Нусхаи чопи
(Дар асоси суханрониҳои расмӣ дар конференсияҳои тарафдорони сулҳ дар Аврупои Ғарбӣ)
Мирзо Турсунзода ҳамчун адиби инсонпарвар,  шоири ватандӯст ва ин- тернасионалист дӯстиву бародарии халқҳои ҷахонро вобаста ба шароитҳои   иҷтимоиву  сиёсиву  таърихӣ ва ояндаи дурахшони халқи тоҷикро дар оилаи ягонаи халқҳои бародарӣ ва сулҳу амнияти олам медид.  Мақоми шоир ҳамчун қосиди сулҳ, сарояндаи амониву оромии халқҳои  ҷаҳон ба таври васеъ тадқиқ гардидааст.
Масъалаи сулҳу ҷанг ва муборизаи озодихоҳонаи халқҳо дар эҷодиёти М. Турсунзода мавқеи бузург пайдо карда, силсилашеърҳои ӯ дар бораи меҳру муҳаббати мардумони озодихоҳи мамлакатҳои дигар нисбат ба Ватан ва муборизаи мардуми шӯравӣ дар роҳи сулҳу амният баҳс мекунад.
М. Турсунзода афзоиши умумиҷаҳонии сулҳпарварон ва рӯҳияи зидди -ҷангии одамони пешқадами ҷаҳонро ҳам ба тариқи «савғои сафарӣ» ва ҳам образи шахсони реалӣ таъкид мекард:

Аз сафар овардаам савғои хуб,                                                            
Ёди ёрон, ёди одамҳои хуб.                                                       
Ёди онҳое,  ки ҷонон одаманд,                                                                  
Дар ғами осудагии оламанд.                                                             
Сулҳ гӯӣ, мисли гул хандон шаванд,                                                
Ҷанггӯӣ, аз ғазаб тӯфон шаванд.

Дар достони «Ҷони ширин» шоир образи муборизонифаъоли сулҳро бо номаш зикр кардааст. Яке аз онҳо шоири намоёни Покистон Файз Аҳмади Файз мебошад. Дар мамлакаташ таъқибу азиятҳо, зиндону ишкелҳо иродаи ин марди ҷасуру муборизро шикаста натавонистанд: вай дар тамоми шароитҳо барои озодии кишвараш, тантанаи сулҳ дар ҷаҳон мубориза бурд:

Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон,
Файз буд дар хонаи мо меҳмон.
Аз Ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт….
Борҳо ин мард зиндон дидааст,
Дар сари мӯ бозии ҷон дидааст.
Рӯ ба халқи кишвари маҳбубкард,
Марги беинсофро мағлуб кард ...
Зулм гарчи карда мӯяшро сафед,
Лек мегӯяд, ки дунё бо умед... (1, 77)  
 
