wrapper

  Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон аз замони ташаккулёбӣ, аз соли 1992 то айни ҳол дар ҳолати рушд қарор дорад. Асоси ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкориҳоро беш аз 63 созишномаи дуҷонибаи байниҳукуматӣ ташкил медиҳад. Дар тӯли муносибатҳои дуҷониба, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судманд, сафарҳои муштараки ҳайатҳои сатҳи баланд ва олӣ барпо гардидааст. Ҷиҳати таҳкими ҳамкории гуногунҷанба бо Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, алалхусус ба даст овардани сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ ҳамчунин ҷоннок намудани муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ Ҷопон иқдоми таъсиси шакли нави ҳамкориро дар қолаби Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Ҷопон» пеш гирифт.
  Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи маориф аз соли 1993 то имрӯз мунтазам рушд карда истодааст. Аз ҳамон лаҳза то ба имрӯз, зиёда аз 2200 нафар намояндагони ҷумҳурии гуногунихтисос дар курсҳои таълимии Ҷопон ширкат варзиданд. Лоиҳаи стипендияҳои таълимии JDS (магистр ва докторантура) дар доираи Барномаи Кӯмаки Грантии Ҷопон аз соли 2009 саҳми мусбат мегузорад. Барномаи мазкур барои хизматчиёни давлатӣ пешниҳод шудааст. Ба ғайр аз ин, аз тарафи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ҳамасола озмуни барномаи МЕКСТ (MEXT, Ministry of Education, Sports, Science and Technology) барои хатмкунандагони мактаби миёна барои омӯзиши бакалавр (муддати 4 сол), барои донишҷӯёни ихтисосашон забони ҷопонӣ такмили ихтисос (муддати 1 сол) ва барои хатмкунандгони бакалавар ва магистр, докторантура пешниҳод мегардад. Дар моҳи сентябри соли 2002 дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон шуъбаи забони ҷопонӣ, ки курси махсуси забони ҷопонӣ мебошад, таъсис дода шуд. Дар замони таъсисёбӣ ягон муаллими ҷопонӣ набуд ва таълими забони ҷопониро танҳо муаллимони маҳаллӣ мегузарониданд, аммо аз моҳи сентябри соли 2004 инҷониб якчанд муаллимони ихтиёрии ҷопонӣ қариб як сол бо таълими забони ҷопонӣ барои Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Россияву Тоҷикистону Славянӣ ҷалб карда шуданд .
  Ҳукумати Ҷопон 3-юми сентябри соли 2021 бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак ба маблағи 10 миллион сомонӣ барои бунёди 10 мактаби замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми шароит ҷудо намуда буд. Аввалин маросими ба имзорасии лоиҳаҳо бо маблағи 6,000,000 сомонӣ рӯзи 3-юми сентябри ҳамон сол баргузор шуд. Худи ҳамон рӯз дар Сафорати муқими Ҷопон дар Тоҷикистон маросими ба имзорасонии шаш лоиҳаи нави ин мактабҳо баргузор гардид. Ин созишномаҳои грантӣ байни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Мияшита Такаюки ва намояндагони ҳукумати ҶТ ба имзо расиданд. Маблағи умумии лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти Ҳукумати Япония 536,980 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Шаш лоиҳаи нав дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амният барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) маблағгузорӣ мешаванд: лоиҳаҳои сохтмони мактаби № 19 дар деҳаи Чормағзак, ҷамоати қади об, шаҳри Роғун” ба маблағи 90,347 доллари ИМА, мактаби № 6 дар деҳаи Боҳтуробод, ҷамоати Гулистон ноҳияи Левакант” ба маблағи 90,273 доллари ИМА, мактаби № 41 дар деҳаи Гулистон, ҷамоати Сабо, ноҳияи Шаҳринав” ба маблағи 90,622 доллари ИМА, мактаби № 56 дар деҳаи Кулҷиҷай, ҷамоати Ағба, ноҳияи Лахш” ба маблағи 92,579 доллари ИМА; мактаби нав дар деҳаи Бағлисой, ҷамоати Лоҳути, ноҳияи Ховалинг” ба маблағи 86,718 доллари ИМА ва мактаби нав дар деҳаи Буғдояк, ҷамоати Лоҳутӣ, ноҳияи Ховалинг” ба маблағи 86,441 доллари ИМА ҷаноби Муҳтади Маҷиди ба раисони ноҳиҳояи мазкур созишномаҳо имзо расиданд. [1]
  Ҷаноби Мяшита Такаюки дар зимни суханронии худ чунин қайд намуда буд: “Ба ифтихори 30 -умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо шарафмандем, ки ҳама якҷоя 10 созишномаи грантиро барои сохтмони мактабҳо дар ноҳияҳои дахлдор ба имзо расонем. То имрӯз 6 -тои ин лоиҳаҳо ба имзо расида, қисми дигари он дар рӯзҳои наздик ба имзо хоҳад расид. Бахши маориф яке аз афзалиятҳои равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония мебошад. Ман хеле шодам, ки мо метавонем қарордодҳои дахлдорро пеш аз ҷашни Истиқлолият, 9 сентябр ба имзо мерасонем. Ман боварӣ дорам, ки ин сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ба зудӣ дар рушди миллии Тоҷикистон самараи калон меорад.” [2]
  Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷопон бо мақсади идома додани дастгирӣ барои беҳтар сохтани ҷомеа равона гардидааст. Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши муҳими аҳолӣ ва амнияти башарӣ “GGP” тарҳи Барномаи расмии Япония оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 430 лоиҳаро ба маблағи умумии $35.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст[3].

Сурайёи Абдуқосим
ходими хурди илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
 
[1] https://www.tj.emb-japan.go.jp/files/100237215.pdf
[2]Кӯмакҳои бе бозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ “GGP”  https://www.tj.emb-japan.go.jp/itpr_ru/index.html
[3] https://www.tj.emb-japan.go.jp/files/100254036.pdf
 
 
http://www.zoofirma.ru/