wrapper

(Назаре ба вазъи истифодаи силоҳ дар ИМА)
 
Имрӯз саросари ИМА-рокушторҳои пай дар пай фаро гирифтаанд, ки бо истифода аз силоҳу аслиҳаи мухталифи шахсии шаҳрвандон ба амал омадааст. Чунин тирпаррониву кушторҳои рўзмарра вазъи сиёсию иҷтимоии кишварро боз ҳам нооромтар ва мардумонашро нигаронтар сохтаанд. Назар ба иттилои расонаи хабарии CNN, масалан, танҳо дар моҳи марти соли 2021 дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар 45 ҳодисаи куштори умумии шаҳрвандон сурат гирифтааст. Аз аввали сол бошад, 147 чунин куштору тирпаррониҳои хунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки боиси марги даҳҳо шаҳрвандони бегуноҳ ва ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонию руҳии садҳо роҳгузарони оддӣ  гаштааст. Баъзе аз ин ҳодисаҳои хунин пайомад ва оқибатҳои вазнинро ба бор оварда, боиси тазоҳурот ва аксуламалҳои харобовар шудаанд. Масалан, кушта шудани шаҳрванди сиёҳпўст Ҷорҷ Флойд дар моҳи майи соли 2020, ки аз тарафи як корманди полис дар Миннеаполис ба вуқўъ пайваст, силсилаи бардавоми тазоҳуроти мардумонро на фақат дар саросари ИМА, балки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон  ба бор овард. Ин тазоҳурот зери шиори BlackLivesMatter!- Ҳаёти сиёҳпўстон ҳам арзиш дорад! сурат гирифта, бар зидди нажодпарастӣ ва хушунати кормандони мақомоти қудратӣ (пулис) равона гардид ва дар ниҳояти кор оҳанги ҷиддии сиёсӣ ба худ касб кард. Ба муҳлати 40 сол аз озодӣ маҳрум сохтани корманди собиқи пулис Дерек Шовин ҳамчун қотили Флойд низ вазъиятро ором насохт. Ҳамин чанд рўз қабл аз тири корманди полис куштани шудани боз як сиёҳпўсти дигар – Макайю Брайант, духтараки 16 сола аз шаҳри Колумбуси Иёлати Оҳайо фазои мавҷударо боз ҳам вазнинтар ва муташанниҷтар гардонд.
 
Асли гап чӣ аст?
Дар ИМА силоҳи оташин доштан ва аз он истифода кардан барои дифоъ аз ҷону молу мулки худ ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони ин кишвар аст. Ин ҳуқуқ аз тариқи қабули санади расмии ҳуқуқӣ таҳти унвони «Иловаи Дуюм» (Вторая Поправка) қонунӣ гардонда шудааст. Аммо солҳои ахир вазъият дар ин бобат хеле изтиробовар гаштааст, чун дар хона нигоҳ доштани силоҳи оташин ва аз он беасос ва берун аз доираи қонун истифода кардан боиси кушторҳои зиёди хунин ва тирпаррониҳои марговар махсусан дар ҷойҳо ҷамъиятӣ гардидааст. Ба нисбати нооромиҳо ва мушкилиҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ хариди силоҳ дар чанд соли ахир бамаротиб зиёд шудааст. Масалан, тибқи маълумотҳои расмӣ дар соли 2019 дар ИМА бештар аз 423 миллион адад силоҳи оташбор ба қайд гирифта шуда буд, ки ин аз миқдори нуфуси кишвар (328 миллион аҳолӣ) ҳам зиёдтар аст. Чуноне ки USToday хабар медиҳад, танҳо дар соли 2020 дар ИМА бештар аз 40 миллион адад силоҳу аслиҳаи мухталиф ба фурўш рафтааст. Дар натиҷа назорати хариду фурўш ва истифодаи қонунии силоҳу аслиҳаи шахсӣ мушкил ва ҳатто ғайриимкон гаштааст. Албатта, ин ҳолат кушторҳои бештар ва тазодҳои зиёдтареро  дар ҷомеаи имрўзи Амрико ба бор овард. Президенти кунунии ИМА Ҷо Байден чунин ҳолатро «шармандагии миллат» номидааст. Аз назари Президент Байден, иллати асосии чунин вазъияти нанговар ва хатарнок номуназзамӣ ва номукаммалии низоми қонунгузории кишвар дар бобати хариду фурўш, нигоҳ доштан ва истифода аз силоҳи шахсист, ки онро фавран ислоҳ бояд кард.
 
