дар он дунё бо ҳамин каллаву  саллае,  ки ҳоло дар Замин дорем. Ва аз ин гузашта бо умри абадии 14-сола ва зебоии шабеҳ ба Юсуф ва Зулайхо.
Мардум ин афсонаро бо хушӣ  қабул мекунанд. Чаро ки орзуи ҳамешагии инсонҳо ҳамин буд ва ҳаст, ки баъди марги ҷисмонӣ бори  дигар ба ин зиндагӣ баргардем. Дар гузашта аксари мардум, авом ва  бесавод буданд. Ин ақида мақбули  ҳамагон мегардид. Ҳамагон  масту мағрури  ин  маводи  мухаддир буданд. Ҳоло  сатҳи  дониш дар тамоми ҷаҳон  боло рафтааст. 60 дар  сади  мардуми ҷаҳон нисбат ба расму русум ва урфу одатҳои  мазҳабӣ  бепарво  шудаанд. Танҳо рӯҳониён ва сиёсатмадорони тамоми   ҷаҳон ҳастанд, ки ба хотири манфиатҳои ҳозира ва ояндаи  худ, аҳкоми дину мазҳаби худро тарғибу ташвиқ  мекунанд.  Дар навбати худ, олимону муҳаққиқони  Шарқу Ғарби муосир чандин роҳҳои амалии  ба абадияти воқеӣ  ва ҷисмонӣ расиданро нишон додаанд. Намунаи аз ҳама машҳураш: соли 1979 дар Англия ва соли 1997 дар Амрико ҷисми инсон ва ҳайвон (гӯсфанд)-ро дар «батн»- и лаборатория парвариш дода, зинда гардониданд. Ин гӯсфандро бо номи олими таҷрибагар, Долӣ номиданд. Долӣ 6 сол умр дид. Ин таҷрибаҳо исбот намуданд, ки илму дониши башарӣ,  имрӯзҳо чунин қудратро дорад,  ки  орзуҳои  динӣ  ва дунявии инсониятро амалӣ гардонад. Чаро ки ҷавҳари  ҳамаи динҳо тарс аст. Тарс аз мурдан. Тарс аз саволу ҷавоби Мункар ва Накир. Тарс аз Пули Сирот, Дӯзах, Аъроф, азобҳои дӯзах… Бо барҳам  задани марг  ҳамаи ин тарсҳо нопадид мегарданд… Ва Мункару Накир ба «истеъфо» мераванд!
    Дар таърихи башар чунин ҷаҳонбиние, ки ба ҳамаи саволҳои дину фалсафаи ҷаҳонӣ ҷавобҳои илмӣ дода бошад, вуҷуд надоштааст.  Мардуми дунё  ба хуруфоту афсонаҳои динӣ ба дараҷае одат ва бовар кардаанд, ки аз дидан ва шунидани кашфиётҳои илмӣ ба даҳшат меоянд… Вале бояд ҷои тааҷҷуб ҳам набошад… Чаро  ки  ин  хурофотпарастӣ    таърихи даҳҳазорсола (10.000) дорад.  Муҳаққиқи рус  Рудолф  Константинович Баландин дар китоби худ бо номи «100 Худои бузург» (100 великих Богов) мегӯяд, ки барои пурра навиштани тарҷимаи ҳоли ҳамаи худоёне, ки дар замини мо гузаштаанд, ҳадди ақал 18 ҷилд китоб навиштан зарурат дорад. Адади ҳамаи худоёнро дар таърих 18 ҳазор медонад (100 великих Богов. Р.К. Баландин. Москва, Издательство «Вече», 2014. 432с.). Қиссаи парастиш  ва ибодати худоён,  ба  ақидаи муаррихони дин,  ба чандин миллион сол пеш аз замони мо рост меояд. Ин даҳ ҳазор  соли охир аст, ки динҳои  бузург ва худоёни бузург  ба вуҷуд  омада, барои амалӣ  гардонидани орзуҳои фантастикии худ ҳамаи миллатҳо ва давлатҳоро  ба низои ҳамагонӣ кашида, то имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ  «қайсарӣ»  мекунанд.
