wrapper

(Ҳикоя)
Шабнам, Донишгоҳро бо ихтисоси рузноманигорӣ хатм намуд ва нахустин рӯзи кории худро аз рӯзи душанбе шуруъ кард. Ӯ ба студияи радио омад ва ба ҳамкорон ошно шуд. Сипас роҳбаронашон ба ҳар як корманд вазифаеро вогузошт. Шабнам низ, ки яке аз кормандони нав дар студияи радио буд, роҳбараш ба ӯ супориш дод, то ин, ки дар мавзӯи “Шахсиятҳои асили кишвар?” мусоҳибае омода созад. Аз рӯи қоида бояд Шабнам мусоҳибро пайдо менамуд ва бо ӯ суҳбат анҷом медод. Сипас, роҳбари Шабнам ба ӯ супориш дод, ки дар яке аз муассисаҳои илмӣ рафта, бо яке аз олимони кишвар доир ба мавзӯи “Шахсиятҳои асили кишвар” мусоҳиба омода намояд. Шабнами ҷавон, ки нав давраи донишҷӯиро паси сар намуда буд, барои аввалин мусоҳибаи худ ба самти муассиаи илмие равона гашт. Ӯ ба назди яке аз муассиаҳои илмӣ омада расид. Шабнам дар роҳи дарозе, ки он ба самти дохили бинои муассиса равона шуда буд, мардеро дид, ки назди ин муассиса истода бо телефон суҳбат дошт. Шабнам аз он мард, каме дуртар истод ва мунтазир шуд то ин ки ӯ суҳбаташро хотима бахшад. Он мард, Парвиз ном дошт ва корманди муассисаи илмии мазкур буд. Парвиз ҳангоми суҳбат намудан баргашту дид, ки Шабнам каме дуртар аз ӯ интизор нишастааст ва фаҳмид, ки Шабнам ба назди ӯ омадааст. Сипас суҳбати телефониро хотима бахшид. Дар ин лаҳза Шабнам аз ӯ пурсид:
–Устод салом.
Парвиз гуфт:
–Салом.
Устод, мехостам чизеро аз Шумо бипурсам, гуфт Шабнам?
Парвиз посух дод:
–Хуб, гуш мекунам.
Шумо корманди ин муассиса ҳастед?
Парвиз гуфт:
–Бале, ин ҷо кор мекунам.
Шабнам гуфт:
–Ман рузноманигор ҳастам ва дар радиои Ҷумҳурӣ кор мекунам. Имрӯз рӯзи аввалини кориам аст. Сардорамон аз ман хоҳиш намуд, то ин, ки дар мавзӯи “Шахсиятҳои асили кишвар” мусоҳибае омода намоям.
Парвиз дар ҷавоб гуфт:
–Хуб. Ман ба Шумо чӣ кумак карда метавонам?
Шабнам гуфт:
–Устод, ман бо устодони ин муассиса ошноӣ надорам ва агар имкон мебуд бо Шумо як мусоҳиба анҷом медодам?
Парвиз ҳолати  Шабнамро дида, бо худ андешид ва ба хулосае омад, ки ба ӯ кумак расонад то кораш бобарор анҷом гирад ва ба Шабнам гуфт:
–Бошад.
Шабнам бошад диктофонро аз кисааш берун оварда, омодаи сабт сохт ва аз саволи аввал шуруъ намуд:
–Устод, мо дар Тоҷикистон шахсиятҳои асилро дорем?
Парвиз ҷавоб дод:
–Бале, то онҷо, ки ман медонам, онҳо зиёд ҳастанд.
Шабнам:
–Онҳо дар соҳаҳои махсус кор мекунанд ё соҳаҳояшон гуногун ҳастанд?
Парвиз посух дод:
–Онҳо дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд ва онҳоро метавон, дар  муассисаҳои илмӣ, пажӯҳишгоҳҳо, донишгоҳҳо ва дигар корхонаҳо пайдо кард.
Шабнам пурсид:
–Аз рӯи кадом нишона метавон муайян намуд, ки инсони мазкур, инсони асил аст?
Парвиз ҷавоб дод:
–Нишонаҳои чунин инсонҳо зиёданд, барои мисол яке аз хусусиятҳои инсонҳои асил ин аст, ки онҳо ҳеҷ гоҳ даъвои ҳамадонӣ намекунанд. Бояд зикр намуд, ки инсонҳои мазкур, дар нишастҳо ва суҳбатҳо ба ҳамсуҳбатон  гуш медиҳанду саволҳои муносибро аз онҳо мепурсанд.
Шабнам:
–Боз кадоме аз нишонаи онҳоро метавонед иброз намоед?
Парвиз:
–Бале, хислати дигари чунин инсонҳо дахолат накардан дар кори дигарон аст. Онҳо роҳи худро доранд ва дар кори дигарон дахолат намудан намехоҳанд.
Шабнам:
–Робитаи онҳо дар масъалаи кина чигуна аст?
Парвиз:
–Аслан ин гуруҳ одамон дар дил аз касе кина надоранд. Бояд донист, ки ҳар гоҳе, ки кина дар ботини онҳо маскан пайдо кунад, деворҳои  асолати шахсияти онҳо хароб хоҳад шуд.
