wrapper

Дар давраи шӯравӣ  робитаҳои ҳамаҷониба байни давлатҳои арабизабону Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гаштанд. Аз ҷумла, робитаҳои адабиву фарҳангии тоҷику араб дар ин даврон хеле вусъат ёфтанд. Далели ин гуфтаҳо иқтибосест, ки аз китоби “Равобити байналхалқии РСС Тоҷикистон” (Душанбе, 1965) оварда хоҳад шуд: “Моҳи феврали соли 1944 дар асоси қонуне, ки Совети Олии СССР қабул карда буд, ба Конститутсияи СССР моддаи 18 - а илова карда шуд, ки мувофиқи он республикаҳои иттифоқӣҳақ доранд ба таври мустақил ба арсаи байналхалқӣ бароянд, ба шарти он ки муқаррар намудани асосҳои умумии иҷрои функсияҳои сиёсати хориҷии республикаҳои иттифоқӣ дар ихтиёри СССР монад.” Худи ҳамин хел модда дар Конститутсияи РСС Тоҷикистон ҳам ҳаст:
“Моддаи 16-а. Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки бо давлатҳои хориҷӣ бевосита муносибат кунад, бо онҳо аҳдномаҳо бандад ва ба давлатҳои хориҷӣ намояндаҳои дипломатӣ ва консулӣ фиристода, намояндаҳои онҳоро қабул кунад”. [1, 3-4].
Яке аз арабшиносони  номвари тоҷик устод Тоҷиддин Мардонӣ  ки  равобити мутақобилаи давлатҳои араб ва тоҷикро дар давраи шӯравӣ  хеле амиқ таҳқиқ намудааст,  дар яке аз мақолаҳои хеш, ки “Арабистика в Таджикистана в советский период” ном дорад, оид ба пайдоиш ва вусъат ёфтани илми арабшиносӣ дар Тоҷикистон, ки маҳз давраи шӯравиро дар бар гирифтааст, маълумоти комил дода, чунин суханҳоро навиштааст, ки тарҷумаи ин матн пешкаши хонандаи гиромӣ хоҳад шуд: “Асосҳои илми шарқшиносӣ бо асарҳои олимони тоҷик С. Айнӣ, Б.Г.Ғафуров, А.М.Баҳоуддинов, А.М.Мирзоев, М.Д.Диноршоев, ҳамчунин муҳаққиқон ва шарқшиносони рус – В.В.Бартольд, Е.Э.Бертельс, С.Ф.Ольденбург, А.А.Семенов, М.Е.Андреев ва дигарон поягузорӣ шуда буданд. Дар асарҳои ин олимон масъалаҳои гуногуни муҳими таърих, фарҳанг ва фалсафаи тоҷик ва халқҳои кишварҳои ҳамсояи Шарқи Миёна матраҳ шудаанд.” [2, 5].
Қобили тазаккур аст, ки саҳми устод С.Айнӣ, устод М.Турзунзода ва устод Ҷ. Икромӣ дар таҳкими равобити адабии арабу тоҷик дар давраи шӯравӣ бузург аст, зеро маҳз ба шарофати ин абармардон ва бузургони миллат на танҳо ҷаҳони араб, балки тамоми дунё бо илму фарҳанг ва маданияти баланди тоҷикон огоҳ гаштанд. Асарҳои ин устодон ба чандин забонҳо тарҷума шуда, дар хориҷи кишвар чоп шуданд. Ҳарчанд хонандаи хориҷӣ пеш аз ин ҳам бо эҷодиёти форсизабонон огоҳӣ дошт, вале маҳз бо тавассути китобҳои безаволи ин устодон аввалин бор бо давлати Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуд.
Бояд гуфт, ки дар ҳалқаи ин абармардон, ки ба Ватани худ содиқона хизмат намуду номи муборакаш то ба имрӯз дар дили ҳамагон нақш бастааст, яке аз шоирони сулҳпарвару ватандӯст ва муборизи даврони шӯравӣ устод Мирзо Турсунзода мебошад, ки дар Шарқи Араб шӯҳрати беандоза дошт. “Суханрониҳои оташбори Мирзо Турсунзода дар ҳамоишҳои байналмилалӣ, ки дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои арабӣ низ интишор меёфтанд, инчунин сафарҳои зиёди ӯ ба кишварҳои арабӣ, мулоқотҳои сершумор бо намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ, вохӯриҳои самимонаи ӯ бо меҳнаткашони оддии араб хислати шоири асил ва наттоқи шаҳирро, ки чи бо сухан ва чи бо кори амалӣ барои сулҳ, дӯстӣ, инсонгарӣ ва ватанпарастӣ мубориза мебурд, барои онҳо намоиш мегузошт”. [3, 134-135].
