wrapper

Дар таърихи адабиёти тоҷик шоирону мутафаккироне буданд, ки на фақат ба забони тоҷикӣ, балки ба забони арабӣ низ шеър эҷод менамуданд ва аз ашъори шоирони араб тазмин мекарданд ва асарпазирӣ менамуданд, ки аз ин қабил мо устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Саъди Салмон, Мануҷеҳрии Домғонӣ, Фаррухии Сиистонӣ, Унсурии Балхӣ, Ҳоқонии Шарвонӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ  ва дигаронро метавонем мисол оварем, ва ин асарпазириро дар эҷодиёти Мавлоно низ ба мушоҳида гирем.
Муҳаққиқону донишмандони муосири ҷаҳони араб ба эҷодиёти Мавлоно таваҷҷуҳ доранд ва осору ашъори ин нобиғаи тоҷикро омӯхтаву дар заминаи он корҳои илмии зиёд таълиф намудаанд. Аксари мақолаҳое, ки дар бораи Мавлавӣ ва афкору осораш ба забони арабӣ мунташир шудааст, муаррифии ӯ ба унвони шоире тавоно, бо афкоре сӯфиёна ва ишқе бузург ва илоҳӣ ва соҳиби осори баландмазмун ва бадеъ пардохтаанд. Ин падида нишон аз он дорад, ки аз назари мавлавипажӯҳони араб, бисёре аз ҳамзабонони онон бо шахсияти фикрӣ ва адабии Мавлавӣ ошноии кофӣ доранд. Наргис Ганҷӣ ва Фотима Ишроқӣ –мавлоношиносони эронӣ дар мақолае бо номи «Диранге дар осор ва манобеъи мавлавипажӯҳӣ дар ҷаҳони Араб» қайд намудаанд, ки: «Собиқаи нахустин мақолоти мавлавишиносӣ дар ҷаҳони араб беш аз ҳафтод сол аст» [1,159-186]. Вале агар, мо ба ҳамаи он пажӯҳишҳову тарҷумаҳои осори шоирон, ки аз ҷониби арабҳо ба нашр расидаанд назар намоем, ба хулосае меоем, ки Мавлоноро дар ҷаҳони араб хуб мешиносанд. Аввалин маротиба муҳаққиқони араб соли 1872 бо «Маснавии маънавӣ» ошноӣ пайдо намудаанд. Бори аввал тавассути Юсуф ибни Аҳмад ал-Қунавӣ ал-Мавлавӣ ар-Румӣ, туркнажоди арабдон ва шайхи хонақоҳи Бектоши Истанбул машҳур ба «Зуҳдӣ», соли 1877 китобе бо номи «ал-Манҳаҷ ал-қавӣ литуллоб аш-шариф ал-маснавӣ»-ро таълиф намуд, ки ин китоб баргардон ва шарҳи шаш дафтари «Маснавии маънавӣ» аст ва ин китоб дар чопхонаи «Булоқ»-и Қоҳира ба табъ расидааст.
Абдулазиз Соҳиб ал-Ҷавоҳир мавлавишиноси дигари араб дар асараш «Ҷавоҳир-ал-осор фи тарҷумати Маснавии Мавлоно Худовандгор Муҳаммад Ҷалолуддин ал-Балхӣ ар-Румӣ» қайд намудааст, ки «ал-Манҳаҷ ал-қавӣ литуллоб аш-шариф ал-Маснавӣ» ҳамчунин яке аз беҳтарин шарҳҳои “Маснавии маънавӣ” маҳсуб мешавад»[5,148].
Аз мавлавипажӯҳони дигари чаҳони араб Абдулваҳҳоб Аззом мебошад, ки ӯ дар соли 1946 китобе бо номи «Фусулун мин ал-Маснавӣ»-ро дар ҳаҷми 199 саҳифа дар Қоҳира ба табъ расонидааст. Муаллиф дар ин асар бахшҳое аз «Маснавии маънавӣ»-ро аз қабили «Қиссату-о-тоҷири ва-л-бабѓо» ва «Қиссатул -асади ва-л-вуҳуш» ва якчанд қиссаи дигари “Маснавии маънавӣ”-ро ба арабӣ тарҷума намудааст.