Шабнам:
–Дар мавриди сабурии онҳо чӣ метавон гуфт?
Парвиз:
–Бале. Бисёр хуб қайд намудед. Бояд ёдовар шуд, ки онҳо бисёр сабур ҳастанд. Дар коре, ки онро пеша мекунанд бо сабр ҳастанд ва онро то охир бурда мерасонанд. Ман фикр мекунам, ин яке аз хислатҳои муҳимми онҳост.
Шабнам:
–Онҳо нисбати хислатҳои дигарон чигуна рафтор мекунанд?
Парвиз:
–Онҳо ба хислатҳои хуби дигарон таваҷҷӯҳ менамоянд. Аз ҷиҳати дигар, онҳо,  дигаронро таҳсин мекунанд. Чунки қалби пок доранд ва худро ҳам аз зумраи онҳо мешуморанд.
Шабнам:
–Дар мавриди қазоват намудани онҳо чӣ метавонед бигӯед?
Парвиз:
–Онҳо дар ҳар коре, ки набошад зуд қазоват нахоҳанд кард. Ва муддатҳо хоҳад тул кашид, ки сари ин мавзӯъ андеша кунанд ва ба хулосаи хоси худ бирасанд. Ин аз бузургӣ ва азамати дониши ин гуна шахсиятҳо шаҳодат медиҳад.
Шабнам:
–Дар мавриди масир ва роҳи онҳо чӣ назар доред?
Парвиз:
–Одамони асил худашон масир ва роҳи инфиродии худро ба нақша мегиранд. Онҳо пойбанди дигарон нестанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки андешаи мустақил доранд ва тибқи андешаи мустақили худ рафтор менамоянд.
Шабнам:
–Масъалаи ҳурмату эҳтиром дар байни онҳо чигуна аст?
Парвиз:
–Одамони асил бо ҳама муҳтарамона бархурд менамоянд. Онҳо ба дӯстон, хешутабор, ҳамкорон ҳамеша эҳтиром қоиланд.
Шабнам:
–Оё чунин инсонҳо, ангезаҳои моддӣ надоранд?
Парвиз:
–Зикри ин нукта муҳим аст, ки одамони асил ангезаҳои моддии шахсӣ доранд, вале ба дороии дигарон ҳеҷ гоҳ чашми тамаъ намедӯзанд.
Шабнам:
–Оё чунин шахсиятҳо қобили эътимод ҳастанд?
Парвиз:
–Одамони асил қобили эътимоданд. Агар онҳо қобили эътимод намебуданд, онҳоро ҳеҷ кас инсони асил қабул намекард.
Шабнам:
–Муносибати онҳо бо риёкорӣ чигуна аст?
Парвиз:
–Шабнам, Шумо саволи хеле аҷибро дар миён гузоштед. Албатта, одамони асил риёкор нестанд. Онҳо ба ончӣ, ки мегӯянд, амал менамоянд. Дуруягӣ дар вуҷуди ин гурӯҳ одамон ҷой нахоҳад дошт.
Шабнам:
–Лоф задан дар байни ин қабил одамон оё вуҷуд дорад ё не?
Парвиз:
–Аслан, бояд ҳамеша ростиро гуфт. Одамони асил ҳеҷ гоҳ лоф намезананд ва худситоӣ низ аз сифатҳои онҳо нест. Бояд ба Шумо як чизро возеҳтар бигӯям, ки худситоӣ ва худхоҳӣ пеши роҳи муваффақиятро мегиранд. Яъне монеъ мешаванд то ин, ки инсон дар зиндагӣ муваффақ гардад.
Шабнам:
–Устод, дар хулоса ончӣ, Шумо гуфтед барои ман равшан гардид, аммо метавонед касеро дар кишвари мо, ном баред, ки соҳиби чунин сифатҳо бошад?
Парвиз:
–Албатта, метавонам ном бурд. Ин хислатҳои нек дар симои аксари олимон ва донишмандони кишварамон дида мешавад. Бояд гуфт, ингуна инсонҳоро мо дар ҷумҳурӣ зиёд дорем. Барои мисол чунин хислатҳои нек ва инсониро ман дар симои Устоди соҳибхирад ва донишманди бисёр нуктадони мо, Тоҷиддини Мардонӣ мебинам.
Шабнам:
–Устод, ташаккур барои ин, ки вақти худро сарфи ин мусоҳиба намудед.
Парвиз:
–Ҳеҷ гап нест. Ин вазифаи ҳар як олимест, ки доир ба Устодони худ ва ҳампешагонаш изҳори назар менамояд.
Сипас, Шабнам баъд аз мусоҳиба шод гардида, ӯ мусоҳибаи омода намудаи худро бурда ба роҳбараш супорид. Пас аз чанде маълум гардид, ки мусоҳибаи Шабнам ҷои намоёнро соҳиб гаштааст. Сипас, Шабнам дар роҳи рузноманигорӣ қадамҳои нахустинро бо муваффақият гузошт ва ба кори худ идома бахшид.
 
Дидавар Бекзода
ҷомеашинос
10 ноябри 2021
 
 
 
 
 
http://www.zoofirma.ru/