Мусаллам аст, ки М.Турсунзода раиси кумитаи шӯравии ҳамбастагӣ бо кишварҳои Осиё ва Африқо буд ва бевосита бо давлатҳои арабизабони Африқову берун аз Африқо сарукор дошт. Мардуми араб ва аҷам Мирзо Турсунзодаро чун шоири озодихоҳ ва инсондӯст мешинохтанд.
“Аввалин асари назмии устод М.Турсунзода, ки ба арабӣ тарҷума шудааст, достони ӯ “Садои Осиё” буд. Тарҷума дар маҷаллаи лубнонии “ат-Тариқ” ба нашр расидааст. Хабарро дар бораи ин воқеаи фараҳбахш дар ҳамон замон дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” (25 ноябри соли 1961) шодравон профессор В.П.Демидчик чоп карда буд, вале бо таассуфи зиёд қайд кардан лозим меояд, ки ӯ на шумора ва на соли нашри онро зикр накардааст ва қайд намудааст, ки номи мутарҷим оварда нашудааст.” [3, 136].
Ҳамчунин мутарҷимони араб Моҳир Асал ва Абубакр Юсуф ашъори 17 шоири бузурги шӯравиро аз забони русӣ ба забони арабӣ тарҷума намуданд, ки моҳи августи соли 1973 нашриёти “Дор –ал- араб” дар Бейрут интишор шуд. Чи тавре ки устод Мардонӣ навиштааст: “Мунтахаб “Панҷоҳқасидаи шӯравӣ” (“Хамсин қасида суфйетия”) номгузорӣ шудааст. Нашри ин китоб бо ташаббуси адиби машҳури Лубнон Суҳайл Идрис ба амал бароварда шудааст”.[3, 136-137].
Арабшиноси барҷастаи тоҷик устод Нарзуллоҳи Назар низ шеърҳои “Замин”, “Ҳамин кофист” –и устод М.Турсунзодаро ба забони арабӣ тарҷума намудааст, ки ин шеърҳо дар вақтҳои гуногун дар “ал – Маҷалла ас – суфйетия”, “аш – Шабоб ас – суфйети”, “Анба Моску” ба табъ расидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки китобиНарзуллоҳи Назар “Авроқу-л-мутафарриқа” ном дорад, ки соли 2017 дар Қоҳира чоп шудааст. Муаллиф  дар китоби мазкур аз  Мирзо Турсунзода шурӯъ намуда, ашъори нуздаҳ шоири дигари даврони шӯравӣ ва истиқлолиятро аз забони тоҷикӣ ба забони арабӣ тарҷума намудааст.  Зикри ин нукта низ ҷоиз аст, ки устод Н.Назар танҳо ду шеъри устод Мирзо Турсунзода “Ҷони ширин” (Ғолиятӣ) ва Эй дили ман (Ё фуодӣ) – ро ба забони арабӣтарҷума намудааст. Шеъри машҳури устод М.Турсунзода, ки “Ҷони ширин” ном дорад, аз тарафи мутарҷими  арабшинос Н.Назар бисёр дар сатҳи баланд тарҷума шудааст. Н.Назар номи шеърротарҷумаи таҳтуллафзӣ накарда, балки тарҷумаи озод кардааст. Зеро тарҷумаи калимаи арабии “Ғолиятӣ” – ба забони тоҷикӣ “қимматбаҳои ман” мебошад. Агар устод Н.Назар номи шеърро “руҳӣ” (ҷонам), “ҳилвӣ” (ширинам) ва ё “руҳу-л-ҳилв” мегузошт, тарҷума таҳтуллафзӣ мешуд, вале ибораи “руҳу-л-ҳилв” дар забони арабӣ якчанд маъноро дорад, шояд аз ҳамин сабаб мутарҷим лозим донист ки номи шеърро “Ғолиятӣ” (азизам ё қимматбаҳои ман) ном гузорад. Аслан  калимаи “руҳ” дар Қуръон ба маънои Ҷабраил ҳам омадааст, барои ҳамин чи хеле ки қайд шуд, сарлавҳаи шеъри тарҷуманамудаи устод Н.Назар низ муносиб ва мувофиқ аст. Нигорандаи мақола кӯшиш намуд матни аслро бо матни тарҷуманамудаи устод Н.Назар мавриди муқоиса ва таҳлил қарор диҳад. Шеъри устод М.Турсунзода, ки бо чунин сатрҳо шурӯъ шудааст:

“Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун”.

Тарҷумаи ин байт чунин аст: [7, 21].

أُتْرُكي غاليتي هـذا العِتابْ
واقْبليني بكلماتٍ عِـذابْ.
 
Тарҷумаи таҳтуллафзии навиштаҳои устод Н.Назар чунин аст:

“Азизам, ин ҷанг карданҳоро тарк кун,
Ва суханони шиканҷадори маро қабул кун.”

Аз ин ҷо бармеояд, ки мисраи аввал айнан мисли мисраи асл тарҷума шудааст. Мисраи дуюм дигар маъноро гирифтааст, вале зикр кардан бамаврид аст, ки арабҳо калимаи “дилтанг” надоранд. Агар мутарҷим калимаи “дилтанг”- и тоҷикиро таҳтуллафзӣ тарҷума мекард, ба забони арабӣ шеър комилан дигар маъноро мегирифт, аз ин сабаб кори мутарҷим ҳам дуруст аст, ки ба байти аввал ягон байти мувофиқе ёбад ва боз дар шеър ба авзону қофия ва санъатҳои бадеӣ низ аҳмият диҳад, ки кори чандон содда нест. Байти дигари ин шеър инҷо матраҳ хоҳад шуд:

“Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам,
Ҳар куҷо, ки буд ҷои зистам.
Ин дили ман манзили ёди ту буд,
Ёди рӯи ҳуснободи ту буд.”

Тарҷумаи ин байтҳо чунин аст: [7, 22].

حيثُما كُنْتُ أنا فيهِ المُقيمْ
حيثُما اصْبَحْتُ أنا الضَيْفَ الكَريمْ.
كانَ هـذا القلبُ مشدوداً إلى
وَجْنتَيْنِ مِنهُما القُرْبُ حَلاَ.
 
Тарҷумаи таҳтуллафзии байтҳои фавқуззикр чунин аст:
“Ҳар куҷое, ки ман дар он ҷо муқим будам,
Ҳар куҷое, ки ман он ҷо меҳмони мӯҳтарам будам.
Ин дили ман бо ёди он ду  рухсор буд,
Ки ба наздикӣ бо онҳо ширин гардад.
 
 
Лозим ба таъкид аст, ки тарҷумаи арабии шеър бисёр равону зебо ва як оҳанги хуби хонишро дорост, ки ин нукта далели маҳорати баланди тарҷумонӣ доштани устод Н.Назарро нишон медиҳад.
Бояд гуфт, ки  Н.Назар дар китоби “Авроқу- л - мутафарриқа” (Парокандабаргҳо) ба ҷуз аз устод М.Турсунзода ашъори нуздаҳ шоири дигари Тоҷикистон аз ҷумла, Мирсаид Миршакар, Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона, Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Қутбӣ Киром, Мавҷуда Ҳакимова, Ҳадиса, Меҳринисо, Зулфия Атоӣ, Камол Насрулло, Доро Наҷот, Раҳмат Назрӣ, Исфандиёр ва Бӯрӣ Каримовро тарҷума намудааст. [4, 234].
 Тавре,  ки дар боло зикр шуд, арабшиноси дақиқназари тоҷик устод Т.Мардонӣ, киравобити адабии арабу тоҷикро  амиқ таҳқиқ намудааст, дар яке аз мақолаҳои худ “Адабиёти муосири тоҷик дар кишварҳои арабӣ”  роҷеъ ба ихлосу эҳтироми арабҳо ба устод М. Турсунзода чунин  нигоштааст: “...Гувоҳи ин эҳтирому сипосгузорӣ метавон мақолаеро ба шумор овард, ки Ҳишом Саъдия баъди чанд ҳафта аз вафоти шоир дар рӯзномаи “ал – Баас” дар Сурия таҳти унвони ғамангези “Тобистони охирини Мирзо Турсунзода”(18 октябри соли 1977)  интишор додааст”.  [3, 138].  Саъдия Ҳишом дар бораи М.Турсунзода дар мақолаи хеш чунин навиштааст: “Ҳамеша Шарқи бедоршудаистода ва бо тамоми ҳодисаҳои олам пайвастаро мудофаа мекард ва ҳар фикру андешаи ғаразноку хатоеро оид ба карахтии Шарқу нотавонию бозмондагии он аз инкишофу пешравӣ ва аз равандм аср қафо мондани он, барбод медод” [3, 182].
Зикри ин нукта низ ҷоиз аст, ки устод Т.Мардонӣ як мақолае бо номи “Мирзо Турсунзода ва ҷаҳони араб” навиштааст, ки барои навиштани мақола муаллиф бо иҷозати писари шоири сулҳпарвар Парвиз Турсунзода аз бойгонии Осорхонаи адабии устод М.Турсунзода низ истифода бурдааст. Аз бойгонӣ якчанд ҳуҷҷатҳову номаҳое пайдо шудаанд, ки адибони араб ба устод М.Турсунзода ирсол намуда будаанд. Чи хеле ки муаллиф мисол овардааст: “Ба қаробати Мирзо Турсунзода ва муносибатҳои дӯстонаи ӯ бо Муҳаммад Солиҳ Баҳр ал-улум (шоири маъруфи ироқӣ) ва дигар намояндагони табақаҳои гуногуни халқи Ироқ, як даста мактубҳо, барқияву даъватомаҳо, ҳамчунин китобҳои бо соядаст тақдимшудаи онҳо далолат мекунад.” [3, 175].
Барои мисол профессор Т.Мардонӣ тарҷумаи мактуби фиристодаи адиби ироқӣ Муҳаммад Козим ат-Турайҳиро далел овардааст. Ҳамчунин ӯ суханони собиқ роҳбари созмони иъломияи Ташкилоти якдилии халқҳои Осиё ва Африка, адиби яманӣ Форуқ ал – Ҳакимиро низ мисол овардааст, ки чунин гуфтааст: “Дар мамлакатҳои араб Мирзо Турсунзодаро – ин мунодии фаъоли ғояҳои сулҳу сотсиализмро – ба хубӣ мешинохтанд ва мешиносанд. Бо дили бекарону амиқи худ ӯғаму шодии одамони оддиро зиракона эҳсос мекард, ҳамаи кӯшишу ғайрати худро ба харҷ медод, ки барои ба ҷодаи бахту саодатмандӣқадам ниҳоданашон ёрӣ расонад...” [3, 169].
Лозим ба ёдоварист, ки ин шоири маҳбуб борҳо ба кишварҳои араб сафар намудааст ва далели ин гуфтаҳо ин шеъри шоир аст:

