wrapper

  Шоҳигарии Тайланд дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ буда, дар қисми ҷанубу ғарбии нимҷазираи Ҳиндухитой ва дар шимоли нимҷазираи Малай ҷойгир шудааст. Шоҳигарии Тайланд ҳамчун давлати монархиявӣ ва конститутсионии парламентӣ буда, дар  соли 1238 ташкил шудааст. Шоҳигарии Тайланд мустамликаи ягон давлат нашудааст[1]. Тайланд бо давлатҳои Бирма, Лаос, Камбоҷа ва Малайзия ҳамсарҳад мебошад. Пойтахташ шаҳри Банкок аст. Бо масоҳати 513,120 км² (50-ум дар ҷаҳон) аҳолиаш тибқи маълумоти соли 2021 66,171,493 нафар мебошад[2].
  Тайланд аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Сатҳи ММД дар соли 2019 ба беш аз 530 миллиард доллар расидааст. Асоси иқтисодиётро соҳаҳои хизматрасонӣ ва сайёҳӣ (кариб 50% ММД), саноат (40%), кишоварзӣ (10%) ташкил медиҳанд. Кишвар аз рӯи захираҳои маъдан ва рушди саноат дар минтақа ҷойи 4-умро ишғол мекунад. Иқтисодиёти кишвар бештар аз содирот вобаста аст - тақрибан 2/3 ММД-ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли асбобҳои барқӣ бузургтарин бахши содиротии Тайланд буда, тақрибан 15% ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳад. Тайланд дар истеҳсол ва фурӯши мошинҳо дар АСЕАН пешсаф аст, ки содироти он ба 200 ҳазор адад дар як сол мерасад ва инчунин яке аз калонтарин таъминкунандагони алови (элементи кимиёвӣ нуқра-сафед) ва волфрам дар бозори чахонӣ мебошад. Дар содироти харчанги баҳрӣ, кокос, ҷуворимакка, лубиё, гач ва найшакар мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
  Маҳсулоти асосии воридотӣ: мошину таҷҳизоти электрикӣ; сузишвории маъданӣ, аз ҷумла нафт; таҷҳизоти саноатӣ; ҷавоҳирот ва металҳои қиматбаҳо; металҳои сиёҳ, аз ҷумла пулод; воситаҳои нақлиёт; пластмас; оптикӣ, техникӣ, таҷҳизоти тиббӣ; кимиёи органикӣ мебошад.[3]
  Тайланд кишвари агросаноатӣ ва нави саноатӣ ба шумор меравад. Соҳаҳо саноати электронӣ, васли қисмҳои автомобил, ҷавоҳирот ва саноати нафту кимиё дар ин кишвар рушд ёфтааст. Аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ ва сайёҳӣ ин давлатро машҳуру пешрафта гардонидааст.
  Таърихи азнавсозӣ дар Тайланд солҳои 1950-ум аз соҳаи аграрӣ оғоз шуда буд, ки бештар дар минтақаҳои деҳот таваҷҷуҳи зиёд дода мешуд. Азнавсозии хоҷагидории миллӣ пас аз қабули қонун дар бораи рушди саноат соли 1954 роҳандозӣ шудааст. Дар ин марҳила ҳукумати Тайланд монанди Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур ва Малайзия ба масъалаи мувозинати маҳсулоти воридотӣ таваҷҷуҳ намуд, ки барои таъсис ва рушди муҳимтарин корхонаҳои гуногунсоҳа мусоидат намуд. Солҳои 1970-ум Тайланд ба содироти семент, қисмҳои эҳтиётии автомобил, либоси тайёр, телевизорҳо, маҳсулоти саноати химия, маҳсулоти кишоварзӣ махсусан биринҷ ва инчунин ҷалби сайёҳон оғоз намуд.