Тарҷумаи комили «Маснавии маънавӣ» ҳосили кӯшиши Абдулазиз Соҳиб ул-Ҷавоҳирӣ, бародари Муҳаммад Маҳдии Ҷавоҳирӣ, шоири шаҳири Ироқ мебошад. Ҷавоҳирӣ, ки аз овони ҷавонӣ шефтаи Мавлоно ва осораш буд, ба сарзамини Хуросон омада ва пеш аз иқомат дар Кирмоншоҳ шаш дафтари «Маснавии маънавӣ»-ро ба назми арабӣ даровард ва шарҳу тавзеҳоте бар он афзуд. Ин асар бо номи «Ҷавоҳир ул-осор фи тарҷумати маснавии Мавлоно Худовандгор Муҳаммад Ҷалолуддин ал-Балхӣ ар-Румӣ» дар соли 1958 тавассути интишороти Донишгоҳи Теҳрон мунташир шуд.
Мавлонопажӯҳи дигари араб, устоди Донишгоҳи Қоҳира Муҳаммад Абдуссалом Каффофӣ мебошад, ки ӯ худро шогирди Абдулваҳҳоби Аззом мешуморад. ӯ дар соли 1966-1967 китоби дуҷилдае бо номи «Маснавии Ҷалолуддин ар-Румӣ шоир ас-суфӣ ал-акбар»-ро ба табъ расонидааст. Муаллифи ин китоби арзишманд дар дебочаи асараш, ки дар Бейрут чоп шуда буд, аз мавлавипажӯҳӣ дар ҷаҳони Ѓарб ва Араб ва аз тавсирҳои форсӣ, туркӣ ва арабии маснавӣ мабоҳиси арзишмандеро ироа намудааст.
Мавлоношиноси дигари араб, Сайид Муҳаммад Ҷамол ал-Ҳошимӣ ал -Ироқӣ, дар соли 1995 ҳикоёти ʼʼМаснавӣʼʼро ба назми арабӣ даровард ва бо унвони «Ҳикоётун ва ибарун мин ал-маснавӣ» аз сӯи интишороти “Дор ал-ҳаққ”-и Бейрут дар ҳаҷми 325 саҳифа аз чоп баровард. Аз вижагиҳои ин китоб он аст, ки мутарҷим ҳар қофияро дар ҳар байт бино бар намунаи тоҷикии он ҳифз кунад, ки бешак ин муҳиммии тарҷумаро дар вай сахт ва душвор карда аст [10,18].
Мавлоно, ки сафари дуру дарозтарини худро дар Шом, - (Сурияи имрӯза) гузаронидааст ва дар он ҷо ба таҳсил пардохтааст, дар назди донишмандони беҳтарини он диёр таълим гирифтаву ба лаҳҷаи сурёнӣ хуб ошноӣ доштааст. Имрӯз муҳаққиқони суриягӣ барои пажӯҳиши осори сӯфиёнаи Мавлонои мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Мақолаи мо перомуни яке аз мавлонопажӯҳони муосири кишвари Шом, ки ин сарзамин, чандин аср сарзамини илму маърифат ва дорои китобхонаҳои машҳури дунё будааст, Доктор Исо Алӣ ал-Окуб мебошад. Ғайр аз ин мавлоношиноси араб чандин муҳаққиқони дигари араб ва мавлоношиносони ғайриараб, ки мутахассиси забону адабиёти араб ҳастанд, онҳоро зикр кардан ба маврид аст, ки перомуни эҷодиёти Мавлоно таҳқиқоти арзандаи илмӣ намудаанд.