“Роҳи Қуръону Мадоин, роҳи дин,
Роҳи зарҷӯяндагон то Ҳинду Чин.
Роҳи Фиръавну раҳи пайғамбарон,
Роҳи Нилу Даҷлаи аз хун равон...
Мепаридем аз сари чандин диёр,
Аз сари Байтулмуқаддас шӯълавор,
Аз сари хоки Фаластину Ироқ-
Дашту саҳроҳои майдони нифоқ.” [3, 169].

Боре устод М.Турсунзода дар конференсияи  дар Қоҳира барпогардида иштирок карда ин масъаларо дар мақолаи худ “Машъали сулҳ” навишта будааст: “Дар бораи он, ки мароми барқарор кардани адолат дар рӯи замин чӣ гуна халқҳои Осиё ва Африқоро фаро гирифтааст, метавонем аз рӯи конференсияи дар Қоҳира барпогардида хулоса барорем... Пеш аз сар шудани конференсияи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо дар Қоҳира, 23 – юми моҳи декабри соли 1957 иди яксолагии ғалабаи мисриён дар Порт – Саид ба муқобили истиқлолгарони Англия, Фаронса ва Исроил барпо гардид...” [3, 182].
Устод М.Турзунзода ба ҷуз аз Қоҳира, ки аз он ҷо таассуроти аҷибе гирифтааст, боз сафари Димишқро низ чунин тасвир намудааст: “Ман ба наздикӣ аз Димишқ, ватани “Ҳазору як шаб”, як ҳазору як афсона дар бораи имкониятҳои бепоёни инсон, дар бораи бузургӣ ва мақоми вай дар рӯи замин, баргаштам...” [3, 183].
Аз навиштаҳои боло ва махсусан тадқиқотҳои устод Т.Мардонӣ бармеояд, ки устод М.Турсунзода дар шарқи Араб бисёр маъруф буд ва ин шоири инсондӯст ва ватарпарвар тавонист бо ҷавҳари саодатпартави хеш ва бо эҷодиёти гаронбаҳояш тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки устод Мирзо Турсунзода низ мисоли дигар бузургон ҳанӯз дар овони хурдӣ бо Қуръон ошно буд ва Ҳафтякро ҳифз намуда буд, ки дар ин бора худи шоир низ шеър навиштааст. Ин масъала низ дар мақолаи устод Т.Мардонӣ матраҳ шудааст.
Баъди варақгардон намудани китоби устод М.Турсунзода “Шеър ва достонҳо” (Душанбе, Адиб – 1991) мо дар якчанд шеърҳои шоир ибора ва калимаҳои арабиро дарёфтем. Яке аз шеъри ӯ “Салламно” ном дорад, ки чанд мисрае аз он шеър инҷо оварда хоҳад шуд:

“...Ба туву мардҳои майдонат,
Аз дилу ҷон салому салламно!
Ҳам бар миробу бар раисонат
Шарафу эҳтирому салламно!” [5, 43].

