wrapper

 (Ба муносибати Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ )
Дониш, донишомӯзӣ ва доништалабӣ истилоҳҳое ҷаззобу кашшофе мебошанд, ки аз ҷониби шоирону адибон ва  донишмандон мавриди таърифу тавсиф қарор гирифтанд. Ҳаминтавр,  калимаи сулҳ низ чун  як неъмати бебаҳост, ки  дар китобҳои осмонӣ аз ҷумла  Қуръони карим   “хайр” номида шудааст. Ин нишонгарӣ онаст, ки ҳар қавм ё миллатеки дар зери партави дониш ва сояи сулҳу оштӣ зиндагӣ ба сар мебарад, далолат бар он мекунад, ки ин миллатро Худованд дўст медорад. Мо тоҷикон  низ хушбахтона аз он миллате ҳастем, ки  ба  чунин неъмати пурарзиш сарфароз гардидаем. Шукрона аз он мекунем, ки муддати 30-сол мешавад, ки рушди донишу донишомӯзи ва офтоби сулҳу салоҳу амонӣ дар осмони кишвари азизамон партарафшониву нурафшонӣ мекунад. Ҳамаи ин бо баракат ва саъю талоши шабонарўзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ғамхори миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи бо нангу номуси кишварамон ба даст омадааст.
Чун анъана, ҳамасола рўзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои олии кишвар рўзи дониш ва дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Ҷаноби олӣ баргузор мегардад. Бо омадани ин санаи муборак Президенти муҳтарам оғози соли нави таҳсилро ба тамоми сокинони Ватани азизамон  табрику таҳният мегуянду дар оғози дарси сулҳ  пурарзиш будани неъмати сулҳ ва ба ҷо овардани шукронаи онро ба ҳамаи сокинони кишвар хотиррасон менамоянд.
Дар сӯханронӣ бештар Президенти кишвар аҳаммият доштани илму дониш барои рушди маънавиёти инсон ва  инкишофи давлату миллат суҳбат намуда, барои пешрафту тараққиёти миллату давлат масъалагузориҳои илмиву оммавӣ карда, моро ба суи донишу маърифат ва сулҳу ваҳдат роҳнамоӣ мекунанд.
Бо ҳамин мақсадҳои неку арзишманд солҳои 2020-2040 ҳамчун солҳои омўзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардид, ки тавассути он тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман муассисаҳои таълимиро вазифадоранд, ки бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, андешаронии техникии насли ҷавонро мустаҳкам гардонанд.
Ҳаминаст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ саъю талоши шабонарўзӣ менамоянд, ки  ҳеҷ фарзанди  тоҷик аз илму дониш бенасиб нагардад. Бо ҳамин ҳадафи олӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар имрӯз муассисаи нави таълимӣ бо шароити муосир бунёд гардиданд, ки шаҳодат аз арҷгузорӣ ба донишу донишомӯзии миллати сулҳдӯсту сулҳҷӯи мо медиҳад.
Мутобиқи дарёфтҳои расмӣ ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 9 мактаби Президентӣ бо зиёда аз  8 ҳазор хонанда, 75 гимназия фарогирӣ 53 ҳазор толибилм ва 71 литсей дорои беш аз 36 ҳазор донишҷў бунёд гардидааст, ки ба рушду илмии ҷавонон кӯмак мерасонад. Ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон ба беш аз 70 расида,  шумораи шогирдон низ беш аз 85 ҳазор нафар мебошад. Ҳаминтавр, дар даврони Истиқлолият шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба беш аз 40 расидаанд, ки дорои  230 ҳазор нафар донишҷў мебошанд. Таҳлилҳу баррасиҳо нишон медиҳад, ки шумораи хатмкунандагони даврони Истиқлол беш аз 600 ҳазор нафар буда, 35 ҳазор нафар ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи дунё ба илмомӯзӣ машғуланд.
Хулоса, мо бояд шукрона аз он намоем, чунин Ватани маҳбуб дорем, ки миллаташ раҳбареро ба худ ихтиёр намудааст, ки  хирадманд ва дўстдори илм буда, ҳамеша мехоҳад ояндаи  мардуму миллат дар зери партави Озодӣ, оромӣ ва ободӣ  дурахшону сарбаланд бошад. Аз фурсат истифода карда, ҳамаи Шуморо ба муносибати рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ табрик намуда, бароятон бурдбориҳои тоза ва саломатии бардавом хоҳонам.
 
Раҳмонов Мирсаид,
ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии  
Институти Осиё ва Аврупои  АМИТ
 
 
 
 
 
 
http://www.zoofirma.ru/