wrapper

Бо вуҷуди он ки кишварҳои абарқудрат нисбат ба тақдири Афғонистон хомӯширо ихтиёр намуда, ба ҳама амалҳои террористии гурӯҳи ифротагрои “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон маманӯъ) дар Афғонистон хомӯшанд Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалинҳо аст, ки мавқеашро нисбат ба воқеияти ин кишвар баён намуд ва инак бори чандум аст, ки аз ин мавқеъ ҷонибдорӣ мекунад ва ҳатто бархе кишварҳоро ба мавқеи худаш мутақоид менамояд.

Мавқеи Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали тасарруф карадани вилоятҳои Афғонистон аз ҷониби “Толибон” муайян буд: Тоҷикистон хостори ташкили давлати ҳамашумул аст ва дар он ҳамаи қавмҳое, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, бояд ҷойгоҳ дошта бошанд, махсусан тоҷикон ки 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд.

Ин мавқеъ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар суҳбатҳои алоҳида бо намояндагони давлатҳо ва кишварҳое ки гуфта мешавад, ҳомии Толибонанд гуфта шуд, ҳамчунин рӯзҳои 16-17 сентябр дар ду ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ СААД ва СҲШ як бори дигар дар ҳузури ҳамаи кишварҳои узв, минҷумла кишварҳои абарқудрат баён гардид.

Нуқтаи кулминантсионии ин мавқеъ, дирӯз, 17 сентябр зимни суҳбати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Покистон Имрон Хон муайян шуд ва тавре коршиносон мегӯянд, ҷониби Тоҷикистон дар ин баҳс пирӯз гардид ва ин кишварро  мутақоид намуд, ки аз мавқеаш ҳимоят кунад.

Эмомалӣ Раҳмон тавонист Имронхонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикони Афғонистон дар шаҳри Душанбе ва дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста пайдо кардани тоҷикон ва дигар қавмиятҳои сокини он кишвар мутақоид кунад. Ин дастовард, дар сурати ҷомаи амал пӯшиданаш, албатта, дастоварде андак нест ва ба нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар дараи Панҷшер умедҳои қавӣ мебахшад. Аз тарафи дигар, Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ҳомии манфиатҳои тоҷикони Афғонистон низ пазируфта шуд, ки ин боз як натиҷаи муҳими тавофуқоти бадастомада дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имрон Хон аст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон шоми 17 сентябр дар пайи музокироташ бо сарвазири Покистон Имрон Хон натиҷаи асосии ин мулоқотро чунин эълон кард: “Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд. Тоҷикистон ва Покистон ба мувофиқа расиданд, ки тамоми кӯшишҳои худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард. Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд.”

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар гуфтанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳукумати фарогир дар он кишвар бо иштироки намояндагони тамоми гуруҳҳои иҷтимоӣ мебошем. Ҳамзамон мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Имрон Хон дар нишасти хабарии муштаракашон бо Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита гуфт: “Мо тавофуқ кардем, ки ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз нуфузи таъсири худ ба тоҷикҳои Афғонистон тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод ва мо аз тарафи худ бо таъсире, ки ба паштуҳо ва Толибон дорем, тамоми кӯшишамонро хоҳем кард, ки сулҳу оштӣ дар Афғонистон аз роҳи муколама ва гуфтугӯ ба даст биояд.”

Тоҷикистон ба навбаи худ дар ҳоли ҳозир аз ҷумлаи ангуштшумор кишварҳоест, ки султаи Толибонро напазируфт ва сароҳатан аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки муҳраи асосиашро тоҷикҳо ташкил медиҳанд, пуштибонӣ мекунад.

Пешвои миллат натанҳо Имрон Хонро мутақоид намуданд, ки дар вазъияти Афғонистон бодяд дастбакор шавад, ҳамчунин дар суҳбат бо Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ низ яке аз мавзуъҳои асосии суҳбат вазъи Афғонистон ва нигарониҳо аз ин кишвар буд. Ҳардуи онҳо ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид карданд, ки "намояндагони ҳама қавм ва гуруҳҳо дар он ҳузур дошта бошанд." Иброҳим Раисӣ гуфт, агар давлати ояндаи Афғонистон марбут ба як қавм ё гуруҳи сиёсӣ бошад, наметавонад масъалаҳои ин кишварро ҳал кунад.

Мо итминони комил дорем, ки дар оянда мавқеи Тоҷикистонро дигар кишварҳо ҳам ҳимоят мекунанд ва парда аз рӯи чеҳраи аслии Толибон меафтад ва ҷаҳон шоҳид хоҳад шуд, ки онҳо як гурӯҳи террористӣ буда, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки дар Панҷшер аз сӯи тоҷикон таъсис шудааст, ки ягона меросбар ва ҳомии ҳуқуқи мардум дар Афғонистон аст.

Давлатова Фарида, корманди Институт

 
http://www.zoofirma.ru/