Ташаббуси Ҷо Байден
Аслан ин мавзўъ дар ҷомеаи Амрико гапи нав нест. Мавзӯи зарурат доштан ва ё надоштани силоҳи шахсӣ ва истифодаи қонунии он барои дифоъ аз худ ҳамеша мавриди баҳсҳои доманадор будааст. Ин мавзўъ ҳатто ба ҷомеаи муосири Амрико ҷудоӣ андохтааст ва дар асл онро ба ду қисмати муқобил тақсим кардааст. Аз ин рў, ҳалли дурусти масъала ва ба ифоқа овардани ҷомеаи имрўзи кишвар яке аз масъалаҳои калидии барномаи пешазинтихоботии Ҷо Байден барои соҳиб шудан ба мақоми президенти ИМА буд. Баъд аз соҳиб шудан ба курсии президентӣ Ҷо Байден фаъолияташро дар ин самт пурзўр кард ва то ҳадде ба ҳалли баъзе аз мушкилоти ин қазия муваффақ ҳам шуд. Масалан, вазъи назорат аз болои соҳибони аслиҳа ва истифодаи он андаке беҳтар гаштааст. Аммо ин муваффақиятҳо чузъӣ буда, мушкили асосиро (тағйири низоми ҳуқуқӣ) аз байн набурдааст. Чаро? Ворид намудани тағйирот дар низоми ҳуқуқии кишвар ва қабули қонунҳои нав берун аз салоҳияти Раиси Ҷумҳур аст. Ин корро фақат Конгресс ва Сенат анҷом дода метавонанд. Албатта, Ҷо Байден дар мавриди Конгресс мушкиле надорад, чун аксарияти аъзои онро намояндагони Ҳизби демократӣ ташкил медиҳанд. Аммо ташаббуси Конгресс дар бобати навовариҳо дар низоми ҳукуқии кишвар бидуни тасвиби Сенат маъно надорад. Дар Сенат бошад, миқдори аъзои он аз ҳарду ҳизб – ҳизбҳои демократҳо ва ҷумҳурихоҳон – баробар аст. Чун муборизаҳои идеологии байни ин ду ҳизби ҳоким махсусан дар давраи Трамп ва баъд аз он ба дараҷаи олӣ расидааст, ҷумҳурихоҳон ҳеҷ вақ нахоҳанд гузошт, ки демократҳо дар ин бобат дастболо шаванд,  ҳатто агар ҳалли мусбати ин масъала ба фоидаи ҷомеаи кишвар ҳам бошад. Аз тарафи дигар, ҷумҳурихоҳон ба ин фикранд, ки айб дар силоҳу аслиҳа нест, чун кушторро инсонҳо анҷом медиҳанд, на силоҳу аслиҳа. Пас, аз назари онҳо, айб дар сари силоҳ нест ва ин масъала набояд таҷдиди назар шавад, чун ин ҳуқуқро Конститутсияи ИМА ба шаҳрвандоникишваркафолатдодааст.Маълум, кигап дар сари маблаѓҳои калон ва манфиатҳои истеҳсолкунандагони силоҳу аслиҳа меравад, ки сиёсатмадоронро харидаанд ва манфиматҳои мардумро зери по кардаанд. Шояд ба ҳамин сабаб ҳам бошад, ки демократҳо дар ин бобат ҳизби Љумҳурихоҳонро бо он айбдор мекунанд, ки онҳо фурўхташудаанд ва имрўз на беҳбуду осоиши љомеа, балки манфиатҳои маҳз ҳамин гурўҳҳои пулдорро дифоъ мекунанд. Президент Байден метавонадфақат дар натиҷаи муваффақ шудан ба бекор кардани Иловаи дуюми Конститутсия ва ё қабули қонуни нав // Иловаи нав дар бобати манъ кардани аслиҳаҳои шахсӣ ин мушкилро ҳал намояд ва ба чунин пайомадҳои ногувори силоҳу аслиҳаи хусусӣ хотима бахшад. 
 
