wrapper

Мувофиқи маълумотҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар соли 2021 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  39 миллиону 800 ҳазор   нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Тибқи маълумотҳои  Идораи Марказии Разведка (ЦРУ, кибо ин мамлакат бисёр сару кор дорад) бошад Афғонистон дорои 37 миллиону 466 ҳазору 414 нафар аҳолӣ мебошад. Мардумони Афғонистонро пуштунҳо, тоҷикҳо, ҳазораҳо, узбекҳо, туркманҳо, нуристониҳо ва дигар чунин халқиятҳо ташкил медиҳанд.
То чи андоза ин маълумотҳо оид ба шумораи аҳолӣ ба ҳақиқат рост меоянд, душвор аст кафолат додан, лекин ба ҳар ҳол аҳолии ин мамлакатро аз 37 миллион камтар гуфтан дуруст нахоҳад буд. Бошандагони ин мамлакат аслан вобаста ба баромади иҷтимоияшон солиёни дароз ҳар кадом бештар ба ягон касби муайяни аз аҷдодони худ ба мерос гирифтаашон машғул буданд ва имрӯз ҳам ҳастанд. Вале бо гузаштани вақт ва дигаргуниҳои ҷадиди дар ҷомеаи Афғонистон ба амал омада, дар замони нав имкон фароҳам овардааст, ки намояндагони ин қавмҳо дар фаъолияти худ маҳдуд ба як касб, яъне касби бобоӣ намешаванд. Миёни ин қавмҳо ҳамеша то андозае якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошт, вале масъалаи ту  тоҷику ман пушту ва вай узбек ё ҳазора вобаста ба сиёсату авзои  вақт гоҳ-гоҳе рӯй мебаромад. Хуб, бисёр чуқур ба таърихи пешинаи чунин ҳолатҳо ворид нашуда, як назар карданро  ба таърихи охирҳои асри ХХ ва даҳсолаҳои асри ҷадид зарур донистем. Диққати моро аслан масъалаи муносибатҳои пуштунҳо ва тоҷикон ҷалб кардааст, дақиқтараш нигоҳи ғаразомези пуштунҳо ба тоҷикони муқими ватани худ Афғонистон.
Тавре маълум аст, моҳи апрели соли 1978 дар Афғонистон инқилобе ба вуҷуд омад, ки онро чун “Инқилоби Савр” номиданд. Дар натиқа ба сари қудрат намояндагони ду боли Ҳизби Халқӣ - Демократии Афғонистон, ки дар ҳамон вақт дар ин инқилоб саҳми ҳалкунанда  гузошта –  “Халқ” ва  “Парчам” омаданд. Аъзоёни ҳизби “Халқ” аслан паҳтунҳо ва ҳизби “Парчам” тоҷикон буданд. Афғонистон худро Ҷумҳурии Демократии Афғонистон эълон намуд ва Котиби Генералии Ҳизби Халқӣ - Демократии Афғонистон нависанда Нур Муҳаммад Таракӣ (1917-1979) интихоб шуд. Пас ӯ ҳамчун Раиси Шӯрои инқилобии Афғонистон ҳамчун сарвазири ҳамин давлат пазируфта шуд. Нишонаҳои соҳиби бартариҳо шудани пуштунҳо дар замону вазъияти нав маҳз аз ҳамон вақт каме бештар намудор шудан гирифт. Онҳое, ки аз қавми паштун будан дорои баъзе бартариҳо мешуданд, ки дигар қавмҳо, аз ҷумла тоҷикон аз баъзе бартариҳо маҳрум мешуданд. Ин ҳолат наметавонист ҳамбастагии ду боли ҳизби нав ба сари қудрат омадаро  халалдор накунад. Бо ҷисман нест кардани Таракӣ ва бар ивази вай ба сари қудрат омадани Ҳафизулло Амин (1929-1979) ин масъала боз бештар инкишоф ёфт. Чун Ҳафизулло Амин сарнагун шуд ва ба сари қудрат Бабрак Кормал (1929-1996) омад масъалаи муносибатҳои на хайрхоҳонаи пуштунҳо нисбат ба  тоҷикон чандон тобиши равшан надошт, вале маълум буд, ки аз байн нарафтааст. Мушовирони ҳизбии Шӯравӣ бо сабаби он, ки ҳамбастагии сокинони гуногунзабони Афғонистон коҳиш наёбад, кӯшиш мекарданд, ки  ин масъала рӯй набарояд ва дар пиёда кардани ормонҳои Инқилоби Савр монеаҳо пеш наорад. Ҳоло бештар аз чил сол мешавад, ки дар саросари Афғонистон оромӣ нест.