Дар гузашта намояндагони ин ё  он миллату дин империяи ҷаҳонӣ месохтанд, мисли: Конфутсий, Зардушт, Мусо, Исо, Буддо, Кришна,  Искандар,  Куруш,  Темур…Решаи ин империяҳо  дин ва миллат буд…Бо таъбири дақиқтар: дин ва миллат дар якҷоягӣ. Яъне:  як империя,  як дин ва як миллат дар муқобили дигар динҳо ва миллатҳо… Вале оқибат ин империяҳо шикаст мехӯранд. Чаро? Барои он  ки  дин  ҳуруфот асту миллат  биология.  Ҳар ду аз дониш ва биниши  воқеӣ бегона буданд. Ҷомеаро фарҳанг зинда нигоҳ медорад. Чун ба ақлу  хирад ва мантиқу андешаи солим такя мекунад. Империяҳои имрӯзаи ҷаҳон чун дар гузашта  метафизикаи (ҷаҳонбинии) солими воқеӣ надоранд… Аз ноилоҷӣ аз пайи дину миллат  ва идеологияи пӯсидаи асримиёнагӣ мераванд. Чаро ки ин империяҳо аз роҳи ҳиллаву найранги  сиёсӣ ба ин мақом расидаанд. Аз ин ҷиҳат ба дину миллати худ вобастаанд. Ба муқобили аҳкоми динии суннатӣ ва  урфу одати миллати худ баромада  наметавонанд. Пас, маҷбуранд, ки идеологияи империяи ҳудро дар заминаи  дини суннатӣ  ва анъанаҳои миллии кишвари худ барпо намоянд. Оқибат чунон мешавад, ки ҳоло мо мушоҳида мекунем: Ҳукуматсозӣ не, балки ҳукуматбозӣ. Ин дигарба меъёри бозиҳои сиёсӣ ва геополитикӣ табдил шудааст.
В-Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон натиҷаи  ҳамин фасоди  ақидавӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ  ва метафизикӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ буд, ки имрӯзҳо бештар аз  гузашта фош шудааст… ва дар оянда фоштар хоҳад шуд…

      4-Таъсири  муҳоҷират  дар  фурупошии  оилаҳои ҷавон
    Дар асри XX системаи  истеъморӣ зери ниқоби сотсиализм  ва коммунизм  арзи ҳастӣ кард. Капитализми  бениқоб-Амрико дар охири асри XX  ба рақиби худ ғолиб омад  ва низоми сиёсии Шӯравӣ аз ҳам пошид. Ин фурӯпошӣ  ва оқибатҳои он барои кишвари мо  ҳам таъсир гузоштанд. Муҳоҷирони меҳнатии мо дар Россия аз ҷониби гурӯҳҳои радикалу мутаассиб ҳамеша мавриди таъқиб ва фишори руҳонӣ ва ҷисмонӣ қарор мегиранд. Аз ҷониби дигар, хурофоту таассуби мазҳабӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ афзоиш меёбад ва ин боиси поён рафтани сатҳи тарбияти миллӣ гардида истодааст. Абарқудратҳои имрӯзаи ҷаҳон  танҳо аз вуҷуди ислом изҳори нигаронӣ менамоянд, на аз динҳои дигар.  Муҳоҷирони мо ин назокатҳоро эҳсос намекунанд ва ё ба эътибор намегиранд. Аз ҷониби дигар, нашинохтани воқеиятҳои замон, ба назар нагирифтани арзишҳои миллӣ, надонистан ва сарфи назар кардани суннату анъанаҳои мардуми рус ва маҳрумиятҳои фикрию маърифати муҳоҷирони моро дар Руссия ба мушкилот мувоҷеҳ месозад. Маҳдудӣ ва муҳитҳои ҷанги фикрӣ, ақидатӣ ва маданӣ сабаби хало ва вакууми маънавӣ мегардад. Чунин муҳит аз нигоҳи равонӣ  инсонро ба сӯи бероҳа равона мекунад. Онҳо ба таври нохудогоҳ  ва ба шеваҳои гуногун аз он ҷомеаи барои худ бегона, «қасос» мегиранд.  