Мулоҳизаҳо
Аз назари мо, сабаби чунин ҳолати ногувор танҳо натиҷаи мавҷуд будани аслиҳаи шахсӣ нест. Сабаби асосӣ дар он буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиест, ки дар ИМА имрўз фарогир шудааст. Ин ҳолат махсусан дар асари пандемияи COVID-19 боз ҳам вазнинтар ва шадидтар гашт. Буҳрони мазкур  масъалаи нажодпарастӣ ва хушунатҳои оилавиро низ сангинтар сохт, рўи об овард. Зиёд шудани сафи бекорон, поён рафтани сатҳи таъминоти иҷтимоии тўдаҳои васеи мардум, дастрасӣ надоштан ба хизматрасониҳои босифати тиббиву мактабу маориф, бойтар шудани пулдорон ва қашшоқтар гаштани камбағалон эҳсоси адами адолати иҷтимоиро ба бор овард. Стресс ва ноумедиҳо дар ҳамин замина дараҷаи нобоварии мардумро на фақат ба мақомоти қудрати давлатӣ, балки дар мавриди ҳамдигар ҳам бамаротиб боло бурд ва онро хатарнок сохт. Як сабаби ба аслиҳа даст задани мардум ҳам ҳамин аст, ки, аз назари онҳо,  дигар ба ин давлату ин мақомоти расмӣ бовар карда намешавад, онҳо дар фикри мардумони оддӣ нестанд, сиёсати онҳо фақат мардумфиребист.
Дар Тоҷикистон ин масъала аз тариқи Қонуни ҶТ «Дар бораи силоҳ», ки 19 марти соли 2013 таҳти рақами 939 ба имзо расидааст, танзим карда мешавад. Қонуни мазкур шакли нав ва мукаммалкардашудаи қонунест, ки ҳанўз 1 феврали соли  1996 таҳти унвони Қонуни ҶТ «Дар бораи яроқ» қабул ва мавриди истифодақарор гардида буд. Қонуни нав муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба гардиши силоҳи ғайринизомӣ, хизматӣ, ҷангӣ, ҳамчунин лавозимоти ҷангиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба ҳимояи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, моликият, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии силоҳ равона карда шудааст. Моддаи 18 ин қонун ба ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба силоҳи ғайринизомӣ бахшида шуда,  дар банди аввали он омадааст, ки «шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни бистуяксолагӣ расидаанд, баъди гирифтани рухсатнома барои соҳиб шудан ба намуди мушаххаси силоҳ дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳи худмуҳофизатӣ, силоҳи варзишӣ, силоҳи шикорӣ ва силоҳи ишоракунандаро доранд». Назорати гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоте амалӣ мегардад, ки барои додани иҷозатнома барои сохтани силоҳ ваколат доранд (Моддаи 32, банди 1).
Маслиҳат ин аст, ки яроқи оташфишон дар дасти  мардум умуман набошад ва ё, дар ҳолатҳои истисноии иҷозати аслиҳа доштан, таҳти назорати сахт қарор дошта бошад. Мавҷудияти аслиҳа имрўз ҳатто дар кишваре чун ИМА, ки дараҷаи баланди фарҳанги ҳуқуқ ва эҳсоси масъулиятро дорост, хатари ҷанги шаҳрвандиро ба миён овардааст. Аз ин рў, дар кишварҳое мисли Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд иҷозат дода шавад, ки дар дасти мардум силоҳи оташфишон бошад. Ин хатарнок аст. Мисоли равшани ин фарзия ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштааст, чун агар дар он солҳои нооромӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба дасти мардум силоҳи бисёр мебуд, доманаи ҷанги даҳшатбори шаҳрвандии он солҳо васеътар ва пурфоҷиатар мегашт. Бешубҳа, раванди оштии миллӣ ва истиқрори сулҳро низ халалдор месохт. Умуман, фарзия дар бобатитаъминибехатарӣваҳифзиҳуқуқуосоишишаҳрвандон дар натиҷаииҷозатиистифода аз силоҳуаслиҳаҳоишахсӣ, ҳатто дар доираиқонунҳамбошад, нигаронкукнандавахатарнокаст.
 
 
Каримов Ш.Т.
сарходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико
 
 
http://www.zoofirma.ru/