wrapper

  Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳо, яке аз шартҳои рушди пайвастаи ҳар як кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин раванд дур набуда, пас аз дарёфти истиқлолияти сиёсию давлатӣ бо 180 кишвари дунё муносибатҳои сиёсию дипломатии худро барқарор намудааст. Дар ин давра Кореяи Ҷанубӣ истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият эътироф намуда, 27 апрели соли 1992 муносибатҳои дипломатию сиёсии худро барқарор намуд. Ин муносибатҳо соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва амниятиро дар бар мегирад. Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи сафоратхонаҳо ба роҳ монда шудааст.
  Дар давоми 30 соли ҳамкориҳо ҷонибҳо пайваста баҳри густариши ҳамкориҳо талошҳои худро равона намуда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки Кореяи Ҷанубӣ бештар ба энергетика ва иқтисод манфиатхоҳ буда, ҳамкориҳои худро дар ин самт пайваста рушду равнақ медиҳад. Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ Ҷумҳурии Корея соли 2007 “Форуми ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея”-ро таъсис дод, ки фаъолияти форуми мазкур бештар ба самтҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, энергетика нақлиёт, саноат, тағйирёбии иқлим-ҳифзи муҳити зист, тиб-тандурустӣ, маориф-фарҳанг, сайёҳӣ ва технологияи рақамиро дар бар мегирад. Боиси сарфарозист, ки санаи 30-юми ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-умин вазирони корҳои хориҷии Форуми Ҳамкориии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Дар доираи форуми мазкур 4 нишаст чор нишасти коршиносони мақомоти соҳавии кишварҳои Форум дар бахшҳои ҷангал, бетарафии карбонӣ, тандурустӣ ва технологияи рақамӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо дар робита ба кори Шӯрои тиҷоратии Котиботи Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки дар чорчӯбаи он 29 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон нахустин Бизнес-форум дар формати 5+1 баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Баргузории Форуми мазкур ба муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва энергетикии ҳар ду кишвар таҳким бахшид.[1]
  Қобили зикр аст, ки санаи 8 апрели соли 2022 аввалин маротиба дар таърихи 30 соли ҳамкориҳои судманд дар самти муҳоҷират мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин бо Вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати Ҷумҳурии Корея Ан Кёнг Дук баргузор гардид. Зимни мулоқоти мазкур ҷонибҳо вазъи феълии ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои оид ба роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда барои муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии мавсимӣ ба Ҷумҳурии Корея дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ гардид. Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди имкони густариши доираи кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Корея ва имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори дархост кард. Дар рафти мулоқот ҳамчунин аҳамияти кӯмаки вазорати шуғли аҳолӣ ва меҳнати Корея дар масъалаи огоҳии корфармоёни кореягӣ аз захираҳои кории Тоҷикистон махсусан таъкид гардид. Ҳамзамон Вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати Ҷумҳурии корея Ан Кёнг Дук ба рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир баҳои баланд дода, омодагии худро барои фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва модерникунонии он таъкид намуд.[2]
  Дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳури Корея мавқеи хоса дошта, густариши ҳамкории дуҷониба бо ин кишвари Осиёӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бисёрҷонибаи Созмони умумиҷаҳонии савдо ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук густариш меёбад. Дар заминаи ҳамкориҳои судманд дар шаҳри Душанбе “Системаи идораи таваккал” ифтитоҳ гардид. Қобили зикр аст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2019-2021 дар асоси Созишнома дар бораи содагардонии расмиёти савдои Созмони умумиҷаҳонии савдо вобаста ба расонидани кӯмаки техникӣ аз ҷониби кишварҳои мутараққӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд амалӣ карда шудааст. Дар асоси созишномаи дуҷониба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея ёрии техникӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 4,2 миллион доллари амрикоӣ тасдиқ ва ҷудо карда шуд. Дар маросими ифтитоҳии “Системаи идораи таваккал” намояндаи ширкати “DATA World CoL/td” доир ба марҳилаҳои татбиқи лоиҳа, системаи идораи таваккал, ҳадаф, афзалият ва дурнамои он изҳори андеша намуданд. Ҳамзамон дар доираи муаррифии лоиҳаи мазкур мулоқоти дуҷониба и Хадамоти гумруки Тоҷикистону Корея баргузор гардид. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистону Корея ташаккул ёфта, соли 2020 гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистону Корея ба 53,5 миллион доллари амрикоӣ расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 19, 6 миллион долари амрикоӣ ва ё 58% зиёд мебошад. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Корея ба 29,6 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид. Воридоти бештари молҳо аз Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолию технологӣ, маҳсулоти фармасевтӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар намуди молҳоро ташкил медиҳад.[3]
  Мавриди зикр аст, ки дар санаи 19 апрели соли 2022 вохӯрии Сардории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Дон Сок баргузор гардид. Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ самтҳои тақвияти ҳамкориҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ аз ҷумла ба имзо расонидани лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва самаронокии истифодабарии зерсистемаи Идораи таваккали Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрукро баррасӣ намуданд. Ба имзорасонӣ ва амалӣ гардонидани Созишномаи мазкур тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро густариш дода, содагардонии амалиётҳои воридотию содиротӣ, доду гирифти маълумотҳои гумрукӣ, пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, расонидани ёрии амалии мутақобила ва оғози лоиҳаҳои дигари кӯмакҳои техникӣ дар самтҳои фаъолияти гумрукӣ шароити мусоидро фароҳам хоҳад овард. Қайд намудан зарур аст, ки зерсистемаи Идораи таваккали Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук бо дастгирии молиявии Ҷумҳурии Корея таъсис гардида, дар санаи 16 сентябри соли 2021 бо ташрифи Сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея расман мавриди истифода қарор дода шуд.[4]
  Хулоса метавон гуфт, ки солҳои охир ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея махсусан дар самтҳои тиҷорат, энергетика, гумрук ва илму фарҳанг рушд намуда истодааст. Ҷонибҳо пайваста баҳри густариши муносибатҳо талошҳои худро равона намуда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки Созишномаҳо ва масъалаҳои муҳимме, ки дар боло зикр гардидаанд, далели он аст, ки ҳамкориҳо байни ду кишвар дуруст ба роҳ монда шуда, тақвият гардида истодаанд. Амалисозии Созишномаҳои мазкур муносибатҳои дуҷонибаю бисёрсамта ва дурнамои ҳамкориҳоро густариш намуда, барои пешрафти робитаҳои судманд ва натиҷабахш кӯмак хоҳанд расонд. Инчунин зикр кардан ба маврид аст, ки машварати гурӯҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ рӯз то рӯз афзоиш ёфта, ба ҳукми анъана табдил гардида истодааст. Соли равон боз як самти нави ҳамкориҳо миёни Корея ба роҳ монда шуд, ки ин соҳаи муҳоҷират мебошад. Асосан самти муҳоҷират бештар ба манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар мебошад, ки дар оянда метавонад, ба густариши ҳамкориҳо тақвият бахшад.

Файзуллаева Нигора
ходими хурди илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
 
 
 
http://www.zoofirma.ru/