Доктор Исо Алӣ ал-Окуб аз адабиётшиносон ва адабдӯстони  номвари  кишвари арабии Сурия мебошад. Ӯ соли 1950 дар яке аз деҳаҳои  устони Раққаи Сурия ба дунё омадааст.  Таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби деҳааш  гирифта пас аз чанд муддате, соли 1972 ба бахши забони арабии Донишгоҳи Ҳалаб дохил шуда, баъди хатм ба Донишгоҳи Теҳрон пайваст. Ин донишманди суриягӣ  дар Маркази  мутолеоти илмӣ, дар гуруҳи забони арабии Донишгоҳи Ҳалаб (Диросот ул-улйа фи луғати-л-арабиййати ва адабиҳо  мин қисми-л- луғати-л-ъарабиййати ва адабиҳо)  риштаи магистратураро хатм кардааст. Дар давраи таҳсили бакалавриат бошад дар мавзӯи “Пайвандҳои адабӣ миёни эрониён ва арабҳо” корҳои илмӣ анҷом додааст. Тахассуси адабии Алӣ ал-Окуб бештар дар заминаҳои ирфон, нақди адабӣ ва балоғати арабӣ аст. Аз ҷумла ирфон  яке аз дилмашғулиҳои доимии ӯ буда, бахши асосии таълифоти ин донишманд тарҷумаи осори ирфонии тоҷику форс ба забони арабӣ мебошад.
Доктор Исо Алӣ ал-Окуб аз байни шоирони тоҷику форс ба осори Мавлоно бештар таваҷҷуҳ намуда, чандин китоб дар бораи Мавлоно ва осори ӯ тарҷума карда ва фикру андешаи Мавлоноро ба хонандагони арабизабон муаррифӣ намудааст. Чуноне, ки худи ӯ мегӯяд: “Вақте забони англисиро фаро гирифтам, мутаваҷҷеҳ шудам, ки ғарбиҳо сахт маҷзуби Мавлоно ҳастанд ва ӯро меситоянд. Пас осори аллома Муҳаммад Иқболро ба забони арабӣ хондам. Бо хондани осори Иқбол сахт шод шудам, ва дарёфтам, ки ӯ бо шефтагии хосе аз Ҷалолуддини Румӣ ёд мекунад. Аз ин замон буд, ки ба Мавлоно гароиш пайдо кардам. Ва талош кардам, осореро, ки ба забони арабӣ дар бораи ӯ навишта шудааст, бихонам. Дар ҳақиқат бояд гӯям ки ман дар ҷустуҷӯи чизе будам ва оқибат онро ёфтам. Гӯё, ки ман қалбамро дар “Маснавӣ” ёфтам. Устод ал-Окуб дар идома мегӯяд: “Саъдӣ гуфта:
Ба дарё дурр манофеъ бешумор аст,
Агар хоҳӣ саломат бар канор аст.
...ман натавонистам канори ин соҳил биистам, бо ин ки васоили шино карданро низ надоштам. Аз он замон зиндагии ман аз ҷанбаҳои маънавӣ ҳақиқатан тағйир кард.....” [1,20-27].
  Исо Алӣ аз ҷумлаи олимоне аст, дар асри ҳозир ба фарҳанги тоҷикӣ ва форсӣ хидмати бисёре карда ва барои шиносондани ин фарҳанг ва таъсири он ба фарҳанги арабӣ  таҳқиқоти арзишманде анҷом додааст. «Та’сир ал-ҳикам ал-форсия фил-адаб ал-’араби ал-му’асир фил-аср ил-’аббаси-л-аввал» аз ҷумлаи ин гуна таҳқиқоти ӯст, ки бо номи «Таъсири панди порсӣ бар адаби араб» ба қалами Абдуллоҳ Шарифи Хуҷаста ба форсӣ тарҷума ва бо сармояи ширкати Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ дар соли 1996 мунташир шуда ва дар дастраси хонандагон қарор додааст [6,20-27].
Пажӯҳишгари суриягӣ перомуни муқоисаи адабиёти тоҷику форс ва адабиёти араб андешаронӣ намуда, адабиёти тоҷику форсро аз адабиёти араб бартар медонад ва дилбастагиву шефтаи адабиёти тоҷику форс гардидани худро аз маънии шеъри бикри Мавлоно медонад.
