Нусхаи чопи
Намуди нави вируси мутатсияшуда “Делта”, ки аввалин бор дар моҳи октябри соли 2020 дар Ҳиндустон ба қайд гирифта шуда буд, ҳоло дар 92 кишвар паҳн шудааст. Хотиррасон карда мешавад, ки "Делта" қаблан намуди "ҳиндӣ"-и вирус номида мешуд. Ин як намуди мутатсияи коронавируси SARS-CoV-2 мебошад. Эпидемиологҳо изҳор медоранд, ки мутатсия бо номи K417N метавонад фаъолияти антителаҳои одамонеро, ки қаблан гирифтори коронавирус будаанд ё одамони эмшуда коҳиш диҳад. Ин маънои онро дорад, ки он аз вирусҳои навъи пештар (алфа, бета ва гамма) зудгузарандатар ва зудпаҳншавандатар буда, мушкилоти ҷиддиро ба вуҷуд меорад ва ба ваксина ва доруҳо  мутобиқат нишон медињад.
Аломатҳои асосии ин навъи вирус суръати паҳншавӣ ва симптомҳои нав мебошанд. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), боздоштани паҳншавии бошиддати коронавирус ҳанӯз имконнопазир аст.
Дар Сингапур чунин мешуморанд, ки штамми коронавируси ҳиндӣ дар ҷаҳон ҳукмфармост ва метавонад пандемияи ҷиддитар аз оне, ки қаблан мушоҳида мешуд, ба вуҷуд орад. Махсусан ин намуди вирус дар Англия ва ИМА бошиддат зиёд шуда истодааст. Барои ҳамин ҳам, Д-р. Антони Фауси, мушовири тиббии Қасри сафед ин намудро “таҳдиди калонтарин” барои кишвар арзёбӣ кард.
Дар Америка аз он нигаронаанд, ки ҳатто онҳое, ки эм карда шуданд ва нафароне, ки як бор ин бемориро аз сар гузаронданд, метавонанд боз мубталои  ин навъи вирус гарданд.
Саволе ба миён меояд, ки оё ягон ваксина бар зидди ин вирус кӯмак расонда метавонад?  Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) даъват мекунад, ки натиҷаҳои таҳқиқоти муфассалро интизор шаванд. "То ҳол мо чизе надорем, ки нишондиҳандаи асбобҳои ташхисӣ, доруҳо ва ваксинаҳои мо бошад", гуфт коршиноси ин созмон Мария ван Кеҳхове. Мария Ван Кеҳхове, корманди Ташкилоти Байналхалқии Тандурустӣ оид ба КОВИД инчунин тасдиқ намуд, ки навъи вируси нав- “Делта” дар 92 кишвар паҳн гардидааст.
Ҳанӯз моҳи апрел микробиологи рус, академики Академияи илмҳои Россия Александр Гинзбург изҳор дошт, ки ваксинаи русии Спутник V барои мубориза бо паҳншавии вируси намуди  ҳиндӣ антителаҳои кофӣ эҷод мекунад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, раванди эмкунӣ бояд босуръат идома дода шавад, дар акси ҳол он ба ташаккули навъњои тағйирёфтаи нави коронавирус оварда мерасонад.  
Мутатсияи навъи коронавируси ҳиндӣ ва худи он хатарнок аст, зеро ҳангоми ворид шудан ба ҳуҷайра онҳо ба антителаҳо тобовар мешаванд. Гинзбург инчунин гуфт, ки навъи “Делта” вазъи беморро дар як муддати кутоҳ хеле бадтар мекунад, хабар медиҳад Агентии Иттилоотии Россия “ Новости” дар асоси изҳороти Александр Гинзбург. Вай инчунин илова кард, ки ваксинаи "Sputnik V" аз тамоми навъҳои коронавируси имрӯз маълум муҳофизат мекунад. Навъи “Делта” баъди моҳи октябри соли гузашта дар Ҳиндустон пайдо шуданаш то инљониб берун аз қаламрави он паҳн шуда, дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Россия муайян карда шудааст. Қаблан шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфта буд, ки 90% мубталоёни коронавирус дар Маскав вируси навъи ҳиндустонӣ доранд. Ҳамзамон, шиддати аслии “Уҳан" амалан аз шаҳр нопадид шуд. Ба гуфтаи Собянин, ин намуди коронавирус зудтар паҳн мешавад ва нисбат ба навъи шаҳри Уҳан хатарноктар аст. Ғайр аз он, дар пойтахт ҳолатҳои такрории сироят дар байни онҳое сабт карда шуданд, ки бемор буданд ё зидди коронавирус эм карда шуданд. Инро бо паҳншавии бошиддати штамми ҳиндӣ алоқаманд мекунанд.
 "Ин намуди вирус нисбат ба вируси бритониёӣ  "Алфа" 70% бештар сироят мекунад ва  назар ба намуди аввала  50% бештар сироят мекунад", - шарҳ дод ба ТАСС кардиологи Маркази илмӣ ва таълимии тиббии Донишгоҳи давлатии Москва, Узви вобастаи Академияи илмҳои Россия, яке аз муаллифони усули нав дар табобати ҷараёни шадиди сирояти коронавирус Симон Маскеплишвили.
 Намуди “Делта” аз дигар мутатсияҳои КОВИД фарқ мекунад. Симптомҳои он низ аз дигар намудҳои вирус фарқ мекунанд, ки инҳо сардард, дарди гулӯ ва равиши оби бинӣ ҳастанд. Инчунин паҳншавии “Делта” низ 50-60% аз намуди алфа зиёдтар аст.  Шаҳодати зуд ва зиёд паҳншавии ин вирус сироят ёфтани тамоми аъзоёни оила якуякбора дар шаҳрҳои Деҳлӣ ва Мумбай махсусан дар моҳҳои апрел-май мебошад.
Қаблан рӯзномаи “Ҳиндустон Таймс” хабар дода буд, ки боз як навъи дигари вируси ҳиндӣ  бо номи “Delta-Plus” дар чаҳор ноҳияи штати Маҳараштраи Ҳиндустон ќайд шудааст. Ин як намуди нави штамми ҳиндии COVID-19 аст, ки вирусологҳо ба омӯхтани он шурӯъ кардаанд, аз ин рӯ, дар бораи “Delta Plus” чизе маълум нест. «Мо Delta Plus-ро дар Мумбай, Палгар ва Ратнагири ёфтем. Пас аз он, мо намунаҳои бештарро барои таҳлил фиристодем ва интизори ҳисоботҳо ҳастем " -гуфт сардори Раёсати маорифи тиббӣ ва тадқиқоти илмӣ доктор Татярао Лахан дар телевизиони Ҳиндустон.
Мақомоти Ҳиндустон кӯшиш мекунанд, ки паҳншавии ин штамми навро бо роҳи бунёди минтақаҳои изолятсия ва маҳкам кардани минтақаҳое, ки “Delta Plus” пайдо кардаанд, ҷилавгирӣ кунанд. Мушовири давлатии Гурӯҳи кории COVID-19, доктор Субҳаш Салунхе қайд кард, ки дар бораи «Делта»-и нав маълумоти кам мавҷуд аст. "Мо бояд хусусиятҳои эпидемиологии вируси мутатсияро (Delta Plus) биомӯзем, токи дар бораи он барои шумораи умумии аҳолӣ фаҳмонем" -гуфт ӯ . Тавре ки баъзе коршиносон пешгӯӣ мекунанд, агар ин навъи мутатсияи вируси “Делта”  дар саросари ҷаҳон паҳн шуда, аз навъи вирусҳои қаблӣ хатарноктар бошад, он муваффақияти ҷомеаи ҷаҳонро дар мубориза бо пандемия дар давоми якуним соли охир зери шубҳа мегузорад.
Аммо Майкл Райан, ҳамоҳангсози Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) оид ба расонидани кӯмаки фавқулода изҳор дошт, ки дар ҳоле, ки штамми нав ва зоҳиран сирояткунандатари коронавирус боиси нигаронии ҷиддии ҳукуматҳои тамоми ҷаҳон шудааст, ТУТ даъват мекунад, ки ба таҳлука наафтанд. «Ҳатто агар суръати паҳншавии вирус каме зиёдтар бошад ҳам, онро ҳоло ҳам боздоштан мумкин аст», — илова намуд Майкл Райан.
Мувофиқи расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон навъи нави корнавируси “Делта” ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин қатъиян риоя намудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ, тандурустӣ ва  саломатии ҳаёти худамон ва наздиконамонро таъмин менамояд.

Нигина Душанбиева