wrapper

   Дар ҳоле ки сиёсати дохилӣ ва принсипҳои маънавӣ Ҳиндустонро аз “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ҷудо мекунанд, манфиатҳои стратегиаш водор мекунанд, ки бо ҳукумати нав дар Кобул иртибот кунад.
   Бо суқути ногузири Панҷшер, тасарруфи “Толибон” ба Афғонистон ба анҷом расидааст. Дар байни бисёре аз кишварҳое, ки ҳоло бо мушкилоти ҷиддии стратегӣ рӯбарӯ ҳастанд, якеаш Ҳиндустон аст. Барои қонунгузории байналмилалиро барқарор кардан, “Толибон” аллакай муайян кардаанд, ки дар геополитикаи минтақавӣ чӣ мавқееро ишғол хоҳанд кард. Бисёре аз шарикони афзалиятноки онҳо кишварҳое мебошанд, нисбат ба ИМА бо Деҳлӣ камтар дӯст буданд. Чанде пеш роҳбари Хадамоти бехатарии (ISI) -и Покистон барои боздиди ғайрирасмӣ ба Кобул парвоз кард. Мувофиқи иттилои расонаҳо “Толибон” инчунин даъватномаҳоро ба Покистон, Туркия, Қатар, Русия, Чин ва Эрон барои иштирок дар ташкили ҳукуматашон фиристодаанд. Пеш аз гуфтушунид ва муколама бо мақомоти Ҳиндустон, “Толибон” ин кишварро бовар кунонанд, ки ба қазияи Кашмир дахолат нахоҳанд кард. Аммо чанде пас баъди ба даст овардани ҳокимият, хавфи бештари ин дахолат ба вуҷуд омад, ки Афғонистон метавонад ҳамчун паноҳгоҳ барои созмонҳои террористӣ, ки Кашмирро таҳти ҳадафи худ қарор медиҳанд, бошад. Намояндаи “Толибон” Суҳайл Шоҳин дар охирин мусоҳиба бо “BBC” гуфт, ки гурӯҳи онҳо ният дорад, мусулмонони Кашмирро дастгирӣ кунад. Бо вуҷуди ин, сарфи назар аз фарқиятҳои беандозаи Ҳиндустон бо “Толибон”, Деҳлӣ ҳоло ҳам имкон дорад бо ин гурӯҳ тарзе муносибат кунад, ки манфиатҳои стратегии худро аз даст надиҳад. Таҳлилгарон шубҳа доранд, ки “Толибон” идеологияи оштинопазири худро тағйир додаанд. Ҳуқуқҳои занон аллакай, аз ҷониби ҷангиёни “Толибон” дар манотиқи мухталифи кишвар поймол карда мешаванд. Аммо ҷаҳон дар атрофи “Толибон” пас аз ҳукмронии бераҳмонаи онҳо дар солҳои 1990 тағйир ёфт.
   Дар давоми ҳукмронии панҷсолаашон, аз соли 1996 то 2001 ва солҳои тӯлонии болоравии онҳо – “Толибон” асосан аз ҷониби ҳукмронҳои сарватманди нафтии Араб бо сарварии Арабистони Саудӣ маблағгузорӣ ва сарпарастӣ мешуданд. Аммо бо гузашти солҳо, ин робитаҳо сар аз соли 2009 пайваста бад мешуданд. Дар он сол, сардори онвақтаи бехатарии Арабистони Саудӣ Муқрин бин Абдулазиз фиристодаи сиёсии “Толибон” Тайиб Оғаро пас аз ошкоро танқид кардани “Ал-Қоида” маҳкум кард. Ҳоло дар сари қудрат “Толибон” аз ҷониби сарпарастони пешини худ маҳкум ҳастанд. Моҳи гузашта як роҳбари “Толибон” идеологияи бартаридоштаи ваҳҳобии Арабистони Саудиро танқид кард, ки он “Толибон”- ро дар солҳои 90 -ум, вақте ки онҳо қариб 15000 мусулмони шиаро ба қатл расониданд, дастгирӣ мекард. Дар ҳамин ҳол, Арабистони Саудӣ яке аз аввалин кишварҳое шуд, ки сафорати худро дар Кобул баъди ба сари қудрат омадани “Толибон” тарк кард.
   Аз даст додани сарпарастӣ аз тарафи Халиҷи Форс барои “Толибон” чандон хуб нест, зеро кишвар дар бӯҳрони харобиовари иқтисодӣ қарор дорад. Дар ҷараёни талошҳои аввалини худ барои барқарор кардани робита бо ҷаҳони беруна, “Толибон” бештар аз Эрон, Покистон ва Чин вобастагӣ пайдо карданд. Бо вуҷуди ин, ба хотири мустақилияти бештари стратегӣ, эҳтимол дорад “Толибон” шарикони нави рушдро ҷустуҷӯ кунанд. Худи ҳамин ҳафта, Суҳайл Шоҳин аз Олмон даъват кард, ки соҳибкорони худро ба Афғонистон барои сармоягузорӣ ташвиқ кунад. Ин душвориҳои иқтисодӣ инчунин барои Деҳлии нав имконият фароҳам меоранд, ки мавқеи худро ёбад.
   Дар тӯли ду даҳсолаи охир Ҳиндустон ҳамчун як шарики рушд дар Афғонистон корҳои назаррасеро ба анҷом расонда, дар байни мардуми афғон бо нигоҳи некбинонааш шӯҳрат ва инчунин, таҷрибаи муҳимро ба даст овардааст.
   Тибқи ҳисобҳо, ҳаҷми умумии сармоягузории Ҳиндустон дар кишвар беш аз 3 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки он ба зерсохтҳои муҳим ба монанди роҳҳо, сарбандҳо, хатҳои барқ ва дигар лоиҳаҳо равона шудааст. “Толибон” аллакай, ишора кардаанд, ки умеди бештар доранд.
   Мушкилот барои Ҳиндустон асосан сиёсӣ хоҳад буд. Бо мақсади таъмини манфиатҳояш, Деҳлӣ дар вақтҳои охир талош кардааст, ки бо “Толибон” муколама кунад.
   Ҳангоме ки бисёр штатҳои Ҳиндустон дар тӯли чанд моҳ  раъйдиҳӣ доранд, пешвоёни ҳизби ҳокими Бҳаратия Ҷаната Парти (BJP) кӯшиш мекунанд, ки тарсу ҳаросро, ки аз ҳокимияти “Толибон” ба вуҷуд омадааст, истифода баранд. Охири моҳи гузашта як раҳбари BJP рақибонашро дар Банғоли Ғарбӣ ба доштани "тафаккури толибонӣ" айбдор кардааст. Гуфтаҳои худи “Толибон” дар бораи Кашмир, танҳо “ба оташ равған илова кардан” аст.
   Деҳлӣ феълан дар як мавқеи нозуки мувозинат афтодааст, то ки имконоти худро дар Афғонистон арзёбӣ кунад. Ҳиндустон барои канорагирӣ аз толибон, сабаби асоснок дорад, ки он ҳам ба сиёсати дохилӣ ва ҳам принсипҳои ахлоқӣ вобаста аст. Бо вуҷуди ин, Ҳиндустон барои идора кардани манфиатҳои стратегии худ бояд роҳи ҷалби “Толибон”- ро пайдо кунад ва барои ин аллакай, имкониятҳои зиёдеро ҳам дорад.
Муҳаммад Зишан
7 сентябри соли 2021
Тарҷумон: Нигина Душанбиева
 
http://www.zoofirma.ru/