Бояд зикр намоем, ки аксари тарҷумаҳои асарҳои Мавлонои анҷомдодаи Алӣ ал-Окуб аз забони англисӣ мебошад. Нахустин тарҷумаи ӯ “Яду-ш-шеър” ном дорад. Ин китоб дар асл шаш суханронӣ аст, ки суфии машҳури ҳиндӣ Иноятхон дар соли 1923 дар Амрико эҷод кардааст. Ин суфии ҳиндӣ ба таври шигифтангез дӯстдори ирфон буда ва сулуку зиндагии илмии ӯ баёнкунандаи ин амр будааст. Суханрониҳо дар китоби ин суфӣ дар бораи Саноӣ, Аттор, Мавлоно, Ҳофиз, Хайём ва Саъдӣ мебошанд ва ба қавли Исо ал-Окуб баъдҳо бахши Хайёми ин китоб бо сабабҳои номуайян аз байн рафтааст. Климан Брян Баркс (Coleman Bryan Barks)  (тав. 1937) шоир ва мутарҷими амрикоӣ, ки сахт шефтаи ирфону тасаввуф ва ашъори Мавлоно гаштааст, панҷ суханронии боқимондаро (Саноӣ, Аттор, Мавлоно, Ҳофиз ва Саъдӣ)-ро гирдоварӣ карда ва бар он муқаддима навишта ва бо шарҳи ҳоли ин шоирон чоп кардааст. “Ӯ агар чи забони форсӣ намедонад, вале ба хотири бознависии ашъори Мавлоно бар асоси дигар тарҷумаҳои англисӣ шинохта шудааст” [9].
Донишманди суриягӣ китоби дигаре низ дар бораи Мавлоно зери унвони “Ҷалалуддин ар-Румӣ ва-т-тасаввуф”, ки бонуи шарқшиноси фаронсавӣ Ева де Витрай Мееровитч (Eva de Vitray-Meyerovitch[7] (тав. 5 ноябри 1909 – ваф. 24 январи 1999) навишта, тарҷума намудааст. Ин шарқшиноси рустабори фаронсавӣ, ки бо мутолеаи тасаввуфи исломӣ ислом овардааст, сахт шефтаи Мавлоно буд. Ин китобро, ки дар Амрико ба англисӣ тарҷума шуда буд, устод Алӣ ал-Окуб ба арабӣ тарҷума мекунад. Устод ал-Акуб оид ба ин китоб чунин мегӯяд, ки: “Нависандаи ин китоб сахт таҳти таъсири Мавлоно буда, ҳар касе, ки ин китобро мехонад аз шиддати таъсири он мегиряд” [2,20-27].
Муҳаққиқи араб китоби дигаре, ки ба шарқшиноси олмонӣ Аннемари Шиммел (тав. 7 апрели 1922 – ваф. 26 январи 2003) тааллуқ дорад ва он тарҷумаи “Гузидаи Девони Шамс” аст, асли англисии онро бо тарҷумаи форсии он муқобала карда аз англисӣ ба арабӣ тарҷума намудааст. Ӯ мегӯяд, ки “...ин кор дар тарҷумаи он ба забони арабӣ кӯмак кард ва ба Мавлоно бештар наздик шудам” [2,20-27]. Инчунин китоби “Фиҳи мо фиҳи”-и Мавлоноро, ки муҳаққиқ ва мутарҷими англис Артур Ҷон Арберри (тав. 12 майи 1905- ваф. 2 октябри 1969), ки асли форсии он низ ба кӯшиши Бадеъуззамони Фурӯзонфар таҳия гардидааст, доктор Исо Алӣ ал-Окуб ба забони арабӣ тарҷума намудааст ва тарҷумаи ин китобро Интишороти “Дору-л-фикр”-и Димишқ нашр кардааст. Мавлоношиноси суриягӣ баъди тарҷумаи асари фалсафии “Фиҳи мо фиҳи”, “Куллиёти Шамс”-ро, ки бо таҳияи Бадеъуззамони Фурӯзонфар рӯи чоп омадааст ва тарҷумаи англисии онро дастрас намуда, дар асоси он “Мухтороти Девони Шамс” (“Гузидаи Девони Шамс”) - ро тарҷума намудааст, ки бо номи “Йаду-л-ишқ” (“Дасти ишқ”) нашр шуд.