Пас аз Инқилоби Савр гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки бо дастгирии ҳомиёну сарпарастону маблағгузорони хориҷӣ ба куштор, оташзанӣ, ғоратгарӣ, ташкили таркишҳо барои нест кардани одамон ва мисли ин ҷиноятҳо дар кишвари худ машғуланд, ки ҳамаи ин вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакатро рӯз то рӯз хароб карда истодааст. Содир кардани чунин ҷиноятҳо дар худ ҳадафҳои дигарро ифшо месозад. Масалан, тавре дар даҳсолаҳои охир маълум шуд гурӯҳе бо номи Толибон даъвои дар Афғонистон ба даст даровардани ҳокимияти давлатиро  доранд ва ду дафъа шудааст, ки муваффақ низ шудаанд. Тавре маълум аст “Ҳаракати толибон”  соли 1994 бо талоши ашхоси пуштузабон (аслан донишҷӯёни мадрасаҳо) ҳамчун ташкилоти террористӣ ба вуҷуд омадааст. Толибон як дафъа дар солҳои 1996-2001, вақте ба сари қудрат омаданд,   қонунҳое ҷорӣ карданд, ки дар натиҷа мардуми Афғонистон  гирифтори фоҷиаҳои пурдаҳшат шуданд. Ҳамон вақт чи қадар одамон аз ин кишвар, аз ҷумла тоҷикон, ҳамчун гуреза ба мамлакатҳои дигар роҳ гирифтанд ва аксарияти онҳо то ҳол дар мусофирӣ ба ҳар навъ мушкилиҳо дучор шуда зиндагие доранд, ки ҳавас кардан маҳол аст. Бо ном дифои ислом гуфта, ҳатто ҳайкалҳои беҳамтои Буддо, ин ёдгориҳои пурқимати санъати ҳайкалтароширо, ки 1800 сол пеш аз ин бунёд шуда буд, дар аввали соли 2001дар зерашон модаҳои тарканда гузошта, пора-пора  карданд. Ҷаҳониён шоҳиданд, ки ҷоҳилони аз фарҳанг дур бо номи ислом чӣ корҳои пурдаҳшати харобаоварро дар Сурия ба анҷом расониданд.  Агар чунин ҷаҳолат дар тамоми дунё роҳ ёбаду касе монеа нашавад,  инсони имрӯза аз нодиртарину қиматтарин сарватҳои фарҳангӣ, ки дастовари ҳунари волои инсоният дар давоми чандинҳазорсолаҳост комилан маҳрум мешавад. Ҳоло масъалаи ташвишовар дар Афғонистон ин аст, ки нисбат ба тоҷикон ҳар навъ амалҳои ҳаққу ҳуқуқи инсонро маҳдуд мекардагӣ раво дида мешавад. Чанде аз қавми тоҷикон имрӯзҳо ҳам ноилоҷ тарки ватани хеш намуда, ба мамлакатҳои ба Афғонистон ҳамсояву наздик, ба Аврупо ва дигар давлатҳои дунё кӯч бастаанд.
Шумораи тоҷикон дар Афғонистон, мутобиқи сарчашмаҳои гуногун аз 10 то 23 миллионро ташкил медиҳад. Миқдори дақиқаш чӣ қадаре, ки набошад, Афғонистон дар дунё ягона кишварест, ки дар он аз ҳама зиёд шумораи тоҷикон иқомат доранд.  Тоҷикон дар давоми асрҳои зиёд дар ҳаёти сиёсиву иқтисодиву фарҳанги ва инкишофи илму адабиёти Афғонистон нақши муҳиме бозидаанд. Новобаста ба шароити таърихӣ, дигаргуниҳои сиёсӣ ва мушкилоти иқтисодиву рӯйдодҳои фарҳангӣ тоҷикон ба  кадом коре машғул набошанд ва кадом вазифае ба дӯш надошта бошанд, ҳеҷ гоҳ фаъолияти худро  тавре ба роҳ намондаанд, ки нисбат ба қавмҳои дигари Афғонистон бартарии худро нишон диҳанду нисбат ба онҳо бадбинӣ дошта бошанд ва ё оид ба ҳаққу ҳуқуқи онҳо ягон маҳдудиятро раво бинанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ аз қавӣ гардонидани илму адаби ин сарзамин рӯ нагардондаанд. Танҳо худи ҳамин далел лоиқ ба он аст, ки нақшу мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон ҷиддӣ ва мусбат ба эътибор гирифта шавад. Тоҷикон баробари дигар қавмҳои  Афғонистон барои озодиву истиқлолияти ин мамлакат бо матонат мубориза бурдаанд ва имрӯзҳо низ кори шарафмандро майли тарк кардан надоранд. Лекин тавре мушоҳида мешавад, ҷараёни нисбат ба дигар қавмҳои Афғонистон, аз ҷумла ба тоҷикон монеаҳо  эҷод намудан аз ҷониби як қисми паштунҳо, ки дар Афғонистон тартиботи дигарро, бештар тартиботи гузаштаро,  ҷорӣ кардан мехоҳанд,  идома дорад, ки ин амал оқибатҳои хуб оварда наметавонад.. Ҳоло бисёр ба осонӣ дар Афғонистон Толибон, ки аслан пашштуннажод ҳастанд, боз ба сари қудрат омадаанд. Онҳо шояд аз хатогиҳое, ки пештар содир карда буданд, ба хулосае омадаанд, лекин пешгӯӣ кардан  душвор аст, ки мардуми Афғонистонро акнун дар пеш чӣ интизор аст. Ҷаҳони имрӯза ҷаҳони асрҳои пешин ва ҳатто ҷаҳони асри ХХ нест. Ба ягон давлат муяссар намешавад, ки бо роҳи худсарӣ ва худписандӣ ба пой ва забони мардум занҷиру қулф зананд. Толибон ба хотири қавӣ гардонидани курсии роҳбарӣ, сиёсати худ ва гирифтори маҳкумкунии оламиён нашудан, шояд ҳоло ваъдаҳои умедбахш медиҳанд, аммо мутобиқати гуфтору амал оё риоя мешуда бошад, ё не ин маълум нест.
