wrapper

  Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ давлатҳои Осиёи Марказӣ тадриҷан бо аксарияти кишварҳои дунё робитаҳои дӯстона барқарор карда, оҳиста – оҳиста эътибори байналмилалӣ пайдо намуданд. Дар ин давра давлатҳои Осиёи Марказӣ бо бисёре аз кишварҳои Осиё, Африқо, Аврупо ва ғайра робитаҳои дуҷониба ба роҳ монданд. Дар байни кишварҳои аврупоӣ Ҷумҳурии Фаронса яке аз аввалинҳо шуда соҳибихтиёрии сиёсии давлатҳои Осиёи Марказиро эътироф кард ва бо ин кишварҳо робитаҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд.
  Имрӯз дар шароити нави сиёсати ҷаҳонӣ ҳамкориҳои бисёрсамта миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Фаронса ба таври мунтазам идома доранд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои мутақобила яке аз самтҳои асосии фаъолияти иқтисодӣ ва дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

                                                            

  Фаронса дар доираи сиёсати хориҷии худ таҳким ва рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мешуморад, ки ин ба як қатор омилҳои зерин вобаста буда, ҷойгоҳи давлатҳои Осиёи Марказиро дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Фаронса муайян менамояд:
          - аввалан, дар давоми нимаи дуюми солҳои 90-ум ва нимаи аввали солҳои 2000-ум, Фаронса сиёсати таҳкими муносибатҳои дипломатӣ ва фаъолияти сиёсиро дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ пеш мебурд ва ҳамзамон ба рушди робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мекард;
          - дувум, Фаронса саъй дорад ҳузури иқтисодӣ ва сиёсии худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ тақвият бахшад. Аз ин рӯ, ҳам Фаронса ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиатҳои муштараки байналмилалӣ доранд, яъне таъмини рушди устувор, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи байналмилалӣ, мубориза бо қочоқи инсон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, танзими захираҳои об ва ғайра;
          - сеюм, дар асри XXI мубориза барои захирахои энергетикӣ пурзур гардид. Тавре ки маълум аст, минтақаи Осиёи Марказӣ дорои иқтидори азими гидроэнергетикӣ мебошад, ки хусусан ин иқтидор ба Тоҷикистон муттааллиқ аст. Аз ин рӯ, ҷиҳати сармоягузорӣ ба ин бахш, Фаронса метавонад мавқеи геополитикии худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ мустаҳкам кунад;
          - чорум, Фаронса мехоҳад бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи фарҳанг ва маориф ҳамкориҳои устуворро тақвият бахшад ва аллакай бо онҳо дар доираи марказҳои фарҳангӣ ва барномаҳои гуногуни илмӣ, ки ба ниёзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, ҳамкорӣ мекунад. Масалан, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Фаронса Пажӯҳишгоҳи илмии худро барои таҳқиқот дар Осиёи Марказӣ (IFEAC-Institut français d'études sur l'Asie central) ва Институти омӯзиши забонҳо ва тамаддунҳои шарқ-ро (INALCO - Institut National des Langues) таъсис дод [4].
  Агар сиёсати Фаронсаро дар минтақаи Осиёи Марзакӣ ва ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор диҳем, ба чунин хулоса омадан мумкин, ки таваҷҷуҳи Фаронса ба самтҳои зерин равона гардидааст:
-тарғиби забон ва фарҳанг;
-коркард ва истифодаи захираҳои табиӣ;
-кӯмаки иҷтимоӣ ва мусоидат ба ҳифзи саломатӣ;
-тарғиб ва дастгирии фазои демократӣ;
-густариши соҳаи сайёҳӣ;
-сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок; (маориф, илм, фарҳанг, тиҷорат ва ғ);
-омӯзиш ва тадқиқи арзишҳои таърихӣ, ва сарчашмаҳои муҳими илмӣ;
 -ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи маводи мухаддир, маҳдудияти сулҳу суботи минтақавӣ;
-рушди ҳамкориҳои энергетикӣ, дастрасӣ ба захираҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави интиқоли энергия ба Иттиҳоди Аврупо;
-бахши муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист;
-таҳияи мавзӯъҳои ҳассостарини муносибатҳои кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ, ба монанди эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, бунёди давлати ҳуқуқиву демократӣ;
  Зикри нуктаи дигарро муҳим мешуморем, ки дар муқоиса бо кишварҳои абарқудрати минтақа Ҷумҳурии Фаронса дорои манфиатҳои назарраси иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Метавон гуфт, ки дар бисёр соҳаҳо кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Фаронса дар Осиёи Марказӣ нақши бозигари асосиро мебозад, ки ин ба таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, ҳавасмандгардонии гузариши демократӣ ва ғайра рабт дорад.
  Асосан дар сиёсати аврупоӣ ҷанбаи “ҳарбӣ” мисли сиёсати Амрико, Русия ва ҳатто Чин ба назар намерасад. Пас метавон таъкид кард, ки сиёсати Фаронса дар минтақаи Осиёи Маказӣ тавассуси “нерӯи нарм” амалӣ мегардад. Яъне ин сиёсат бештар ҷанбаи “фарҳангӣ” дорад. Масалан, тавассути «нерӯи нарм» ҷузъҳои асосии бунёдии дипломатияи фарҳангӣ, ба мисли пешбурди забон тавассути волонтёрӣ ва грантҳо барои омӯзгорони соҳавӣ муайян карда мешавад. Ё ин ки, таҳияи барномаҳои бурсиявӣ барои лоиҳаҳои муштараки фарҳангии донишҷӯён пешкаш мегардад.
  Хусусияти дигари дипломатияи фаронсавӣ дар он аст, ки таблиғи арзишҳо ва фарҳанги фаронсавӣ дар хориҷа тавассути созмонҳои ғайритиҷоратӣ ва ҷомеаи илмӣ амалӣ карда мешавад. Масалан, бисёр ташкилот бе восита ба тарғиботи забон ва таълими франсавӣ машғул мешаванд. Яъне, «нерӯи нарм» таъсир ва тарғиби арзишҳои миллии фаронсавиро таъмин менамояд, ки дар Осиёи Марказӣ ба таври возеҳ назаррас аст. Пас, таъсирбахштарин зуҳуроти “нерӯи нарм”-и фаронсавӣ забон ва фарҳанги он аст ва падидаи франкофония бозгӯи бештари он мебошад, ки ҳамасола дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
  Ҳамин тариқ, дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои гуногунсамта миёни Тоҷикистон ва Фаронса ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон дар доираи самти аврупоии сиёсати хориҷии худ, тақвияти ҳамкориҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла Фаронса тақвият мебахшад. Илова бар ин, масъалаи муҳим дар низоми нави равобити байналхалқӣ масъалаи модернизатсия (азнавсозӣ) дар иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҷалби сармояи кишварҳои аврупоӣ метавонанд ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд. Инчунин, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ барои амалигардонии Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 дар кишвари мо ба манфиат хоҳад буд. Бо ин назардошт, рушди ҳамкориҳо дар самти тиҷорат ва иқтисод дар солҳои оянда дар доираи муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Фаронса муҳим арзёбӣ мегардад.