Дар ин ҷо калимаи “салламно” ҷумлаи арабист, ки маънояш “(мо) салом гуфтем” мебошад.
Ҳамчунин як шеъри дигари устод М.Турсунзода “Савганд” ном дорад, ки дар ин шеър шоир чанд мисрае дар бораи “шаби қадр” (лайлатулқадр) навиштааст, ки ба ҳамагон маълум аст, ки “лайлатулқадр” ибораи арабӣ буда, дар Қуръони Карим низ сурае бо номи “Қадр” мавҷуд аст:

“Солҳои сол
           мегуфтанд мардум, ки:
                                          ба мо
Бахту шодӣ мерасад
                          аз лайлатулқадр, -
                                                     аз қазо.
Дар шаби торик
                Нурафшон
                                 Гузар хоҳад намуд,
Аввали шаб,
                    Нисфи шаб,
              Майли сафар хоҳад намуд.
Шакли он гирд аст,
                            Рӯяш мисли оташпорае,
То саҳар бедорхобӣ,
                            Гар кунӣ наззорае.
Метавонӣ дид онро,
                     Мақсадат иҷро шавад,
Ҳар чиро ки даст гирӣ,
Ҷо ба ҷо тилло шавад.” [5, 85].

Дар ин мақола  як ҷанбаи мавзӯъ ба таври кӯтоҳ гуфта шуд, чун омӯзиши ҳама паҳлӯҳои ин масъала тадқиқи алоҳидаро ва густурдаеро тақозо мекунад.  Салоҳ донистем, ки мақолаи мазкурро бо суханҳои Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона, ки перомуни шахсияти устод М. Турсунзода чунин нигоштааст, хотима бахшем: “Симои фурӯзонфари устод Мирзо Турсунзодаро мо чунин мебинем: симои азизе, ки партави анвораш то имрӯз дилҳорову дунёро муждаи сабоҳат медиҳад, тимсоли мунире, ки ҳанӯз домони намозии Ватанро бӯса мезанад, рӯдҳову обшорони диёрро дуруд мегӯяд, бо хурду бузурги Тоҷикистон ёронаву ёваронаву хешона ибрози муҳаббат мекунад, дасти аз ғояти сармову гуруснагӣ яхбастаи ятимакони бекасу кӯро падарона ба даст мегирад, ба решҳои дили Шарқ марҳам меҷӯяд, ҷангҳоро ба сулҳ иваз месозад, зулматро ба нур, ҷаҳолатҳоро ба маърифат, зулмҳоро ба мурувват, кинаҳоро ба меҳр табдил медиҳад. Як одами маъмулӣ магар метавонад бо ғами кӯдакони бемакони ҳинду зиндагӣ кунад ё бо ранҷи сияҳбахтони Африқо:
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.
Як шоири одӣ магар метавонад ончунон Ватан гӯяд, ки ба василаи ӯ мардуми шаш ҷиҳат Ватани ӯро шиносанду дӯст доранд”. [6].
 
Рӯйхати адабиёт:
  1. Акбаров Т. Б. “Равобити байналхалқии РСС Тоҷикистон”. Душанбе: - Ирфон, 1965, 60с, саҳ. 3-4, 22, 41, 43, 56.
  2. Мардонӣ Т. Н. Арабско – таджикские литературные связи. История и современность (сборник статей). – Душанбе: «Ирфон», 2006.-400стр, стр. 5, 6.
  3. Мардонӣ Т. Н. Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам.( Гузашта ва имрӯз). – Душанбе: «Ирфон», 2010. – 236с, саҳ.128, 130, 134, 135, 136, 137, 138, 169, 175, 182,183
  4. Назаров Н. “Авроқу-л- мутафарриқа” (Парокандабаргҳо). Ќоњира, с. 2017, - 225 с, саҳ. 21, 22, 234.
  5. Турсунзода М. “Шеър ва достонҳо”. Душанбе: - Адиб, 1991, 320с, саҳ. 43, 85.
  6. Хоҷаева Иноят (Фарзона). Муншии умеди тоҷик. Рӯзномаи “Ҷумҳурият”, №90 (5.05.2021).
  7. wikipedia.org.
  8. tarjumon.com
 
 
 
Каримова Шоҳона,
ходими илмии шуъбаи  Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
 
 
 
 
 
 
http://www.zoofirma.ru/