Ба инҳироф рӯй меоранд. Маъмулан, нороҳатӣ аз чунин аъмоли маъмулӣ  оғоз мегардад: Майнушӣ, сигоркашӣ, носкашӣ, истеъмоли маводи мухаддир, қиморбозӣ, робитаҳои гуногун бо русапиҳои пиру ҷавон, издивоҷҳо ва ишқварзиҳои  муваққатӣ  ва мавсимӣ,  бо онҳо ташкили оилаи  муваққатӣ ба хотири ёфтани хонаи зист, дуздӣ, авбошӣ, ғорат, қатл,  ришвадиҳӣ, ришвагирӣ, фиребгирӣ, рӯ овардан ба ҷиноятҳои муташаккил, узвият дар ташкилотҳои экстремистии дохилӣ ва хориҷӣ, масҷидсозӣ ва тарғиби ислом дар кишварҳои масеҳӣ ва садҳо гирифториҳои дигар аз ин қабил, рӯҳияи миллӣ ва анъанавии муҳоҷиронро  мешикананд ва эътиқоди онҳоро   аз  урфу  одатҳои  аҷдодӣ ва миллӣ  ба ҳошия меронанд. Ин аст, ки баъзе муҳоҷирон  робитаи худро бо ватани худ қатъ мекунанд. Оилаи ғайритоҷикӣ ташкил намуда, ҳамсари дар Тоҷикистон  интизори худро ба воситаи  телефони мобилӣ талоқ медиҳанд. Ва ё ба модару падараш фармоиш медиҳанд, ки барои ӯ «арус»-и нав пайдо намоянд. Падару модари қашшоқ   ва камбағал аз тарси он ки  писарашон кумаки пулиашро ба онҳо  қатъ накунад, талабу ҳоҳишҳои  ин фарзанди бероҳа  ва мунҳарифи худро «таҳаммул намуда», барои ӯ арӯси нав меёбанд. Кӣ медонад, ки он пулҳоро барои арӯси наваш  аз чӣ роҳҳое ба даст  меоварад? Ин ҳолатро касе контрол карда наметавонад. Мардуми мо дар даврони Шуравӣ  расму русуми дузанӣ  ва бисёрзаниро «фаромӯш» карда буданд. Зиндагии муҳоҷират аждаҳои хобидаро аз нав бедор кард. Ҳамин одати «нав»-и муҳоҷирони меҳнатии мо: Як зан дар Россия ва як зан дар Тоҷикистон,  сабаби асосии фасод дар рӯҳия ва ахлоқи натанҳо худи  онҳо, балки сабаби фасод дар урфу одати миллии  тамоми сокинони ҷумҳурӣ  гардидааст. Фасоде, ки ҳатто  давлат ва ташкилотҳои давлатӣ ва худи  ҷамъият қодир нестанд, ки онро назорат ва контрол намоянд. Ин аст таъсири харобиовари муҳоҷират дар ахлоқи ҷавонони имрӯзаи мо.  

       5-Аксуламалҳои ҷавонон дар ин буҳрони оилавӣ
     Ин аксуламалҳо якранг нестанд. Баъзе мусбат ва баъзе манфианд. Баъзеҳо зани ғайритоҷики худро вақти бозгашт  ба ватан, тарк мекунанд. Баъзеҳо ҳамсарони  ғайритоҷики худро ба Тоҷикистон меоранд. Баъзеҳо пайғом мефиристанд, ки зани маро ҷавоб диҳед, то ба хонаи падараш  равад, чаро ки ман дигар  ба Тоҷикистон  барнамегардам. Ман дар ин ҷо оилаи  нав ташкил намудаам… Баъзеҳо зани тоҷикашонро ҳамроҳи худ ба Россия  мебаранд ва зиндагии анъанавии тоҷикии худро давом медиҳанд…
      Муҳоҷири дигар, ҳам дар Россия зану фарзанд дораду ҳам дар Тоҷикистон. Ба ду муҳит одат кардааст. Ин хел мавҷудотро дар биология  обхокиҳо меноманд, ки  дар байни муҳоҷирон хеле бисёранд. Маҳз ҳамин  «обхокиҳо» паҳнкунандагони ахлоқи заношӯии феодалӣ  дар ҷомеаи ҳозираи тоҷик ҳастанд.  Ногуфта пайдост, ки сабаби ин робитаҳо дар масъалаҳои заношӯии  ҷавонони  мо аз  сатҳи пасти зиндагии фарҳангӣ  ва иҷтимоии  онҳо дар кишвари худашон ҳаст. Инҳо имконияти дар ватани худ инсонвор  зиндагӣ  карданро надоранд. Ҷойи  кори муносиб намеёбанд. Баъзеҳо ихтисос ва касбу ҳунари  муайян надоранд. Аз соли 1985 сар карда, рӯҳияи ҷавонон  нисбат ба таълим  ва тарбияи  Шӯравӣ  халалдор  гардид. Онҳо аз бозсозии  М.С.Горбачёв  умедҳои озодӣ  ва истиқлоли  ҳақиқӣ доштанд. Вале ин умедҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ  гиреҳ  хӯрд…