Аз асарҳои М. Турсунзода аён мегардад, ки фарзандони барӯманди халқҳои дунё бо роҳҳои гуногун ба тарафдорони сулҳ, тарғибгарони тинҷиву амонӣ ҳамроҳ мешаванд. Империалистон зулм ва ҷангро боиси халовати худ медонанд вааз ин рӯ, ба мамлакатҳои дигар аз роҳи макру фиреб ҳамчун ба манбаи даромад  нигоҳ карда, ҳуқуқ ва истиқлолияти халқои мамлакатҳои тобеъро поймол мекунанд ва кӯшиш доранд, ки ҳамаро мутеи раъи худ намоянд. Шоир сиёсати ҷангҷӯёна ва кирдорҳои хунини империалистон дар мамлакатҳои мустамликавӣ ва ниммустамликавӣ, ҷангҳои иғвогаронаю ғоратгаронаи Америка, Англия ва Фаронса дар Корея, Ветнам, Ҳинду Хитой, Алҷазоир ва Камбодҷа, тайёрии ҳарбии зиддишӯроии лагери империалистӣ  ва мақсадҳои ифлоси ҷангҷӯёнаи онҳоро фош кардааст.
     Баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар миқёси байналхалқӣ вобаста ба мубори- заи шадиди халҳои ҷаҳон бар зидди ҷанги нав, мубориза барои сулҳ ташкилотҳои нав таъсис ёфтанд. Конгресс ва конференсияҳои тарафдорони сулҳ, фестивалҳои байналхалқии ҷавонон,мубодилаи вакилони парламенти давлатҳои гуногун, сафарҳои дӯстонаи сардорони давлатҳо ба мамлакати ҳамдигар  ва ғайра барои торафт афзудани ҳамкорӣ ва ҳамфикрии халқҳои сулҳҷӯю озодихоҳ имкониятҳои калон падид оварданд. Дар чунин маврид устод Турсунзода, ходими давлатӣ, раиси Кумитаи шӯравии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, узви кумитаи шӯравии сулҳ, узви гурӯҳи парламенти ИҶШС дар ҳузури Шӯрои  Олии ИҶШС, раиси кумитаи Тоҷикистонии сулҳ ба арсаи фарохи муборизаи муқаддас дохил  шуда,  ҳамчун фиристодаи такягоҳи сулҳу амният дар  бисёр конференсияю конгрессҳои тарафдорони сулҳ иштирок кард ва аз ин сафарҳо илҳом гирифта, дар мавзӯи сулҳ бештар мақолаҳо навишт. Чуноне ки худ ишора мекунад, Мирзо Турсунзода дар аз рӯи вазифааш дар бисёр конгрессу конференсияҳои байналхалқии ҳомиёни сулҳ иштирок кардааст (2- 12).
  • 1947 – Деҳлӣ, конференсияи мамлакатҳои Осиё,
  • 1948-Врослав, конгресси меҳнати интеллектулӣ,
  • 1949 – Париж , конгресси якуми тарафдорони сулҳ.
 1953  - Варшава, конгресси дуюми тарафдорони сулҳ,
  • 1955 - Вена, конгресси сеюми тарафдорони сулҳ,
  • 1957 – Стокголм, маҷлиси Шӯрои умумиҷаҳонии мудофиаи сулҳ,
  • 1962 - Хелсинки, конгресси мудофиаи сулҳ,
  • 1966 - Бейрут, конференсияи нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқо,
  • 1970 – Деҳлӣ, конференсияи нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқо.
М. Турсунзода ба Афғонистону Эрон, Бағдоду Колумбия, Мехикою Монреал, Булғорияву Чехоловакия, Танзанияву Гвинея сафарҳо кардааст. Дар тамоми кишварҳо шоирро ҳамчун қосиди сулҳу амният  ва якдилии халқҳои ҷахон қабул мекарданд. Дар ҳама ҷо ӯ вазифаи муҳими давлатиро ба ҷо меовард, яъне кӯшиш менамуд, ки халқҳои ҷаҳон бо ҳамдигар дӯст бошанд, оташи ҷанг хомӯш гардад ва сулҳ тантана намояд. Ӯ он замон  забони русиро забони сулҳ ва бародарӣ ҳисобида, дар шеъри «Қонуни бародарӣ» дар васфи он гуфтааст: (2,7)

Дар ин забон сухани амну сулҳ, яъне «мир»,
Намудааст умеди ҷаҳониёнро  тасвир.
Дили муборизи ҳинду, франсузу зангӣ,
Дар ин калима бо ҳам бастаанд чун занҷир.