  Электроника ва электротехника босуръат пеш рафта, ба соҳаҳои муҳимтарини саноат табдил ёфтанд. Ҳамин тариқ, дар Тайланд модели азнавсозии миллӣ рушд намуд, ки ба Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Сингапур дар солҳои 1960 ва 1970 монандӣ дошт. Хусусияти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тайланд дар масъалаи модернизатсия тавассути консепсияи «ҷабҳаи пеши иқтисодӣ» муайян карда шуд. Консепсияи мазкур бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тайланд, ки дар қисми минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир аст ва барои рақобати иқтисодию тиҷоратӣ ва соҳиб шудан ба мақоми аввал дар минтақа номгузорӣ шудааст. Дар солҳои 1985 ва 1995 рушди иқтисодиёти Тайланд ҳамасола 12,4%-ро ташкил медод. Ба бунёди инфрасохтори ҷадид иқдом намуда, ҳаракати молҳоро натанҳо дар ҳудуди як давлат, балки дар ҳудуди минтақаи ОҶШ ва минтақаи Осиёии Уқёнуси Ором фаъол намудааст. Тайланд афзалиятро дар самти саноатикунонии кишвар сараввал ба сектори хусусӣ дода, вазифаи рушди инфрасохторро ба худ гирифт. Ин вазифа ба ду қисм тақсим  шуда буд:
  1. техникӣ (энергерика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва ғ.);
  2. иҷтимоӣ (маориф, илм, омодакунии кадрҳо, тандурустӣ ва ғ.).
  Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) дар асоси ду нақшаи генералии рушд барои солҳои 2002–2006 ва 2006–2010 равона гардида буд, ки дар натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба дастовардҳои нодир ноил гардид.
  Тайланд бо таҷрибаву ислоҳот ва мушкилоти хосаи худ ва рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, техналогия ва соҳаи сайёҳӣ яке аз кишварҳои калидии минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба шумор меравад. Махсусан соҳаи сайёҳии он хеле пеш рафта, бо шиори “Тайланди ҳайратовар” (Amazing Thailand) дар ҷаҳон маъруф гашта, бо тарғибу муаррифии имкониятҳо ва мавзеъҳои сайёҳии худ ҳамасола 20%-и ММД-и худро аз ҳисоби ин соҳа ба даст меорад[4]. Масалан дар соли 2011 ба ин давлат 19 млн. нафар сайёҳ ташриф овардааст, ки дараҷаи рекордӣ буд. 
  Кишоварзи дар Тайланд бо низоми нави иноватсионӣ рушд ёфта, аз ҳисоби содироти шолӣ дар ҷаҳон ҷойи якумро ишғол менамояд ва дар соли 2017 дар ин саҳа аз содироти шолӣ ба 11,6 млн. тонн расида буд, ки даромади солонааш аз ин ҳисоб ба 5,1 миллиард доллар баробар буд. Зиёда аз 60%-и аҳолии Тайланд дар соҳаи хоҷагии қишлоқ машғул буда, сатҳи пасти бекорӣ ба 0,7% мерасад ва сатҳи таваррум бошад 2%-ро ташкил медиҳад.
  Бояд қайд намуд, ки нақши Шоҳ Пумпон Адунядед (Рама IX) дар рушди Тайланд ва ба кишвари нави саноатӣ табдил додани он хеле бузург мебошад. Бо ин кишвари афсонавӣ ва дорои таҷрибаи бойи сайёҳӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ доштани робитаҳои зич дар замони муосир хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ худ дар як муддати кутоҳ тавонистанд нақши худро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишварҳои пешсафи Осиё муаррифӣ созанд.
  Нахустин нақшаи шашсолаи рушди иқтисодӣ дар солҳои 1961–1966 барои ташкили иқтисоди омехта таҳия шуда буд. Модернизатсия дар кишвар солҳои 1950-ум аз соҳаи аграрӣ шурӯъ гардида, якчанд барномаҳо қабул карда шуданд, ки дар асоси онҳо рушди низоми обёрӣ ба роҳ монда шуд ва дар натиҷа, дар масоҳати 2,56 млн гектар заминҳо обёрӣ карда шуданд. Бештар ба манотиқи деҳот таваҷҷуҳ карда шуда, корҳои муайян барои бунёди роҳҳо, таъмини об ва қувваи барқ хоҷагиҳои фермерӣ анҷом дода шуданд. Дар нақшаи панҷсолаи дуюм солҳои 1967–1971 ба ин вазифаҳо чораҳои дигар илова шуданд, ки ба беҳтар кардани имконоти техникии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ кардани усулҳои нисбатан пешрафтаи растанипарварӣ равона шуда буданд. Тибқи нақшаҳои якум ва дуюми рушди иқтисодӣ барои таъмиру таҷдиди низоми обёрӣ, аз ҷумла сохтани саддҳо, роҳҳо ва таъмини алоқа маводи зарурӣ ҷудо карда шуд. Дар натиҷа, дар соҳаи кишоварзӣ тағйироти назаррас ба амал омада, ба ҷойи се навъи маҳсулот акнун даҳ навъи он истеҳсол мешуд. Ин имкон дод, ки тадриҷан истеҳсолот рушд намояд ва маҳсулот ба содирот равона шавад.