                                                                                                              Адабиёт
  1. Laruellel Marlène, Peyrouse Sébastien, Asie centrale, la dérive autoritaire, Notes de la FRS. - Paris: Fondation pour la Recherche Stratégique, 2006. -15 p.
  2. Poujol, L’Asie centrale, bilan: quinze années de discours et de pratiques sur l’intégration dans un espace désintégré, Revue Internationale et Stratégique / С. Poujol  // Diogène. –2006. –V.4. -№64. -Р.69-78.
  3. Дипломатия Таджикистана: вчера и сегодня // Душанбе: Ирфон. –2009. -277 с. -С.178.
  4. Ежегодник «Europeàn Foreign Policy Bulletin» / URL: http://wwwarc.iue.it/BASIS/efpb/all/rec/SFr.
  5. Казахстан-Франция: [Электронный ресурс] / Официальный сайт Министерства иностранных дел Республики Казахстан / URL: mfa.gov.kz/ru/paris/content-view/dvustoronnie-otnosenia.
  6. Политика Франции в Центральной Азии [Электронный ресурс] / Официальный сайт Министерства иностранных дел Французской Республики / URL: http://www.diplomatie.gouv.fr/en/country-files/central-asia/ france-and-central-asia/article/french-policy-in-central-asia.
  7. Текущий архив Посольства Французской Республики в Республике Таджикистан. Годовые отчёты за 2002-2016 гг.
 Ардамеҳр Ашуров
ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупо ва Амрико
 
http://www.zoofirma.ru/