Дар баробари шеъру достонҳо устод Турсунзода як қатор мақолаҳои хотирмон ҳам навиштааст, ки аз нигоҳи сиёсию иҷтимоӣ дорои аҳамияти махсус  мебошанд. Масалан, дар мақолаи «Оилаи бузург» Устод дар бораи иштироки худ дар конгресси меҳнати интеллектуали дар Врослави Полша (1948)  сухан ронда, роҷеъ ба ошноияш бо Красинский, Отешко, Кононниская ва Юлиан Тувим маълумоти ҷолиби диққат меоварад.
 Конгресси Врослав нишон дод, менависад Устод Турсунзода дар ин мақолааш, - ки дар олам акнун ҷое нест одамон нафаҳманд, ки ба душманӣ ва ҳамҷудоии инсоният, маҳв гардидани маданият  ва тайёр кардани муҳорибаи атомӣ чӣ сабаб мешавад: дар ҷаҳон акнун гӯшае нест, ки одамон  тамоми умедҳои худро ба ҳаракати халқӣ, ба муборизаи синфи меҳнаткаши худ набанданд: ман ба ходимони пешқадами маданият  ва илми тамоми мам- лакатҳои ҷаҳон ошно шудам , ки онҳо тайёранд ба хотири бахту саодат ва адолат дар роҳи сулҳ , дар роҳи тараққиёти демократии халқҳои худ мубориза баранд (3, 34-37).
Мақолаи дигари Устод «Кори сулҳғолиб меояд»  ном дошта, ба иштироки шоир дар конгресси тарфдорони сулҳ дар Париж (1949) бахшида шудааст ва он оид ба шикастнопазирии тарафдорони  сулҳ ва муборизаи одилонаи онҳо ба  муқобили  хавфи ҷанги нав ва фашизми навбаромад  ҳикоят  мекунад. Дар ин мақола  М.Турсунзода душманони сулҳро  зери  танқид мегирад. Дар палатаи умумии Англия депутат  Грэхэм  ном  каси ҷоҳиле  аз минбари баланди парламент бо нафрат гуфта буд, ки узбекон ва тоҷиконро «қавмҳои пасти осиёгӣ»  мебошанд. Дар ҷавоб Устод менависад, ки аввалан, ба ҳамаи ингуна грэхэмҳои«шарқшинос» гуфтан даркор аст, ки Умари Хайём ки дар дунёи англо-саксҳо машҳур аст, асарҳои худро ба забони қадими ҳамин «қавми ночиз» навиштааст, муаллифи «Шоҳнома»-и ҷовидонӣ Фирдавсии бузург асари худро ба ҳамин забон навиштааст (4,16).
Сониян, фарзандони тоҷик , ки аз лагерҳои фашистӣ гурехта буданд, дар сафҳои партизанҳои Фаронса меҷангиданд. Онҳо медонистанд, ки барои аз зери юғи фашистон наҷот додани Фаронса мубориза бурда, бо ҳамин барои сулҳи пойдор мубориза мебаранд. Мо асарҳои бо забони тоҷикӣ тарҷумашудаи Пушкин, Лев Толстой, Максим Горкий, Шекспир, Балзак, Байрон, Марк Твен, Барбюс, Ромен Ролланро мехонем: мо ҳар чизи беҳтаринеро дар Ғарб ҳаст, медонем…
Классики тоҷик Сайдои Насафӣ гуфта аст, ки халқ ба дарёи калоне монанд аст ва ҳар касе, ки ба муқобили ҷараёни ин дарё равад, дар гирдоб маҳв хоҳад шуд. Бигзор , душманони халқҳо – оташдиҳандагони ҷанг дар ин бора дурусттар фикр кунанд. Касоне ки қасди нияти ҷанг доранд, бешубҳа, дар ҷанги саркардаашон маҳв хоҳанд шуд. Онҳо аз ҳамин сабаб маҳв хоҳанд шуд, ки қувваи халқҳое ки дар тамоми дунё тарафдори сулҳу осоиш ҳастанд, бениҳоят бузург аст, чунки сулҳ ҳамаи одамонро дӯст ва муттаҳид гардонидааст (4, 17).

Дар забон, дар ғоя , мазҳаб мухталиф,
Аз паи сулҳанд, аммо  ҳамрадиф.

Мақсаду мароми мо, навиштааст М. Турсунзода дар мақолаи «Мо офарандагони таърихем», пойдории сулҳи бардавом, сулҳ барои одамони руи замин, сулҳҳам барои фарзандон ва ҳам барои  наберагон аст.
Дар конгресси  муҳофизати сулҳ дар Вена (с. 1952)  М. Турсунзода  бо вакили занони муқаддаси ҳинд шинос шуд  ва достони «Духтари муқаддас»- ро эҷод кард. Ин достон низ ба шахси воқеӣ- духтари муборизи ҳинд, ки дар Москва меҳмон шуда буд, бахшида шудааст. Матни достон бо байти:

Духтари ҳинду адолатхоҳ шуд,
Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд.                                                                                

ибтидо мегирад,ки аллакай мазмуни достон ва образро фаро мегирад. Хулосаи шоир он аст, ки мубориза дар роҳи сулҳу адолат кори муқаддас аст ва аз ин рӯ, ҳиндудухтарро ӯ духтари муқаддас номидааст (5, 9-10).