  Модернизатсияи хоҷагидории миллӣ пас аз қабули қонун дар бораи рушди саноат соли 1954 роҳандозӣ шуданд. Дар марҳилаи нахустини он Тайланд монанди Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур ва Малайзия ба масъалаи муовизаи маҳсулоти воридотӣ таваҷҷуҳ намуд. Ҳукумат барои таъсис ва рушди муҳимтарин корхонаҳои гуногунсоҳа мусоидат намуда, барои барқароршавии саноати миллӣ асос гузошт. Пеш аз ҳама ба саноати маҳсулотбарорӣ аҳаммияти махсус дода шуда, ба корхонаҳое, ки аз маҳсулоти тайёр истифода мекарданд, тавсия дода шуд, ки ба истеҳсоли бевоситаи он пардозанд. Аз миёнаи солҳои 70-ум Тайланд ба содироти семент, қисмҳои эҳтиётии автомобил, либоси тайёр, телевизорҳо, маҳсулоти саноати химия, маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра шурӯъ намуд.
  Электроника ва электротехника босуръат пеш рафта, ба соҳаҳои муҳимтарини саноат табдил ёфтанд. Сиёсати ҳукумат дар масъалаи коҳиш додани монеаҳои тарифӣ дар тиҷорати хориҷӣ ва либерализатсияи низоми сармоягузорӣ ба ин мусоидат намуд. Рушди босуръати иқтисодӣ вусъати модернизатсияи инфрасохторро талаб мекард. Дар Тайланд нисбат ба Малайзия ҷустуҷӯи конҳои нафту газ дертар шурӯъ шудааст. Тибқи созишнома бо шаш ширкати хориҷӣ, ки ба ҷустуҷӯи нафту газ машғул буданд, соли 1981 филиали ширкати «Royal Dutch Shell» дар қисмати марказии Тайланд ба кор шурӯъ намуд. Ҳамчунин ҷустуҷӯи кони газ дар халиҷи Сиам бо муваффақият анҷом ёфт. Дар наздикии захираҳои дар соҳили шарқӣ ёфтшуда, минтақаи саноатии бузург таъсис ёфт, ки ҳудуди се музофотро дар бар мегирифт.
  Ҳамин тариқ, дар Тайланд мадели модернизатсияи худӣ ташаккул ёфт, ки ба Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапури солҳои 60–70 шабоҳат дошт. Хусусияти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тайланд дар масъалаи модернизатсия  тавассути консепсияи “ҷабҳаи пеши иқтисодӣ” муайян карда шуд. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тайланд, ки ба қавле дар ҷабҳаи пеши ОҶШ барои муборизаи иқтисодӣ ва соҳиб шудан ба мақоми аввал дар ин самт қарор дорад, ин консепсия чунин ном гирифтааст. Дар ҳудуди солҳои 1980–1990-ум ба бунёди инфрасохтори ҷадид иқдом намуда, ҳаракати молҳоро натанҳо дар ҳудуди як давлат, балки дар ОҶШ ва дар маҷмӯъ, тамоми минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором фаъол намуд. Нақши асосӣ дар масъалаи саноатикунонӣ ба сараввал ба сектори хусусӣ дода шуда, давлат вазифаи рушди инфрасохторро ба худ гирифт. Он ба ду гурӯҳ: техникӣ (энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва ғ.) ва иҷтимоӣ (маориф, омодакунии кадрҳо, тандурустӣ ва ғ.) тақсим шуд. Муассисаҳои қарзӣ, ки бояд сектори хусусиро бо васоити молиявӣ таъмин мекарданд, ҳамчун ҷузъи инфрасохтори техникӣ муаррифӣ мешуданд.
  Дар даҳсолаи минбаъда ҳукумат сиёсати либерализатсияи муҳити сармоягузориро пеш гирифта, ки ба сармояи хориҷӣ ва ватани шароит фароҳам кард. Аммо дар нақшаи рушди ҳафтум (1992–1996) ба масъалаи истифодаи захираҳои табиии аз нав барқарорнашуда муносибати ҷиддӣ сурат бигирад ва ҳамчунин минтақаи иқтисодии ҷадид боз ҳам баробар рушд намоянд.