Ҳама ба якборагӣ  маъюс ва ноумед  шуданд. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ  марҳилаи муҳоҷират низ оғоз гардид. Ин муҳоҷират ҳоло ҳам давом дорад. Дар ин 28 сол як насли  нави муҳоҷир  дар  берун  аз  ватан  ташаккул  ёфт. Дигар акнун ин раванд   муваққатӣ  нест. Ҳамешагӣ  шудааст. Масъалаи  савод ва илму дониш  барои онҳо  ҳассосияте надорад. Онҳо ба таҳқиру  тавҳини  бегонагон  одат кардаанд… Муносибатҳои бозорӣ ва тиҷорӣ, аз як тараф ва нуфузи сармоядориву технология, аз тарафи дигар муҳоҷиронро ботинан ва зоҳиран тағйир дод. Муҳоҷири  тоҷик  маҷбур аст, ки худро ба арзишҳои замонию маконӣ мутобиқ созад. Зимнан, муҳоҷирон, аксаран донишу саводи казоӣ надоранд, ҳамқадами замон нестанд. Анъана ва суннатҳои аҷдодиро дар муддати солҳои 1985-2014 аз ёд бурдаанд.  Онҳо ин ҳикмати Фирдавсиро   дигар дар зиндагиашон  татбиқ карда наметавонанд: «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад». Чунки ба бесаводӣ  одат  кардаанд.  Одат чизи харобиовар аст, ки инсонро ба сӯи худбохтагӣ  мекашонад…
    Муҳоҷирони меҳнатӣ барои ҷавонони ватан гӯё  намунаи ибрат шудаанд. Лофу газофи онҳоро бо даҳони кушода  гӯш мекунанд. Орзу доранд, рӯзе бирасад, ки аз пайи онҳо ба Россия бираванд… Ҳақиқат ин аст, ки муҳоҷирон  аксари  вақт  рост намегӯянд… Муболиға мекунанд… Лоф мезананд… Охир, мардикорӣ  дар куҷои  дунё мояи  фахр  ва  ифтихор будааст?  

     6-Рӯҳониёни кишвар  ва муҳоҷирон
    Дар ин масъала ихтилоф  ва иттифоқ  якҷоя  ба назар мерасад: Рӯҳониёни  мо  боқимондаҳои  асри  VII  мелодӣ  буда, муҳоҷирони  мо  боқимондаи  асри  XX  ҳастанд. Фосила хеле бузург  аст. Вале  як хусусияти  муштарак  доранд: ҳарду гурӯҳ бо  фарҳанги  асили миллӣ  ва мазҳабии  худ  бетаваҷҷуҳанд… Фақат вонамуд  мекунанд,  ки  фидоиёни  роҳи  дину мазҳаби  худ мебошанд. Вале дар воқеъ, чунин нестанд. Чаро ки дину мазҳаби худро василаи зиндагии рӯзмарраи  худ  қарор додаанд. Воқеан, дар ин давраи буҳронӣ рӯҳониёни кишвар  метавонистанд  ба  муҳоҷирони  тоҷик беҳтарин хизмати мазҳабӣ, фарҳангӣ ва ватандории  холисона ва берӯю  риёро  анҷом  диҳанд. Вале, мутаассифона, чунин нашуд. Нафароне назди онҳо  рафтанд,  вале ба ғаразҳои динӣ  ва сиёсӣ. Муҳоҷирон  аз  ин сафари онҳо ба ҷойи фоида, зарар  диданд. Аз “ташрифот”-и онҳо ба гушаву канори Руссия сатҳи хурофоту ҷаҳолатписандӣ боло рафта, миёни муҳоҷирон таассуби мазҳабӣ ва риёкориҳои динӣ (ришмонӣ, сатрпӯшӣ ва амсоли инҳо) афзоиш ёфт. Афзун бар ин, мақомоти қудратии ҳарду кишвар (Руссия ва Тоҷикистон) барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи ифротгароӣ ва ҳаросафкании динӣ вақти зиёди худро сарф мекунанд, ки ба “баракат”-и руҳониёни хушкандеши мо иттифоқ афтодааст.