Сулҳ истиқболи фарзандон  бувад.
Хотири ҷамъи кӯҳансолон бувад.
Сулҳ бошад, бигзарад нон бемалол,
Аз гулӯи халқ дар ҳар гуна ҳол.

М. Турсунзода дар хотираҳои худ оид ба  конгресси тарафдорони сулҳ дар Париж чунин қайд кардааст: «Вақте ки мо барои ба Париж рафтан дар пойтахти мамлакатамоншаҳри Москва ҷамъ шудем, хабар ёфтем, ки ҳукумати Франсия бо фармони хуҷаинҳои америкоии худ чораҳое ҷустааст, ки дар назди аҳли олам аҳамияти Конгрессро паст зада ва нагузорад, ки мазмуни Конгресс ба ҳамаи халқҳо дастрас гардад. Бинобар он ҳукумати Франсия ба давлатҳои демократӣ ва хусусан ба Ҳукумати советӣ, ки бузургтарин давлати дунё  мебошад, ба ҷои 52 нафар танҳо барои ҳашт кас ҷой додааст. Аммо намояндадагони боқимондаи мамлакатҳои демократӣ, ки намехостанд аз ифода кардани хоҳишва мақсади халқҳои худ ба муқобили отшдиҳандагони ҷанги нав маҳрум монданд, дар пойтахти Чехословакия – дар Прага ҷамъ омаданд. Яъне  Конгресси тарафдорони сулҳ дар ду шаҳр – дар Прага ва дар Париж гузашта бошад ҳам, вале ин ду ҷамъомад як Конгресс ба шумор мерафт ва иштироккунандагони онҳо як мақсад ва як мароми  халқҳоро ифода мекарданд. Ба муқобили Конгресс  ин ягона чорабинии  ҳукумати  Франсия  набуд.  ӯ боз чораҳои дигаре аз ин ҳам разилтарро дар давоми Конгресс пешбинӣ карда буд.
Вақте ки мо ба Париж ворид шудем, дар ҳаёти халқҳои дунё ба амал омадани чунин як воқеаи муҳимро танҳо аз газетаҳои демократӣ метавонистем хабардор шавем. Чун-ки бо фармони ҳукумати Франсия ҳамаи газетаҳои ҳукуматӣ реаксонӣ забон як карда, дар бораи Конгресс ягон сатре ҳам наменавиштанд. Кас гӯё  гумон мекард, ки дар он рӯзҳо дар пойтахти Франсия ҳеҷ ягон воқеаи муҳимме рӯй надода бошад. Лекин ин тадбирҳо ба дӯстдорониҷанг фоидае набахшиданд. Ватандӯстони франсуз меҳмонони худро гармуҷӯшон дар пойтахти маҳбуби  худ қабул карда , ба намояндагони беҳтари - ни халқҳои сулҳҷӯй имконият доданд .ки Конгресси тарафдорони сулҳро дар залиПлейел,ки ин зал дар наздикии боғи Монасо воқеъ гардидааст, муташаккилона барпо намоянд.
Дар Конгресс ду ҳазор нафар вакилони 72 мамлакат иштирок карданд. Оташдиҳан- дагони ҷанг дар ҳаққи Конгресс бӯҳтонҳо мезаданд, ки гӯё ин Конгресс бо дасти Москва ба амал омада бошад, гӯё онро коммунистон ҷамъ карда бошанд. Лекин ин бӯҳтонҳои разилонаи онҳоро ҳайяти иштироккунандагони Конгресс фош намуданд. Дар Конгресс на танҳо коммунистон, на танҳо вакилони советӣ, ки онҳо намояндагони давлати азими такягоҳи сулҳ ва амният дар ҷаҳон мебошанд, иштирок мекарданд, балки мо дар Конгресс намояндагони рӯҳониёни ҳамаи мамлакатҳо, монанди Абат Буле (профессори институти католикӣ), сарояндаи шеърҳои лирикӣ Пол Элюар, олими машҳури Франсия Жолио Кюри (раиси конгресс), рӯҳонии АнглияҶонсон, ҳофизи  машҳури сиёҳпустон Пол Ропсон , котиби гениалии партияи сосиал-демократии Италия Ненни, лейборист Зилликаус, адвокати машҳури Амрико Рогеро медидем, ки онҳо намояндагони чадин партия, мазҳабҳои гунонгун ва фирқаҳои бисёре буданд».