Тарҷумаи китоби “Маҷолиси сабъа”-и Мавлоно яке аз хидматҳои шоистаи дигари ин донишманди суриягӣ мебошад. Ин асарро ӯ аз форсӣ ба арабӣ тарҷума намудааст ва дигаре аз корҳои ӯ тарҷумаи рубоиёти Мавлоно аст.
Яке аз омилҳои ба адабиёти тоҷику-форс таваҷҷуҳ намудани доктор Исо Алӣ ал-Окуб ин таъсири адабиёти бостонии мо ба адабиёти араб мебошад, ки дар асрҳои VIII-X ба арабҳо гузаштааст. Дар ин замина ин донишманди суриягӣ асари арзишманде зери унвони “Таъсир ал-ҳикам ал-форсият фи-л-адаби-л-араби фи-л-асри-л-Аббоси ал-аввал” (“Таъсири андарзҳои форсӣ ба адабиёти арабӣ дар замони Аббосиёни аввал”) таълиф намудааст. Ғайр аз ин асар, чандин асарҳои дигаре дар ҳавзаи адабии арабӣ навишта шудаанд, ки ба ҳамин масъала рабт доранд. Ин муҳаққиқ бо як ибораи аҷибе аз Ҷоҳиз таъсири адабиёти моро ба адабиёти арабӣ баён медорад: “Давлати Бани Умайя – давлати арабӣ аст ва давлати Бани Аббос хуросонӣ”. Ӯ сохтори ҷомеаи он замонро арабӣ-хуросонӣ медонад [2,24]. Аз нигоҳи ин донишманд фарҳанги исломиро на фақат арабҳо ба вуҷуд оварданд, балки нақши донишмандони тоҷику форс дар рушди фарҳангу адаби арабӣ-исломӣ беназир аст. Ӯ мегӯяд, ки “...касоне, ки фарҳанги исломиро ба вуҷуд оварданд, фақат араб ва фақат ҳам эронӣ набуданд. Балки онҳо гурӯҳе аз мардум буданд, ки гурӯҳ-гурӯҳ ба оини ислом даромаданд ва ҳар як аз онҳо ба андозаи хеш ба ин фарҳанг хидмат карданд. Аммо хуросониён ба сабаби наздикии бештар ба дини ислом дар ин амр нақши босазое доштанд ва нишонаҳои ошкоре аз эшон дар ин заминаҳо вуҷуд дорад” [2,24]. Барои ҳамин ҳам яке аз шарқшиносони машҳури рус И. Ю. Крачковский беҳуда нагуфтааст, ки “....дар рушду такомули фарҳанг ва адабиёти араб на танҳо арабҳо, балки як қатор халқу миллатҳои дигар низ саҳмгузоштаанд”.
Дар китоби «Та’сир ал-ҳикам ал-форсия фил-адаб ал-а’раби ал-му’асир фил-аср ал-’ Аббаси ал-аввал» омадааст, ки Ҷоҳиз мегӯяд,: Абдуллоҳ ибни Тоҳир номаеро чунин имзо карда аст: “Ман саъо раъйи ва ман лузима ал-маному раъйи-л-иҳлом” ӯ мегӯяд, ки Абдуллоҳ ибни Тоҳир ин матлабро аз Анушервон гуфтааст. Анушервон мегӯяд: “Ҳар ки равад, чарад ва ҳар ки хусбад, хоб бинад”. Омӯзаи Абунувос ҳамчунин буда аст, ки бо тамсил ба сухани Касро мегӯяд: “Мин фураси-л-лисси заҷҷати с-суқи” яъне: “Дӯздӣ бозори ошуфта мехоҳад” [2,25]. Саросари ин асар аз ҳикмату масалҳои тоҷикӣ-форсӣ иборат буда, тарзи асарпазирии аъроб аз ин панду андарзҳои гузаштагони моро бозгӯ месозад. Аз таҳқиқоти Исо Алӣ ал-Окуб бармеояд, ки дар асрҳои пешина нависандаҳои араб дар осори худ аз панду андарзҳои тоҷикӣ-форсӣ зиёд истифода кардаанд, вале сарчашмаи истифодакардаи худро дар асарҳояшон намеоварданд, вале дар ҷои дигар муҳаққиқ бархе аз ин мазоминро ҳамчун муштаракоти инсонӣ миёни халқҳои тоҷику форс ва аъроб эътироф менамояд.