  Модернизатсияи инфрасохтор дар Тайланд ва рушди саноат ҷалби технологияи навро дар ин самт талаб мекард. Солҳои зиёд ин кишвар технологияро аз ИМА, Ҷопон, Олмон ва Британия ворид мекард, ки харҷи онҳо ба миллиардҳо доллар мерасид[5]. Бар асоси маълумоти Бонки Тайланд танҳо соли 1985 маблағе, ки барои хариди технологияи хориҷӣ сарф шудааст, 2 млрд 044 ҳазор батро ташкил дод. Пас аз даҳ сол ин маблағ се баробар афзуд[6]. Бо мақсади коҳиш додани вобастагии кишвар ба воридоти технологияи хориҷӣ ва таъсиси пойгоҳи илмӣ-техникии худ Тайланд бо созмонҳои ҷаҳонӣ (UNDP, UNESCO, ESCAP) ва марказҳои илмию таълимии Канада, Итолиё, Ҷопон, ИМА, Австралия, Шветсия, Белгия, Ҳолланд ва ғайра равобити судманд барқарор намуд.
  Ҳукумати Тайланд эътироф намудааст, ки барои пешрафти иқтисоди инноватсионӣ бояд институтҳои давлатӣ модернизатсия шаванд. Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар асоси ду нақшаи генералии рушд барои солҳои 2002–2006 ва 2006–2010, ки ҷузъи нақшаҳои панҷсолаи ҳаштум ва нуҳум буданд, ба пешравӣ ноил гардиданд[7]. Барои амалӣ намудани нақшаи генералии дуюми рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аз ҳисоби давлат ва сектори хусусӣ барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба маблағи 300 млн бат (0,4% ММД) сармоя ҷудо карда шуд.
  Таҳияи нақшаи генералии дуюми ТИК (2006–2009) бо такя ба методологияҳои нав ҳисобҳо ва ҷамъоварии маълумотро дар сатҳи нисбатан мураккаб тақозо мекард. Маркази миллии электроника ва технологияҳои компютерӣ, Агентии миллии рушди илм ва технология, Вазорати технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар якҷоягӣ ба ҷамъоварии маълумот пардохта, масъалаи рушди ТИК-ро дар Тайланд баррасӣ намуданд. Дар натиҷа, вазъи телекоммуникатсия, интернет, радиошунавонӣ, телевизион, тиҷорати электронӣ, бозори технологияҳо, таъминот бо кадрҳои соҳибихтисос, тафтиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва патентҳо, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар усулҳои идоракунии давлат ва вазъи маркази умумии иттилоотӣ тадқиқ шуданд.
  Васеъ истифода намудани интернет дар Тайланд имкон дод, ки тиҷорати электронӣ, ки омили муҳимтарин барои баланд бардоштани рақобатпазирии ширкатҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ мебошад, рушд ёбад. Соли 2001 ширкатҳои бузурге, ки аз интернет истифода мекарданд, дар ҳаҷми 1,5 трлн бат даромади иловагӣ ба даст оварданд[8]. Ба ғайр аз ин, дар Тайланд шакли нави идоракунии давлатӣ бо номи «ҳукумати электронӣ» ба вуҷуд омад, ки афзалияти он аён аст: кам кардани иштибоҳот, аксуламали фаврӣ ба ҳодисот ва ҷавобҳои фаврӣ ба суолҳо, кори шабонарӯзӣ ва ғайра. Яъне, ин давлат дар самти илму техника ва инноватсияву модернизатсия яке аз кишварҳои пешсафи минтақаи Осиёи Ҷанубу   Шарқӣ ба шумор меравад. Ба ғайр аз ин Тайландро дар арсаи ҷаҳон бо нишондодҳои бузурги соҳаи кишоварзӣ ва сатҳи баланди соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ машҳур мебошад.
  Бештар васоити электронии алоқа дар низоми давлатӣ паҳн гардида, соли 2003 99,6 % агентиҳои давлатӣ веб-сайтҳои худро доштанд.  Бо назардошти он, ки рушди соҳаи нано биотехнология хеле муҳим мебошад, олимони Тайланд нахустин ваксинаи табби хунинро дар ҷаҳон кашф намуданд, ки дастоварди бузург маҳсуб меёбад[9]. Ҳамин тариқ, Тайланд ба дастовардҳои муҳим ноил гардид.
  Имрӯзҳо элитаи нави сиёсию иқтисодии ин кишвар ба стратегияи нави иқтисодии хориҷӣ рӯ овардааст, ки ба истеҳсоли маҳсулоти навтарин равона шуда, бозори фурӯшро ҷустуҷӯ менамояд. Баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои молиявӣ ва суръат бахшидан ба раванди мубодилаи воситаҳои пулӣ маҳз бо сабаби ҷорӣ кардани технологияҳои компютерӣ дар соҳаи бонкдорӣ амалӣ мешавад. Ҳукумат дар ҳама зинаҳо навоварии иқтисодиро дастгирӣ менамояд.
  Мавриди зикр аст, ки яке аз роҳҳои дигари рушди Тайланд ин: хусусиятҳои фазои соҳибкорӣ, тавозуни содирот, воридот ва савдои берунӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва тадбирҳои андешидашуда дар соҳаи танзими давлатии фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузории хориҷӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки барои фаъолияти савдои берунӣ, тарифи гумрукӣ, қонунгузории танзимкунандаи сармоягузории хориҷӣ, танзими асъор, ҳифзи моликияти зеҳнӣ, танзими минтақаҳои махсуси иқтисодӣ, тамоюлҳои рушди сайёҳӣ, тавсияҳо барои содиркунандагон,  маҳдудиятҳои савдои ҷорӣ,  хусусиятҳои танзими гумрукӣ ва тарифӣ ҳангоми воридотии, марказҳои асосии логистикӣ, қоидаҳои умумии дастрасӣ ба бозор,  шаклҳои ташкилию ҳуқукии пешбурди соҳибкорӣ, тартиби бақайдгирии як ширкати нав,  андозбандии корхонаҳо аз ҷумла корхонаҳое, ки иштироки хориҷӣ доранд, ҳимояи ҳуқуқҳои содиркунандагон, усулҳои ҳимоя, ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ, тартиби баррасии баҳсҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ширкатҳои ҳуқуқӣ ва ширкатҳои ҳуқуқшиносӣ, ки эътимодноканд ва санҷиши эътибори тиҷоратии шарикони тиҷоратӣ мебошад.
  Ҳамин тариқ, ҳар як давлатӣ рӯ ба тараққӣ ва тариққиёфта, равишҳои худро дар асоси ҳадафҳои стратегӣ, ки дар татбиқи амалии он ба миён меоянд, ташаккул медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як давлати рӯ ба тариққӣ буда, барои тадбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва ҳадафи 4-уми саноаткунонии кишвар метавонад аз таҷрибаи бойи Тайланд омӯхт ва роҳҳои беҳтарро барои амалишавии стратегии кишвар истифода бурд.
 
Соҳиби Баҳруло,
ходими хурди илмӣ ва докторант (Ph.D)
 
[1] Атлас мира: Максимально подробная информация / Руководители проекта: А. Н. Бушнев, А. П. Притворов. — Москва: АСТ, 2017. — С. 56. — 96 с. — ISBN 978-5-17-10261-4
[2]ttps://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%A2%D0%B0%D0%B8%D0%BB%D0%B0%D0%BD%D0%B4#CITEREFThe_Bureau_of_Registration_Administration2021
[3] Краткий обзор экономики Таиланда: https://vietnam.mfa.gov.by/ru/exportby/taiobzor/taiecon/ санаи муроҷиат 20,01,2022
[4] The complex relationship between anti-corruption measures and industrial development levels in Singapore, Hong-Kong, Malaysia and Thailand // World Applied Sciences Journal. - 2014. - №30 (11). - P. 1632-1635.
[5] Грикуров С. С. Политика таиландского правительства в области промышленности // Экономическая политика и государственный капитализм в странах Востока. М., 1972.
[6] 15 Ease of Doing Business in Thailand. DOING BUSINESS Measuring Business Regulations. The World Bank. http://www.doingbusiness.org/data/exploreeconomies/thailand/
[7] Thailand ICT Indicators. Moving towards the Information Society. Series 1. Bangkok, 2003.
[8] Thailand ICT Indicators. Moving towards the Information Society. Series 1. Bangkok, 2003.
[9] Thailand Development Experience and Strategies for Twenty First Century. Bangkok, 1995. C. 25-26
 
http://www.zoofirma.ru/