   Бо як ҷумла,  муҳоҷири  меҳнатии  тоҷик  дар чунин як бунбасти иқтисодӣ,  ахлоқӣ,  динӣ, фарҳангӣ  ва миллие қарор гирифтааст, ки  дигар намехоҳад аз «биҳишти русӣ» ба «дӯзахи  тоҷикӣ»  баргардад!
  Агар ҳол чунин аст, пас чӣ бояд кард? Танқид кардани дигарон, осонтарин кор аст. Вале шеваи таҳқиқи асил ва беғаразона чунин аст, ки худи мунаққид  бояд барои саволҳои худ ҷавоби  мушаххасе дошта бошад. Барои ислоҳи  ин мушкилот муаллифи ин  мақола пешниҳоди мушаххаси худро дорад:   

    7.Пас, чӣ  бояд кард?
   Ба андешаи ин ҷониб,  ба таври  муваққат, то ба охир расидани ин буҳрон, зиндагии оилавии  ҷавононро  бояд ба танзим дарорем. Қаҳрамонони  ин маърака инҳо мебошанд:
     А – Раиси маҳалла ё деҳшӯро.
     Б – Муаллими муҳтарами маҳалла ё деҳшӯро.
     В – Шахсияти муҳтарами маҳалла ё деҳшӯро.
     Г – Рӯҳонии маҳалла ё деҳшӯро.
     Ғ – Намояндаи ҷамоат.
     Д – Намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ.
     Е – Як равоншинос (психолог)-и  касбӣ-ҳирфаӣ.
  Ин ҳафт намоянда бояд дар якҷоягӣ  амал намоянд. Вазифаи ҳар яки онҳо  аз чӣ иборат аст?
Раиси маҳалла ё деҳшӯро рӯйхати муфассал  ва дақиқи ҷавондухтарон  ва ҷавонписарони  аз синни 18 болоро  бо тамоми ҷузъиёт омода менамояд. (Соли таваллуд, падару модар, ҳолати иҷтимоӣ, касбу кор, сурати ҷавон,  характеристикаи  мактаб,  тарҷумаи  ҳол, ки ба дасти худаш навишта  ва дигар маълумоте, ки ба масъалаи оиладорӣ  робита доранд).
   - Муаллими муҳтарами маҳалла ё деҳшӯро ба сифати мушовир ва маслиҳатчӣ  фаъолият мекунад.Чун аксари ҷавонон , шогирдони  ӯ будаанд,  шахсияти ахлоқӣ  ва фарҳангии онҳоро хуб мешиносад.
    - Рӯҳонии маҳалла ё деҳшӯро  аз аҳволи зиндагии ҳамаи аҳли деҳа  ва маҳалла бохабар аст. Агар байни падарон ва модарони ин ҷавонҳо  ягон мухолифате вуҷуд дошта бошад, ин мушкилиро аз рӯи дину мазҳаби ин волидайн ҳаллу фасл менамояд. Масалан, кумитаи танзим ба хулосае меоянд, ки ин духтарро ба фалон писар фотеҳа кунем. Чаро ки синну сол, ҳусну ҷамол, ахлоқу одоб ва касбу ҳунарашон ба ҳам мувофиқ  аст. Вале маълум мешавад, ки падару модари духтар пеш  аз ин бо хонаводаи писар мушкиле доштаанд. Дар ин ҳолат рӯҳонӣ  ба майдони  амал ворид мешавад ва мегӯяд, ки «аз рӯи дини мо кинагарӣ  аз се рӯз зиёд мумкин нест». Шумо ин чанд сол мешавад, ки ҳеҷ оштӣ намешавед. Агар дар мазҳаби мо ҳастед, биёед,  дар шоҳидии мо оштӣ кунед…
 Ин аст вазифаи рӯҳонӣ  дар танзими оиладории ҷавонон…
     -Вазифаи намояндаи ҷамоат ташкили ин чорабинӣ аст…
    -Зарурияти ҳузури намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ  дар ин танзим аз он иборат аст, ки доир ба ҷавонони  издивоҷкунанда маълумотҳои дақиқ пешниҳод кунад. Масалан, домод дар муҳоҷират аст. Аз он  2-3 сол гузашта аст. Ӯ дар  муҳоҷират ба чӣ корҳое машғул буд? Мабодо майзада, наркоман, дӯзд, ғоратгар нашуда бошад. Намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ метавонад ин  маълумотҳои  маҳрамонаро ба кумитаи танзим  пешниҳод намояд. Дар шароити ҳозира кори намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ мушкилие надорад… Амалишавандаанд. Ва хеле муҳим ҳам ҳастанд.