Афғонистон, на танҳо аз лиҳози ҷойгирии ҷуғрофӣ, яке аз наздиктарин ҳамсояи мо –тоҷикони Тоҷикистон аст,балки аз лиҳози забон, одатҳои мардумӣ, фарҳангу адабиёти муштарак қаробат дорад ва мо аз ин қаробат ифтихор мекунем ва дар оянда нигоҳ доштани онро чун сарвати арзишманди маънавӣ меҳисобем. Аз ин лиҳоз ба тоҷикон ва дигар қавмҳои ғайри пуштун фишор овардан, дар самтҳо ва вазъҳои гуногун ба онҳо монеаҳо пеш гузоштан ва мақоми онҳоро аз   оддитарин сатҳ шурӯъ карда , то сатҳи давлатдорӣ ба ҳисоб нагирифтан ва ё паст фаровардани ҷойгоҳи тоҷикону дигар қавмҳоро  дар ҷомеаи имрӯзаи пурфоҷиаи Афғонистон, бе баҳс дар маҷмӯъ иқтидори сиёсиву маънавию фарҳангии ин кишвари зери азият мондаро дучори коҳиш менамояд.
Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки Лойя Ҷирга 4 январи соли 2004 қабул ва Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай 26 январи ҳамон сол имзо карда буд, омадааст, ки ҳамаи қавмҳои Афғонистон  ҳуқуқи бо ҳам баробарро доранд. 20 августи соли ҷорӣ, вақте ки  толибон аллакай қариб тамоми Афғонистон, аз ҷумла шаҳри Кобулро ба осонӣ бе муқобилияти урдуи 300 ҳазораи ҳукуматии  ба қавли баъзеҳо “хуб омодагии ҷангӣ гирифта” зери даст намуданд, намояндаи онҳо Наим изҳор дошт, ки зарур аст Сарқонуни Афғонистон дигар карда шавад. Албатта, толибон ба хотири он, ки аз ҳалқаи ҷомеаи ҷаҳонӣ берун ва нашинохта намонанд, дар ҳар амали худ ин ҷониб нигоҳ ва андеша хоҳанд кард. Лекин дар ҳар сурат, вобаста ба ҳодисаҳои бештар хусусиятҳои зиёновару пешгӯинашаванда доштае, ки  зуд-зуд дар Афғонистон ба амал меоянд,  душвор аст чигунагии фардои ин кишвар тахмин карда шавад.
Аз ин ҷо хулоса ин аст, ки имрӯз ҳар қувваи ба сари ҳукумат омада, бояд қобилияти  арзишманди   дурбинӣ доштан  ва қудратманд шудани Афғонистонро аз ҳисоби тамоми қавмҳояш, дар назар дошта бошад ва дар сиёсати давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷӣ ин қобилиятро истифода барад. Фикр мекунем, ки тоҷикони Афғонистон, ки аз доираи манфиатҳои давлати хеш ҳеҷ гоҳ қадам берун нагузоштаанд, мисли дигар қавмҳои ин мамлакат шоистаи дар ин ҷой озоду соҳибҳуқуқ зистану ба манфиати он фаъолият кардан доранд.
 
Назира Ваҳобова,
ходими пешбари Шуъба Шарқи Наздик ва Миёнаи ИОМДОА АМИТ
 
http://www.zoofirma.ru/