Чуноне ки пештар қайд кардем доктор Исо Алӣ ал-Окуб бештар ба ирфон дилбастагӣ дорад. Ӯ мегӯяд, ки ирфон бо сиришти ман созгор аст ва гӯё ӯ барои ҳамин офарида шуда бошад. Ӯ ҳикоятҳои манзуме, ки аз ҷониби шоирону мутафаккирони тоҷику форс, аз қабили Мавлоно, Ҷомӣ, Аттор, Саноӣ ва дигарон суруда шудаанд, ин гуна шеърро унсури асосӣ ва сифати мушаххаси шеъри тоҷикӣ-форсӣ медонад, ки маънавиётро бо ҳикоёт баён ва мунтақил мекунанд ва аз таъсиргузортарин шеваҳои тарбияти инсон мешуморад. Ин пажӯҳишгар мегӯяд, ки Мавлоно ҳар фикрро бо достон баён мекунад, зеро мехоҳад ба мо биомӯзад. Дар забони арабӣ “сӯфӣ” аз “соф” гирифта шуда ва “сафо” ба маънии ихлос ва поксозии нафс аст. Мавлоно дар Маснавӣ достони “Чиниҳо ва румиҳо”-ро меоварад. Онҳо ба ҳунари наққошии хеш ифтихор мекарданд, то ин ки эшон назди яке аз мулук омаданд ва хостанд, ки ӯ маҳорати эшонро дар нигоргарӣ биёзмояд. Он подшоҳ ба ҳар як, аз чиниҳо ва румиҳо хонае рӯ ба рӯи ҳам дод, то нигораҳои хешро ба ӯ нишон диҳанд. Бо рангомезии деворҳо зеботарин тасвирҳои хешро офариданд. Румиён бо худ гуфтанд, ки эшон аз мо маҳорати бештаре доранд ва мо ҳамсанги эшон нестем, бояд ки деворҳои хонаи худро ба некӣ сайқал диҳем. Ҳангоме, ки подшоҳ омад сахт маҷзуби нигораҳои чиниҳо шуд. Румиҳо парда аз хонаи хеш ва хонаи чиниҳо бар гирифтанд. Ҳуҷраи чиниҳо бар деворҳои сайқалии румиҳо бо зебоии ҳарчи тамомтар медурахшид [3,171-173]. ...ин маънии ирфонӣ як маънии муҷаррад аст, мегӯяд муҳаққиқи суриягӣ. Ҳангоме, ки Мавлоно онро дар ин қисса нақл мекунад, ин достон дар хотираи ҳамаи мо мемонад, чаро ки ҷанбаҳое аз зебоӣ ва ҷамолро дар бар дорад. Акнун агар арзи мо аз зебоӣ, зебоии адабӣ ё зебоӣ ба мафҳуми куллӣ он бошад метавонем бигӯем, ҳар он чи бо сиришти одамӣ созгор ва мувофиқ бошад, зебо аст. Ҳар адабиёте, ки имконоти таъсиргузориҳоро дошта бошад, он адабиёт зеботар аст, мегӯяд доктор Исо Алӣ ал-Окуб [6].