 Барои барпо кардани сулҳ ва амният дар ҷаҳон намояндагони ҳар гуна табақаҳо, динҳо, ҳизбҳо ва халқу нажодҳо дар Париж гирд омада буданд. Онҳо намояндагони 600 миллион халқҳои дунё буданд, ки ба тарафдории сулҳ ва осудагӣ дар Конгресс фаъолона иштирок мекарданд.
 Дар давоми панҷ рӯзи кори Конгресс тахминан баромади намояндагони 72 мамлакати дунё шунида шуд. Мазмун ва мақсади баромадкунандагон, нотиқон як маром буда,ба суи ғалаба  кардани  ақл ва заковат, зафар ёфтани кори сулҳ, гирифтани пеши  роҳи оташдиҳандагони ҷанг равона карда шуда буданд.
Ҳар як нотиқ дар баробари ифода кардани орзу ва умедҳои халқи худ ба унвони мустамликачиён, ба унвони капиталистони Америка, Англия ва Франсия адовати мардуми худро изҳор мекард. Ҳар як намояндае ки аз давлатҳои капиталистӣ ва махсусан аз мамлакатҳои шарқи мустамликавӣ, аз мамлакатҳои Араб, Африқо, Ҳиндустон ва шарқи наздик баромад мекард, азобу уқубати халқи худро ҳикоя намуда, бо далелҳои равшан нишон медод, ки тухми ҷанг дар заминаи сиёсати мустамликадорӣ кошта шудаааст, ки ин тухм ҳамеша ҷангҳои миёни халқҳоро месабзонад. Муборизаи қаҳрамононаи халқҳои Ҳиндучин ба муқобили мустамликачиёни Франсия, муборизаи халқи Индонезия ба муқобили мустамликачиёни Голландия ва муборизаи халқи Юнон ба муқобили мустамликачиёни Америка ва Англия ва лаганбардорони маҳалли онҳо оқибати ҳамин тухмҳои кошта мебошанд (6, 56-57).
Дар яке аз хотироташ М. Турсунзода ёдовар шуда менависад: «Ман занони арабро дидам, ки кӯдакони навзоди худро ба назди дарёи Нил меоварданд, то ки  онҳо аз дарёи бузург қувват, матонат гиранд ва роҳи пурнури осоиштаг, ёбанд. Ман шоҳиди он будам, ки чи тавр иштиокчиёни муқобилиятнишондиҳии франсавӣ бороҳбарии Ф. Жолио –Кюри машъалҳо дар даст ба намоиши зидди «ҷанги сард» мебаромаданд» (7,3).
М. Турсунзода аз минбарҳои баланди ҷаҳон дар бараи кӯдакон, ҷавонон ояндаи миллат сухан ронда борҳо таъкид мекунад ки онҳоро дар руҳияи ватандустӣ, сулҳпарварӣ тарбия намоянд. Сулҳ мафҳуми хушки холи нест. Сулҳ – шароити зиндагӣ дар руи замин аст. Сулҳ, албатта, ба иродаи фақат давлат вобасте нест. Сулҳ дар бисёр вақт ба мову шумо, ба орзу ва омоли халқҳо вобаста аст.

Адабиёт
  1. М.Турсунзода. «Ҷониширин» Душанбес. 1963
  2. Р. Тошматов. М. Турсунзода—сарояндаисулҳ. Хуҷанд, с.1991, 15 с.
     3.Оилаибузург. Шарқи сурх №10 c.1948
     4.Нутқ дар конгресси умумиҷаҳонии тарафдорони сулҳ дар Париж. Шарқи сурх № 5 c.1949
     5.Достони «Духтари муқаддас». Душанбе 1960.
     6.Муборизаи бузург ва муқаддаси халқҳо. Болшевики Тоҷикистон №1-6 с. 1949.
  1. М.Турсунзода «Тантанаи сулҳ» Маориф ва маданият 12 Маис.1964
 
Исоқов Маҳмадлатиф,
 ходим илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико