wrapper

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021, бори дигар ба масъалаи омȳзиши забонҳои англисӣ ва русӣ, ишора карданд.

  Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият дар самти мазкур як қатор чорабиниҳои дахлдор андешидааст. Ба ин мақсад, шаҳру деҳоти кишвар бо муаллимони забондону таҷрибадор таъмин карда шуданд. Ба туфайли ин, имрȳзҳо дар кишвари мо фарзандони насли истиқлоле, ки ба пуррагӣ бо ин забон ҳарф мезананд кам нестанд ва як қисми онҳо аз имкониятҳои худ истифода бурда, дар кори худ муваффақ низ гардидаанд. Роҳбари давлат ҳангоми вохӯриҳо бо чунин ҷавонон сатҳи забондонии онҳоро дар маҷлисҳо имтиҳон намуда, супориш медоданд, ки ин нафарон бо стипендияҳои президентӣ сарфароз гардонида шаванд. Баъзеи онҳо ба кор қабул карда мешуданд ва бо ҳамин тариқ ҷавонони дигарро ҳавасманд мегардониданд.

  Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ марказҳои хусусии омӯзиши забони англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ низ мавҷуданд, ки дар онҳо аз барномаи мушаххаси дар ҷаҳон эътирофшуда истифода мешавад. Дар онҳо соатҳои дарсҳои амалӣ бо назариявӣ баробар буда, ба хонандагон тариқи муошират нозукиҳои қоидаи забонро мефаҳмонанд. Тибқи методикаи таълимии онҳо хонанда бо донистани 350 калима дар асоси гурӯҳбандии зерини дараҷаҳои донистани забон, метавонад озод суҳбат карда фикри худро баён намояд.

  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти ҷавонон забони англисиро дар чунин мактабҳои махсус тариқи дарсҳои иловагӣ омӯхтаанд. Дар мактабҳо бошад, дарсҳо ба хонандагон ба таври хеле мураккаб омӯзонида мешаванд ва дар тӯли 11 сол мактаббачаҳо, гарчанде ки муаллимон мутахассиси соҳаи худ мебошанд, забонро аз худ намекунанд. Аз ин лиҳоз, онҳо ба марказҳои махсус рафта, дарсҳои иловагӣ гирифта, савияи дониши худро такмил медиҳанд. Фарқияти барномаи мактабҳо аз марказҳои забономӯзӣ дар он аст, ки дар мактаб маводҳо аз китобҳои куҳнаи ба талабот ҷавобгӯ набуда, гирифта мешаванд ва чаҳорчӯбаи муайяне надоранд.

  Барои пайдарҳам аз худ намудан ва муайян намудани сатҳи забондонӣ, забони англисӣ ба 6 гурӯҳ тақсим шудааст:

  • Дараҷаи Beginner (A1)
  • Дараҷаи Elementary (A2)
  • Дараҷаи Intermediate (B1)
  • Дараҷаи Upper Intermediate (B2)
  • Дараҷаи Advanced (C1)
  • Дараҷаи Proficiency (C2)

  Дар баъзе мактабҳои байналмилалии хусусии Тоҷикистон қисман ин методика истифода мешавад.

  Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки дар мактабҳои миёнаи кишвар системаи таълими забони англисӣ аз рӯи барномаи марказҳои махсуси забономӯзӣ ба роҳ монда шавад. Муҳим он аст, ки хонанда тавонад озодона фикри худро баён намояд. Агар дар як сол хонандагон ба як зинаи он диққати худро равона кунанд, дар давоми 6 сол забон пурра аз худ мешавад. Фикр мекунам, ки дар ҳолати ҷорӣ намудани ин 6 дараҷаи дар боло зикр шуда, мактаббачаҳои Тоҷикистон метавонанд то хатми мактаб сатҳи хуби забондонӣ дошта бошанд ва худро барои супоридани имтиҳони ҷаҳонии IELTS, TOEFL, Duolingo барои забони англисӣ ва Ausbildung барои забони олмонӣ, омода намоянд. Чунин ҳолат имконият медиҳад, ки бо супоридани имтиҳонҳои марказонида ва бо гирифтани шаҳодатномае, ки дар тамоми кишварҳои дунё эътироф мешавад ба имкониятҳои назаррас ноил гардонад ва саҳме ба рушди кишвар расонад. Арзиши ин имтиҳонҳо аз 50 то 260$ ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ҳолати ҷорӣ намудани ин методи таълимӣ волидайн метавонанд маблағи иловагӣ барои забономӯзӣ харҷ накунанд.

  Ин имконият медиҳад, ки ҷавонон корҳои бо музди меҳнатии беҳтар ва шароити хуби зиндагӣ на танҳо дар Амрико, балки дар кишварҳои дигар ба монанди Кореяи Ҷанубӣ, Канада, Япония, Австралия, Зеландияи нав, Аморати Муттаҳидаи Араб ва ғайра ба даст оранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишвар шумораи зиёди забондонҳо ҳастанд ва аксари онҳо ҳаракат менамоянд, ки ба Штатҳои Муттаҳидаи Амрико сафар намуда, кору фаъолият ва таҳсил намоянд. Аз сабаби мураккаб будани низоми ҷалби мутахассисони хориҷӣ ва қабули муҳоҷирон донистани забони ин кишвар кифоя нест. 

Ғафуров С.

ходими хурди илмии

шуъбаи Осиёи Марказӣ

 
http://www.zoofirma.ru/