Нуктаи бисёр аҷибро дар ин мақола баён намудан айни муддаост, ки муҳаққиқи суриягӣ перомуни масоили инсонӣ ва афзалияти адабиёти Шарқ аз адабиёти Ғарб андешаронӣ мекунад. Ӯ мегӯяд: “Ман мехоҳам масъалаеро баррасӣ намоям, ки ин мавзӯъ ба фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ марбут мешавад, ки ман сахт шефтаи он ҳастам. Ман аз адабиёти ғарбӣ бо тарҷумаи ҳашт китоб аз забони англисӣ ба арабӣ таҷрибаи зиёде дорам. Аз ҷумла “Ал-Хаёл ар-рамзӣ” (“Достонҳои рамзӣ”), “ар-Румонсият-ул-аврубия биақломи аъломиҳо” (“Таълифоти ошиқонаҳои донишмандони аврупоӣ”), “ан-Назарийят-ул-адабия фи-л-қарн-ил-ишрин” (“Назарияҳои адабӣ дар қарни бистум”), “Луғату-ш-шуъаро” (“Забони шоирон”) ва “Қазойо ан-нақд” (“Нақди адабӣ”). Ман дар ин таҷрибаи хеш ба ин натиҷа расидам, ки ғарбиҳо суди чандоне барои мо надоштаанд. Он чи мо дорем, басе зеботар аст аз он ҳастанд, ки онҳо доранд. Ман дар оғоз тасаввур мекардам, ки вақте бо афкори ғарбиҳо ба чизҳои арзишманде даст меёбем, мағлуби Ғарб ва ғарбиҳо мешавем. Аммо ман масоили инсониро назди шарқиён ёфтам. Он чи дар ин заминаҳо дорем, хеле бештар аз ончизҳое аст, ки ғарбиҳо доранд” [2,27].
Ӯ ҷои дигар мегӯяд: «Сухан дар ҷони мардумони Машриқзамин таъсири вижа дорад. Гоҳ сухане пардаҳои замон ва маконро дарменавардад, барои ҳамеша дар тору пуди ҷони онон танин андохта ва асари худро ҳамчунон бар рафторашон мегузорад. Он гоҳ, ки битавон чунин вазъеро шомили дигар милали Шарқ донист, камтарин тардиде барои пажӯҳишгар намемонад, ки эрониёни бостонро дар ин бора, беҳтарин намунаи рӯҳи Шарқ бишуморад. Рӯҳе, ки ба суханони ҳикматомез ва пандҳову масалҳо бовар дорад» [9]. Вақте мушикофона ба гуфтаҳои ин пажӯҳишгар андеша намоед, дар ҳақиқат гуфтаҳои ӯ айни муддаост. Чун таълифоти мутафаккирон ва шоирону орифони моро дар кишварҳои Ғарб ба хубӣ пазироӣ мекунанд, ки ин аз бузургии маънии бикру таъсирбахшу гуманистонаи осори мутафаккирони мо шаҳодат медиҳад. Масалан, дар ҷаҳони Ғарб, китоби “Маснавии маънавӣ” аз серхаридортарин ва серхонандатарин асар шумурда шудааст, ки ин далели  гуфтаҳои доктор Исо Алӣ ал-Окуб шуда метавонад.
Дар китоби “Таъсири панди порсӣ бар адаби арабӣ: Пажӯҳише дар адабиёти татбиқӣ” омадааст, ки “Метавонем бигӯем, нахустин ҳакиме, ки Шарқ ӯро мешинохт, Зардушт аст, ки ба ҷону тан ва ба дасту забон эронӣ аст. Китобаш “Авесто” мояи ифтихори на танҳо эрониён, балки ҳамаи милали Шарқ аст. Ӯ тавонист тайи муддати начандон кӯтоҳ миллати пароканда ва нерӯи аз каф додаро перомуни худ гирд оварад ва ба сӯи зиндагии пурқудрат ва ҳукумат роҳ ниҳад” ва инчунин омадааст, ки “Ардашери Бобакон ба тезбинии худ дарёфт, ки баъд аз таъсири вайронгари ҷангҳо ва душманиҳо барои сомон ёфтан аз ҳамгусехтагии миллат ва тармими парокандагиҳои мардум бозгашт ба “Оини Зардушт” зарурӣ аст” ва мисоли ҷолиби дигар низ чунин омадааст, ки: “Бисёр шигифтовар аст, ки халифа Умар ибни Хаттоб дар бораи зардуштиён гуфтааст: “Бо онон ҳамчунон рафтор кунед, ки бо аҳли китоб” ва аз он шигифтангезтар ин ки пайравони Зардушт корвони тамаддуни исломиро дар даврони Аббосиён ҳамроҳӣ карданд. Коре, ки танҳо аз уҳдаи афроштақоматони сарафроз сохта буд” [4,32].
