wrapper

  Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором соли 1989 бо мақсади ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором таъсис дода, оид ба рушди робитаҳои иқтисодӣ дар минтақа ҳамкорӣ менамоянд. Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (eng.Asia-Pacific Economic Cooperation-APEC) созмони байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ буда, дастгоҳи иҷроияи созмон котибот мебошад, ки дар шаҳри Сингапур ҷойгир аст. Котиботро мудири иҷрочӣ роҳбарӣ менамояд.
  Таърихи ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (АТЕС) соли 1989 бо ташаббуси Австралия ҳамчун эътирофи вобастагии ҳамдигар дар иқтисодии кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором таъсис ёфтааст. Мақоми машваратӣ бо ҳаққи қабули қарорҳоро дорад, ки консенсус ном дорад. Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии робитаҳои ҳамгирои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором ин баланд бардоштани рушди иқтисодӣ, тараққиёти минтақа ва мустаҳкам намудани ҷомеаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад. Дар иқтисодиёти давлатҳои созмони мазкур қариб 40%-и аҳолии ҷаҳон, бо 54%-и ММД ва 44%-и тиҷорати ҷаҳонӣ кору фаъолият менамоянд.[1] 
Ҳадафҳои асосии созмон чунин аст:
  • Тавсеаи ҳамкории иқтисодии кишварҳои минтақа.
  • Таҳкими рушди иқтисодии кишварҳои узв;
  • Тавқият намудани низоми кушодаи бисёрҷонибаи тиҷорати байналхалқӣ;
  • Баланд бардоштани рапванди соддагардонии тиҷорат ва сармоя дар минтақа;
  • Мусоидат ба сектори ғайридавлатии иқтисодиёт ва ғайра.[2]
  Кишварҳои аъзои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором: Австралия, Бруней, Ветнам, Канада, Индонезия, Ҷопон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Малайзия, Зеландияи нав, Папуа – Гвинеяи нав, Ҷумҳурии Корея, Федератсияи Россия (аз соли 1997), Сингапур, ИМА, Таиланд, Тайван, Филиппин, Чили, Перу, Тайбэй ва Мексика мебошанд. Аз миёни онҳо ИМА, Чин, Ҷопон ва Федератсияи Россия кишварҳои калидӣ ва абарқудрати ҷаҳонӣ ҳисобида мешаванд, ки дар тамоми равандҳои минтақаи минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (АТЭС) нақши асосиро мебозанд.[3] Созмони ҳамкории Осиё ва Уқёнуси Ором дорои аҳамияти стратегӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
  Ҳамкориҳои мазкур ба меъёрҳои пазируфташудаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат мухолифат мекунанд, аммо онҳо дар назди худ се вазифаи муҳимро гузоштааст, ки татбиқи онҳо барои ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзо мусоидат менамояд. Масалан, робитаҳои мазкур чунин ҳадафҳоро дорад:
  • Эҷоди тиҷорати озод ва муҳити муносиби сармоягузориҳо;
  • Дастрасӣ ба тиҷорат ва сармояҳо;
  • Дар суръат бахшидани рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳои аъзо,
  Унсурҳои сохтории ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки ҳоло ҳам дар марҳилаи ташаккулёбӣ мебошанд, инҳоянд:
  • вохӯриҳои ҳарсолаи ашхоси боломақом;
  • ташкили форумҳои корӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором;
  • ташкили кумитаи тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодӣ;
  • гурӯҳҳои корӣ ва Котибот.
  Гурӯҳҳои кории мазкур дар бораи самтҳои робитаҳои иқтисодӣ хабару гузориш медиҳанд, ки фаъолияти он чунин аст:
  -ташкили ҳамкории энергетикии минтақавӣ;
  -рушди захираҳои инсонӣ;
  -илм ва технологияи саноатӣ;
  -саёҳат ва ҷаҳонгардӣ;
  -телекоммуникатсияҳо;
  -шарҳи омори тиҷорату сармоя;
  -мусоидат ба тиҷорат;
  -ташкили роҳҳои нақлиётӣ;
  -ҳифзи захираҳои баҳрӣ.
  Таъсиси минтақаҳои озод бо мақсади рушди кишварҳои пешрафта (аз соли 2010) ва бо кишварҳои суст инкишофёфта (аз соли 2020) таъсис дода шуд. Аз соли 1993 вохӯриҳои роҳбарони кишварҳо дар ин робитаҳо гузаронда мешаванд, ки дар он натиҷаи фаъолияти солонаи форум ва пешниҳоди фаъолияти минбаъда дар эъломияҳо таъкид мешуданд, густариш дода мешаванд.
  Органҳои асосии кори созмон инҳоянд:
  • шӯрои кори машваратӣ;
  • комитетҳои таҳлилгарон оид ба тиҷорат ва сармоя;
  • комитети иқтисодӣ;
  • комитети маъмурӣ-буҷавӣ ва 11 гурӯҳҳои кории дигар.
  Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором як иттиҳодияе аст, ки иборат аз 21 аъзо дорад. Аъзои иттиҳодия рушди иқтисод ва ба даст овардани ободии минтақаро ҳадафи худ медонанд, аз ҷумла таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ. Тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд ва 44% тиҷорати ҷаҳонӣ ба он рост меояд.
  Аз ин рӯ, таъсиси робитаҳои иқтисодии минатақавӣ барои муттаҳидшавии робитаҳои иқтисодии кишварҳои минтақа махсусан Осиёи Марказӣ зарурат дорад. Истифодаи таҷрибаи ҳамгирои иқтисодие, ки таҷрибаи беҳтарин доранд, масоили таҳлили он саривақтӣ буда, ба манфиатҳои кишварҳо мебошад.

Со
ҳиби Баҳруло,
докторанти (Phd) ва
ходими хурди илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
 
[1] Сотрудничество в рамках форума «Азиатско-Тихоокеанское экономическое сотрудничество» (АТЭС) https://rospatent.gov.ru/ru/activities/inter/apec санаи муроҷиат 13.05.2022
[2] Азиатско-Тихоокеанское экономическое сотрудничество https://ru.wikipedia.org/
[3] Азиатско-тихоокеанское экономическое сотрудничество https://bigenc.ru/political_science/text/1803596 (санаи муроҷиат:13.05.2022)
 
http://www.zoofirma.ru/