    -Равоншинос (психолог) ҳамаи ин маълумотҳоро  таҳлил намуда, назар медиҳад, ки оё фалон духтар бо фалон писар аз нигоҳи  психологӣ бо ҳам мувофиқ ҳастанд ё не. 
    -Вақте ки ин ҳафт нафар ба як хулоса омаданд, он гоҳ ин хулосаро, пеш аз ҳама,  ба ду ҷавон пешниҳод мекунанд. Ҷавонони мо одатан ҳалли ин масъаларо бо волидайнашон  ҳавола менамоянд.
Волидайн бо фарзандони худ ин масъаларо ҳаллу фасл мекунанд. Агар мушкилие пайдо шавад, кумитаи танзими издивоҷ  ба фаъолият шурӯъ мекунад.
    Фикру андешаи ҷавонон  ва волидайни онҳоро  мепурсанд, таҳлил мекунанд, маслиҳат медиҳанд, ёрӣ мерасонанд ва ҳар ду  хонаводаро ба тӯи фарзандонашон  водор менамоянд…
     -Пешниҳодот ва маслиҳатҳои кумитаи танзим маъмурӣ, ҳатмӣ, маҷбурӣ  ва фармоишӣ  нест.
Пешниҳодоти кумитаи танзим машваратӣ,  маслиҳатӣ,  ихтиёрӣ ва озодона аст… Масъулияти ниҳоӣ  ба дӯши  ҷавонон ва  волидайни онҳо мебошад.
    -Чизи  асосӣ ва ҳалкунанда дар ин масъала: якум; розигии ҳар ду ҷавон аст; дуюм, розигии падару модари онҳо. Кумитаи танзим ҳақ надорад, ки ба тасмими ниҳоии ҷавонон ва волидайни онҳо дахолат ва мухолифат кунад. Танҳо ин ҳақро дорад, ба эътирозҳои онҳо ҷавоби дуруст ва санҷида бидиҳад. Онҳо ихтиёр доранд, ки машваратҳои кумитаро  қабул кунанд ё қабул накунанд. Агар пешниҳод бакуллӣ рад гардад, кумита масъалаи ин ду ҷавонро  мавриди санҷиши дигар қарор медиҳад. Кори кумита ба ин маҳалла  ва ё ин деҳшӯро маҳдуд намегардад. Онҳо метавонанд ба кумитаи танзими  маҳаллаҳо ва деҳшӯроҳои ҳамсоя  ва ё дуртар муроҷиат намуда, ҳамкориро давом диҳанд.
   -Мо ин иқдоми кумитаҳои танзими оиладориро кори муваққатӣ  ва таҷрибавӣ  мешуморем. Ва то аз байн  рафтани ин буҳрони иқтисодӣ,  сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, мазҳабӣ, оиладорӣ… кори кумитаи танзим  зарурат хоҳад дошт. Чаро ки мардуми мо аз нигоҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ  ва ахлоқӣ сахт осебпазиранд. Ин буҳрони  ҳамагонии асри XXI  ба ҳастии миллат ва давлати мо таҳдид мекунад. Ҳар як фарҳангии кишвар  масъул аст, ки барои дифоъ  аз ҳувияти  миллӣ ва фарҳангии худ фидокорона талош намояд ва дар изҳори ҳар пешниҳоде  барои ҳалли ин буҳрон  далерона ба майдони баҳс ворид гардад.
 
Комил Бекзода
файласуф