 Хулоса... Омӯзиши адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва тамаддуни куҳани халқи тоҷик аз ҷумла Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ҷониби як пажӯҳишгари араб идома хоҳад кард. Бояд ёдовар шуд, ки шоирону мутафаккирони мо аз адабиёти араб бисёр таъсир пазируфтаанд ва ин асарпазирӣ аз ҷониби донишмандони тоҷик ҳамаҷониба  таҳқиқу баррасӣ гардидаанд. Вале як масъалаи муҳимме, ки имрӯз бояд мавриди омӯзиш қарор бигирад, ин таҳқиқу омӯзиши осори шоирону мутафаккирони тоҷик аз ҷониби пажӯҳишгарони араб мебошад. Умедворем, ки арабшиносон ва шарқшиносон ба ин масъала таваҷҷуҳ мекунанд ва шинохти нобиғагону мутафаккирони халқамонро, ки муҳақиқони  араб пажӯҳиш намудаанд ва таъсири каломи бадеъи тоҷикиро дар забону адабиёташон дарёфтаанд мавриди омӯзишу таҳқиқ ва баррасӣ қарор медиҳанд.      

Адабиёт:
  1. Ганҷӣ, Наргис. Ишроқӣ, Фотима. Диранге дар осор ва манобеъи мавлавипажӯҳӣ дар ҷаҳони Араб. Нашрияи илмӣ-пажӯҳишии пажӯҳишҳои адаби ирфонӣ.-Соли ҳафтум.-шумораи 2.-Паёпай 25.-Пойиз ва зимистон, 2013-С..159-186.
  2. Гуфтугӯ бо доктор Исо ал-Окуб. Китоби моҳи адабиёт ва фалсафа / Шаҳривари 2003 Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолеоти фарҳангӣ. С.20-27.
  3. Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Маснавии маънавӣ. Теҳрон: Амири Кабир.-Дафтари аввал. -С. -171-173.
  4. Ал-Окуб, Исо Алӣ. Таъсири панди порсӣ бар адаби араб: Пажӯҳише дар адабиёти татбиқӣ. – Тарҷумаи Абдуллоҳ Шарифии Хуҷаста. – Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1995. – 353 с.
  5. Соҳиб ул-Ҷавоҳир, Абдулазиз. Ҷавоҳир ул-осор фи тарҷумати маснавии Мавлоно Худовандгор Муҳаммад Ҷалолуддин ал-Балхӣ ар-Румӣ.- Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1958.- С.148.
  6. http://www.noormags.com/view/fa/articlepage/37446. Марворидҳои форсӣ дар дарёи забони арабӣ. Иттилои расонаӣ ва китобдорӣ: Китоби Моҳи адабиёт ва фалсафа: шаҳривари 1382. 2003-шумораи 71 аз 20 то 27.
  7. http://www.tariqa.org/rp/eva_de_vitray.php (Дар ҳама таҳқиқотҳо варианти англисии ному насаби бонуи рустабори фаронсавӣ  Eva de Vitray-Meyerovitch омадааст)
  8. https://fa.wikipedia.org/wiki/ Тарҷумаи ашъори Мавлоно03.2021
  9. https://fa.wikiquote.org/wiki/عیسی_علی_العاکوب
  10. neelwafurat.com.-С.18.
 
 
Зиёев Субҳиддин Насриевич,
номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
 
 
http://www.zoofirma.ru/